Главная / Биология / АФЗОИШИ ЧИНСИ

АФЗОИШИ ЧИНСИ

Афзоиши чинси ахамияти калони тахаввулоти дошта, нисбат ба афзоиши гайричинси бартари дорад. Зеро генотипи наслхо дар натичаи омезиш (комбинатсия)-и генхои волидон ба вучуд меояд. Дар натича кобилияти мутобикати наслхо ба шароити гуногуни мухит зиёд шуда, онхо нисбат ба волидони худ дар мубориза бахри хаёт бартари пайдо мекунанд. Хангоми афзоиши чинси омезиши нави генхо ба вучуд омада, барои фардхо дар шароити нави зист имконияти бештари мутобикатро фарохам меоварад.

АФЗОИШИ ЧИНСИ

Ба вучуд омадани омезиши генхои нав самара ва суръати мутобикати намудхоро ба шароити тагйирёбандаи мухит метезонад. Мохияти афзоиши чинси дар он аст, ки якчояшавии маводи ирси дар наслхо, аз хисоби ахбори генетики ду сарчашмаи гуногун, яъне волидон, амали мешавад.

Дар хайвонот ва растанихои дучинса мутобикате хаст, ки худбордоршавиро бозмедорад. Дар пахнкирмхо ва халкакирмхо (планария ва кирми лойхурак) чуфтшави дар байни фардхои гуногун мегузарад. Дар наботот худбордоршави дар растанихои якчинса ба мушохида мерасад. Агар гулхои дучинса инкишоф ёбанд, пас хангоми расидан, гардбарг ва мевабарг аз хамдигар фарк мекунанд. Дар чунин холат гардолудшави дутарафа мегузарад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …