Главная / Илм / АФЛЕСУН

АФЛЕСУН

apelsin7АФЛЕСУН (Citrus sinensis), пуртахол, дарахтест хамешасабзи субтропики. То 4 – 12 м кад мекашад; сершоху барг, навдахояш рост, танаву шохааш хорхои борик доранд. Баргаш миёнахачм ё калони чилодор, чармгун, гирдаи нугтез, баъзан андак дандонадор, сабзи тира; навда ва баргхои наврустааш сабзи кушод. Гулаш дучинса, сафед ва хушбуй. Мевааш лунда, нокмонанд ё байзашакл; пусташ сахт, чармгуни равганин, хамвор, ба гушт сахт часпидааст. Гушташ серобу ширин ё нордон, аз 8 – 13-пора иборат аст (хар пораи он бо парда пушонида шудааст). Табибон мева ва афшураи онро хамчун воситаи иштихоовар, талхарон ва пасткунандаи фишори хун тавсия медиханд. А. барои табобати атеросклероз, фарбехи, беморихои чигар, никрис нофеъ аст. Табибони халки А.-ро бо максади муоличаи захму яраи сироятёфта кор мефармоянд. Афшураи А. микробхоро махв месозад. Моддахои пектинии таркиби он фаъолияти рудахоро бехтар намуда, барои пешгирии кабзият муфид аст. А. ва афшураи он иштихоро кушода хазми гизоро бехтар менамояд, ихрочи талхаро метезонад. А. барои табобати гиповитаминоз ва авитаминоз низ муфид аст. Бинобар сергизо ва сервитамин будан, А. дар мавриди атеросклероз, гипертония, фарбехи, беморихои чигар, никрис (подагра) нафъи зиёд дорад. Чанд пораи А.-ро истеъмол намоянд, гизо зуд хазм шуда, савияи холестерин паст мегардад. Дар мавриди бронхит бо максади осон шудани нафаскаши бо А. ингалятсия мекунанд (30 дакика буги чушоби пусти мева ва барги онро нафас бояд гирифт). Равгани эфири А. табъро болида сохта, хастагиро рафъ менамояд. Агар 1,5 кошукча пусти резакардаи А. ва 1,5 кошукча баргу пояи нозбу (лимугиёх)-ро дар 1,5 истакон об чой карда, бо асал истеъмол намоянд, асабхоро хеле ором месозад. Истеъмоли зиёди А. ба луобпардаи меъда, руда ва гурдахо зиён дорад. Аз ин ру, онро барои беморони гирифтори захми меъдаю рудаи дувоздахангушта, энтеритхо, илтихоби руда, холесистит, гепатит ва нефрит тавсия намедиханд.
Ад.: Гулов С.М., Мевахои ситруси, Д., 2005.
С.М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …