Главная / Илм / АДСОРБСИЯ

АДСОРБСИЯ

adsorbsiyaАДСОРБСИЯ (аз лот. ad – ба, назди ва sorbeo – мечаббам), дар сатхи моддаи сахт ё моеъ (адсорбент) чаббида шудани газ ё махлул (адсорбат). Mac., агар ба махлули обии кислотаи сирко як порча ангишт андохта шавад, молекулахои кислотаи сирко дар сатхи ангишт А. шуда, микдори кислота дар махлул мекохад. А. аз хосияти молекулахои дар кабати сатхи чойдоштаи модда вобаста аст. Дар молекулахои кабати сатхи энергияи зиёди озод мавчуд аст, ки хамеша майл ба кохиш дорад. Хангоми доими будани худуди сатхи худ ба худ кам шудани энергияи озод дар натичаи костани кашиши сатхи ба амал меояд. Дар натича дар кабати сатхи модда аз мухити берун фуру бурда мешавад. Баъзан А. факат бо кабати болои махдуд нашуда, то ба кабатхои дохилии адсорбент пахн ме- гардад. Чунин равандро абсорбсия меноманд. А. физикави, химияви ва интихоби мешавад. А.-и физикави худ ба худ аз хисоби таъсири хамдигарии куввахои сусти Ван-дер-Ваалси ба амал меояд. Дар вакти баланд шудани харорат А.-и физикави кохиш меёбад, мас., А.-и баъ- зе газхо. А.-и химияви (хемосорбсия) бо рохи таъсири химияви ба амал меояд. Баланд шудани харорат А.-и химиявиро метезонад. А.-и интихоби бартари доштани А.-и як модда назар ба А.-и моддаи дигар аст. Бузургии А. ба харорат, сатх ва табиати физикавию химиявии адсорбент, консентратсияи модда ва г. вобаста мебошад. Дар адсорбентхои сахт А. шудани ионхо ахамияти калон дорад, чунки раванди ба хучайрахо ворид шудани моддахои минерали ва гизо ба хамин асос ёфтааст. А.-ро барои чудо кардани моддахои фаъоли биологии холис – ферментхо, витаминхо, хамчун подзахр хангоми муоличаи беморихои рохи меъдаю рудахо истифода мекунанд. Адсорбентхо бо мак- сади тоза кардани хаво ба противогаз андохта мешаванд, хангоми тахлили химияви ва истехсоли дорухо ба кор мераванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …