Главная / Чамъият / АКИДАХОИ АХЛОКИИ ДИНИ ИСЛОМ 

АКИДАХОИ АХЛОКИИ ДИНИ ИСЛОМ 

ИСЛОМ таълимоти ахлокии динхои дигари самовиро на танхо идома ва такмил додааст, балки кушиш намудааст, ки дар амал дар хаёти инсон ва чомеа татбик намояд. Таълимоти ислом саршор аз акоиди ахлоки хучаста, мухаббату накукори, эхтирому гамхори нисбати инсон ба муъминон мебошад. Мартабан эхтирому инсондустиро ба мукаддасоти дини пайвастааст. Эхтиром дар ислом кабл аз хама аз эхтироми волидайн, ухдадории онхо дар тарбияи фарзанд огоз мешавад ва бо эхтироми мусофиру бенавоён, мардуми гайри мусулмон тавсия меёбад.

islom-kitob

Эхтироми падару модар ба дарачаи аъло расидааст. Хадиси мукаддас аст, ки бихишт зери пои модарон аст. Хатто ривоят хаёт, ки чавоне мехост ба чиход равад ва ба хазрати Пайгамбар /с/ мурочиат мекунад. Хазрати Пайгамбар /с/ пурсон мешавад, ки аз падару модар ичозат пурсидаи? Чавоб медихад, ки не. Пас, хазрати Пайгамбар дастур медихад, ки рав, хизмати падару модарро адо кун, ки он аз чиход авлотар аст. Падару модар низ масъулияте дар назди фарзанд доранд, ки ба чуз ба воя расондан, мухимтаринаш илм омухтан ба фарзанд аст.

Гояхои баланди ахлоки дар илму адаби чахони ислом мавчуданд. Онхо пойдевори мустахками ахлок, фархангу адаби исломиро ташкил додаанд. Гуманизми баланд, ахлоки поку накусиришт, манбаи илхоми адибон ва уламои чахони ислом мебошанд. Ислом мардумро ба хамкори, мухаббат ба якдигар, бародари даъват мекунад. Муъмин бародари муъмин аст. Ин даъвати бузурги ахлокист, ки Куръони азимушшаън пешниход мекунад. Ислом талаб мекунад, ки хар мусулмон аз руи инсофу адолат амал намояд. Шахси боинсоф муродифи шахси обид аст. Бинои олам бар пояи адл мебошад.

Адл яке аз сифатхои худост. Дар Куръони карим борхо таъкид шудааст, ки бо адлу инсоф бошед. Худо ба адолат амр мекунад. Адл мухимтарин хислати чомеаи исломист. Дуруггуию фиребгари аз кабехтарин хислати инсони шумурда, шахсони дуруггую каллобро махкум ба дузах намудааст. Игвогари, муфтхури, гайбат, худписанди низ аз хамин гунна хислатхои бад буда, ислом онхоро махрум месозад. Ислом шаробро харом эълон карда, мардуми мусулмонро аз истеъмоли он манъ кардааст. Шаробнуши нунох аст ва касс бояд ба он кор, агар сохибимон бошад, даст назанад. Зино низ аз гуноххои сахте аст, ки каси ин гунохро содиркардамахкум ба сангсор аст.

Ислом доир ба чангу хунрези мамониятхои зиёде эчод кардааст. Хунрезиро манъ карда, касеро, ки нохак хуни касеро резондааст, махкум ба чаханнам месозад. Касосро таъкид намуда, онро ба хадди зарардида чоиз мешуморад ва инчунин дия /хунбахоро/ лозим медонад. Ахкоме, ки ислом муккарар сохтааст, барои пешгири аз хунрези аст. Илова бар он сулхро хамеша аз чанг, аз низоъ афзал шуморида, таъкид мекунад, ки мардум аз тарики сулху ошти, хамдигарфахми бо хам наздик шаванд. Ояти карима таъкид мекунад, сулх бехтар ва накутар аз хама чиз аст.

Меъёрхо ва ахкоми ахлокии ислом бехтарин муносибати байни одамонро фаро гирифта, чомеаро ба шохрохи ахлоки хидоят мекунад.

Супориш ва саволхо

  1. Акидахои ахлокии дини исломро ба ахли оилаатон бо овози овози баланд Хонда мухокима намоед.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …