Главная / Илм / АДИБ ИСМОИЛ

АДИБ ИСМОИЛ

imagesАДИБ ИСМОИЛ, табиб ва файласуфи а. 12 форс-точик. Низомии Арузии Самарканди дар китоби худ «Чахор макола» доир ба тарзи табобати у чунин хикоя овардааст: «Дар ахди Маликшох ва баъзе аз ахди Санчар файласуфе буд ба Хирот ва уро Адиб Исмоил гуфтанди. Марде сахт бузург ва фозилу комил, аммо асбоби у ва маоши у аз дахли (даромади) табиби буди. Ва уро аз ин чинс муоличоти нодира бисёр аст. Магар вакте ба бозори кушторон бармегузашт, кассобе гусфандеро салх (пуст) мекард ва гох-гох даст дар шиками гусфанд карди ва пихи (чарбуи) гарм берун кардию хамехурди. Хоча Ис- моил чун он холат бидид, дар баробари у бакколеро гуфт, ки «агар вакте ки кассоб бимирад, пеш аз он ки уро ба гур кунанд, маро хабар кун». Баккол гуфт: «Сипос дорам». Чун ин хадисро мохе панч-шаш баромад, яке руз бомдоде хабар афтод, ки душ фалон кассоб бимурд, ба муфочо (ногахон) бе хеч иллату бемори, ки кашид. Ва ин баккол ба таъзият шуд. Халке дид чома дарида ва чамоате дар хасрати у хамесухтанд, ки чавон буду фарзандони хурд дошт. Пас он бакколро сухани хоча Исмоил ёд омад. Бидавиду вайро хабар кард. Хоча Исмоил гуфт: «Дер мурд». Пас асо баргирифту бад-он сарой шуд ва чо- дар аз руи мурда бардошту набзи у дар даст бигирифту якеро фармуд, то асо бар пушти пои у хамезад. Пас аз соате вай- ро гуфт: «Басанда аст». Пас илочи сакта огоз карду рузи саввум бархост. Ва агарчи мафлуч (фалач) шуд, солхо бизист. Пас аз он мардумон ачаб доштанд ва он бузург аз пеш дида буд, ки уро сакта хохад буд».
Ад.: Низомии Арузии Самарканди,
«Чахор макола», Д., 1986. М. Диловаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …