Главная / Маданият ва санъат / АФСОНАИ «ХИЁНАТИ АЪРОБИ»

АФСОНАИ «ХИЁНАТИ АЪРОБИ»

(АЗ «ХАЗОРУ ЯК ШАБ»)

Эй мулуки чахон, бидонед, чанд гох пеш аз ин шабе бадхоби маро бигрифт ва шаб чандон ба ман дароз шуд, ки гумони субх надоштам, чун субх шуд, бархоста шамшер бар миён бастам ва савор шудам ва найза ба каф гирифтам ва касди ман бипурсиданд. Ман касди (нияти) худ ба эшон бигуфтам. Эшон гуфтанд:

— Мо низ ёрони туем.

Пас хама бо хам бирафтем, ногох шутурмурге падид шуд,оханги шутурмург кардем, у бигрехт ва мо аз пайи у хамерафтем, то ин ки зухр шуд ва шутурмург моро ба биёбоне беобу алаф кашонид, ки дар он чо чуз сафири (садои) морхо ва нафири (овози баланди) чиниён ва фарёди гулон (девон) чизе набуд. Чун ба он макон расидем, шутурмург аз мо нопадид шуд, надонистем, ки ба осмон парид ё ба замин фуру рафт.

rasmПас мо сари асп баргардонидем, дидем, ки бозгаштан дар он хавои гарм мухол аст. Пас хаво сахт гарм шуд ва ташнаги ба мо галаба кард ва аспони мо аз рафтан бозмонданд, маргхо аён бидидем, ки ногох аз дур маргзоре васеъ ба назар омад, ки дар он чо хаймае барзада ва аспе дар пахлуи хайма баста буданд. Моро пас аз ноумеди шодмони руй дод ва равони мо бо нишот андар шуд. Аспхо ба суи хайма рондем ва оханги маргзор кардем ва ман дар пешруи ёрон хамерафтам, то ба маргзоре бирасидем ва ба чашмаи обе истода об бинушидем ва аспхо сероб кардем. Маро нодони бар он бидошт, ки наздики хайма шавам. Чун наздики хайма рафтам, чавоне дидам сода ва ба мох хамемонист ва духтаре мохруй чун нихол дар пахлуи у истода буд.

Чавонро салом гуфтам, чавоб рад кард. Пас гуфтам:

— Ё ахиалараб, бо ман бигу, ки ту кисти ва зухрачабин дар пахлуи ту кист? Чавон соате сар дар зер афканд. Чун сар бардошт, ба ман гуфт:

— Ту бозгу, ки кисти? Ва ин саворон бо ту кистанд?

Гуфтам:

— Ман Хаммод ибни Фарози хастам, ки дар миёни араб маро ба чои пансад савор шуморанд ва мо дар хонаи худ ба оханги нахчир бадар омадем, ташнаги ба мо галаба кард, ба дари ин хайма даромадем, ки чуръаи об дар ин чо биёбем.

Чун чавон ин сухан аз ман бишнид, ба он парипайкар гуфт, ки:

— Об аз барои ин мард биёр ва хурдани низ хар чи хозир бошад, биёвар.

Пас духтарак монанди сарви сихи хиромидан гирифт, андак замоне гоиб буд, пас аз он бозомад ва ба дасти рост чоми нукраи пур аз оби хунук ва ба дасти дигар кадре хурмо ва кадре гушти гизол биёвард ва маро аз бисёрии майл

ба он духтар ёрои таом ва шароб гирифтан намонд ва беих тиёр гуфтам: 

Ай оташи хирмани гарибон,
Биншин, ки хазор фитна бархост.
Болои чунин агар дар ислом
Гуянд, ки хаст зеру болост.
Ва ин абёт низ бархондам:
Хиност он, ки нохуни дилбар бируштаи,
Ё хуни бедилест, ки дар банд куштаи.
Ман одаме ба лутфи ту харгиз надидаам,
Ин сурату сифат, ки ту дори, фариштаи.
Зебу фиреби одамиён то нихоят аст,
Хури магар на аз гили одам сириштаи.
Аз анбару бунафшаи тар бар сар омадаст,
Он муи мушкбуй, ки дар пой хиштаи.
Ман дар баёни хусни ту хайрон бимондаам,
Хаддест хусни руи ту аз хад гузаштаи.

Пас аз он хурдани хурда ва об нушидам ва ба чавон гуфтам:

— Ё вачаал араб, ман туро аз хакикати кори худ огох кардам, хамехохам, ки ту низ маро аз холи худ бохабар куни.

Чавоб гуфт:

— Аммо ин духтар хохари ман аст. Гуфтам:

— Уро ба хуши ба ман кобин кун, вагарна туро бикушам ва уро бибарам. Чавон соате сар ба зер афканд. Пас аз он сар бардошта ба ман гуфт, ки рост гуфти, дар ин, ки саворе ягона ва далери мардона хасти, валекин агар ба ман ба ин сон чанг кунед ва маро кушта хохарамро бибаред, ин нанг ба шумо бимонад, хар гох шумо савори далер хастед, маро мухлат дихед, ки алами харб бипушам ва тег ба миён баста найза ба каф орам ва бар аспи худ савор шавам. Он гох манну шумо ба майдони чанг дароем ва агар ман ба шумо зафар ёфтам, хамагон бикушам ва агар шумо бар ман чира шудед, маро кушта ва ин духтар ганимат баред. Чун ман сухани у бишнидам, гуфтам:

— Инсоф хамин аст ва хилоф кардан нашояд. Пас сари асб (асп) бозгардондам ва дар мухаббати духтараки мохруй чунун бар ман галаба карда буд. Чун ба наз-

ди ёрон биёмадам, хусну чамоли духтар ва писарро ба онхо бигуфтам ва собиткадами ва шучоати чавонро баён кардам, ки мегуяд: «Бо хазор савор мукотила кунам». Ва хар чи мол ба хайма андар дида будам, ба ёрон боз намудам ва ба онхо гуфтам:

— Агар ин чавон далере намебуд, дар ин сарзамин танхо нанишасти. Валекин бо шумо ахд мекунам, ки хар ки ин чавонро бикушад, хохараш аз они кушандаи писар бошад.

Ёрони ман ба ин паймон рози шуданд ва олати харб пушида савор гаштанд ва оханги чавон карданд. Дидам, ки чавон низ олати харб пушида ва бар асп нишастааст. Вале хохараш дар рикоби у овехта ва буркаи худ аз сиришк тар сохта

буд ва аз бародараш хаметарсид ва ин абёт хамехонд: 

То тавони, макаш зи марди даст,

Ки ба сусти касе зи марг начаст.

Хар ки уро баланд марди кард,

То ба рузи ачал нагардад паст.

Сар фарорад чу тир дар марде,

Ки миён чангро чу найза бибаст.

Чун ин абёт аз хохар бишнид, сахт бигрист ва асп ба суи хохар бозгардонид ва дар чавоб ин абёт бархонд:

Ай басе размгохи чун дузах,

Ки казо андар у дуруст нараст,

Найза чун хамла хостам бурдан,

Гашта печон маро чун мор ба даст.

Гуфтам, ай мохи марги ростгарой,

Ки басе дил ба ту бихохам, хаст.

Чун абёт ба анчом расонид, ба хохар гуфт, ки:

— Агар ман халок шавам, ту кас ба худ рох мадех! Духтар гуфт:

Маозаллох (Худо нигох дорад), ки ман туро кушта бинам ва касро тамкин кунам! Пас дар он хангом даст дароварда, буркаъ (парда) аз руи он мохрух баркашид. Гуё офтоб аз абр бадар омад.Пас чавон чабини уро бибусид ва уро видоъ гуфта ру ба мо овард ва гуфт:

— Эй сарварон, агар мехмон хастед, зиёфат кунам ва агар ин мохруро хамехохед, як-як ба мучодилати (чанги) ман оед!

Дархол савори далер ба мубориза кадам ниход. Чавон

гуфт:

— Номи худ ва номи падар ба ман бигу! Ман савганд ёдкардаам, ки хар кадомро ном ба ном ва номи падар ба номи падари ман як бошад, накушам.

Он савор гуфт:

— Маро ном Билол аст.

Чавон уро бо ин ду байт посух дод: 

Маро моми ман ном марги ту кард,

Замона маро путки тарки ту кард.

Хам акнун ба хок андарорам сарат,

Бисузам дили мехрубон модарат.

Пас ба хамдигар хамла карданд, чавон найза бар синаи у зад ва синони найза аз мухраи пушти у даргузашт. Пас аз он дигаре ба муборизат пеш омад. Чавон ба у гуфт: 

Агар чарх бо ман барорад хуруш,

Ба гурзи гаронаш бимолам ду гуш.

Ба гурзи гарон бишканам пайкараш,

Ба найза рабоям хама ахтараш.

Пас чавон уро мухлат надода, дархол ба хунаш огушт ва муборизи дигар хост. Саворе ба муборизат кадам ниход, он чавон бо найзаи чонситон аз хонаи зин сарнагунаш кард. Савори дигар ба мукотала (чанг) биштофт, чавон низ пеш рафта ба якдигар хамла карданд: ду зарбат аз онхо тахаллуф (хилофи ваъда) кард. Дар зарбати савум савор кушта шуд ва хар як аз ёрон пеш мерафтанд, уро мекушт, дидам, ки ёрони ман кушта шуданд ва бо худ гуфтам: «Агар ман низ ба мухориба равам, халос нахохам ёфт ва агар бигурезам, маро кабоили араб сарзаниш хоханд кард».

Пас чавон маро мухлат надод. Даст дароз карда маро бигирифт ва аз зин ба заминам андохт ва шамшер баланд карда хост маро бикушад, ман дар доманаш овехтам, маро чун гунчишк бардошта дар хаво бигрифт. Он духтар ба кирдори бародар шодон шуд, омада чабини бародарро буса дод ва чавон маро ба у дод ва бо у гуфт:

— Инро ба ту супурдам. Ба чойгохи наку чояш дех, ки у дар амони мост. Пас духтар гушаи домани маро гирифта чун саги мурда хамекашид. Он гох олоти харб аз тани баро дар бадар оварда ва чома бар у бипушонид ва тахте аз чо бигзошт. Чавон бар тахт биншаст.

Хохараш гуфт:

— Худо руи туро сафед кунад ва ходисот аз ту баргардонад! Чавон дар чавоби хохар ин абёт бархонд: 

Бизи шодмон, ай паричехра хохар!

Ки инак ба тавфики дидори довар,

Рабудам зи зин душманонро ба найза,

Бад-он сон, ки дона рабояд кабутар.

Ба номуси ту касд карданд хасмон,

Зи теги ман акнун бидиданд кайфар.

Кулах мардро бахри номус бояд,

Чу номус не, чи кулоху чи маъчар22.

Тамаъ кард хар кас ба номуси мардум,

Халол аст, фармуд хунаш паямбар.

Чун абёти уро бишнидам, дар кори худ хайрон бимондам ва ба асирии худ назора карда, хештанро маломат намудам. Пас аз он духтари парируйро назар карда бо худ гуфтам: «Ин фитнахоро сабаб хамин мохруй шуд». Пас дар чамоли у шигифт мондам ва об аз дида равон карда, ин абёт бихондам: 

Бас хун, ки ба тори гамзагон рехтаи,

Бас дил, ки ба тори зулф овехтаи.

Борони дусадсола фуру наншонад,

Ин гарди балохо, ки ту ангехтаи.
Пас он духтарак хурдани аз бахри бародар хозир овард ва маро ба хурдан бихонданд. Ман шод гашта, аз халок эмин шудам. Чун бародараш аз хурдан фориг шуд, каробаи (шишаи) шароб биёвард, чавон ба майгусори бинишаст ва хаменушид, то ин ки масти бар у чира шуд ва гунааш сурх гардид. Пас ба суи ман нигох карда ба ман гуфт:

— Ё Хаммод, ман Имод ибни Тамим ибни Таглаба хастам, Худо зиндагонии тоза ба ту бахшид. Он гох кадахе ба ман дод, чун нушидам, кадахи дувум ва савум ва чахорум бидод, ки уро хиёнат накунам. Ман хазору понсад савганд ёд кардам, ки харгиз ба у хиёнат накунам, балки ёри у бошам. Пас дар он хангом бо хохар гуфт,

дах чомаи харир аз барои ман биёварад ва хамин чома, ки дар бар дорам, аз чумлаи онхост ва шутуре аз бехтарин аз бахри ман биёвард ва гуфт: асбе ашкар (сурхранг) низ барои ман хозир оварад. Ман се руз дар назди онхо мондам. Пас аз се руз гуфт:

— Эй Хаммод, эй бародар, хамехохам андаке аз бахри рохат бихусбам, ки аз ту эмин гаштам ва хар гох саворон бу бини, ки бад-ин суй хамеоянд, харос макун, ки онхо аз бани Таглаба хастанд ва оханги чанги ман доранд. Пас шамшер ба зери сар нихода бихуфт. Маро нафс дар куштани у васваса кард. Ба суръати тамом бархоста шамшер аз зери сари у бадар овардам ва ба як зарба сар аз танаш чудо кардам. Чун хохараш аз кори ман огох шуд, хештан ба бародар андохт ва чомахои худ бидарид ва ин абёт бихонд: 

Бинолед, ай дустону бигирйед!

Бар он талъати хубу фарри кайони,

Биханд, ай бадандеш, баъд аз вафоташ,

Зи чанголи марг ар бирастан тавони.

Чу шоди ба маргаш, ки охир туро хам,

Дихад даври гардун аз ин дуст, к-они?!

Чун абёт ба анчом расонид, ба ман гуфт:

— Эй палид, бародари маро чаро кушти? Ва аз бахри чи хиёнат карди? Ва касди у ин буд, ки бо хадяхо ва тушахо туро ба хонаат бозгардонад ва хамехост, ки маро дар огози ин мох бар ту кобин кунад.

Пас аз он духтарак шамшер бигирифт ва кабзаи шамшерба замин ва нуги онро ба сина гузошт ва биафтод, ки ногох нуки шамшер аз пушти у берун шуд ва дархол бимурд ва ман махзун шудам ва пушаймон гаштам. Вале пушаймони суде надошт. Пас бархоста ба хона даромада ва он чи, ки дар вазни сабук ва ба кимати гарон буд, бардошта равон шудам ва аз гояти бим ва шитоб, ки доштам, ба куштахои ёрони худ илтифот накардам ва он чавону духтаракро низ ба хок насупурдам.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Аъроби Хаммод ибни Фарози бо кадом максад аслихаи чанги ба бар карда ба асп савор шуд?
  2. Сайд дар сурати шутурмург аъроби ва ёрони уро то кучо аз кафои худ овора карда бурд?
  3. Онхо дар маргзори дур бо ки вохурданд?
  4. Чавони араб ва духтари зухрачабини парипайкар кихо буданд ва Хаммодро чи хел пазирои намуданд?
  5. Хаммод ба чавонмарди мизбон чи талабхо пешниход намуд?
  6. Чавонмарди мизбон чавобан дар назди Хаммод чи шартхо гузошт?
  7. У бо кадом корнамоихо хохари худро химоя намуд?
  8. Симои зохири ва ботинии он духтари арабро тавсиф намоед.
  9. Ба хиёнати Хаммод чи хел бахо медихед?
  10. Хислат ва рафтори он чавонмард ва Хаммодро мукоиса кунед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …