АХМАДИ ДОНИШ

Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Ахмад Махдуми Дониш, ки бо лакаби «Калла» хам шухрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Ахмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдхо барои тахсил ба Бухоро омада мукими шудааст.

Падару модари Ахмади Дониш аз ахли фазл буданд. Аз ин ру, у саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш баровардааст. Баъдтар Мулло Мирносир писарашро дар овони 12-солаги, яъне соли 1838 ба мактаби кориги месупорад.

Соли 1842 Мулло Мирносир писарашро аз он мактаб гирифта, ба мадраса медихад. Ахмади Дониш дар баробари тахсили мадраса, инчунин нозукихои хунари хаттотию лавхакории китобхоро хеле хуб ёд мегирад. У барои таъмини зиндаги ва кумак ба хонаводаашон девонхои шоиронро бо хати зебои худ хаттоти ва бо хунари валои хеш лавхакори менамуд. Аз ин ру, у дар ин хунархо низ ба тези дар Бухорои онруза шухрат пайдо мекунад.

Ахмади Дониш хамаи илмхои чории замонаашро аз кабили забони араби, мантик, нучум, хайат, табииёт, риёзиёт, фалсафаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.

Баъдхо яке аз олимони шарифи дарбор, ки ба Ахмади Дониш хаки устоди доштааст, ин марди шариф сармухандиси дарбор буда, ба Дониш неки намуда, уро ба дарбор даъват менамояд. Ахмади Дониш ба пешаи хаттоти ва асосан маслихатчии амир оид ба илми нучум дар дарбор ба фаъолият мепардозад. Пас аз вафоти устодаш Амир Насруллох соли 1855 Ахмади Донишро сарвори мактаби мухандисону меъморони дарбор ба чои устодаш таъин мекунад. У боз хам ба амир наздиктар мешавад ва нуфузаш нихоят беш мегардад. Ин аст, ки дар халлу фасли бисёр масъалахои сиёси, ичтимои ва илмию мадании мамлакат амир аз Ахмади Дониш маслихат мепурсад. Яъне Ахмад хамчун яке аз тавонотарин олимон пазируфта мешавад. Бинобар хамин хам Ахмад тахаллуси худро «Дониш» интихоб кардааст. Хусусан, амир дар илми нучум ягонаи замон будани Ахмади Донишро хис намуда, дар ин чода низ танхо бо маслихати у амал мекунад.

Соли 1857 сафорати амир азми Петербург карда буд. Ин сафорат бо сардор элчи Муллочони Мирохур бояд ба вукуъ мепайваст. Хадафи сафорат таъзия бар вафоти подшохи рус – Николаи I ва табрики ба тахт нишастани Александри I буд. Сафари мазкури сафорат дар шахри Петербург се мох давом намуда, хайати сафорат бояд дар ин муддат ба як катор корхонахои саноати, ёдгорихои маданиву таърихи, китобхонаву музейхо ва марказхову доирахои илмию фаннии пойтахти Россия ошно мешуданд. Чунин хам шуд. Ахмади Дониш ва дигар бузургони каламрави Бухоро тахмин мекарданд, ки шояд шахре, ки дар зебои ба шахрхои Осиёи Миёна ракобат мекарда бошад, нест.

Ахмади Дониш акнун фахмид, ки гумони у ва хамакидахояш ботил будааст. Сохтори давлати ва усули мамлакатдори, донишу чахонбинии амиру аморат ва гайра то чи андоза пучу бемаъни ва ноухдабароёна буда, фарсаххо аз пешравии давлатхои гарби, ба хусус, аз Россия кафо мондаанд. Ахмади Дониш карор дод, ки мушохидахояшро ба амир хохад гуфт ва амир хохишхои Донишро амали хохад намуд. Албатта, маълум нест, ки амир маслихату машваратхои Донишро то кадом андоза пазируфта буд. Вале ин чихат маълум аст, ки амир Насруллох соли 1860 вафот намуд ва ба тахт амир Музаффар ба тахт нишаст. Ин амир бештар ба хушомалгуён таваччух дошта, ба олимон чандон эътиборе намедод.

Соли 1866 кушунхои рус ба Тошканд хучум мекунанд. Амир ба мукобили онхо мехезад. Ахмади Дониш ин амали амирро носавоб хисобида бошад хам, амир уро гуш намекунад. Дар натича Бухоро аз Россия сахт шикаст хурда, хам товони чанг ва хам як катор заминхояшро низ аз даст медихад.

Соли 1869 амир Музаффар барои изхори дусти ва мустахкам гардонидани иртиботи ду кишвар сафорати навбати омода месозад. Ахмади Донишро котиби сафорати мазкур таъин мекунанд. Ахмади Дониш дар ин сафар Россия ва мамолики Аврупоро боз хам амиктар меомузад. Бори дигар якин сохт, ки амиру аморат хеле аз давлатдори дуранд. У дар ин бора менависад: «Салотини Бухоро дар боби суфаро (элчихо) одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр кунанд, ба гумони он ки асрори давлати мо фош наградад… Ва хол он ки ихтиёри ин маслак айни безайби ва беназмии давлат бошад».

Баъди бозгашт амир Музаффар ба Ахмади Дониш рутбаи илмию ифтихории «Урок»-ро медихад. Зеро Дониш обруи Бухороро химоя намуда, бисёр масъалахоро бар нафъи Бухоро хал карда буд. Аз ин ру, амир уро ба яке аз мансабхои баланди давлати таъин кардани мешавад. Ахмади Дониш ба тези рози нашуда, то андозае корро ба таъхир меандозад. Зеро Ахмади Дониш каме пештар ин касидаро дар васфи амир Музаффар суруда буд, ки чое дар он касида овардааст:

Шунидаам ки хакиме, ки подшохонро

Ба чанд тоифа бояд кушод рохи висол:

Нахуст олими доно ба илми дин, зи усул

Фуруъро бишиносад ба чумлаи ахвол.

Дигар табиби масеходаме, ки гохи касал,

Барад зи тинати гул сардии насими шимол.

Дигар дабири хумоюнхате, ки гохи ракам

Нихад зи хушкадами бар рухи Уторуд хол.

Дигар, суханвари шоир, адиби болигфан,

Ки васфи шох кунад дар чамеи холу мухол (л).

Дигар мусаввири Бехзоддасту Моникилк,

Ки накшаи фалаку арзро кашад тимсол.

Вучуди хар як аз ин кавм зеби мамлакат аст,

Хузури хар як аз ин фирка мулкрост чамол…

Вале амир Музаффар нихоят кутохназари зохир намуда, ба сари мамлакат шиканчахои зиёде овард. Зеро Россия ба Бухоро чанг эълон кард. Ин дафъа хам Бухоро шикаст дид ва амир Музаффар шартномаи сулх имзо карду розиги ба супоридани товони чанг дод.

Пас аз ин амир соли 1869 ба Петербург сафорати нави худро омода месозад. Ахмади Дониш боз ба ин хайат дохил карда мешавад. Ин дафъа Дониш сармушовир таъин мегардад.

Охирхои соли 1873 хайати сафорат фиристода мешавад, ки Дониш дар ин сафар се мох дар он чо мемонад ва марти соли 1874 ба Бухоро бармегардад. Александри II дар ин сафар ба Ахмади Дониш таваччухи бештар зохир менамояд. Дар ин сафар Дониш андешахои худро ба таври чудгона дар «Рисола дар назми тамаддун ва «таовун» дохил намудааст. У баъдтар ин рисолаи худро ба таркиби «Наводир-ул-вакоеъ» чойгир кардааст. Таклифхои Дониш ба амир писанд наафтод ва аз ин ру, амир Ахмади Донишро аз Бухоро дур кард. Баъдтар амир Ахмади Дониш ба Гузор ва пас аз чанде ба Нахрнай мефиристонад.

Соли 1885 дар Бухоро тагйирот ба вучуд меояд. Дар ин сол амир Музаффар вафот мекунад ва ба тахт писари у Амир Абдулахад сохиб мешавад. Ин амир худро илмдуст нишон дода, Ахмади Донишро аз Нахрнай ба Бухоро баъват мекунад.

Ахмади Дониш ба Бухоро омада, танхо ба фаъолияти илми-эчоди мепардозад. У тули солхои дароз дар дарбор ки будани амирони мангитиро донист ва омухт, ки аз онхо умеди неки нест. Се сафари Ахмади Дониш ба Россия уро ба кишвари пешрафтаи аврупои, усули мамлакатдори, низоми сиёси, иктисоди, фарханги ва гайра шинос намуд. Пеш аз хама, Ахмади Дониш фарханги милли, илм ва таърихи миллиро хеле хуб медонист. Аз ин ру, у дар назария киёс намуд, ки хукуматдорони Бухоро аз ин падидахо умуман хабар надоранд. Онхо танхо бо рохи зури, катл, зиндон мардумро дар чахорчубаи сиёсат нигох медоранду хукумат мекунанд.

Ахмади Дониш тавассути Россия то андозае ба Аврупои Гарби низ шиносои пайдо намуд. Зеро у бо шахсиятхои чудогона ошно гардида, як андоза онхоро омухт. Масалан, Ахмади Дониш соли 1869 хануз дар шахри Тошканд бо П.И.Пошино ном тараккихохи рус шинос шуда, бисёр масъалахои ичтимоиро бо у машварат мекунад. Ё худ дар сафари аввалааш бо яке аз шаркшиносони рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулокотхо барпо намуда буд. Ахмади Дониш бо намояндагони артиши Россия низ шинос гардида, бо онхо хам сухбат дошт. Аз он чумла, бо полковники рус Колзаков (дар сафари сеюм) ва дар бозгашти хамин сафар аз Тошканд то Шахрисабз бо капитан Стремоухов шинос гардида бо онхо дар мавзуъхои гуногун сухбатхо меорояд.

Баъди сафархо Ахмади Дониш мулохиза ва андешахои худро оид ба усули кишвардори дар шакли китоб ба амир пешниход менамояд. Дар мукаддимаи он менависад, ки агар амир таклифхои уро кабул накунад, у ба дарбор барои фаъолият дар ягон мансаби давлати нахохад омад. Зеро амир боисрору пайваста аз Ахмади Дониш талаб мекард, ки ягон мансаби давлатиро кабул кунад. Таклифхои Ахмади Дониш ва кушодагуихои у амирро акнун хашмгин сохт. Амир дид, ки таклифхои Ахмади Дониш мавкеи хокимро суст мекунанд.

Амир дигар Донишро на танхо таклиф накард, балки мехост уро аз худ дур нигох дорад. Амир Музаффар боре ба наздикони худ гуфта будааст, ки: «Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба чониби Россия хамрох кардам, дар охир ба ман насихатгар шуд. Ман баъд аз ин уро намефиристонам» Ахмади Дониш пас аз фахмидани чунин чавобхои ноадешидаи амир ба назидикони худ гуфтааст, ки: «Ман хам ба нукарии ин каллахарон толиб нестам».

Ахмади Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб як хучра мегирад ва танхо ба корхои илми-эчоди машгул мешавад. Яъне он корхоеро, ки то ин муддат ба итмом нарасонида буд, хотима мебахшад.

Поёни умри ин мутафаккир низ дар Бухоро гузаштааст. У дар байни моххои март-апрели соли 1897 дар шахри Бухоро вафот кардааст.

Мероси адаби ва илмии Ахмади Дониш

Ахмад Махдуми Дониш нависанда, шоир, мутафаккир, файласуф ва чомеъашиноси бузурги точик аст, ки тули 71-соли умри хеш аз у осори гаронарзиши адаби-бадеи ва илми боки мондааст. Осори Дониш гуногунмавзуъ, серсоха ва серпахлу буда, доир ба мухтавои осор ва арзиши он худи адиб чунин ишора дорад:

Хунар кадом, ки бо ман нагашт руй ба руй.

Кадом илм, ки бо ман накард, истикбол?

Асархои Ахмади Дониш

  1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситорахо»). Асари мазкур доир ба илми нучум-ситорашиноси буда, оид ба мавкеъ, макому холоти ситорахо, чойгиршавии онхо ва зухури бисёр хаводису вокеоти марбути ситорахо ва гайра бахс мекунад. Муаллиф ин асари худро ба яке аз дустонаш бахшидааст. Санаи таълифи китоб соли 1865 мебошад.
  2. «Рисола фи аъмол ил-кура» («Рисола доир ба амалиёт бо кура»). Ахмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии асри худ, доир ба кайхон маълумоти нодири илми медихад. Хусусан, баъди мулокоти у бо капитани рус Стреомухов, ки капитан ба Дониш ду глобус: хам глобуси замин ва хам глобуси саморо тухфа менамояд. Аз ин ру, Дониш баъзе ахбори тоза оид ба чанбаъхои чугрофи ва астрономи медихад.
  3. «Таъодули хамсаи мутахайира» («Харакати панч ситора»). Хадафи Ахмади Дониш чойгиршави ва харакати Уторуд, Зухра, Миррих, Муштари ва Зухал буда, рисолаи мазкур низ ба илми нучум бахшида шудааст. Яъне хар яке аз ин чирмхои самови бо хосиятхои чудогонаи худ шарх дода мешавад. Ахмади Дониш ин асарашро соли 1883 дар шахри Гузор таълиф намудааст.
  4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Хадди диёнат»). Ахмади Дониш ба масъалахои мухимми сиёси, ичтимои, ахлоки, тарбияви ва чамъиятиву хукуки аз нигохи илми шариат низоми муайян таъин менамояд. Хадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори рохбарии чомеъаро, ки ахли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва инсоф даъват мекунад. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст.
  5. Дар мероси илмии Ахмади Дониш боз як асари таърихии уро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития»- ном ниходаанд. Дар ин асар сари кудрат омадани амирони мангития аз Дониёл то Абдулахад маълумот дода мешавад. Асар оид ба шахсияти амирон, усули кишвардории онхо, муносибатхои дохили-дарбори ва хоричии онхо, хусусан бо Россия, холати раъият ва гайра хеле маълумоти пурарзишу судманд медихад, ки дар ин бора баъдтар маълумот хохем дод.

Мероси адабии Ахмади Дониш асосан аз анвои гуногуни манзум ва мансур иборат мебошад. Осори манзуми Ахмади Дониш жанрхои хурди лирики: газал, касида, рубои, китъа ва гайраро дар бар мегирад. Адиб ин шаклхои шеъриро дар вактхои гуногун эчод кардааст. Осори манзуми Дониш дар шакли пароканда дастрас шудааст. У осори манзуми худро дар шакли девон ба таври алохида боки нагузоштааст.

Мавзуъхо ва мандаричаи гоявии ашъори Ахмади Дониш гуногун буда, дар онхо васфи инсонхои сохибкасбу сохибмаърифат, хунарварону санъаткорони хоричи, дустию рафокат, хислатхои неки одами, таргиби маданияти пешкадам, васфи хираду дониш, некиву накукори, адлу адолатхохи, васфи илму фархангу хунар ва гайра мебошад. Масалан, дар ин китъа шоир зохирпарастии инсон, ба шакл таваччух намудани касон, очилу шитоб, бесабриро танкид мекунад. Баръакс сабру тахаммул, ботинбини, ру овардан ба сират-маънавиёти инсон, подоши хаётро чонибдори мекунад. У таъкид мекунад, ки инсон пок ба дунё меояд, набояд нопок равад, балки пок бояд зиндаги кунад ва пок биравад. У мегуяд:

Ба шакли хайати инсон зи рах марав зинхор,

Тавон ба сабру тахаммул шинохт чавхари мард.

Агар на пок бувад, аз бало нахохад част

В-агар дар асл бувад пок, сабр хохад кард.

Албатта, мавзуи ишк ва исёнхои калбии инсони, эхсосоти нозуки одами ва васфи махбубаву назокати гуфтори ошик яке аз мавзуъхои човидона дар таърихи адабиёт мебошад. Ин яке аз мавзуъхои асосии лирикаи Ахмади Дониш низ хаст. Чунончи, дар ин газал мегуяд:

Абруи чун хилоли ту чонро шикор кард,

Мижгони обдори ту дил бекарор кард.

Дасти булурранги ту кадри гухар шикаст,

Лабхои чун акики ту ёкут хор кард.

Аз хоки пирахан чу намуд он тани харир,

Олам пур аз таровати буи бахор кард.

Калпуши зар, ки маст ба торак ниходааст,

Бо комати чу дурру гухар интишор кард.

Ту осмону ман чу замин, чун кунам, валек,

Лутфи дигар ба бусаам уммедвор кард.

Газали мазкур хеле хуб аст, вале дар хар сурат хунармандона нест. Зеро Ахмади Дониш нависандаи забардаст, мутафаккир, файласуфу чомеъашинос аст. Ашъори у пеш, аз хама, бо ягон сабабе, бахонае ва ё дар мавридхои зарури руи кор омадааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …