Главная / Илм / АКРОДЕРМАТИТХО

АКРОДЕРМАТИТХО

akrodermatitАКРОДЕРМАТИТХО (Acrodermatitis; аз юн akron – кулла, дасту по ва дерма), як гурухи беморихои музмин, ки асосан дар пусти дасту пой ба вучуд меоянд. А. энтеропатияви, атрофиявии музмин ва римчадор мешаванд. А.-и энтеропатияви дар айёми кудаки инкишоф меёбад. Сабаби бемори чаббиши рух дар руда аст, ки ба таври ирси сурат мегирад. Хангоми чунин навъи А. дар пусти бандхои соид ва зону, чинхои чатан ва рон, атрофи макъад доначахо (бусурот)-и римдори гуногун пайдо мешаванд. Бусурот гурух-гурух чой гирифта, карахш мебанданд (ба бемории псориаз монанд мешаванд). Онхо метавонад дар луобпардаи чавфи дахон ва чашм (блефарит) низ ба вучуд оянд.
Дар натичаи бемори нохунхо зудшикан шуда, муи сар, абру ва мижгон мерезад, алопетсия рух менамояд.
Бинобар ихтилоли меъдаю рудахо тифл харобу логар ва инкишофи чисмонии у суст мешавад. Чараёни маризи вазнин аст. А.-и атрофиявии музмин бештар дар занхои синнашон аз 40 – сола боло ба мушохида мерасад. Тахмин мекунанд, ки сабаби пайдоиши он ихтилоли тагзияи неврогении пуст ва беморихои сироятию аллерги мебошанд. Бемори хамчун эритемахои кабудтоб дар пушти кафи по, панча, бандхои соид ва зону пайдо шуда, тадричан тамоми узвро фаро мегирад: пусти осебёфта бетароват ва ба когази тунук монанд мешавад. А.-и римчадор аз илтихоби бофтахои нарми атрофи нохунхо огоз ёфта, тадричан ба пусти панчахо, бозу, баъзан каф ва соки по мегузарад (дар мавзеи осебёфта римчахои гуногун ба вучуд меоянд); нохун гафс ва дурушт мешавад. Чараёни бемори музмин аст. Бо максади муоличаи А. аз антисептикихо, дорухои зидди илтихоб, антибиотикхо, витаминхои Е, А, С, В, кортикостероидхо ва дигар дорухо истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …