Главная / Илм / АФШУРА

АФШУРА

220px-oranges_and_orange_juiceАФШУРА, шира, шарбат, навъи нушоки. Аз мева, буттамева ва сабзавот тайёр мекунанд. Барои гизои кудакон ва шахсоне, ки ба беморихои меъдаю руда, аъзои пешоббарор ва ихтилоли мубодилаи моддахо гирифторанд, ахамияти калон дорад. А. аз 10 – 30% ангиштоб (вобаста ба навъи А. ва микдори канди иловаги ), намакхои минерали, витаминхо, кислотахои органики, моддахои даббоги, ферментхо ва г. иборат аст. А. тару тоза (табии) ва консервонида (пастеризонида) мешавад. Барои ба кудакон хурондан ва бо максади пархез ба А. гайр аз канд кислотаи аскорбинат низ хамрох мекунанд.
А.-хои полида (софкоришуда) ва нополида (бидуни софкори) низ мавчуданд. А.-и нополида муфидтар аст, чунки гайр аз моддахои гизои мазза, ранг ва буи мевахои тару тозаро дорад. Барои тайёр кардани чунин А. меваро шакида «отола» менамоянд. Дар А.-и консервонида витаминхо дер мепоянд (ниг. чадвал).
Гайр аз А.-и мева ва буттамева, А.-хои сабзавот низ маъмуланд. А.-и сабзиро бо рохи омехтани шарбати канд ва шакидаи сабзи тайёр мекунанд. А.-и сабзи манбаи каротин (провитамини А) аст. Он инчунин намакхои калсий, фосфор ва охан дорад, ки барои организм заруранд. Аз чихати гизоноки ва хозими нисбат ба диг. А.-хои сабзавоти бехтар буда, махсусан барои кудакон, занхои хомила ва ширхорадор муфид аст. Аз помидорхои пухтарасида низ А. мегиранд. Дар А.-и помидор кариб хамаи витаминхои таркиби гизои растаниги мавчуданд. Дар он хусусан каротин ва витамини С бисёр аст. А.-и помидор намакхои минерали, канд ва кислотахои органики хам дорад. Вай хуштамъ буда, ташнагиро мешиканад.
Дар А.-и лаблабу ба микдори зиёд канд, намакхои минерали ва моддахои нитрогендор хастанд. Ба кудакони хурдсол аз якуним мохаги сар карда А.-и себ, коти сиёх, ангур, сабзи ва аз се –сеюним солаги А.-и олу, олуча, зардолу, тамашк (малина) ва помидор додан мумкин. А.-и себ, сабзи ва карамро бо диг. А.-хо омехтан мумкин нест. Барои пешгири намудани ихтилоли хозима ба кудакон А.-ро дар рузхои аввал кам-кам медиханд (одатан рузи аввал 2 – 3 чакра, рузи дуюм 5 – 6 чакра ва г.). Дар нимсолаи аввал ба кудак хар руз то 50 мл, баъд 60 – 80 мл додани А. тавсия шудааст. Агар истеъмоли А. боиси дарунравии кудак гардад, ба у танхо А.-и лиму ва агар кабзиятро ба вучуд оварад, А.-и сабзи ва афлесун медиханд. А.-ро ба кудак факат баъд аз истеъмоли хурок бояд дод, вагарна он иштихоро мебандад. Хангоми ба кудак додани А.-хои кулфинай ва шохтути замини боэхтиёт будан зарур аст, зеро онхо боиси диатез мешаванд (ниг. низ Ширинча). Аз А.-и мева мокут (кисел) ва полуда (желе) тайёр кардан осон аст.
А.-ро чун гизои шифобахш низ истеъмол мекунанд. Ба бемороне, ки гирифтори гастрит буда, туршии шираи меъдаашон паст аст, А.-и турш (А.-и себ, карам, олуча, помидор) медиханд. Хангоми баланд будани туршии шираи меъда истеъмоли А.-и ширин (А.-и зардолу, кулфинай, тамашк, ангур) тавсия мешавад. Бо максади муолича А.-ро барои хар бемор духтур муайян мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …