АФСОНАК (Thermopsis alpina), мастак, мия, навъе аз гиёххои бисёрсола. Аз 10 то 35 см кад мекашад. Пояи рости сермуяк, барги мураккаби думчадор (баргхояш дарозруя ё байзашакли муякдор), гули калони зард, тудагули дарозруя дорад. Мохи июн гул карда, тухмаш июл – авг. мепазад.
Дар тибби халки чушоби баргу пояи А.-ро барои муоличаи зуком, бронхит, илтихоби шуш ва чун воситаи киччарон тавсия медиханд. Гули хушки онро чой карда, хангоми сулфаи сахт чун воситаи балгамовар менушанд. Микдори аз меъёр зиёди он организмро захролуд ва магзи сарро фалач мекунад (одам мисли маст мешавад). Дар амалияи тибби муосир чушоби алафи А.-ро чун воситаи балгамовар истифода мебаранд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …