Главная / Илм / АХМАДОВ Саидилхом Мухторович

АХМАДОВ Саидилхом Мухторович

4d34b110f_560x329АХМАДОВ Саидилхом Мухторович (тав. 06. 10. 1960, дехаи Пастигави нох. Мастчохи вил. Сугд), чаррох–гепатолог, доктори илмхои тиб (2003), проф. (2006), чаррохи тахассуси дарачаи оли (1993), Аълочии тандурустии ЧТ (2004). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1983). Духтур – интерни Беморхонаи клиникии №5-и ш. Душанбе (1983 – 84), чаррохи беморхонаи марказии нох. Коммунисти (1984 – 87), ординатор (1987 – 89), аспиранти Донишкадаи чаррохии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ ИЧШС дар ш. Москва (1989 – 91), ассистенти кафедраи чаррохии факултавии ДДТТ (1991 – 94). Аз с. 1994 мудири кафедраи чаррохи бо курси колбадшиносии мавзеи ва омузиши амалиёти чаррохии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон. Дар чумхури аввалин шуда амалиёти бурриши кисми рости чигарро дар мавриди саратони талхадон бо гузариш ба чигар анчом додааст. Муаллифи 126 маколаи илми, 3 гувохномаи ихтироъи ва 28 таклифи навоварона. Тахти рохбарии у 7 наф. рисолахои номзади дифоъ кардаанд.
Узви Ассотсиатсияи байналмилалии чаррохон – гепатологхои Россия ва ИДМ (аз с. 1996), аъзои шурои тахририяи мачаллаи «Анналы хирургической гепатологии» (аз с. 2006), сармутахассиси Вазорати тандурустии ЧТ оид ба чаррохии шикам (аз с. 2007), раиси Ассотсиатсияи чаррохон–гепатологхои Точикистон (аз с. 2008). Бо ордени «Дусти» мукофотонида шудааст (2006).
Ос.: Огнестрельные ранения живота. Дар мач.: «Хирургия», №2, 2004; Осложненный рак печени. Дар мач.: «Анналы хирургической гепатологии», №4, 2006; Способы резекции печени при эхонококкозе. Дар мач.: «Анналы хирургической гепатологии», №2, 2007; Роххои табобати перитонити пахнгашта. Дар мач.: «Нигахдории тандурустии Точикистон», №2, 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …