Главная / Илм / АХВАЛи

АХВАЛи

0-544-310x165АХВАЛи (Strabismus), олуси, холати чашм, ки дар мавриди он хатти биниши як чашм ба чизи дидашаванда равон шуда, чашми дигар бошад, ба тарафи бини ё чакка мегардад.
А. дар натичаи ихтилоли хамкории мушакхои чашм пайдо мешавад. Дар синни 2 – 3-солаги фаъолияти якчояи хар ду чашм босуръат ташаккул меёбад. А. низ махз дар ин давра ба амал меояд. Низоми хамкории хар ду чашм метавонад зери таъсири осебу бемории магзи сар, зарбаи рухи (тарс), номукаммалии оптикии чашм (дурбини ва наздикбини) вайрон шавад. Ба пайдоиши А. баъзан беморихои сирояти (сурхча, махмалак, хунок, грипп ва г.) мусоидат мекунанд; кудак дар давраи бемори бояд китоб нахонад, расм накашад. Дар вакти хондану навиштан хона бояд ба дарачаи кофи равшан бошад.
Хангоми А. дар биниш танхо чашми солим иштирок карда, чашми олус бекор мемонад. Муддати дароз бекор истодани чашм боиси кам шудани кувваи биниши он мегардад (бо истилох амблиопия). А.-ро хар кадар зудтар табобат кунанд, имконияти баркарор кардани босира хамон кадар зиёд аст. Волидайн хамин ки олус будани кудакашонро пай бурданд, бояд уро фавран ба духтури чашм нишон диханд.
Барои табобати А.-е, ки бинобар номукаммалии оптикии чашм пайдо шудааст, духтур ба бемор айнак гирифта гаштанро тавсия медихад. Айнак барои босира шароити мусоид фарохам оварда, дар бартараф намудани А. кумак мерасонад. Айнакро ба кудакон аз якуним – дусолаги таъин мекунанд. Барои фаъолона кор кардани чашми олус чашми сихати кудакро ба муддати дароз (зиёда аз 4 мох) бо болиштаки пахтаву докаги (ба чанбараки айнак мениханд ё ба пусти гирдогирди чашм мечаспонанд) махкам мекунанд. Дар баробари ин, чашми олусро машк додан лозим аст.
Агар дар давоми 1 – 2 соли гирифтани айнак А. бартараф нашавад, пас онро бо рохи чаррохи табобат мекунанд. Барои чаррохи синни 4 – 6-солаги мувофик аст. Мохияти асосии чунин чаррохи дар он мебошад, ки яке аз мушакхои харакатовари гузаи чашм суст ё баръакс пурзур карда мешавад. Аксар вакт чаррохи А.-ро бартараф мекунад, вале барои баркарор сохтани хамкории мутадили хар ду чашм машкхои махсус лозиманд. Максад аз онхо «тарбия кардани» одатхои мукаррарии ба чашми солим хос мебошад. Табобати А. солу моххои зиёд давом карда, сабру токат ва устувории волидайну худи беморро металабад.
Саривакт тафтиш кардани босира тадбири асосии пешгирии А. аст. Агар кудак ба ашё хам шуда нигох кунад ё онхоро ба чашм наздик оварда бинад, уро ба духтури чашм нишон додан лозим аст. Духтур дар сурати зарури айнак гирифта гаштанро маслихат медихад (кудакон ба айнак зуд одат мекунанд). Тадбирхои бехдошти умуми – мунтазам сайру гашт кардан, тоза нигох доштани хавои хона, дуруст ташкил кардани истирохати тобистона, машгул шудан бо варзиши чисмони барои пешгирии А. заминаи мусоид фарохам меорад. Тамоми он чизхое, ки саломатии кудакро пойдор месозанд, ба пайдоиши А. монеъ мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …