Главная / Илм / АДЕНОИД

АДЕНОИД

adenoidАДЕНОИД (Adenoides; аз юн. Aden – гадуд ва eidos – шакл), аз хад зиёд калон шудани бодомакхои гулу. Асосан дар ширхорахо ва кудакони 3 – 10 сола(баъзан аз 10-сола калон) мушохида мешавад. Ба А. баъзе беморихои сирояти, ки хангоми онхо пардаи луобии даруни бини ва бодомакхо газак мегиранд (мас., сурхча, махмалак, гулузиндонак, грипп ва г.), инчунин газаки шадид ва музмини роххои болои нафаскаши мусоидат мекунанд. Бинобар ин сари вакт ва дуруст муолича кардани ин беморихо барои пешгирии А. ахамияти калон дорад. Душвор гаштани нафаскаши бо бини, ки дар натичаи халку димогро пур кардани бодомаки калон ба амал меояд, хамчунин тарашшухи зиёд аз бини аломатхои аввалини А. мебошанд. Дар натичаи вайрон шудани нафаскаши бо бини кудакон дар хоб хуррок мекашанд. Хоби ноором боиси бехоли ва рухафтодаги мегардад; чунин кудакон дар мактаб бад мехонанд. Кудакони ширмак синаро дуруст макида натавониста, чисман суст инкишоф меёбанд. Гайр аз ин, А. дар ин синну сол сабаби бронхит ва бронхопневмония мегардад. Дар чинхои А. баъзан ба микдори зиёд бактерияхо гун мешаванд (аденоиди музмин). Аз ин лихоз онхо метавонанд манбаи пайдоиши илтихоби шадиди халку димог гарданд. Бисёр вакт дар баробари хуручи А. кувваи сомеа заъф меёбад. Дар аснои тул кашидани бемори кудак бо бини нафас гирифта наметавонад, бинобар ин у факат бо дахон нафас мекашад ва хамеша дахонашро кушода мегардад; чоги поён овезон ва чинхои бинию лаб нест шуда, руй намуди хоса мегирад. Аз сабаби душвор гардидани харакати хуну лимфа дар майна сар дард мекунад.Барои пешгирии окибати нохуши А. хангоми пайдоиши аломатхои аввалини бемори дархол ба духтур мурочиат кардан зарур аст. А.-ро бисёр вакт бо рохи чаррохи, ки дар шароити менамоянд (баъди 1,5 – 2 соат кудакро ба хона чавоб медиханд); 2 – 3 рузи аввали баъди чаррохи кудакро бистари карда, то 5 – 7 руз аз таоми гарм (аз 18 – 200С боло), гизохои сахт (мас, нони хушк ва г.), инчунин хурокихои тунд, шур ва шоколад пархез кунонидан лозим аст; бисёр харакат кардан ва дар офтоб гаш- тан мумкин нест; чои зисту бози ва хоби у бояд доимо тоза бошад; хонаи хоби кудакро факат бо латтаи тар тоза кардан лозим аст.
Ад: Богомильский М.Р., Чистякова
В.Р., Детская оториноларингология, М., 2002; Хи- рургические болезни детского возраста, ч. 1 – 2, М., 2004; Детские болезни, М., 2004.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …