Главная / Илм / АКОКИЁ

АКОКИЁ

akokiyoАКОКИЁ (Robinia pseudoacacia), як навъ дарахти ороишист. Кариб дар хама нохияхои Точикистон меруяд. To 16 м кад мекашад. Решааш устувор; кутри шоху навдааш 9,5 м; пустлохи шоху навдахояш дорчинии тира, навдахои яксолааш аз сабз то дорчинии сурхча. Баргаш паршакл, да роз (12 – 24 см), думчааш кутох (1,5 – 3,5 см), то ох. тирамох намерезад. Нихолаш баъди 4 – 7 соли шинондан гул мекунад. Хушагулаш сафед, хушбуй (дарозиаш 7 – 10 см). Мевааш гилофакмонанд, 4 – 10 дона тухм дорад; тухмаш сабз ё дорчини. А. да- рахти рушноипарвард аст; ба камоби тоб меоварад. Дар замини нарм ва хосилхез нагз рушду инкишоф меёбад (нихолаш то 7 – 10-солаги хеле тез месабзад). Аз гули А. глюкозиди робинин, равгани эфир, аз баргу гулаш ранг, аз тухмаш равган ва аз пустлоху чубаш моддахои даббоги меги- ранд. Гули А. хеле сершахд буда, барои занбурпарвари ахамияти калон дорад. Бо максади табобат гул, барг ва пустлохи А. истифода мегардад. Гули А.-ро дар холати пурра нашукуфтан мегундоранд (дар чойи шамолрас дар харор. 40 – 50°С хушк мекунанд). Пустлох ва барги онро метавон дар давоми давраи нашв гундошт. Дар тибби кадим А. барои муоличаи бисёр беморихо истифода мешуд. Абуалии Сино А.-ро барои муоличаи таб, гулмижа ва хирашавии чашм, чарохати милки дан- дон, хунбалгами, захми руда, боди фатк (дабба), фаромадани бачадон, чарохатхои сухтаги ва г. давои хуб хисобидааст.
Дар тибби муосир гули А. барои табобати беморихои пешобдон, гурда, дарди санги гурда ва шошадон, амрози меъдаю рудахо, тромбофлебит, радикулит, миозит, остеохондроз, тарбод, невралгия, грипп, сулфа ва илочи захмхо кор фармуда мешавад. Истеъмоли чушоби пустлохи шохахои наврустаи А. барои рафъи туршии меъда ва рудаи дувоздахангушта, кабзияти шикам нофеъ аст. Алкалоиди робинин, ки дар таркиби узвхои гуногуни А. вучуд дорад, захрнок мебошад. Бинобар ин, хангоми истифодаи давохои аз А. тахиягашта эхтиёт бояд шуд.
Ад.: Колесников А.И., Декоративная ден- дрология, М., 1960; Качалов A^., Деревья и кустарники, М., 1970; Бухарев Г.Ф., Куйиков Н.С., Альбом пчеловода, М., 1971; Флора Таджик- ской ССР, т. 5, Л., 1978.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …