Главная / Илм / АФЪи

АФЪи

360px-echis_carinatus_0АФЪи (Echis carinatus), мори афъи, афъо, эфа, як навъ мори захрнок. Дар Африкаи Шимоли, Эрон, Ирок, Афгонистон, Хиндустон, Осиёи Маркази ва диг. мавзеъхо дучор меояд. Дар Точикистон асосан дар нохияхои чан.-гарби вомехурад. Дар шароити барои хаёт мусоид микдори А. хеле зиёд мешавад. Мас., дар водии д. Мургоб аз масохати 1,5 км2 моркапхо дар тули 7 сол зиёда аз 2 хаз. адад мори А. дошта гирифтаанд. А. дар шароити Осиёи Маркази аз ох. феврал то июн рузона ва тобистон бошад, шабона фаъол мешавад. Дарозиаш 50 – 60 (баъзан 70 – 80) см; нарина аз модинааш дарозтар аст. Дар кисми сари А. пулакчахои майдаи нукратоб мавчуданд (дар фарки сар накши салибшакл дида мешавад); рангаш хокистари, холхои калони сафед дорад. Одатан дар хомахои рег, даштхои зардхоку гилдор, буттазорхо, харобазор ва диг. чойхо зиндаги мекунад. Моххои июл – авг. насл медихад (3 – 15 бача мезояд; дарозиашон 10 – 16 см). Гизои А. асосан хояндахои хурд, калтакалос, парандахо ва курбокка мебошад. Захри мори А. барои хайвоноти хурд (муш, калламуш, калтакалос ва г.) марговар аст. А. ба чумлаи морхои хеле хавфнок мансуб бошад хам, ба одам асосан аз беэхтиётии худи у дармеафтад. Бинобар ин дар мавриди дучор омадан ба А. аз 3 м бештар ба он наздик шудан мумкин нест.
Захри А. хеле пуртаъсир аст. Он савияи фибриногенро дар хун паст карда, боиси рафтани хуни бисёр аз чои моргазида ва луобпардахои чашм, бини, дахон мегардад. Хар шахси панчуме, ки уро А. газидааст, вафот меёбад. Бо максади пешгири намудани таъсири захр ба организм, то омадани духтурон ё то ба беморхона расондани чабрдида, баъзе тадбирхо андешидан лозим аст. Кабл аз хама захрро аз чое, ки мор газидааст, хатталимкон дур сохтан лозим. Бо ин максад канорхои захмро бо ангуштон сахт зер карда, хуни ихрочшударо макида мепартоянд. Ин корро бояд дар давоми 7 – 10 дакикаи баъди газидани А. анчом дод. Макидани захр барои одам зиён надорад. Дар амалияи тиб аз захри А. дорухои гуногун тайёр мекунанд. Ниг. низ Хайвоноти захрдор, Мор, Захри мор.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …