Главная / Гуногун / АХЛОКИ ХАМИДА АЗ ФАРХАНГИ ВОЛОСТ

АХЛОКИ ХАМИДА АЗ ФАРХАНГИ ВОЛОСТ

Хар давру замон садову навои ба худ хос дошта, дар хамаи сохахо тагироти куллие ба вукуъ меорад. Замони мо замони парешони ва таззодхои тезу тунди ичтимоию маънави мебошад. Бад-ин ру тарбияи ахлоки хамидаи инсони хеле мавкеъи мухимро ишгол менамояд. То ахлоки поку беолоиш дар чону зехни мардумон нуфуз пайдо накунад, ба даст овардани вахдату ягонаги амри мухол аст. Ин мавзуъ яке аз мавзуъхои човидонаи адабиёт мебошад. Ва яке аз неъматхои бузурги маънавии таърих, ки ба халки точик мерос монда ва имруз бо он ифтихор мекунад, адабиёти оламшумули гузаштаамон аст. Ин адабиёти гухарбори хазорсола решаи марзу буми мо мебошад.

duxtaroni-tojik-85Инро гуфтахои шоири бузург Гёте тасдик мекунад: “Эй Хофиз, сухани ту хамчун абадият бузург аст, зеро онро огоз ва анчом нест. Каломи ту чун гунбади осмон танхо ба худ вобаста аст”. Шигифт он ки бо ин хама чозибаю лутфе, ки адабиёти гузаштаамон дорад, ба анъанот ва русуми мо табдил наёфт ва ва мо аз он дур гаштем. Яке аз нишонахои таназзули чамъият фосидшавии ахлок ва пастравии адабиёту санъат аст. Имруз аксаран мо озодем гуфта, хар суханеро, ки хоханд мегуянд, хар кореро, ки хоханд мекунанд.

Бале, имруз мо озодем!

Вале ба кавли Хичози: “Озоди вакте аст, ки ихтиёри мо ба дасти акл бошад”. Мутаассифона имруз ихтиёри як кисми мардум ба дасти нафс афтодааст. Бехуда: “Нафс – балои гафс!” – нагуфтаанд. Он одамро кару кур мекунад ва ба каъри чохи чахолат меандозад. Ин гуна одамон чи кулфате метавонанд ба сари мо биёранд ва он гох на ба шох мурувватест, на ба гадо.

Тибки маводи маркази тадкикоти стратегии назди Президенти Чумхурии Точикистон 81 фоизи иштирокчиёни тадкикот сабаби вучуд доштани коррупсияро, ки он монеаи асосии пешрафти тамоми сохахо махсуб меёбад, дар таназзули ахлокии чомеа донистаанд. Соли 2005 аз тарафи тамоми судхои иктисодии чумхури 1938 парвандаи чинояти кушода шудааст. Аз руи маълумоти Раёсати корхои дохилии вилояти Хатлон соли гузашта дар худудм вилоят 111 ходисаи худкуши ба кайд гирифта шудааст. Ё ин ки имруз танхо дар муассисахои ислохии занонаи шахри Норак 500 нафар зан адои чазо менамоянд. Дар холе ки Сталин фарханги точиконро эътироф карда: “Точикон таърихи бой доранд, лаёкати ташкилоти ва сиёсии онхо дар гузашта барои хеч кас пушида нест” – гуфта буд, ин хол бенихоят айб аст. Чунин вазъи маънавию ахлокии чомеъа Президенти мамлакат Эмомали Шарипович Рахмоновро ба ташвиш овардааст, ки изхор намуданд: “То даме, ки мо дар тарбияи маънавии хамватанонамон, бахусус чавонон, пируз нашавем, дар чабхахои дигар галаба ба даст оварда наметавонем”.

Ва имруз ки точикро давлатдори, сохибдавлати насиб шудааст такдири фарханги чумхурии мо дар дасти хар яки мост. Шоир хам дуруст фармудааст:

          Чахонро ин замон парвои мо нест,

          Ба чуз мо дар чахон гамхори мо кист?

Мо бояд на танхо фарханги худи, балки фарханги чахониро хам аз худ кунем. Зеро ошнои бо адабиёти умумичахони яке аз омилхои мухими пешрафти маънавии хар миллат аст. Вале пеш аз он, ки бо дастовардхои фарханги чахони ошно гардем, сараввал бояд аз фарханги хеш бохабар бошем. Мутаассифона бисёрихо фархангро хеле махдуд, дар доираи адабиёту санаът чойгир месозанд, ки ин галат аст. Фарханг тамоми пахлухои зиндагиро фаро мегирад. Ва он вачхи асоситарини зиндагии инсон аст. Танхо фарханг метавонад инсонро инсони комил бикунад. Шоир бехуда нагуфта:

          Адаб точест аз нури илохи

          Бинех бар сар, бирав хар чо, ки хохи.

duxtaroni-tojik-55Имруз эхёи ахлоки милли чун обу хаво зарур аст. Ин чунбиши маънавиро танхо як адабиёт ба вучуд оварда наметавонад. Барои он бояд се хона камар банданд. Хонаи якум – оила, хонаи дуввум – богчаи кудакон, мактаб, корхонахо, хонаи сеюм – чамъият. Чуноне ки устод Урун Кухзод мегуяд: “Хам дар хона, хам дар куча, хам дар бозор ва хам дар мазор, дар хама чо ва дар хама кор”.

          Акли хакро зиндаги аз кувват аст,

          Куввати хар миллат аз чамъият аст.

Бадбахтона дар чодаи тарбияи ахлоки чунин чамъият вучуд надорад.  Имруз танхо “гап” хаст, вале аз “амал” дарак нест. Оила, богчаи кудакон, мактаб, дигар ташкилотхо ин масаъларо ба сари адабиёт партофта, дар кучаи бетарафи тамошогари мекунанд. Имруз зарур аст, ки мо хама якдилу якзабон шуда, фурсатро аз даст надода, ахлоки миллиро эхё намоем. То он рузе, ки ин масъаларо хал накунем гумон мекунам осуда хобида наметавонем.

          Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

          Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Ин мисрахои шоир хушдори чиддиест ба мо.

Хеч шубха нест, ки дар ин чода мо бояд такя ба арзишхои фарханги ва ачдодии хеш намоем. Ва пеш аз хам ру ба китоб биёрем. Дар рохи аз худ кардани илму дониш, фархангу маданият хеч чиз чои китобро гирифта наметавонад. Китоб сухан аст ва Бедил хуб гуфта:

          Ба сарриштаи вахми дигар мапеч,

          Ки гайр аз сухан дар чахон нест хеч!

Бояд гуфт, ки имруз хонанда ба сухани пуртаъсир ниёзманд аст. Мехохад хастагии маънавияшро аз сухани башираву лафзи соддаи мардум рафъ намуда, дунёи зебое дарёбад. Оё имруз чунин асархо нестанд? Хастанд! Ва боиси хушнудист, ки бо дастгирии Президенти кишвар Эмомали Рахмонов онхо чоп мешаванд. Вале адади нашр хеле кам, хамаги 500 нусха аст, ки ба хонанда намерасад. Аммо чи бошад, ки ин нукта аз мадди назархо дур мондааст. Ба фикри ман инро нодида гирифтан гунох мебуд. Бад-ин ру баъзе адибон озурдадил гаштаанд.

          Озурдадилон гуш ба молиш доданд

          В-аз хасрату гам сина ба нолиш доданд.

Арзишхои вокеъан хам арзандаи дар даврони шурави дарёфтаи худро аз даст додем. Аз тарафи дигар корхонахои табъу нашр ва нашриётхои хусусию давлати афзуд. Вале дар баробари тахлилу тадкик, назорати маводи чопшуда, танкиди адаби коста гардид. Ин хама падидаи нохуш, шухратчуёнро ба майдони адабиёт ворид сохт.

Устод Ибод Файзуло хеле дурусту ба маврид кайд кардааст: “Нависандахои навбаромад имруз хеле зиёд шудаанд. Бо зури пул китоб менависонанд, том-том, чилд андар чилд хотирахо чоп мекунанд, ки ба тавсифу ситоиши корномахои худ дар он задухурдхои бемаъни бахшида шудаанд. Ва аксари онон бегоя, бебунёд буда, одамонро ба вахдат не, ба парешони, ба низохои навбати илко мекунанд”.

Онхо ин навиштахои худро санъат пиндошта, хатто кушиши мукофот гирифтан хам мекунанд. Ба таъбири Леонид Леонов: “Санъате, ки ба инсон сабаки ахлоки намедихад, санъати воло нест, ё хатто шояд умуман санъат набошад”.

Як шиносамро бар асари ноухдабарои аз вазифа сабукдуш карданд. Рости гап, дилам сиёх нашуд, афсус нахурдам. Зеро у аз вазифа суистеъмол намуда, бисёр корхои ношоям содир намуда буд. Як сол бедарак шуда рафт. Як руз дар так-так шуду ба кабинет у бо дили шоду табъи хуш даромада омад. Аз чоям хеста, вохурди кардем, ахвол пурсидем.

– “Аввал хешу баъд дарвеш” – гуфтаанд, чурачон. Дилам об хурду рост ба назди шумо омадам.

– Хизмат?

– Як китоб навиштам, – бо тантана гуфт у.

– Не-е! На-аход? – мутахайир ба у нигаристам. – Нависанда мешавам гуй?

– Набошад чи?! – гуфт у дар чавоб. – Ман аз дигарон чи ками дорам?!

Дастнависро ба даст гирифтам. Дусаду панчох сахифа. Ё тавба, ин кадар сахифаро сиёх карда, чи навишта бошад? Инсоф, адолат, рахм ё шафкат гуфтани хислатхо надорад. Шиораш тахкири одам, талаву торочи сарвати халк буд.

– Эх, бародар, ту аз кучо медони? – хайрати маро пай бурда гуфт у. – Талхии дуди оташдонро мури медонад. Барои ободии шахр ин кадар захмате ки ман кашидам, хисоб надорад. Вале ба кадрам нарасиданд, хору зорам карданд. Ана хамаи хаминро руи когаз овардам. Илочи тахрирашро худат наёби, намешавад, чура. Охир ман гайр аз ту ки хам дорам?

– Охир, ман аз ухдаи ин кор намебароям…

– Э, хоксори хам ба хаддаш, чурачон. Охир ту аъзои Иттифоки нависандагон хасти. Хамин худаш басанда. Худо хохад, ин китоб мукофот хам мегирад.

Хулласи калом, китобро монда рафт. Аз сатри аввал то ба охир худро васфу ситоиш, дигаронро тахкиру сиёх карда буд. Пас аз чанде омад.

– Барои чопи ин китоб пули калон лозим.

– Гами пулашро нахур. Фарзандонамро сари нанг овардам. Карзу кавола карда оварданд.

Даме аз тиреза ба берун нигаристаму баъд рост ба у нигариста пурсидам:

– Нашри ин китоб ба ту чи лозим?

– Аз ман нишона мемонад, – гуфт у дар чавоб.

У ин суханонро чунон бо ифтихор гуфт, ки гуё кахрамоние нишон дода бошад.

Ман ба у чор мира шеъри устод Мирзо Турсунзодаро хондам:

          Ошён гар мегузору, дар дили инсон гузор,

          Аз рахи мехру вафову ахди бепоён гузор,

          Нест чунки хеч чизе аз дили инсон баланд,

          Ошёни мехри худ дар магз-магзи чон гузор.

Вай матлаби маро нафахмида:

– Шеъри хуб, – гуфт. – Худат бофти?

Дар чавоб ин латифаро гуфтам:

“Шоире пеши Мавлоно Чоми газале хонд ва гуфт:

– Мехохам ин газалро дар дарвозаи шахр овезам, то шухрат ёбам.

Чоми гуфт:

– Мардум чи донанд, ки ин газал аз туст, магар туро низ пахлуи газалат биёвезанд”.

Кисса кутох, у ранчид.

– Ту хурмату эхтироми чурагиро хору зор карди, – гуён гапхои пасту баланд гуфт ва риштаи дустиашро канда кард.

Бадбахтона ин масъала руз аз руз шиддат мекунад, теъдоди китобхои камарзиш меафзояд. Бешубха худи зиндаги чунин асархоро аз сари рох руфта мепартояд, аммо то он руз онхо зарари маънавии худро мерасонанд. Пеш аз хама завки хонандаро коста гардонда, ба худшиносии милли зарбаи сахт мерасонад. Махз ба хамин далел нашри чунин китобхои бад аз тарафи корхонахо бадахлоки буда, окибат ба чиноят бурда мерасонад.

Фармудаанд, ки: “Фарханг хастии миллат аст”. З-ин ру хар як рохбар новобаста аз зина ва соха бояд дар худуди фарханги халки худ зиндаги кунад. Бояд забони модари ва адабиётро бидонад. Инро маданияти милли такозо мекунад ва аз он рохи гурез нест. Ба инобат гирифтани ин омилхо хангоми таъини рохбарон эхтироми фарханги миллат мебошад. Хофизи бузург фармудааст:

   Хофизо, илму адаб варз, ки дар сухбати шох,

   Хар киро нест адаб, лоики сухбат набувад.

Ин нукта низ шоёни таваччух аст, ки хаштод фоизи оилахо дар хонаашон ягон дона китоб надоранд.

Аллома Мухаммади Икбол таъкид кардааст:

        Баргу сози мо китобу хикмат аст –

        Ин ду кувват эътибори миллат аст!

Ин маъниро аз устод Рудакиву Хаким Фирдавси то Мавлоно Абдурахмони Чомиву устод Садриддин Айни хама борхо ба таъкид ёдрас кардаанд. Пас чи хел мешудааст, ки оила эътибори миллатро паси по мезадааст?! Оё ин гунох нест?!

Имруз кариб хама оиди китоб гап мезананд. Вале бо “Китоб! Китоб!” гуфтан китоб ба даст намеояд. Онро ба вучуд овардан мебояд. Имруз асархо, нашрияхо хастанд. Чопи онхоро Президенти кишвар Эмомали Рахмонов дастгири менамояд. Танхо як масъала, адади нашр ва ба хонанда расонидани он мемонад. Дар хали ин мушкилот бояд Вазоратхои фарханг ва маориф сахм бигиранд. Дар чумхури 3757 мактаби тахсилоти умуми ва 1338 китобхонахои оммави мавчуд хастанд. Агар хар яке камаш чор нусха китоб биград, зиёда аз 20 хазор адад китоб мешавад.

Як идда адибон дуруст кайд мекунанд, ки моро кадр намекунанд, мехнату захмати моро пос намедоранд.

Аммо…

Вале…

Лекин…

“Аз мост, ки бар мост!” На хамаи аъзоёни Иттифоки нависандагон аз тарзи хаёти худ намунаи ибрат нишон дода, нури маънавиро тачалли медиханд. Акидаи ман чунин аст: “Адиб будан, ахлоки хамида доштан, фурутан ва шикастанафас будан аст”.

Ман бисёр хонда ва шунидаам, ки устодон Мирзо Турсунзода, Боки Рахимзода, Рахим Хошим ин сифатхоро доро буданду хоксорона хизмати адабиётро мекарданд. Ба чавонон фотехаи нек медоданд, касеро сиёх намекарданд. Хунари хунармандонро эътироф менамуданд.

Аз чи бошад, ки имруз адибон нисбати якдигар на танхо назари некбинона ва муносибати самимона надоранд, балки айбчуи мекунанд. Умуман айбчуи хоси бандаи муъмин нест ва он хеч гох неки намеорад. Аз мехмони хоричие, ки чанд бор ба чумхурии мо омада буд, пурсидам:

– Бозсозиро читур дарёфтед?

– Чун гамбуски гелон, – посух дод у.

– Чи хел? – дар тааччуб мондам ман.

– Гамбуск саргинро мекобаду мекобад, – чавоб дод у, – вале ба пеш намеравад. Танхо буй мебарораду халос. Баъд худаш хам гелида мемонад.

Шохзамон Рахмонов маколаи ёддоштии устод Рахим Хошим “Ёдат ба хайр, Пайрав”-ро тахлил намуда чунин менависад: “Дар ин макола мухимтарин нуктаи чолиб он аст, ки ба чуз Айни бахои хакикиро касе ба вай надод, як касе пайдо нашуд, ки шеърхояшро фозилонаю донишмандона тахлил кунад, ба чуз баъзе иллатхоро кофтан, муваффакиятхоро хам гуфта, дилашро ба шеъру эчодиёт гарм намояд. “Чунин баходихи, – менависад Рахим Хошим, – албатта ба Пайрав болу пар бахшида наметавонист, балки уро парканда мекард”… “Навиштан, эчод кардан ва ягон дахон сухани хуш нашунидан – ин барои рухияи шоир зарбаи сахтест”.

Адибон бояд дар таргиби асархои хамдигар сахм бигиранд. Охир, шоир бехуда нагуфта:

  Захмати хампешаро хампеша медонад, ки чист,

  Зарби дасти кухканро теша медонад, ки чист.

Шоири бузург Гёте хар як газали Хофизро як бор не, дах бор мехондааст. Вале чи чои роздори, як идда адибони мо як сатр хам нахонда бамавриду бемаврид хукм мебароранд: “Эъ, фалони шоир нест! Эъ, фалони аз кучаи адабиёт нагузаштааст!”

Хато мебуд агар гуем, ки дар бораи асархои адибон наменависанд. Масалан, устод Атахон Сайфуллоев ба киссахои “Сарлашкар” ва “Махбус”-и Абдулхамид Самадов такризхои хеле хубе навиштанд. Вале онхо маколахои калони тадкикоти буда, ба омаи васеъи хонандагон дастрас нест.

Имруз маколахои хурди таргиби зарур аст. Чунин маколахо бо забони соддаву равон ба завк ва дарку фахм ва эхсоси мардуми одди мувофик бошад.

Ман маколаи ба шоир Бобо Хочи бахшидаи устод Кухзодро хондам. Макола хурд бошад хам, хеле самими навишта шудааст. Пас аз хондани макола дар дили ман як шарораи мехр нисбати шоир Бобо Хочи тавлид ёфт. Ё шеъри “То хаст оламе, то хаст олеме”-и устод Убайд Рачабро бигирем. Ин шеърро суханвари машхури Эрон Парвиз Хонлари таргиб намуд. Вай оварда: “Ман дар форси шеъре дигар чунин пуршур дар баёни алока ба забони форси (дари-точики) сурог надорам”. Пас аз ин дар суроги ин шеър афтоданд. Ё устод Аскар Хаким дар маколаи худ: “Навъи хурд, масъулияти бузург” андешахояшро нисбати китоби устод Гулназар “Кадахи шабнам” хеле ва хеле шоирона изхор намудааст.

        Фарёд зи доноии нодонии мо!

        Афсус бар ин сиришти зулмонии мо!

        Дони, ки зи чи Каъба сиях пушида?

        Биншаста ба мотами мусалмонии мо!

Устод Аскар Хаким ин рубоиро мисол оварда, хеле самимона мегуяд: “Дар ин чо Гулназар дарёфт дорад ва он хакки халоли уст”. Ва хамзамон дустонаю бегаразона илова менамояд: “Факат ба чои “зи чи” “чаро” меомад, аз назари вазни аруз бехтар буд…”.

Устод Гулназар дар як маколааш шикваи устод Кутби Киромро меорад: “Имрузхо хазор шеър чоп шаваду хазор китоб барояд хам, касе парвои адабиёт надорад. Медони, Ансори, то он рузе, ки зинда буд, хамеша ба ман занг мезад, дар бораи шеърхои чопшудаам фаври изхори акида мекард. Афсус, ки баъди у касе ба ман занг намезанад ва чизе намегуяд”.

Ба андешаи ман на танхо нашри китоби хуб, балки нашри як хикояи хуб, як шеъри хуб бояд ба вокеъаи фарханги табдил ёбад. Зеро як асари хуб чуноне, ки устод Атахон Сайфуллоев гуфта: “…метавонад чомеаро аз бисёр фалокатхо пешгири намояд, одамонро ба рохи поки хизмати софдилона бахри рушду камоли чомеа, хушбахти ва саодати рузгор хидоят намояд”. Бинобар ин имруз дар шахри Душанбе сохтани касри китобро зарур мешуморам.

Бале, имруз замона такозо мекунад, ки пойтахти Ватанамон касри китоб дошта бошад! То ки дар он китобхои нав муаррифи гардад, вохурии адибон бо хонандагон гузаронида шавад.

Яке аз воситахои хеле тавонои таргиби адабиёту фарханг рузномаву мачаллахо, радиову телевизион аст. Вале мутаассифона рузномахои давлати моли адабиётро чоп намекунанд. “Мо карор додем, ки ин чизхоро чоп накунем” – мегуянд онхо. Аламовар аст, ки рузномаи хукумати адабиёро, ки як рукни асосии фарханг – хастии миллат аст “ин чиз” меноманд. Ба андешаи ман дар рузномаи хукумати бояд бехтарин хикоя, бехтарин шеър, бехтарин такриз чоп шуда, ба дасти хонанда бирасад.

Шоир бархак фармудааст:

   То ки миллат зиндаю солим бимонад дар чахон,

   Дарди миллат дар ниходи зодаи он зинда бод.

Адибон бояд дарди миллатро руи когаз биёранд. Албатта ин осон нест. Чуноне, ки Гулрухсор гуфта:

        Бимон, ман сузаму ту дар амон боши,

        Бимон, ман мираму ту човидон боши.

Бигузор адибон сухта-сухта эчод бикунанд, то ки миллату Ватани мо дар амон бошаду човидон.

28 январи соли 2006

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …