Главная / Чамъият / АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ КИШОВАРЗИИ ТОЧИКИСТОН

АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ КИШОВАРЗИИ ТОЧИКИСТОН

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ КИШОВАРЗИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР СОЛХОИ 2016-2020 

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “30” декабри 2015, № 790 тасдик шудааст

  1. МУКАДДИМА
  1. Дар мархилаи кунунии рушди Чумхурии Точикистон таъмини ахоли бо махсулоти хушсифати кишоварзи, яке аз самтхои афзалиятноку стратегии мамлакат ба хисоб меравад. Дар ин раванд рохбари кишвар Чаноби Оли, мухтарам Эмомали Рахмон иброз доштанд: “Ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озукавори ба ояндаи сохаи кишоварзии Точикистон дурбинона ва бисёр чидди муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти сохаро бо татбики дастовардхои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин таквият бахшем”.
  2. Рушди илм дар чумхури пайваста аз чониби Президенти мамлакат ва Хукумат дастгири мегардад, консепсияву барномахо ва конунхои сохави кабул шуда, дастовардхои муайян ба даст омадааст. Олимони сохаи кишоварзи солхои охир як зумра навъхои серхосили зироатхои кишоварзи ва зоту чинсхои чорворо офарида, технологияи самараноки парвариш ва хифзи онхоро аз касалихою зараррасонхо тархрези намуда, дар истехсолот татбик карда истодаанд. Хамзамон дастовардхои илми кишоварзи ва хусусан татбики онхо барои рушди самараноки истехсолоти кишоварзи холо басанда нест.
  3. Бинобар ин илми кишоварзи дар шароити хозира бояд ба натичахои назаррас ноил гардида, барои татбики технологияхои инноватсиони, афзун намудани истехсоли махсулоти кишоварзи ва таъмини амнияти озукавории чумхури бештар мусоидат намояд. Хамзамон дар рушди илми кишоварзи масъалахои халталаб мавчуданд, ки онхо ба дастгирии давлати ниёз доранд. Барномаи мазкур тибки супориши банди 31 карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28.01.2015, № 21 “Дар бораи натичахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон дар соли 2014 ва вазифахо барои соли 2015”, бо максади халли мушкилихои чойдошта дар фаъолияти Академияи илмхои кишоварзии Точикистон тахия гардидааст.

2. ВАЗЪИ КУНУНИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ КИШОВАРЗИИ ТОЧИКИСТОН

  1. Академияи илмхои кишоварзии Точикистон (минбаъд -АИКТ) бо Фармони Президенти Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон, аз 19 июли соли 1991, № ФП – 173 ва Карори Девони Вазирони Чумхурии Точикистон, аз 27 сентябри соли 1991, № 294, бо максади баланд бардоштани самаранокии тахкикотхои илми, бехтар намудани таъмини илмии рушди сохахои комплекси агросаноати ва хамохангсозии он, мусоидат намудан ба бештар кардани истехсоли махсулоти кишоварзи, таъсис ёфтааст. Холо ба сохтори АИКТ 7 институти илмии сохави (зироаткори, богпарварию сабзавоткори, хокшиноси, чорводори, ветеринари, масоили амнияти биологи, иктисодиёти кишоварзи), 3 маркази илми (Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетики, Маркази чумхуриявии биотехнологияи чорво ва Маркази механиконии кишоварзи ва технологияхои инноватсиони) ва 26 шабакаи филиалу стансия, пойгох ва хочагихои тачрибавии муассисахои илми шомиланд.
  2. Вазифахо ва самтхои асосии фаъолияти АИКТ аз инхо иборатанд:

– офаридани навъу дурагахои серхосили зироатхо, дарахтони мевадихандаву ток, зоту типхои сермахсули чорво;

– гирд овардан, омухтану нигох доштани захирахои генетикии зироатхои кишоварзи ва хамавлоди ёбоии онхо, чорвои кишоварзи ва микроорганизмхои иллатангез;

– коркарди технологияи самараноки парвариши зироатхои кишоварзи, дарахтони мевадихандаву ток ва хайвоноти кишоварзи;

– коркарди усулхои самараноки хифзи растанихо ва чорво аз касалихою зараррасонхо;

– тахияи усулхои баланд бардоштани хосилхезии замин ва пешгирии он аз таназзулёби ва шуршави;

– тархрези ва такмили мошину олотхои кишоварзи;

– гузаронидани тахкикот оид ба масъалахои пешбурди иктисодиёти кишоварзи;

– хамохангсозии илми кишоварзи дар муассисахои Комплекси агросаноати;

– тайёр кардани кадрхои баландихтисоси илми;

– таргиб ва чори намудани дастовардхои илми.

  1. Холо дар муассисахои илмии АИКТ 1114 корманд, аз он чумла 512 ходими илми, аз онхо 29 доктор ва 115 номзади илм, 5 академик ва 8 аъзои вобастаи АИКТ ба тахкикотхои илми машгул мебошанд.
  2. Дар давраи солхои 2011-2015 муассисахои илмии АИКТ оид ба таъмини илмии рушди бахшхои сохаи кишоварзи фаъолият намуда, ба як катор дастовардхо ноил гаштанд.
  3. Дар сохаи зироаткори 72 навъи зироатхои кишоварзи офаридашуда, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатхои кишоварзи ва мухофизати навъхои Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон пешниход шуданд ва аз онхо 25 навъи зироатхо минтакабоб гардиданд. Аз тарафи олимон 7 технологияи парвариши зироатхои кишоварзи тархрези гардид. Роххои самараноки афзоишдихии тухмии хушсифати зироатхои кишоварзи ва хифзи онхо аз касалию хашаротхои зараррасон бо истифода аз усулхои интегратсиони коркард ва тархрези шудааст. Коллексияи навъу намунахои зироатхои кишоварзии махалли ва интродуксияшуда ба 11314 номгуй расонида шуд.
  4. Дар сохаи богу токпарвари ва сабзавоткорию картошкапарвари олимони АИКТ 24 навъи нави серхосилро офариданд, ки 10-тои онхо минтакабоб гардиданд. Технологияи дар як сол парвариш намудани нихолхои стандартии дарахтони донакдор ва бунёди богхои интенсивии дарахтони донакдору себ дар заминхои наздихавлигию хочагихои чамъияти тархрези гардид. Системаи чо ба чо гузории навъхои зироатхои сабзавотию полизи, картошка, дарахтони мевадиханда ва ток вобаста ба минтакахои чумхури, технологияхои парвариши картошкаи тухми бо усули генеративи ва вегетативи аз каламча ва мугчахои багали, парварши пиёз ба воситаи нихолчаю пиёзакхо, парвариши нихолхои дарахтони мевадиханда бо усули решаи пушида ва пайванди мобайни, афзоишдихии такпайвандхои кадпаст аз каламчаи реша ва усули захирасарфкунандаи хушк намудани мева ва ангур тархрези гардиданд. Технологияи парвариши зироатхои сабзавоти (пиёз, сабзи) бо истифодаи усули кишт дар болои пушта ва парвариши тухмии онхо дар давоми як сол коркард карда шуд. Усулхои самараноки хифзи дарахтони мевадахандаю ангур ва сабзавоту картошка аз касалию зараррасонхо тархрези гардид.
  5. Оид ба механизатсияи сохаи кишоварзи олимони АИКТ 5 мошину олоти муштарак оид ба коркарди сифрии хок ва ворид намудани нурихои минерали, кашидани палу пуштахо ихтироъ намуда, механиконии кори байни каторхои богу токзорро дар заминхои обёришаванда такмил доданд. Инчунин 4 арзномаи ихтироот доир ба такмили мошинолотхои механиконии истехсолоти кишоварзи ба Маркази миллии патенту иттилоот пешниход гардида, карори мусби гирифта шуд.
  6. Дар сохаи хокшиноси усулхои самараноки баланд бардоштани хосилхезии заминхо, технологияи руйпушкунии суфазинахо дар богу токзорхо, кишти тасма-тасмагии зироатхои кишоварзи, роххои истифодабарии самараноки захираи намии боришоти табии ва меъёрхои истифодабарии нурихо, усулхои ба танзим даровардани обёри, пешгирии шуршавии дуюмбораи заминхои минтакахои гуногуни чумхури, технологияи нави обмонии зироатхои кишоварзи дар нишебизаминхо, усули истифодабарии мелиорант-гулбутта дар самти баланд бардоштани хосилхезии хок истифодаи биозахкашхо барои паст намудани сатхи обхои зеризамини, тархрезии шакли электронии “Харитаи хокхои Точикистон” тахия ва ба рох монда шуданд.
  7. Дар сохаи чорводори зоти бузхои серпашми точики офаридашуда, хусусиятхои ирсию махсулнокии зотхои гову гусфандон, кутосхои экотипи помири ва кросси мургони дар чумхури парваришёбанда такмил дода шуданд. Инчунин гуруххои селексиони ва чавхари зотии говхои сергушт ва гусфандон дар хочагихои зотпарварии чумхури интихоб гардида, тахкикоти максаднок оид ба офаридани зоти гусфандони махинпашми дарвози, чинси шахринавию регарии гусфанди зоти хисори ва навъи точикии говхои сергушт, зоти махаллии занбури асал идома дорад. Меъёрхои самараноки хуронидани чорво ва истифодаи чарогоххо муайян карда шуд.
  8. Дастовардхои олимони АИКТ дар сохаи тибби ветеринари. Зиёда аз 30 адад хуччати меъёрию техники барои ташхис, пешгири ва табобати касалихои хайвоноту паранда тархрези карда шуд. Инчунин технологияи истехсоли 9 ваксинаю 12 маводи ташхисию табобати ба рох монда шуд. Зиёда аз 125,7 хазор воя ваксина бар зидди касалихои сироятии чорво ва 16 хазор вояи дигар дорухои ветеринари ба таври тачрибави истехсол гардида, барои санчиш ба хочагихои чорводории чумхури пешниход карда шуд, ки аксари онхо дар истехсолот татбики худро ёфта, самараи хуб нишон доданд.
  9. Усулхои ташхиси тафрикави, пешгири ва табобати беморихои сирояткунандаю инвазионии хайвонот тахия гардида, дар истехсолот чори карда шуданд. Мониторинги эпизоотологии касалихои хавфноки сирояткунандаи хайвонот дар нохияхои наздисархади гузаронида шуда, тартиби ташкили минтакаи буфери бахри эмин нигохдоштани кишвар аз патогенхо пешниход карда шуд. Хосиятхои штаммхои барангезандагони касалиовари хайвоноту паранда ва штаммхои микроорганизмхои фоидаовари махалли омухта шуда, барои ташкили бонки миллии захирахои генетикии микроорганизмхо замина гузошта шуд. Дар асоси Bacillus subtilis самти нави илмии тайёр намудани дорухои микробиологи-пробиотикхо чори гардид.
  10. Оид ба иктисодиёти сохаи кишоварзи олимони АИКТ моделхои пешрафт, инкишофи босуботи иктисоди аграри ва иктисодиёти кухистон, Консепсияхои сиёсати аграрии Точикистон, истифодабарии замин ва ташаккули хочагии кишлоки навро тархрези намуданд. Барномаи ислохоти аграрии Точикистон то соли 2020 ва Консепсияи инноватсионии пешрафти Комплекси агросаноати бо Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон тахия гардида, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда шуд.
  11. Бо дарназардошти масъалахои рузмарраи рушди сохаи кишоварзи самтхои афзалиятдоштаи илми сохави муайян ва лоихаи 56 мавзуи илмию тахкикоти барои солхои 20162020 тархрези гардида, ба Шурои хамохангсозии корхои илмию тахкикотии чумхури пешниход карда шуд.
  12. Олимони АИКТ дар асоси дастовардхои илми дар солхои 2011-2014 ва нимсолаи аввали 2015 дар мачмуъ сохиби 55 патент ва 71 шаходатномаи муаллифию бехсози гардиданд.
  13. Дар ин давра муассисахои илмии АИКТ оид ба тайёр кардани кадрхои илмии баландихтисос чорахо андешида, дар сохаи илмхои кишоварзи 78 рисолаи илми, аз он чумла 15 доктори ва 63 номзади дифоъ шудааст. Бо максади афзун намудани иктидори илми “Дурнамои тайёр намудани кадрхои илми ва бозомузии онхо барои солхои 2015-2024” аз тарафи Раёсати АИКТ тасдик карда шуд. Аз чониби муассисахои илмии АИКТ 146 конференсияи байналмилали, чумхуриявию минтакави гузаронида шуда, олимон зиёда аз 1090 корхои илми, аз он чумла 86 китобу монография ва 181 тавсияю дастурро нашр намуданд. Инчунин онхо оид ба масъалахои халталаби рушди сохаи кишоварзи дар воситахои ахбори омма зиёда аз 670 маротиба баромад намуданд.
  14. Олимони муассисахои илмии АИКТ дар тархрезии 7 барномахои давлатии рушди бахшхои сохаи кишоварзи барои солхои 2016-2020 фаъолона иштирок намуданд.

3. МАСЪАЛАХОИ ХАЛТАЛАБИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ КИШОВАРЗИИ ТОЧИКИСТОН

  1. Дар рушди АИКТ холо масъалахои халталаб дар тахкими заминаи моддию техникии муассисахои илми ва вохидхои онхо, афзун намудани иктидори илми, тархрезии технологияхои муосири кишоварзи, чори намудани дастовардхои илми дар истехсолот ва гайра вучуд доранд.
  2. Зиёда аз 80% маблагхое, ки аз бучаи давлати ба муассисахои илмии АИКТ чудо мешаванд, онхо барои пардохти музди мехнат ва сугуртаи ичтимоию нафака равона карда шуда, мучаххаз гардонидани озмоишгоххои муассисахои илми бо тачхизоти замонави ва хариди маводи ташхиси, тахкими заминаи моддию техникии хочагихои тачрибави аз захирахои дохилии муассисахои илми имконнопазир мебошад. Бинобар ин дар солхои истиклолияти Чумхурии Точикистон дар муассисахои илмии АИКТ тачхизоти муосири озмоишгохи барои гузаронидани ташхисхои дакик, муайян намудани сифати махсулоти кишоварзи ва ирсияти чорво, истифодаи технологияи саноатии истехсоли маводи биологи ба таври зарури дастрас нашудааст. Тачхизоти мавчудаи муассисахои илмии АИКТ ба раванди тахкикотхои илмии муосир пурра чавобгу нест. Дар натича сатхи гузаронидани корхои илми тахкикоти барои ноил шудан ба дастовардхои назаррас имконият намедиханд.
  3. Дар баробари ин таъминоти муассисахои илмии АИКТ бо олимони дорои дарачаи илми хамаги 30%-ро ташкил медихад, ки барои таъмини ичрои самараноки корхои илмию тахкикоти нокифоя мебошад. Бо сабаби паст будани маошу унвонпулии кормандони илми, набудани манзили зисту хобгох барои аспирантону олимони чавон ва шароити дигари ичтимои, чалб намудани мутахассисони чавони лаёкатманд ба корхои илми, торафт мушкил шуда истодааст. Бозомузии олимони чавон дар раванди тахассусхои афзалиятнок, махсусан дар марказхои бонуфузи илмии хоричи кишвар бо сабаби норасоии маблагхо мушкил гардидааст.
  4. Кайд намудан лозим аст, ки холо хавасмангардонии олимон барои офаридани навъхои нави зиротахои кишоварзи ва зоту чинсхои чорво, тархрезии маводи биологи, ихтирои мошину олотхои кишоварзи, таклифхои бехсозию навовари, низоми ноил гаштан ба дарачахои илми, ба табъ расонидани китобу монографияхо нокифоя ба рох монда шудааст.
  5. Дар аксари муассисахои илмии АИКТ бинохои маъмуриву озмоишгоххо бо сабаби чудо нашудани маблагхои зарури таъмирталаб буда, таъминоти китъахои тачрибавии институтхо бо лавозимот, наклиёту техникаи муосири кишоварзи нокифоя мебошад.

4. МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ БАРНОМА

  1. Максади асосии Барнома баланд бардоштани сифату самаранокии тахкикотхои илми кишоварзи ва ракобатпазирии натичахои онхо дар шароити имрузаи ислохоти соха, таргибу татбики дастовардхои илмии мусоидаткунанда ба зиёд намудани истехсоли махсулоти кишоварзи, таъмини амнияти озукавори ва рушди иктисодию ичтимоии мамлакат мебошад.
  2. Барои ноил шудан ба ин максадхо ичрои вазифахои зерин пешбини мешавад:

– гузаронидани тахкикотхо дар самтхои афзалиятноки илми кишоварзи;

– ташкили озмоишгоххои замонави ва мучаххазгардонии онхо бо тачхизотхои муосир;

– тайёр намудани кадрхои баландихтисос дар самтхои афзалиятноки илми кишоварзи ва бозомузии онхо;

– бехтар намудани таргибу татбики дастовардхои илм ва технологияхои инноватсиони;

– густариши хамкорихо оид ба ичрои тахкикотхои бунёдиву амали ва тайёр намудани кадрхои илми бо муассисахои илмию таълимии ватанию хоричи ва ташкилотхои байналмилали;

– такмили сохтор ва идоракунии муассисахои илмии АИКТ.

5. САМТХОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ИЛМИ КИШОВАРЗи

  1. Олимони АИКТ бо дарназардошти масъалахои халталаби рушди сохаи кишоварзи, ичрои барномахои давлати оид ба таъмини амнияти озукавори самтхои афзалиятноки рушди илми кишоварзиро тархрези намуданд, ки онро ба “Номгуи самтхои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2020” ворид карда шуда, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 04.12.2014, № 765 тасдик гардиданд. Тибки номгуи тахкикотхо дар муассисахои илмии АИКТ барои халли масъалахои зерин равона карда мешаванд:

селексия ва биотехнологияи зироатхои кишоварзи ва чорво вобаста ба тагйирёбии иклим;

коркарди технологияи захирасарфакунанда ва инноватсионии хосилхезгардонии хок, парвариши зироатхои кишоварзи, чорво ва мухофизати интегралии онхо аз касалию хашаротхои зараррасон;

бунёди генофонди махаллии зироатхои кишоварзи, хайвонот ва микроорганизмхо;

биотехнологияи муосири истехсоли маводи биологи бар зидди касалихои хайвоноту растани ва таъмини бехатарии бехдошти махсулоти кишоварзи;

тахияи пешниходхо оид ба баланд бардоштани самараи иктисодии истехсолоти кишоварзи.

6. САМТХОИ АСОСИИ ТАТБИКИ БАРНОМА

  1. Барои амалигардонии Барномаи мазкур гузаронидани корхои зерин дар бахшхои илми кишоварзи ва самтхои мухталиф пешбини мегарданд.
  2. Дар бахши зироаткори. Гузаронидани корхои илмию тахкикоти оид ба офаридани навъу дурагахои серхосили зироатхои кишоварзи, тухмипарвари ва технологияи муосири парвариши пахта, галладонагихо, лубиёги, хуроки чорво, зироатхои равгандиханда, шоли, тамоку ва кирмаки абрешим, агрохимия, муайян намудани усули меъёрхои самараноки обёрии зироатхои кишоварзи ба максад мувофик аст.
  3. Тахия намудани технологияи самараноки парвариши зироатхои мобайни, нигохдори ва баланд бардоштани сатхи хосилхезии замин, руёнидани хосили баланду хушсифати зироатхои кишоварзи дар шароити заминхои обёришаванда ва лалмии минтакахои чумхури идома меёбад.
  4. Навъу дурагахои ба гарми, хушки ва камоби тобовари зироатхои кишоварзи, ки дар шароити дигаргуншавии иклим хосили аз чихати иктисоди самаранок медиханд, офарида мешаванд.
  5. Муайян намудани меъёр ва усулхои истифодабарии самараноки нурихо дар парвариши зироатхо, бо дарназардошти сатхи хосилхезии заминхо дар кишти асоси ва такрори, гирифтани 2 хосили дон дар давоми сол, тахияи усулхои муборизаи интегратсиони бар зидди касалию зараррасонхои зироатхои кишоварзи, ихтироъ ва такмили мошину мошинолот барои коркарди хок, мувофики максад мебошад.
  6. Дар бахши богпарварию сабзавоткори. Корхои илмию тахкикоти доир ба офаридани навъхои дарахтони мевадихандаю ангури ба шароити экологи устувор, такмилдихии технологияи парвариши онхо дар заминхои лалмии бо нами таъмин, мукаммалгардонии технологияи парвариши нихолхои дарахтони мевадиханда, бунёди богхои интенсиви, интихоби навъу намунахои бехтарини дарахтони мевадиханда ва ангур, технологияи механиконии парвариши онхо дар минтакахои гуногун, технологияи коркарди мева, офаридану интихоби навъу намунахои серхосили зироатхои сабзавотию полизи ва картошкаи ба тагйирёбии иклим мутобик, такмилдихии тухмипарварию технологияи парвариши онхо, муборизаи интегратсиони бар зидди касалию хашароти зараррасон равона мегардад.
  7. Дар бахши омузиши захирахои генетики растанихо. Гузаронидани корхои илмию тахкикоти оид ба чамъовари, нигохдори ва омузиши хусусияти селексионию морфоботаникии навъу намунахои зироатхои галладонагихо, лубиёдонагихо, хуроки чорво, зироатхои техники, сабзавоти полизи, пахта, навъу намунахои дарахтони мевадихандаи ватанию хоричи ва хамавлоди ёбоии онхо дар шароити Точикистон ба максад мувофик аст.
  8. Дар бахши хокшиноси ва агрохимия. Тахкикотхо дар бахшхои баланд намудани хосилхези ва бехдошти замин, истифодаи самараноки хок дар шароити нави заминистифодабари, омузиши таъсири нурихои микробиологи ба хусусиятхои хок, коркарди усулхои бехдошти хоки шур, такмилдихии усулхои баходихи ва технологияи мубориза бо таназзулёбии хок, истифодабарии самараноки нишебизаминхо ва коркарди чорабинихо доир ба хифзи агроэкологии заминхои дуборашуршуда ва санглох, истифодаи технологияхои геоинформатсиони барои харитасози ва истифодабарии самараноки хок гузаронида мешаванд.
  9. Дар бахши механиконии истехсолоти кишоварзи. Тахкикотхо доир ба ихтироъ ва такмили мошинолотхои хурди муштарак барои парвариши зироатхои кишоварзи равона мегарданд. Дар натича мошинолотхои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатхои кишоварзи, чамъовари ва коркарди махсулоти кишоварзи ихтироъ карда мешаванд.
  10. Дар бахши чорводори. Барои рушди сохаи чорводори гузаронидани тахкикотхои илми ва илмию селексиони дар самтхои такмил додани хусусиятхои ирсию махсулнокии чинсу зотхои дар кишвар парваришёбандаи чорво, офаридани авлодхо, чинсхо ва зотхои нави сермахсул, тархрези ва тахияи технологияи самараноки пешбурди соха ба максад мувофик аст. Барои ин максад тахкикотхо оид ба офаридани зоти точикии говхои сиёхало, зоти точикии говхои швитсузебумонанд, чинси точикии говхои сергушт, чинси зарафшонии кутосхо, чинси шахринавии гусфандони хисори, чинси сури гусфандони карокули, зоти точикии занбури асал ва муайян намудани кроссу зотхои сермахсули парандахои кишоварзи равона мегарданд.
  11. Тахкикотхо дар бахшхои омузиши гизонокии хуроки чорво, тадбирхои бехтаргардонии холати чарогоххо ва истифодаи самараноки онхо, тархрези ва тахияи меъёру вояхои пурбахо хуронидани намудхои чорво, паранда ва мохи мутобик ба имконияту захирахои чумхури, усулхои биотехнологияи чорво, бунёди бонки нутфа ва чанини зотхои чорвои дар чумхури парваришёбанда гузаронида мешаванд.
  12. Дар бахши тибби ветеринари ва амнияти биологи. Барои пешравии илми ветеринари омузиши сабабхои пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояткунандаю инвазиони, хусусиятхои хоси барангезандахо ва хассосияти онхо, такмил ва татбики усулхои самараноки назорати ветеринарию бехдошти ва бехатарии маводи хурока, тархрезии технологияи истехсоли дорухои микробиологию кимиёви ва тахияи хуччатхои меъёрию техникии онхо бисёр мухим аст.
  13. Бо максади таъмини амнияти биологии чумхури гузаронидани мониторинги беморихои басо хавфноки хайвоноту паранда, зоонози ва инвазиони дар худуди кишвар ва давлатхои хамсоя, гузаронидани тахкикоти бунёди ва амали дар сохаи биотехнологияи хучайра, чудосозию нигохдории штаммхои беморихо ва дар асоси онхо тархрезию такмил додани технологияи истехсоли маводи пешгирикунанда, ташхис ва табобатии беморихои хайвоноту паранда мувофики максад мебошад.
  14. Дар бахши иктисодиёти кишоварзи. Гузаронидани тахкики проблемахои гуногуншаклии моликият ва хочагидори дар бахши аграрии чумхури, тахлили самаранокии рушди бахшхои кишоварзи, тахияи тавсияхо оид ба танзими давлатии муносибатхои бозори махсулоти озукавории кишоварзи, хусусиятхои ташаккулёбии сабади истеъмоли дар чумхури, асоснок намудани меъёр ва ояндабинии истехсолоти хочагии кишлок, баходихии иктисодии захирахои табиии заминхои кишоварзии чумхури мухим мебошад.
  15. Дар муассисахои АИКТ холо бо корхои илмию тахкикоти 512 ходими илми, аз он чумла 29 доктор ва 115 номзади илм машгуланд. Инчунин аз дигар муассисахои чумхури 19 доктор ва 17 номзади илм хамчун хамкор, барои ичрои корхои илмию тахкикоти чалб гардидаанд.
  16. Дар АИКТ 107 нафар аспирант (67 нафар дар шуъбаи рузона, 40 нафар дар шуъбаи гоибона) ва 16 нафар магистрхо тахсил карда истодаанд. Аз шумораи умумии аспирантхо занхо 27 нафарро ташкил медиханд. Инчунин 21 нафар унвончуён ва як нафар докторант тахсил менамоянд.
  17. Таъминоти муассисахои илмии АИКТ бо олимони дорои дарачаи илми дар бахшхои гуногун холо 30%-ро ташкил медихад, ки ба талабот чавобгу нест. Бо сабаби паст будани шароити моддию ичтимои чалб намудани чавонони лаёкатманд ба корхои илми ва нигох доштани онхо мушкил шудааст. Дар муассисахои илмии АИКТ синну соли миёнаи номзадони илм 42 ва докторони илм 63 солро ташкил намуда, чавонони унвони илмидошта то сини 35-сола, хамаги 6%-ро ташкил медихад, ки ин ташвишовар аст.
  18. Бо максади афзун намудани иктидори илмии АИКТ “Дурнамои тайёр намудани кадрхои илми ва бозомузии онхо барои солхои 2015-2024” тасдик карда шудааст.
  19. Барои амали намудаи барномаи мазкур халли масъалахои зерин мувофики максад мебошад:

ташкил намудани докторантураи PhD аз руи ихтисос дар назди муассисахои илмии АИКТ;

бехтар намудани фаъолияти муассисахои илмии АИКТ оид ба аспирантура ва докторантура;

ташкили Шурохои диссертатсиони оид ба дифои рисолахои номзадию доктори ва доктори PhD дар назди муассисахои илмии АИКТ оид ба бахшхои илмии зироаткори, хокшиносию агрохимия, чорводори, тибби ветеринари, иктисодиёти кишоварзи ва гайра;

тайёр намудани олимони чавон ва бозомузии онхо дар бахшхои афзалиятноки илми кишоварзи дар муассисахои илмию таълимии бонуфузи хоричи кишвар;

хавасмандгардонии мутахассисони чавон ба корхои илми, рохбарони аспирантону докторантон барои сари вакт дифоъ намудани рисолахои илми;

таъсиси унвонхои фахри ва чоизахо ба номи олимони варзидаи бахшхои гуногуни кишоварзи барои дастовардхои назарраси илми;

ташкил намудани курсхои омузиши забонхои хоричи;

таъмиру чихозонидани хобгохи магистру аспирантон, докторантон ва олимони чавон;

андешидани чорахо чихати чудо намудани китъаи замин барои манзили зисти олимон.

  1. Олимони АИКТ дар солхои 2014 ва 2015 бо максади таргибу татбики дастовардхои илми оид ба масъалахои рузмарраи рушди кишоварзи зиёда аз 580 кори илми, аз он чумла 28 китоб ва 83 тавсияномаю дастур аз чоп бароварданд. Инчунин бо ташаббуси муассисахои илмии АИКТ 67 конференсияю семинар гузаронида шуд ва олимон дар кори 177 конференсияю семинари чумхуриявию байналмилали иштирок карда, бо гузоришхои илми баромад намуданд.
  2. Оид ба халли масъалахои рушди сохахои кишоварзи олимон ба воситаи ахбори омма 225 маротиба баромад намуда, тавсияву дастурхоро ба дехконону мутахассисони сохаи кишоварзи пешниход намуданд.
  3. Хамзамон кайд намудан лозим аст, ки дар шароити имрузаи рушди кишоварзи корхо оид ба таргибу чори намудани дастовардхои илми, ёрии машваратию амалии олимон бояд бештар шавад. Бо ин максад андешидани чорахои зерин зарур мебошад: ташкил намудани маркази иттилоотию таргиботи ва татбики дастовардхои илм дар назди АИКТ ва мучаххазгардонии он бо тачхизотхои муосири иттилооти; ташкилу такмили шуъбахои иттилооти, таргиб ва чори намудани дастовардхои илм дар муассисахои илмии АИКТ; зиёд намудани тахия ва нашри китоб, тавсияю дастурамалхо, варакахои иттилооти оид ба масъалахои рузмараи рушди бахшхои сохаи кишоварзи; ташкили китъахои тачрибавию намоишии дастовардхои илми кишоварзи дар минтакахои чумхури; бештар гузаронидани конференсияю семинархо ва ташкили баромадхои олимон доир ба масъалахои халталаби рушди сохаи кишоварзи дар воситахои ахбори омма.
  4. Хамкорихои муассисахои илмии АИКТ бо муассисахои илми ва таълимии ватанию хоричи, ташкилотхои байналмилали яке аз самтхои мухими бехтар кардани сифату натичахои тахкикотхо, тайёр кардани кадрхои баландихтисоси илми ва бозомузии онхо, ворид намудани дастоварду технологияи муосир, мучаххазгардонии озмоишгоххо бо тачхизоти замонави ва бехгардонии холати моддию молиявии кормандони илми мебошад. Бо дарназардошти ин вусъат баъшидани хамкорихои муассисахои илмии АИКТ бо муассисахои зерини илми ва таълимии ватанию хоричи мувофики максад мебошад:

Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва муассисахои илмии сохавии он;

Институти илмию тахкикотии гидротехника ва мелиоратсия (Точик НИИГиМ)-и Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон;

Пажухишгохи илмию тахкикотии хочагии чангали Агентии хочагии чангали назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Ш.Шохтемур;

Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино;

Донишгохи миллии Точикистон;

Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айни;

Муассисахои илмию таълимии сохавии Иттиходи Давлатхои Мустакил

Муассисахои илмии байналмилали ва хоричи кишвар – Маркази байналмилали оид ба тахкикотхои кишоварзи дар минтакахои хушк (ИКАРДА), Маркази байналмилалии захирахои генетикии мамлакатхои шимол (СИДА), Ташкилоти озука ва кишоварзии Созмони Милали Муттахид (ФАО), Маркази байналмилали оид ба картошкапарвари (СИП), Маркази байналмилали оид ба сабзавоткори (АСИРО), Институти умумичахонии захирахои генетикии дарахтони мевадиханда (ИПГРИ), Агентии байналмилали оид ба энергияи атоми (МАГАТЭ), Маркази байналмилалии илмию техники (МНТС), Институти илмию тахкикотии “Назилли”-и Туркия, Академияи илмхои кишоварзии Синсизяни Чумхурии Хитой.

  1. Бо максади пешбурди илми кишоварзи дар сатхи замонави мукаммалсозии сохтори илмию ташкилии муассисахои АИКТ талаботи замон мебошад. Дар ин самт халли масъалахои зерин зарур аст:

– баркарор кардани марказхои илмии АИКТ дар вилоятхои Хатлон ва Сугд;

– таъсиси марказхои хифзи растанихо ва машваратию иттилооти дар назди АИКТ;

– таъсиси стансияи тачрибавии зироатхои кишоварзи дар нохияи Дангара ва дигар вохидхо барои халли масъалахои мухими рушди илми сохави;

– ба тобеияти АИКТ гузаронидани Стансияи тачрибавии пиллапарвари аз сохтори Институти зироаткори;

– мувофикгардонии сохтори муассисахои илмии АИКТ ба талаботхои муосири рушди илми сохави ва истехсолоти кишоварзи;

– ташкили фонди гайрибучетии рушди илми кишоварзи;

– пешниходи лоихахои сармоягузори барои чалби сармоягузории дохилию хоричи чихати амали намудани Барнома;

– андешидани чорахо чихати такмили идоракуни ва истифодаи самараноки заминхои муассисахои тобеи АИКТ;

– ворид намудани тагйиру иловахо ба Оинномаи АИКТ.

  1. Бо максади баланд бардоштани сифати корхои илмию тахкикоти ва огози тахкикотхо дар самтхои афзалиятноки илми ташкилу такмили озмоишгоххо тибки талаботи замон вамучаххазгардониии онхо дар муассисахои илмии АИКТ лозим аст.
  2. Дар муассисахои илмии АИКТ дар ин раванд ташкилу мучаххазгардонии чунин озмоишгоххо ба накша гирифта мешавад:

1) Институти зироаткори

– ташкили озмоишгохи ташхиси сифати махсулоти галладонагихо, зироатхои равганидиханда, хуроки чорво, сифати нахи пахта, касалихои зироатхои кишоварзи ва мучаххазгардонии онхо бо тачхизоти муосир;

– ташкили озмоишгохи биологи оид ба химояи растанихо.

2) Институти богпарварию сабзавоткори

– мучаххазгардонии озмоишгохи илмию истехсолии биотехнологияи картошка;

– ташкили озмоишгохи ташхиси сифати махсулоти зироатхои сабзавоти, картошка, меваги ва ангур.

3) Институти хокшиноси

– ташкили озмоишгохи ташхиси хусусиятхои обию физики, бехдошт ва таназзулёбии хок, мучаххазгардонии он бо тачхизотхои муосир.

4) Институти чорводори

– ташкили озмоишгохи тахлили умуми, экология ва генетикаи чорво;

– ташкили озмоишгохи ташхиси сифати пашм ва махсулоти чорво дар назди филиали институт дар вилояти Сугд.

5) Институти ветеринари

– ташкили озмоишгоххои микобактериози ва биотехнологияи маводи ветеринари, мучаххазгардонии онхо бо тачхизоти муосир.

6) Институти масоили амнияти биологи

– ташкили шуъбаи тархрези ва истехсоли маводи биологию табобати, мучаххазгардонии он бо хати истехсолии саноати;

– тачдид ва такмили озмоишгоххои мавчудаи ба талаботи замонави чавобгу ва мучаххазгардонии онхо бо тачхизотхои муосир.

7) Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетики

– ташкили озмоишгохи тачдиду баркароркунии тухмии зироатхои кишоварзи;

– ташкили озмоишгохи генетикаи молекуляви;

-ташкили шуъбаи иттилооти ва робитахои байналмилали.

8) Маркази механиконии кишоварзи ва технологияхои инноватсиони

– ташкили озмоишгохи ташхиси воситахои техники;

– ташкили шуъбаи таъмири мошинхо.

7. НАТИЧАХОИ НИХОИИ БАРНОМА

  1. Дар натичаи амали шудани максаду вазифахои Барномаи мазкур дар муассисахои илмии Академияи илмхои кишоварзии Точикистон озмоишгоххои замонави ташкил ва мукаммал гардида, онхо бо тачхизоти муосир мучаххаз шуда, барои бехтар шудани ичрои корхои илмию тахкикоти ва тайёр кардани кадрхои баландихтисоси илми шароити лозими мухайё мешавад. Хамкории олимон бо муассисахои илмии ватанию хоричи пурзур шуда, сохтори Дастгохи маркази ва муассисахои илмии АИКТ ба талаботи муосир мутобик мегардад. Дар натича сифат ва самаранокии тахкикотхои илми кишоварзи баланд шуда, татбики дастовардхои он дар истехсолот бештар ва хиссагузории илми сохави барои зиёд шудани истехсоли махсулоти кишоварзи ва таъмини амнияти озукавории чумхури бехтар мешавад.
  2. Дар муассисахои илмии АИКТ дар солхои 2016-2020 48 навъи зироатхои кишоварзи ва дархтони мевадихандаю ток, 7 зоту навъ ва дурагахои чорвои кишоварзи ва кирмаки абрешим офарида шуда, зиёда аз 50 технологияи нави парвариши зироатхои кишоварзи, дарахтони мевадихандаю ток, сабзавот ва картошка, истехсоли маводи биологи тархрези гашта, 6 мошинолоти механиконии кишоварзи ихтироъ ва 4 пешниход оид ба баланд бардоштани самаранокии истехсолоти кишоварзи тахия мегардад. Дар натича 75 патент ва 90 шаходатномаи муаллифи ва бехсози ба даст омада, 44 китобу брошюра ва 137 тавсияю дастур нашр мегардад (замимаи 1).

8. МАБЛАГГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маблаггузории Барномаи давлатии рушди Академияи илмхои кишоварзии Точикистон барои солхои 2016-2020 дар доираи маблагхои барои Академияи илмхои кишоварзии Точикистон пешбинишуда, маблагхои махсуси он, грантхои фондхои байналмилали ва аз хисоби дигар сарчашмахое, ки ба конунгузорихои Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд, амали карда мешавад (замимахои 2,3).

Замимаи 1

ба Барномаи давлатии рушди

Академияи илмхои кишоварзии Точикистон

дар солхои 2016-2020

ДАСТОВАРДХОИ ЧАШМДОШТИ МУАССИСАХОИ ИЛМИИ АИКТ

ДАР СОЛХОИ 2016-2020

Р/т Офаридани навъу дурагахои зироатхо, зоту чинси чорво, маводи биологи, тархрезии технологияхои нав ва мукаммалгардонии онхо Патент/

шаходат-

номахо

Китобу брошюра/

тавсияю дастур

Натичаи нихои, самараноки Вазорат, муассисаю хочагихое, ки дастовардхо татбик мегарданд
  Институти зироаткори
1. 9 навъи пахтаи миёнанаху махиннах, 8 навъи галлагихо (гандум, чав, тритикале), 6 навъи

лубиёгихо (нахуд, наск, мушунг), 5 навъи зироатхои равгандиханда (загир, маъсар, офтобпараст), 5 навъи хуроки чорво (юнучка, чуворимакка), 4 навъи тамоку ва шоли офарида мешаванд

 

37 патент,

34

шаходатномаи муаллифи

 

6/22

Дар натичаи корхои селексиони навъхои серхосилу ба касалихову хушксоли тобовари зироатхои кишоварзии дорои хусусиятхои ба дигаргуншавии иклим мутобик офарида мешаванд. Дар зинаи аввали тухмипарвари тухмихои хушсифати онхо истехсол мегарданд, ва дар хочагихои минтакахои гуногуни чумхури китъахои намоиши ташкил карда мешаванд Вазорати кишоварзии ЧТ, раёсату идорахои кишоварзи, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
2. Технологияи самараноки парвариши зироатхои кишоварзи ва истифодаи заминхои обию лалми коркард карда мешавад 3 патент,

9

шаходатномаи муаллифи

1/4 Меъёрхои мусоиди воридсозии нурихои маъданию органики ва обёри, инчунин усулхои нави истифодаи самараноки заминхои обию лалми тахия карда мешаванд Вазорати кишоварзии ЧТ, Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати ЧТ, раёсату идорахои кишоварзи, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
3. Навъхои дарахтони серхосили тут ва зоту дурагахои сермахсули кирмаки абрешим офарида мешавад 7

шаходатномаи муаллифи

1/4 Зоту дурагахои серхосили дарахти тут ва кирмаки абрешим офарида шуда, дар хочагихои кирмакпарварии чумхури татбик гардонида мешаванд Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати саноат ва технологияхои нави ЧТ, раёсату идорахои кишоварзи, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли

 

Институти богпарварию сабзавоткори
1. 8 навъи нави дарахтони мевадихандаю ток, зироатхои сабзавотию полизи ва картошка офарида мешаванд 8 патент,

16

шаходатномаи муаллифи

4/15 Навъхои дорои махсулнокии баланд, ба талаботи бозор мувофик ва хусусияти содироти дошта офарида мешавад Вазорати кишоварзии ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
2. Технологияи самаранокии парвариши дарахтони мевадихандаю нихол, ток, зироатхои сабзавотию полизи ва картошка тархрези мегардад. 2

шаходатномаи муаллифи

3/5 Технологияи муосири парвариши дарахтони мевадиханда ангур, зироатхои сабзавотию полези, картошка тахрези мегардад ва татбики онхо имконият медихад, ки махсулнокии навъу намунахо баланд гардад Вазорати кишоварзии ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
3. Технологияи парвариши зироатхои сабзавоти дар шароити гармхона коркард ва мукаммал гардонида мешавад 2

шаходатномаи муаллифи

1/4 Технологияи муосири парвариши зироатхои сабзавоти дар шароити гармхона мавриди истифода карор дода мешавад, ки ин барои баланд гардидани самаранокии истехсолот мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
4. Технологияи муосири хушконидани зардолу, олу ва дигар мевачот 1 патент 1/2 Истифодаи технологияи муосири хушконидани мевачот барои баланд гардидани самаранокии истехсолот мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати саноат ва технологияхои нави ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
Институти хокшиноси
1. Тархрезии технологияхо оид ба бехдошти заминхои шуршудаю таназзулгардида ва санглох 1 патент 1/3 Истифодаи технологияхои бехдошти хусусиятхои хок, пешгирии шусташави ва шуршави, таназзулёбии заминхо барои баркарор ва баланд бардоштани хосилхезии хок мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, Агентии мелиоратсия ва захирахои об, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
2. Технологияхои пешгирии шусташавии хок, истифодаи самараноки заминхои шуршуда, бехдошти холати мелиоративии замин ва роххои биологии баланд бардоштани хосилхезии хокхо мукаммал гардонида мешавад 2 патент 4/5 Татбики технологияхои самараноки пешгирии шусташавии хок, истифодаи самараноки заминхои шуршудаю бехдошти холати мелиоративии замин ва роххои биологии баланд бардоштани хосилхезии хокхо барои баланд шудани хосилхезии заминхо ва хосилнокии зироатхои кишоварзи мусоидат менамояд

 

Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати саноат ва технологияхои нави ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
3. Ташкили махзани маълумотхо оид ба тавсифи хокхо ва тархрези намудани харитахои таснифоти бо усулхои нави замонави 1 патент 1/2 Таъсиси махзани маълумотхо оид ба тавсифи хокхо ва тархрези намудани харитахои муосири таснифоти хокхо барои баходихии сифати хок ва парвариши зироатхои муайяни кишоварзи мусоидат менамояд. Вазорати кишоварзии ЧТ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
Институти чорводори
1. Офаридани зоти точикии говхои сиёхало ва швитсузубумонанд 2

шаходатномаи муаллифи

1/2 Истифодаи зоти точикии говхои сиёхало ва швитсузубумонанд ба 4-10% зиёд шудани махсулнокии шири имконият медихад Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории вилояти Хатлон ва НТЧ
2. Ба вучуд овардани зоти точикии занбури асал 1

шаходатномаи муаллифи

1/2 Татбики зоти точикии занбури асал барои ба 15-20% зиёд шудани махсулнокии онхо мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои занбуриасалпарварии чумхури
3. Офаридани типи зарафшонии кутосхои Помири 1

шаходатномаи муаллифи

1/2 Истифодаи типи зарафшонии кутосхои Помири барои ба 10-15% зиёд шудани махсулнокии онхо имконият медихад Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории водии Зарафшон
4. Тасдики типи шахринавии гусфандони зоти хисори 1

шаходатномаи муаллифи

1/2 Истифодаи типи шахринавии гусфандони зоти хисори барои бехтар шудани хусусиятхои ирсию махсулнокии онхо мусоидат мекунад Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории водии Хисор
5. Таквият бахшидани корхои селексиони оид ба офаридани чинси точикии говхои сергушт 2

шаходатномаи муаллифи

1/2 Таквият бахшидани корхои селексиони оид ба чинси точикии говхои сергушт барои тасдики онхо замина мегузорад Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои минтакахои баландкух
Институти ветеринари
1. Технология вахуччатхои меъёриву техники оид ба истехсоли ваксинаи зидди брутселлёзи чорвои кишо-варзи тархрези карда мешавад 2 патент 1/3 Самаранокии истифодаи ваксина ба 1 сомонии масрафгардида 2,5 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории чумхури
2. Технологияи истехсоли мавод бар зидди касалихои гелментии чорвои кишоварзи мукаммал гардонида мешавад 3 патент 1/3 Самаранокии истифодаи мавод бар зидди касалихои хелменти ба 1 сомонии масрафгардида 3,5 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории чумхури
3. Технология ва 5 маводи микробиологи ва кимиёви бар зидди касалихои чавонахои чорвои кишоварзи тархрези карда мешавад 3 патент 1/5 Самаранокии истифодаи маводи мазкур ба 1 сомонии масрафгардида 3,8 сомониро ташкил медихад Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории чумхури
4. Такмили усулхои пешгирии касалихои бештар пахнгаштаи сироятии парандахо, занбури асал ва мохи 2 патент 1/3 Самаранокии истифодаи усулхои такмилёфта ба 1 сомонии масрафгардида 2,4 сомониро ташкил медихад Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои парандапарвари, занбуриасалпарвари ва мохипарварии чумхури
Институти масоили амнияти биологи
1. Технология ва хуччатхои меъёриву техники оид ба истехсоли 6 ваксина бар зидди беморихои сироятии чорво тархрези карда мешавад 2 патент 1/ 5 Самаранокии истифодаи ваксинхои тархрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 5 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории чумхури
2. Технология ва хуччатхои меъёриву техники оид ба истехсоли 5 маводи ташхисии беморихои чорво тархрези карда мешавад 2 патент 1/ 5 Самаранокии истифодаи маводи ташхисии тархрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 3 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, озмоишгоххои ветеринарии чумхури
3. Технология ва хуччатхои меъёриву техники оид ба истехсоли 7 маводи табобатию кимиёви тархрези карда мешавад 2 патент 1/ 5 Самаранокии истифодаи маводи табобатию кимиёвии тархрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 4 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ЧТ, хочагихои чорводории чумхури
Институти иктисодиёти кишоварзи
1. Тахияи пешниход оид ба баланд бардоштани самараи иктисодии мачмуи хочагихои богу токпарвари дар минтакахои чумхури 1

шаходатномаи муаллифи

1/4 Истифодаи пешниходхо оид ба бехтар намудани фаъолияти мачмуи хочагихои богу токпарвари дар минтакахои чумхури барои баланд бардоштани самараи иктисодии истехсолот ба 20-22 % мусоидат мекунад Вазорати кишоварзии ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли

 

2. Тахияи накшаи таъминоти бозорхои кишоварзи бо махсулоти истехсоли ватани бо назардошти талаботи ахоли

 

 

1

шаходатномаи муаллифи

1/3 Татбики накшаи таъминоти бозорхои кишоварзи бо махсулоти истехсоли ватани барои бехтар намудани таъмини талаботхои ахоли бо махсулотхои кишоварзи ба 18-20% имконият медихад Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати рушди иктисод ва савдои ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли, бозорхои кишоварзи
3. Муайян намудани хусусиятхои ташаккулёбии сабади истеъмоли дар чумхури ва тахияи консепсияи низоми иктисодии хочагихои наздихавлиги 1

шаходатномаи муаллифи

1/2 Омузиши хусусиятхои ташаккулёбии сабади истеъмоли дар чумхури барои муайян намудани вазифахои хоси иктисодиву ичтимоии хочагихои наздихавлиги ва фарханги истеъмоли мусоидат менамояд

 

 

Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати тандурустии ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли

 

4. Тахияи пешниход оид ба татбик намудани технологияхои инноватсионии истехсол, коркарду нигохдори, фуруши махсулоти кишоварзи ва таъмини бехатарии озукавори 1

шаходатномаи муаллифи

1/4 Истифодаи пешниходхо оид ба татбик намудани технологияхои инноватсионии истехсол, коркарду нигохдори, фуруши махсулоти кишоварзи барои бехтар намудани таъмини ахоли бо озукавори ба 18-20 % имконият медихад Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати рушди иктисод ва савдои ЧТ, Вазорати саноат ва технологияи нави ЧТ, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетики
1. Коркарди усулхои самараноки чамъовари, нигохдори ва омузиши хусусиятхои селексионию морфоботаникии навъу намунахои зироатхои кишоварзи, дарахтони мевадихандаи махаллию мутобикгардида 6

шаходатномаи муаллифи

2/5 Натичаи корхои илмию тахкикоти оид ба коркарди усулхои самараноки чамъовари, нигохдори ва омузиши хусусиятхои селексионию морфобота-никии навъу намунахои зироатхои кишоварзи, дарахтони мевадихандаи махаллию мутобикгардида барои пешбурди корхои селексиони доир ба офаридани навъхои серхосили зироатхои кишоварзи ва дарахтони мевадиханда мусоидат менамояд Дар Институтхои зироаткори, богпарварию сабзавоткори ва дигар муассисахои илмии сохави, хочагихои тухмипарвари

 

Маркази механиконии кишоварзи ва технологияхои инноватсиони
1. Мошинолотхои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатхои кишоварзи, чамъовари ва коркарди махсулоти кишоварзи ихтироъ карда мешаванд 6 патент,

 

1/10 Татбики мошинолотхои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатхои кишоварзи, чамъовари ва коркарди махсулоти кишоварзи барои бехтар намудани кишт ва парвариши зироатхои кишоварзи ва самаранокии истехсолот мусоидат мекунанд Вазорати кишоварзии ЧТ, Вазорати саноат ва технологияхои нави ЧТ, раёсату идорахои кишоварзи, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо, корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли
Стансияи тачрибавии кишоварзии Помир
1. Муайян намудани навъхои серхосили пиёз, сабзи, картошка ва технологияи самараноки парвариши онхо дар шароити Вилояти мухтори кухистони Бадахшон 3

шаходатномаи муаллифи

1/3 Татбики навъхои серхосили пиёз, сабзи, картошка ва технологияи самараноки парвариши онхо дар хочагихои ВМКБ барои зиёд шудани хосилнокии онхо ба 20-30% мусоидат менамояд Дар корхонахои кишоварзи, хочагихои дехконию ахоли ва ахолии ВМКБ
2 Коркарди роххои самараноки хп Помири ва технологияи парвариши онхо 1

шаходатномаи муаллифи

1/1 Истифодаи роххои самараноки хушзоткунии кутосхои экотипи помири барои баланд бардоштани махсулнокии онхо ба 10-20% мусоидат менамояд. Дар хочагихои чорводории ВМКБ
               

Замимаи 2

ба Барномаи давлатии рушди

Академияи илмхои кишоварзии Точикистон

дар солхои 2016-2020

Эхтиёчоти муассисахои илмии АИКТ барои хариди тачхизотхои замонавии озмоишгохию техники ва маводи кимиёвию ташхиси

дар солхои 2016-2020

 

Р/т

 

Номи муассисаи илми

Маблаг, хазор сомони Маблаги умуми, хазор сомони Аз он чумла
 

2016

 

2017

 

2018

 

2019

 

2020

аз бучети давлати, хазор сомони дигар манбаъхо,

хазор сомони

аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо
1 Институти зироаткори 151 38 162 41 173 44 190 48 209 54 1110 885 225
2 Институти богпарварию сабзавоткори 51 13 55 14 59 17 65 17 71 18 380 301 79
3 Институти хокшиноси 37 9 40 10 43 12 47 12 52 13 275 219 56
4 Институти чорводори 85 22 90 23 96 24 107 27 117 29 620 495 125
5 Институти ветеринари 39 10 42 10 45 12 50 13 55 14 290 231 59
6 Институти масоили амнияти биологи 62 14 66 16 71 17 78 19 86 21 450 363 87
7 Институти иктисодиёти кишоварзи 45 12 48 13 51 13 56 14 62 16 330 262 68
8 Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетики 38 10 41 10 44 11 48 12 53 13 280 224 56
9 Маркази механиконии кишоварзи ва технологияхои инноватсиони 105 27 112 28 120 31 132 33 145 37 770 614 156
10 Стансияи кишоварзии Помир 27 8 29 8 31 8 34 9 37 9 200 158 42
  Хамаги 640 163 685 173 733 189 807 204 887 224 4705 3752 953

Замимаи 3

ба Барномаи давлатии рушди

Академияи илмхои кишоварзии Точикистон

дар солхои 2016-2020

Талабот барои нашри тавсияю дастур ва китобхо, гузаронидани коференсияю семинархо дар муассисахои илмии АИКТ

барои солхои 2016-2020

 

Р/т

 

Номи муассисаи илми

Маблаг, хазор сомони Маблаги умуми, хазор сомони Аз он чумла
 

2016

 

2017

 

2018

 

2019

 

2020

аз бучети давлати, хазор сомони дигар манбаъхо,

хазор сомони

аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо аз бучаи давлати дигар манбаъхо
1 Институти зироаткори 30 9 32 10 34 10 37 11 41 12 226 174 52
2 Институти богпарварию сабзавоткори 22 13 24 7 26 8 29 9 32 10 180 133 47
3 Институти хокшиноси 8 2 9 3 10 3 11 3 12 4 65 50 15
4 Институти чорводори 23 7 25 7 27 8 30 9 33 10 179 138 41
5 Институти ветеринари 8 2 9 3 10 3 11 3 12 4 65 50 15
6 Институти масоили амнияти биологи 8 2 9 3 10 3 11 3 12 4 65 50 15
7 Институти иктисодиёти кишоварзи 15 5 16 5 17 5 19 6 21 6 115 88 27
8 Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетики 16 5 17 5 18 5 20 6 22 7 121 93 28
9 Маркази механиконии кишоварзи ва технологияхои инноватсиони 2 1 2 1 2 1 3 1 4 1 18 13 5
10 Стансияи кишоварзии Помир 3 1 3 1 4 1 4 1 5 2 25 19 6
  Хамаги 135 47 146 45 158 47 175 52 194 60 1059 808 251

Бо Карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз 30 декабри соли 2015 №790

тасдик шудааст

Накшаи чорабинихо

оид ба амалисозии барномаи давлатии рушди академияи илмхои кишоварзии Точикистон дар солхои 2016-2020

 

т/р

 

Номгуйи чорабинихо

 

Мухлати ичро

 

Масъулин

1 Ворид намудани тагйиру иловахо ба Оиннома ва такмили сохтори АИКТ 2016-2017 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ
2 Мукаммалгардони ва ичрои тахкикотхо дар самтхои афзалиятноки илми кишоварзи 2016-2020 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон
3 Ташкили озмоишгоххои замонави ва мучаххазгардонии онхо бо тачхизотхои муосир 2016-2020 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, муассисахои хамкори дохили ва хоричи
4 Тайёр намудани кадрхои илми вобаста ба талаботи муосири рушди илму истехсолоти кишоварзи ва бозомузии онхо 2016-2020 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ, Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, фондхои байналмилали, барномахои хамкори бо муассисахои илми
5 Бехтар намудани таргибу татбики дастовардхои илми кишоварзи ва техникаю технологияхои инноватсиони дар истехсолот 2016-2020 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Вазорати саноат ва технологияи нави Чумхурии Точикистон
6 Густариши хамкорихо оид ба тахкикотхои бунёдию амали бо муассисахои илмию таълимии ватани ва хоричи 2016-2020 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Донишгоххои аграри, милли, тибби ва омузгории Точикистон, Марказхои илмии байналмилали
7 Тахияи лоихахо барои чалби сармоягузорихои дохилию хоричи чихати амали намудани Барнома ва пешниходи онхо ба вазорату идорахои дахлдор 2016-2020 Раёсат ва муассисахои илмии АИКТ

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …