Главная / Илм / АХЛОРГИДРИЯ

АХЛОРГИДРИЯ

achlorhydria_2АХЛОРГИДРИЯ (Achlorhydria), дар таркиби шираи меъда вучуд надоштани кислотаи озоди хлорид (дар сурате, ки микдори пепсин дар хадди эътидол ё андаке кам аст). А. сабабхои вазоифи (мас., хангоми таъсироти рефлекси ба фаъолияти тарашшухии меъда) ва узви (мас., дар мавриди гастрити музмин, саратон ва полипози меъда) дорад. А. бидуни ягон аломат чараён меёбад. Он метавонад чун зухуроти тагзияви (камиштихои, оруг задан, дарунрави) низ ба вучуд ояд. А.-ро бо рохи тахлили шираи меъда ташхис мекунанд. Бо максади ошкор сохтани сабабхои А. аз тадкикоти рентгенологи ва эндоскопии меъда истифода карда мешавад.
Муоличаи А. ба рафъи бемории асоси нигаронида шудааст. Дар мавриди ихтилоли вазоифи обутоби организм, кам-кам истеъмол кардани гизо, пархез аз истеъмоли шир, даст кашидан аз гизохои тунд муфид аст. Хурок бояд хунук ё бисёр гарм набошад. Истеъмоли махсулоте, ки шираи меъдаро меронанд (чушоби гушт ва сабзавот, гушти беравган, мохи, мева, чургот, панир, мураббо ва г.), нафъи калон дорад. Хангоми А.-и табиаташ узви шираи табиии меъда ва дорухои ферменти таъин карда мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …