Главная / Илм / АФСУРДАРуХи

АФСУРДАРуХи

indexАФСУРДАРуХи (Depressio), депрессия, бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рухи (рухафтодаги) ва чисмони, паст шудани тонуси организм, сустии харакат, носомонии дастгохи хозима ва хоб зохир мегардад. Дарачахои гуногуни аломатхои А. мушохида мешаванд. Мас., рухафтодаги бо андух, гум шудани шавку хавас, гами гарон ва хохиши марги хеш; сустии фаъолияти рухи бо «заифи»-и тафаккур, хисси «вакфи тафаккур», кобилият надоштан ба ичрои корхои фикри; заифии харакат бо андаке бемадори ва дар як вазъият соатхо «шах шуда мондани» бемор ва г. Вобаста ба зухуроти аломатхо А. сабук ва пуризтироб мешавад. Дар рафти А.-и пуризтироб андух бо «ошуби харакат», хуручи яъсу ноумеди хамрох мегардад. Ин кабил беморон киёфаи хос доранд: беист ба як нукта нигох мекунанд, имову ишораашон бемафхум, харакаташон суст аст. Одамоне, ки бо илми равонпизишки шинос нестанд, А.-ро ба кайфияти бад, нохушии рухи, хастаги, аз хад зиёд монда шудан, витаминкохии аввали бахор мансуб медонанд. Бар хилофи муваккатан паст шудани тонуси рухию физиологие, ки аслан ба шароити беруна вобаста буда, хоси одамони солим аст, А. бетобии устуворест, ки хатто баъди бартараф шудани сабабхои инкишоф низ метавонад идома ёбад. Ба устувории А. хастагии тулони, садамаи рухии кашолёфта (ба ном А.-и бемадори), аз сар гузаронидани гаму кулфат (ба ном А-и мутаассири) мусоидат мекунанд. А.-и одамони калонсол имкон дорад, ки баъди баъзе беморихои сирояти (мас., грипп) инкишоф ёбад. Бидуни назорати духтур ва бисёр истеъмол намудани баъзе дорухо, хусусан дорухои таскинбахш низ А.-и тулониро ба вучуд меоварад. Шахсони рухан заиф ва ноустувор (беморони невроз, психопатия, ашхосе, ки зарбу лат хурдаанд, майзадагон) ба осони гирифтори А. мешаванд. А. бештар зухури чунуни пиронсоли ва шизофрения, хамчунин яке аз холатхои (даврахои) психози васвосу афсурдарухи мебошад.
А. бетобиест, ки хамеша ба муолича эхтиёч дорад. Хатто дарачаи сусти А., ки баъзан «хеч гап не», «мегузарад» гуфта гумон мекунем, одамро аз хушихои зиндаги махрум месозад, ба робитаи одамон, инкишофи ичтимоии онхо монеъ гардида, ба гум кардани мавкеи хаёти бурда мерасонад. Абаски шахси афсурдарух дар бораи мухити ичтимои идрок ва акидаи хос дорад (ба ном тафаккури депрессияви), у зудранч мешавад. Вакте ки «хама чиз сиёх метобад» аз бахонаи андак чанчол бармехезад ва боиси катъи алока бо одамони наздик ва хатто худкуши мегардад. Баробари бештар авч гирифтани А., гарчанд гаму хасрат зиёд аст, эхтимолияти худкуши кам мешавад (аз сабаби бемадории бемор). А. дар сурати психози пиронсоли ё шизофрения барои хешовандони бемор хавфнок аст, чунки у кодир аст нафакат худ, балки дигаронро низ «хайрхохона» кушад (мувофики акидаи мариз нафакат ба у, балки ба наздиконаш хам зиндаги даркор нест).
Дар аснои авч гирифтани А. беморонро одатан дар касалхона табобат мекунанд. Хангоми муоличаи амбулатори ба чо овардани дастурхои духтур оид ба тартиби кабули дору ва низоми тагзия бечуну чаро зарур аст. Бисёр дорухои муфаррех (андитепрессантхо), ки барои бартараф намудани А. истифода мешаванд, ба баъзе намудхои хурок номувофик мебошанд. Дар давраи истеъмоли ин кабил дорувор нушидани машруботи спирти чоиз нест, зеро ин метавонад боиси ихтилоли вазнину барои хаёт хавфноки фаъолияти дилу рагхо – коллапс гардад. Баъди кабули баъзе антидепрессантхо суръати идроку аксуламали чавоби суст хохад шуд, бинобар ин дар вакти ба беморон таъин намудани онхо идора кардани васоити наклиёт (автомобил, мототсикл, велосипед ва г.) манъ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …