Главная / Илм / АКСОН

АКСОН

neyritАКСОН (аз юн. axon – мехвар), нейрит, шохаи хучайраи асаб, ки ба воситаи он импулсхои асаб аз хучайра ба узвхо ва диг. хучайрахои асаб пахн мешаванд. Аз хар хучайраи асаб (нейрон) факат як А. мебарояд. Гизогири ва нумуи А. аз чисми нейрон вобаста аст: хангоми буридани А. кисми канораи он нобуд гашта, кисми марказиаш фаъол боки мемонад. Дар протоплазмаи А. (аксоплазма) торхои тунук – нейрофибрилхо, инчунин митохондрия ва тури эндоплазмави мавчуданд. Сохтори чилд ва диаметри А., ки торхои асабро ташкил медиханд, суръати тавассути асаб гузаронидани ангезишро муайян месозанд. Интихои А. (терминалхо) шоха ронда, ба асабхои дигар (мас., асаби мушакхо) алока менамояд. Чунин робита (синапсхо) барои интиколи ангезиш мусоидат мекунад. Мачмуи А.-хоро асаб меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …