Главная / Илм / АЭРОЗОЛХО

АЭРОЗОЛХО

aerosoliАЭРОЗОЛХО (Aёrosola), дар тиб, системахои колоидиеро гуянд, ки аз заррачахои сахт ё моеъ иборат буда, дар мухити газмонанд муаллаканд. А. дар табиат фаровонанд (туман, абр ва г.). А.-ро дар саноат, инчунин дар хона хангоми тайёр ва истифода кардани баъзе масолех ба кор мебаранд. Дар мавриди сарфи назар намудани коидахои бехатари А. шахсро захролуд ё бемор карданашон мумкин аст. Дар тиб барои муоличаи захм, беморихои пуст ва узвхои нафасгири баъзе дорухоро дар намуди А. истифода мебаранд. А. ба туфайли бисёр хурд будани заррахо ба умки бронххо ва шуш рох ёфта, дар пардахои луоби тахшин ва ба хун чаббида мешаванд (бинобар ин онхо зуд таъсир мерасонанд). Агар ба А. заряди электри дода шавад, таъсир бехтар ва босамар мегардад (электроаэрозолхо). Бо рохи нафаскаши (ингалятсия) муолича кардани бемориро аэрозолшифои меноманд. Онро асосан барои пешгири ва муоличаи зики нафас, беморихои вируси (хусусан грипп), касби ва иллати рохи нафас истифода мебаранд. Барои аэрозолшифои махлулхои гуногуни антибиотикхо, обхои минералии ишкори, ишкору хлориди, махлули дорухои равгани ва г.-ро истифода мегарданд. Аэрозолшифои тавассути асбобхои махсус (ингалятор) ба амал бароварда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …