Главная / Илм / АДНЕКСИТ

АДНЕКСИТ

adneksitАДНЕКСИТ (Adnexitis; аз лот. adn¬exa – зоид), салпингоофорит, газаки зоидхои бачадон (лулахои бачадон ва тухмдон). Микробхои гуногуни беморизо – стафилококкхо, стрептококкхо ва г. боиси А. мегарданд. Баъзан А. хангоми ба бачадон дохил кардани моддахои гуногуни химияви (мас., йод, спирт) низ пайдо мешавад. Микробхо ба зоидхои бачадон аз махбалу бачадон (дар вакти искот, хусусан искоте, ки берун аз бемо- ристон гузаронда мешавад, таваллуд, алокаи чинси), инчунин бо хуну лимфа аз дигар узву бофтахо (хангоми беморихои гуногуни сирояти, мас., сил, гулудард ва газаки узвхои даруни) ворид мегарданд. Тамоми омилхое, ки кобилияти дифоии организмро суст мекунанд, яъне хунук хурдан, хастаги, хаячони асабию рухи ва г., инчунин риоя накардани коидахои гигиенаи шахси боиси инкишофи А. мегарданд. Хангоми А.-и шадид поёни шикам, атрофи чорбанд, хусусан дар вакти казои хочат, пешоброни ва кори чисмони сахт дард мекунад. Харорати бадан баъзан то 390С баланд мешавад; дар холатхои вазнини бемори дил бехузур шуда, шахс кай ва шикамаш дам мекунад. Агар бемор сари вакт ва дуруст муолича карда, тартиби кору зиндагиро риоя намояд, зуд ва пурра шифо меёбад. Муолича, одатан, дар беморхона, баъзан дар хона (агар духтур тавсия кунад) гузаронида мешавад. Хангоми дар хона нигох доштани бемор хамаи таъиноти духтурро катъи ичро кардан лозим аст; ба шикам гармкунак гузоштан мумкин нест, зеро ин боиси пахн гардидани газак ва шиддат ёфтани бемори мегардад. Ихрочи харрузаи начосат ва пешоб зарур аст. Алокаи чинси ва истеъмоли хурокихои тунд манъ мебошад; хангоми баланд шудани харорати бадан бояд бисёртар биошомид (лимучой ва г.). Паст шудани харорати бадан ва сабук гаштани дард хануз маънои пурра шифо ёфтанро надорад; бинобар ин бе рухсати духтур кабули доруро кам ё катъ ва речаро вайрон набояд кард, зеро дар чунин мавридхо илтихоб то охир табобат нашуда, музмин мегардад. Хангоми А.-и музмин бемори дар натичаи хунук хурдани мариз, хастаги, дар вакти хайз ва баъд аз искот шиддат ёфта, дард зиёд, харорати бадан баланд мешавад; аз узвхои таносул хуни бисёр ва бо дард меояд. Кафшерак (спайки)-хое, ки дар натичаи илтихоб дар найчахои бачадон пайдо мешаванд, садди рохи нуфузпазирии онхо шуда, имкон дорад ба хомилагии берун аз бачадон ё бенасли оварда расонанд. Дар сурати дурудароз идома ёфтани А. (бештар аз 2 – 3 сол) мумкин аст ихтилоли нейроэндокрини сар занад. Яъне бемор асабони ва тундмизоч шуда, зуд хаста мегардад; фарбех ё баръ- акс, якбора хароб мешавад; фаъолияти тухмдонхо халал меёбад, дар натича хайз номураттаб гашта, зан бор намегирад. Барои пурра шифо ёфтан, муоличаи мунтазам ва дуру дароз лозим аст. Духту- рон барои табобати А. дар ихтиёри худ воситахои гуногун доранд. Хусусан таъи- ноти физиотерапевти, муоличаи санаторию курорти, варзиши шифои, дорухои зидди газак ва г. мухим мебошанд. Барои баланд шудани кобилияти дифоии организм варзиши сабук (дар вакти оромии бемори), сайру гашт дар хавои тоза, истеъ- моли хуроки сергизо, сабзавот ва мевахо зарур аст. Мавриди авч гирифтани бемори ( дарди поёни шикам, бад шудани ахвол ва г.) сари вакт ба духтур мурочиат намуда, таъиноти уро бояд хатман ичро кард. Дав- ри муоличаи таъинкардаи духтурро катъ ва худсарона ин ё он доруро истеъмол намудан мумкин нест. Дар давраи муолича аз хамл ёфтан худдори кардан лозим; дар сурати хомила шудан искоти хамл манъ аст, чунки он чараёни бемориро вазнин мегардонад (хомилаги ба табобат ёфтани А. мусоидат мекунад).
Барои такроран авч нагирифтани А. бояд аз сармо худро эхтиёт кард. Пойро тар кардан, дар руи санг ва замини нам нишастан (хусусан дар вакти хайз) манъ аст; дар хавои хунук ва нам либоси гарм пушидан лозим. Баъди шифо ёфтан, зан бояд камаш 3 мох тахти назорати духтур карор гирад. Азбаски зоидхои бачадон бештар хангоми ба узвхои чинси дохил шудани микробхо иллат меёбанд, аз искот ва алокаи чинсии тасодуфи худдори бояд намуд. Коидахои гигиенаи шахси, инчу- нин баъд аз искот ва таваллуд тавсияхои бехдоштии махсусро риоя кардан зарур аст. Ниг. низ ба маколахои Искот, Давраи баъди таваллуд.
Ад.: Норвитс Э.Р. (ва диг.), Наглядные акушер- ство и гинекология, М., 2003; Гинекология, М., 2005.
М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …