Главная / Илм / АФГОНА

АФГОНА

1200px-ranunculus_abortivusАФГОНА (Praematurus, abortivus), фагона, чала, кудаки норасида, тифле, ки пеш аз мухлат, яъне дар хафтахои аз 28 то 37-уми хомилаги (вазн – аз 1000 то 2500 г; кад – аз 35 то 45 см) ба дунё омадааст. Пеш аз ин мухлатхо таваллуд ёфтани тифл, бача афтондан ё кудак вайрон кардан номида мешавад. Вале баъзан чунин кудакон низ дар сурати хуб ба рох мондани нигохубин кобили хаёт мебошанд; агар кудак дар муддати 168 соат (як хафта) нафавтад, пас уро тифли зинда ба дунё омада мехисобанд. Барои кудакони вазнашон 500 – 999 г шуъбахои махсуси нигохубин вучуд доранд.
Сабаби ба гурухи алохида чудо кардани чунин навзодон ин аст, ки А. бо вучуди мувофики синни худ муътадил инкишоф ёфтан, барои мустакил вучуд доштан нагз мутобик нест ва нигохубини чидди мехохад. Аз ин ру ба А. хафтахои аввали баъди таваллуд факат дар шуъбахои махсуси беморхонахо ва зери назорати доимии духтур нигохубин кардан мумкин аст (ин шарти зарурии минбаъад дуруст инкишоф ёфтани кудак мебошад).
Чала ба дунё омадани кудак сабабхои гуногун дорад, мас., нихоят чавон (аз 20-сола хурд) будани модар; бо ночурихо чараён гирифтани давраи хамл (беморихои тифл, токсикозхои хомилагон, дугонику сегоникхо ва г.); беморихои аз сар гузаронидаи зани хомила, искоти кабли; номувофикии резус-омил ва гурухи хуни модар ва кудак; осебхои чисмони ва равонии модар; захролуди аз машрубот, тамоку ва г.
Дар ин бобат шароити зиндагии зани хомила низ макоми калон дорад. Осеби асабию рухи ва чисмони, шароити вазнини мехнат (зиёни касби, мас., дар шароити истехсолоти химияви кор кардан), вазъияти нохуш дар оила низ сабаби таваллуди бармахал шуда метавонад.
Аломоти анатомию физиологии афгона. Афгонаги (норасиди) дарачахои гуногун дорад: дарачаи I – вазни кудак хангоми таваллуд 2500 – 2001 г аст; дарачаи II – вазни тифл 2000 – 1501 г мебошад; дарачаи III – вазни тифл 1500 – 1001 г аст; дарачаи IV – вазни тифл аз 1000 г кам мебошад. Кудакони вазнашон 1500 ва камтар аз онро кудакони норасидаи амик меноманд. Вобаста ба мувофикат кардан ё накардани вазну кад ба синни гестатсияви (мухлати хамл дар вакти таваллуди тифл) А.-хо 2 гурух мешаванд: кудакони рушди чисмониашон ба мухлати гестатсия мувофик ва кудакони инкишофи чисмониашон ба мухлати гестатсия номувофик. Дар А.-хо нишонахои норасиди ба мушохида мерасанд: таносуби вазн нисбат ба кад 25 – 50 аст, хол он ки дар кудаони расида он баробари 60 – 80 мебошад; дарозии сар 1/2 хиссаи дарозии танро ташкил медихад (дар кудакони расида – 1/4); пойхо нисбатан кутох, пуст сурхи чилодор, сермуй, тунук ва пурчин аст; суфраи гуш нарм буда, ба сар часпида меистад; ноф хеле поён чой гирифтааст; нохунхо ва аъзои таносул инкишоф наёфтаанд – дар писарчахо тухм ба хоя нафаромадааст, дар духтарчахо бошад, лабхои калони фарч лабхои хурди онро фаро намегиранд; фаъолияти рефлексхои физиологи заиф аст (хатто мумкин рефлексхои макиш ва фуру бурдан вучуд надошта бошанд); овози кудак паст ва сатхи, нафас номураттаб мебошад. Начосати А. аз сабаби номукамалии меъдаю руда аксар вакт сабзранг буда, гурушахои сафед дорад. Гурдахо низ номукаммал кор мекунанд.
Факат аз руи вазн ва кад казоват кардан дар бораи кудак чала дуруст нест, хусусан дар сурате, ки агар мукаррар намудани мухлати хамл душвор бошад. Зеро кудаконе низ дучор меоянд, ки каду басти онхо расо аст, вале худ чала мебошанд. Барои дуруст ошкор сохтани норасиди бояд мухлати хамл ва мачмуи аломатхои зикрёфта ба эътибор гирифта шаванд.
Давраи навзодии А.-хо ба дарачаи балогати физиологи вобаста аст. Дар чунин кудакон эритемаи мукаррари (катари физиологии пуст) нисбатан возех ба назар расида, нисбат ба эритемаи кудакони дигар бештар – то 2 хафта махфуз мемонад. Заъфармаи физиологи, одатан, дер рух намуда, то хафтаи 3 – 4-уми баъди таваллуд давом мекунад. Нофи А.-хо гафсу «сершира» аст ва дер (бисёр вакт баъди 8 – 14 руз) меафтад. Дар бисёр А.-хо дар хафтаи 1 – 2 варам (асосан дар шикам ва пойхо) ба мушохида мерасад. Танзими харорат дар онхо номукаммал буда, кудаки белибос зуд хунук мехурад, харорати бадан мумкин аз 36° поён фарояд; хангоми баланд шудани харорати мухит у зуд тасф мекунад («табларзаи кувези»).
Талафи физиологии вазн, одатан, дар хафтаи 2 – 3 баркарор мешавад. Бинобар сабабхои номусоиде, ки боиси чала ба дунё омадани кудак шудаанд, А. дар мохи аввали хаёт нисбатан кам – аз 100 то 500 г вазн мегирад. Кудакони чалаи дарачаи IV, ки гирифтори беморихои чисми мебошанд, дар мохи якум мумкин умуман вазн нагиранд (онхо факат талафи физиологии вазнро баркарор мекунанду халос).
Басомади нафас номунтазам буда, хангоми харакат дар 1 дак. ба 60 – 80 мерасад; дар холати ороми ва хоб нафас нисбатан бомаром, гохо хатто катъ (дар вакти гизодихи) мегардад. Вобаста ба шароити мухит ва холати кудак басомади кори дил тагйир меёбад (120 – 160). Дар сурати безобитаги ва баланд гаштани харорати мухит, басомади кори дил метавонад дар 1 дак. ба 200 зарба баробар шавад.
Дар навзодхои чала бисёр вакт асфиксия ва хуншории дохили косахонаи сар ба вучуд меояд; онхо зуд-зуд гирифтори пневмония ва сепсис мешаванд (сабаби он суст будани аксуламали мутобикат нисбат ба шароити мухит аст). Нишондодхои иммунитети хос ва номахсус дар А.-хо нисбат ба кудакони хамсинни расо паст мебошанд. Дар моххои 2 – 3, вакте ки кудак бочадал вазн пайдо мекунад, дар А.-хо анемияи бармахал пайдо мешавад (он хусусияти нормохроми дорад). Дар мавриди дуруст нигохубин кардан, анемия тадричан рафъ мешавад. Аз 83 г/л паст фаромадани гемоглобин муоличаро такозо менамояд. Баъди 3-мохаги рух намудани анемия (анемияи таъхирнок) дар А.-хо бисёр вакт хусусияти камохани дошта, бо дорухои охандор табобат карда мешавад.
Сабзишу инкишофи А.-и аз 1-моха боло ба вазъи саломати ва дарачаи нораси вобаста аст. А.-хои саломатиашон хуб зудтар рушду инкишоф меёбанд. Онхо, одатан, аз мохи 2-юм сар карда, вазн мегиранд; дар охири соли аввал вазни онхо 4 – 10 маротиба меафзояд. Вобаста ба дарачаи нораси каду басти А.-хо дар нимсолаи якум хар мох 2,5 – 5,5 см, дар нимсолаи дуюм 0,5 – 3 см месабзад. Дар муддати як сол кади онхо 25 – 44 см афзуда, охири сол ба 70 – 75 см мерасад. Катъи назар аз он ки афзоиши каду баст ва вазни А.-хо нисбат ба кудакони дигар тезтар аст, ин нишондодхо дар 3-солаги, дар кудакони норасидагии дарачаи IV, хамчунин дар А.-хои мариз ва вазнашон кам бошад, соли 7 – 8-ум киёс карда мешаванд. Эхтимол дорад, ки дар давраи балогати чинси рушду сабзиши А. аз дигар кохиш ёбад. А.-хо дер мешинанд, дер рох мераванд, дер дандон мебароранд ва дер мустакилона гизо мехуранд.
Рушди асабиву рухи (табассум кардан, гап задан ва г.)-и А.-хо низ суст аст, хоса дар кудаконе, ки вазни кам доштанд. Барои инкишофи нутки А. тарбия дар оила ахамияти калон дорад. Тадкикотхо собит мекунанд, ки дар сурати мавчуд набудани осеби дохилибатни ё иллатхои дигар, рушди рухию равонии А.-хо дар давраи синни томактаби аз дигар кудакони хамсин фарк надорад. Кудакони чалае, ки дар батни модар осеб ёфтаанд, одатан, гирифтори ихтилоли асаб, саръ, заъфи рухи мешаванд. Гайр аз ин, эхтимол дорад, ки дар А.-хо дар солхои минбаъдаи хаёт дилбехузури ва беиштихои ба мушохида расанд. Умуман, А.-хо хамчун одамони комил ба воя мерасанд.
Нигохубини афгонахо. Номукаммалии кори организми А. нигохубини чидди ва фарохам овардани шароити мусоид (хусусан дар моххои аввали хаёт)-ро такозо дорад. Агар хамаи ин шартхо риоя гарданд, он гох А. дар инкишофи чисмони ва фикри ба хамсолони дар мухлати мукаррари таваллудёфта баробар мешавад ва чун одами аз хар чихат комил ба камол мерасад.
А.-еро, ки вазнаш 2300 г аст, вобаста ба вазъи саломатии у ва шароити хона бо ичозати духтур аз таваллудхона чавоб медиханд. А.-и хангоми таваллуд вазнаш аз 1500 г камро дар кувезхои харорату намнокиаш муътадил ва оксигендор чой медиханд. Ба кувезхо инчунин кудаконеро, ки вазнашон зиёд, аммо харорати баданашон тагйирёбанда аст, чойгир мекунанд. Агар вазни тифл ба 2500 г расад, духтур ичозат медихад, ки уро ба хона баранд.
Барои дар шароити хона нигох доштани А. диккати калон ва нигохубини чидди зарур аст. Харорати хонаи тифл бояд 22 – 24° бошад. Дар катча ба таги сар ва китфони у болини сахти паст мегузоранд. Кудакро сахт парпеч кардан чоиз нест, уро дам ба дам аз як пахлу ба пахлуи дигар мехобонанд (вазъи баданашро тагийр дода меистанд.)
Ба тифл либоси гарму нарм пушонда, ба кампал мепечонанд. Ба сар кулутаи гушакдор (чепчик) пушонида, руяшро кушода мемонанд. Агар А. харорати баданашро дуруст нигох дошта натавонад, ба поёни пой ва ду пахлуяш гармкунак мегузоранд. Харор. оби гармкунак бояд такр. 600 бошад. Гармкунакро ба сачок ё парпеч печонда, дар масофаи такр. 10 см аз кудак мегузоранд. Харорати бадани кудак бояд 36,5 – 36,8,° харорати зери кампал 28 – 33° бошад. Баъди хар 1 – 2 соат оби гармкунакхоро бо навбат иваз мекунанд. Хангоми гарм шудан, руи кудак сурх гашта, харорати бадан баланд ва худ ноором мегардад. Дар ин хол гармкунакхоро тамоман ё кисман мегиранд, агар лозим ояд, парпечро чанд дакика кушода мемонанд, ба кудак об медиханд. Дар сурати хунук хурдан руи кудак кабудча шуда, худ бехол мегардад. Дар ин асно ба болои у боз як кампали дигар мепушонанд ё 5 – 7 дак. дар даруни ванначаи обаш ширгарм (36 – 37°) нигох медоранд ва баъд боз гармкунакхо мегузоранд. Барои пешгирии гарм шудан ё хунук хурдан харорати оби гармкунакро тавассути хароратсанч зуд-зуд санчида истодан лозим аст.
А. нагз нафас кашида наметавонад. Бинобар ин дар рузхои аввали хаёт ба у оксигени намнок додан лозим. Агар маркази таъмини оксиген вучуд надошта бошад, пас онро аз болини оксигени ба воситаи аппарати Бобров медиханд. Вобаста ба бехтар шудани холат ва ба шароити нави хаёт мутобик гаштани кудак, ба гарм кардану оксиген додан тадричан хотима мебахшанд.
Тарзи гизодихиро вобаста ба дарачаи инкишофи кудак ва мавчудияти рефлексхои макиш интихоб менамоянд. Ба кудакони вазнашон зиёда аз 1800 г метавон сина маконд. Ширмаконии А. душворихо дорад ва моххои аввал бояд зери назорати доимии духтур сурат гирад. Шири занхои бармахал таваллудкарда дертар пайдо мешавад. Бо вучуди ин хангоми нигохубини А. факат шири модар натичаи хуб мебахшад. Аз ин ру, А.-ро бо шири модар таъмин намудан зарур аст. Агар кудак сина макида натавонад, ба у дар аввал тавассути зонд дар як шаборуз 10 – 12 маротиба шир медиханд. Баъд тадричан бо пистонак шир дода, минбаъд уро ба синамаки одат мекунонанд. Баъди ба 2500 – 3000 г расидани вазн гизодихи ба А. аз кудаки дар мухлаташ таваллудшуда кам фарк мекунад, вале ба А. хуроки иловагиро 2 – 4 хафта пештар (бо эхтиёт ва тадричан) медиханд. Ба кудакони солим рузе 7 – 8, ба кудакони мариз то 10 маротиба гизо додан лозим аст. Баъди ба 3500 – 4000 г расидани вазн (одатан дар 2 – 3-мохаги) ба А.-хо рузе 6 маротиба гизо медиханд. Микдори гизоро духтур вобаста ба дарачаи чалаги, вазъи саломати ва неруи хозимаи кудакон интихоб менамояд. Ба онхо баъди 15-рузаги оби мева додан мумкин аст. Бехтараш ин корро аз оби лиму (3 – 5 чакра) огоз кард. Дар 1-мохаги метавон пюреи себи дод; аз 15-рузаги бахри бо сафеда конеъ гардондани талабот ширтуппа (творог) ё кефир медиханд; аз 4-мохаги пюреи сабзавоти, аз 5-мохаги шавла, аз 6-мохаги гизои гушти, аз 7-мохаги булён додан мумкин.
А.-ро хамчун тифли расо оббози медоранд. Кудакони вазнашон 1500 г ва зиёдтарро баъди 7 – 10 руз бояд оббози доронд. Дар вакти оббози А.-ро аз хунук хурдан нихоят эхтиёт кардан лозим аст; харор. хаво бояд аз 250 паст набошад, парпечро пеш аз печонидани кудак гарм бояд кард.
Ба А. дар хавои тоза сайругашт намудан муфид ва зарур аст, вале ин корро боэхтиёт бояд гузаронд. Чунин сайругашт ба кудакони вазнашон аз 2500 г зиёд тавсия мешавад. Зимистон ба сайругашти кудаконе ичозат медиханд, ки вазни онхо 3000 г ва зиёдтар аст; агар вазни кудак аз 3000 г кам ё харор. хаво аз –8 –100С паст бошад, уро дар хонаи бодхонаш кушода бояд нигох дошт. Сайругаштро аз чанд дакика сар карда, мухлати онро тадричан меафзоянд.
Таваллуд шудани А.-ро хануз то хомилаги пешгири кардан лозим аст. Агар зан гирифтори беморихои гуногуни музмин бошад, пас бояд худро сари вакт табобат намуда, коидахои гигиенаи шахси ва гигиенаи алокаи чинсиро риоя кунад. Тадбирхои пешгирии хамл низ заруранд, чунки аксар вакт сабаби таваллуди А. искот аст.
Дар сурати пайдо шудани аломатхои аввалини хамл зан барои гирифтани тавсияхои зарури (то ин ки хангоми хомилаги чи тавр рафтор кунад) бояд ба духтур мурочиат намояд. Зани хомила бояд ба изтироб наояд, дуруст хурад, нушокихои спиртдорро истеъмол накунад, тамоку накашад. Дар аснои пайдо шудани аввалин аломатхои токсикоз бояд фавран ба духтур мурочиат кунад.
Баъди аз беморхона баромадан, А.-хоро дар дармонгох зери мушохида мегиранд.
М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …