Главная / Илм / АКТИНОМИКОЗ

АКТИНОМИКОЗ

aktinomikozАКТИНОМИКОЗ (Actinomycosis; аз актино… ва юн. микозхо), бемории сироятист, ки занбуругхои шуоъшакл (акти- номисетхо) ба вучуд меоранд. Ба А. одам кам гирифтор мешавад. Асосан касалии хайвонот, бештар чорвои калон аст. А. бештар дар пусти чогу гардан, узвхои ковокии шикам ва шуш пайдо мешавад. Хангоми А.-и сатхи дар пуст ё пардахои луоби варамчахои сурх ё кабуди бедард, ки манбаи газак мебошанд, ба вучуд меоянд. Дар натичаи кафидани мадда носурхои сершумор пайдо хоханд шуд. Иллати узвхои ковокии шикам ва шуш дар ихтилоли вазифаи онхо зохир мегардад; дар мавриди кухна шудани бемори иллат аз дарун ба руи пуст гузашта (мас., аз шуш ба девораи сина) носурхоро ба вучуд меорад. Усулхои хозираи муоличаи А. аксар вакт ба шифо ёфтани бемор имкон медиханд. Муолича харчи пештар сар шавад, натичаи он хамон кадар хубтар аст. Ангезандахои бемори дар табиат (хок, узвхои хозимаи хайвонот, хушаи растанихо ва г.) васеъ пахн шудаанд. Онхо дар дахон, роххои бо- лоии нафас ва рудаи одам низ мавчуданд, вале ягон зарар намерасонанд. Факат дар шароити муайян, яъне хангоми суст шудани кобилияти дифоии организм (шамол хурдан, аллергия, тагйири чузъии бофтаю узвхо, ки бинобар беморихои пародонтит, аппендитсит, илтихоби шуш, сил ва г. рух намудаанд) имкон дорад, ки онхо боиси бемори гарданд. Саривакт муолича кардани илтихоб, хусусан газаки музмини чавфи дахон, табобати дандонхои пусида ва г. барои пешгирии А. хеле мухим аст. Хангоми фуру бурдан ё нафас кашидани чанги хушахои чавдор, гандум ва диг. растанихои бо занбуруг олуда А.-и руда ё шуш ба вучуд меояд. А. аз шахси бемор ба солим намегузарад.
П. Т. Зоиров

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …