Главная / Маданият ва санъат / АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна: Вазъияти сиёсию таърихи ва ичтимоии Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XVIII ва огози асри XIX басо сангину мураккаб гардида, ин холат хануз аз ахди Абдулазизхони Аштархони (1645-1680) ва Субхонкулихон (1680-1702) шуруъ шуда буд. Убайдуллоххон (1702-1711) кушиши пешгири намудани онро карда бошад хам, натича надод ва худи у ба катл расонида шуд.

Дар замони хукмронии охирин намояндаи хонадони Аштархони – Абулфайзхон (1711-1747) вазъияти кишвар тамоман хароб гардид. Зеро ин кариб ба корхои мамлакатдори хоким ахамият намедод. Ин буд, ки хокими Эрон – Нодиршохи Афшор (1688-1747) соли 1740 ба сарзамини Мовароуннахр хучум карда, куввахои Нодиршох бе дидани мукобилияти шадиде ба Бухоро ворид шуданд.

Дар ин чанг Мухаммадхаким атолик – фиристодаи Абулфайзхон барои музокирот ба назди Нодиршох низ хиёнат мекунад. У бар нафъи Нодиршох амал менамояд. Писари Мухаммадхаким – Мухаммадрахимби дар Эрон ба боварии Нодиршох даромада, баъдхо бо бахонаи чанозаи падараш ва кумак ба Абулфайзхон ва зарба задан ба Ибодуллохби дар Каттакургон ба Бухоро меояд. Дар хакикат, Рахимби исёни Ибодуллохбиро шикаст дода, соли 1747 Абулфайзхонро дар мадрасаи Мири араб ба катл мерасонад. Ба хамин тарик, охирин намояндаи Аштархонихо аз сафхаи таърих рафта, ба чои ин сулола салтанати Мангитихо сар мешавад.

Рахимхон соли 1754 ба як катор шахрхои Мовароуннахр лашкар кашида, дар шахрхои Миёнколот, Шахрисабз, Уротеппа, Карши, Ургут, Панчакент, Хисор ва гайра пояи давлаташро устувор мегардонад.

Рахимхон соли 1758 вафот мекунад ва ба чои у амакаш – Амир Дониёл (1758-1785) ба тахт менишинад. Вале дере нагузашта хокимони махалли мукобили у исёнхо бармеангезанд. Аз чумла, хокимони шахрхои Уротеппа – Фозилби, Шахрисабз – Бекназарби, Косон – Бутаби, Гузор- Дусткароби ва дигарон. Баъди пахши чунин исёнхо, албатта, ахволи мамлакат хеле бад шуда буд. Баъд аз вафоти Дониёл (соли 1785) писари у – Шохмурод (1785-1800) сохиби тахт шуд. Ин марди суфимашраб шахсияти оддиву хоксоре буда, хатто Давлаткушбеги ва Кози Низомуддинро дар хузури омма барои гуноххояшон ба катл мерасонад. Дар таърихи сулолаи Мангитихо хукмронии Шохмурод хеле одилона ва дар хадди инсоф буд. У кариб хамаи хокимони махаллиро иваз мекунад ва мансабдоронро санчида, ба хар вазифае таъин менамояд.

Амир Шохмурод барои ободонии шахрхои Самарканду Бухоро кушиш намуда, пеши рохи бесару сомонихоро то андозае мегирад.

Соли 1800, пас аз вафоти Шохмурод, писари у-Хайдар (1800-26) ба тахт мешинад. Амир Хайдар мударриси низ мекардааст. Баъд аз вафоти Хайдар писари вай – Насруллох (1826-1860) ва баъди Насруллох писари у – Музаффар (1860-1885) амир мешаванд.

Дар огози асри XIX мисли аминона, мухрона, миробона, вакилона, мухосилона, хакки тарозу ва гайра навъхои андоз зиёд мешавад. Ин аст, ки дар даврахои гуногуни асрхои Х^Ш-Х1Х бисёр исёнхои халки рух додаанд.

Вазъияти Хуканд. Вобаста ба он ки Нодиршох Хукандро ишгол накард, ин сарзамин нисбат ба Бухоро ободон боки монд. Хокими ин каламрав – Олимхони Хуканди (1799-1809) низ баъзе тадбирхои хуб бахри амнияти кишвар андешида буд. У аз хисоби мардумони кухистони Дарвозу Каротегин ва Шугнон дастаи махсусе созмон дода, даъвии истиклолхохи менамояд.

Ин буд, ки вай Тошканд ва кавмхои казокро, ки дар атрофи он буданд, ба худуди давлати худ медарорад. Пас аз Олимхон бародари у – Умархон (1809-1822) низ сиёсати бародарашро давом медихад ва муваффак мешавад.

Умархон Туркистон ва даштхои казокнишинро аз худуди бахри Арал то Хафтруд тасарруф намуда, кисми зиёди марказхои казоку киргизнишинро низ сохиб мешавад. Баъд аз Умархон писари вай – Мухаммадалихон (1822-1842) бахри вусъати худуди давлати худ кушишхо намуда, каламрави Дарвозу Каротегин ва хатто Кулобро ба зери итоат медорад.

У Уротеппа ва Кошгарро низ тасарруф карда, худуди мамлакаташро хеле вусъат мебахшад. Вале шахсияти амир чандон писанди мардум намешавад, зеро вай бештар ба айшу нуш ру меорад. Ин буд, ки Амир Насруллох Хукандро забт намуда, Мухаммадалихон ва модару бародарашро низ нест мекунад. Идоракунии Хукандро ба ухдаи Иброхим Хаёл ном хоким мегузорад. Хукумати Иброхим дер давом намекунад ва Хуканд боз мустакил мешавад.

Холати сиёсии Хоразм низ чандон хуб набуд, зеро миёни хонигарихои Хоразму Бухоро ва Хуканд хамеша низоъхо мавчуд буданд. Аз сабаби он ки Марв ба ихтиёри хокими Бухоро зуран бароварда шуда буд, хони Хоразм – Элтузархон ба Бухоро лашкар мекашад. Хони Хоразм комилан комёб нашуда бошад хам, вазъияти Бухороро мураккаб намуд. Зеро Хуканд низ як катор шахрхои тобеи Бухороро тасарруф карда буд. Аз чумла, як кисмати Туркистон, Хафтруд, Казокистони Чануби, Шугнон, Дарвозу Каротегин, Вахон ба ихтиёри мири Хуканд даромада буданд.

Умуман, ин кашмакашихои бемаъни ва ин бесарусомонихо холати кишвар ва халки мехнаткашро хеле вазнину ногувор карда буданд.

Дар асри XVIII дар каламрави Афгонистони кунуни низ тагйироти чидди ба вучуд омад. Шохи Эрон -Нодиршохи Афшор (1736-1747) ба хонигарихои хурд-хурди каламрави Афгонистон хотима гузошта, тамоми худуди хамонвактаи Афгонистонро ба хайати империяи худ дохил намуд. Баъд аз вафоти Нодиршох дар Афгонистон давлати Дуррониён (1747 – 1818) таъсис ёфт, ки асосгузори он Ахмадшохи Дуррони (1747-1773) буд. Каламрави он дар хамон вакт аз Машхад то Кашмир ва аз Аму то бахри Араб буд. Соли 1818 давлати Дуррониён пароканда шуда, ба хонигарихои хурд-хурд таксим гардид. Аз чумла ба хонигарихои Кобул, Кандахор, Пешовар, Хирот, ки муктадири онхо Кобул буд. Хокими он – Дустмухаммадхон (1826-63) барои якпорчаги кушиши зиёд кард, вале хамаи кушишхояш бенатича монданд. Зеро англисхо ба ин монеъ шуданд. Соли 1838 армияхои англисхо ва хиндухо ба Афгонистон хучум карда, хукумати Шучоъро таъсис доданд, вале озодихохон уро кабул накарданд.

Соли 1842 у ба катл расонида шуд. Соли 1878 армияи 36.000 нафараи англисиву хинди Афгонистонро боз забт намуд ва ин кишвар расман мустамликаи Англия гардид.

Дар каламрави Эрон бошад давлати Сафавиён, ки аввалхои асри XVI барпо шуда буд, то асри XVIII давом кард. Охирхои асри XVIII Кочорихо ба сари хокимият омаданд ва то соли 1925 хукумат карданд.

Ба хамин тарик, Хиндустон, Эрон, Афгонистон ва Осиёи Миёна зери таъсири сиёсати Россияи подшохи ва Англия монда буданд. Танхо Россия пас аз Инкилоби Октябр сиёсати худро дар хамаи самтхои давлатдори тагйир дод, вале сиёсати мустамликадории Англия то миёнахои асри ХХ идома кард.

Хавза ва марказхои адаби

Дар асри XVIII ва огози асри XIX дар таърихи халкхои Осиёи Миёна, сарфи назар аз нобасомонихои давр, чунбиши тозаи адаби зухур кард. Дар ин давра хаёти адаби асосан дар се маркази сиёси – маъмури ва фарханги-адаби: Бухоро, Хуканд ва Хева (Хоразм) ривоч ёфт. Инчунин, хамин чунбиши адаби на танхо шахрхои зикршуда, балки тамоми каламрави Осиёи Миёна, яъне шахрхои музофотиро хам фаро гирифт. Аз чумла доирахои адаби дар Самарканд, Каттакургон, Миёнкол, Шахрисабз, Хучанд, Уротеппа, Хисор, Кулоб, Каротегин, Дарвоз, Бадахшон ва дигар шахрхо фаъол гаштанд.

Яке аз доирахои адабии бонуфузи ин давра маркази хонигарии Хева- шахри Урганч мебошад. Тафовути ин доираи адаби нисбат ба доирахои дигар он аст, ки адабиёти бадеи дар ин марказ голибан ба забони узбеки инкишоф меёфт ва осори адабии ба забони точики эчодшуда нисбатан камтар ба назар мерасад. Дигар хусусияти ин хавзаи адаби ин аст, ки бисёр осори бадеи ва таърихи аз забони точики ба забони узбеки тарчума карда шуданд аз чумла: «Тутинома»-и Зиёи Нахшаби, «Хафт пайкар»-и Низомии Ганчави, «Гулистон»-и Саъди, «Бахористон», «Юсуф ва Зулайхо», «Саломон ва Абсол»-и Абдаррахмони Чоми, «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Зайнуддини Восифи, «Шоху Дарвеш»-и Хилоли ва гайра. Аз осори таърихи бошад, «Хабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Равзат- ус-сафо»-и Мирхонд ва аз насри халки «Чор дарвеш» ба забони узбеки тарчума шуданд. Дар ин кор сахми сарвари ин мактаби адаби – Муниси Хоразми басо бузург мебошад.

Аз тарафи дигар, ба ин восита ин марди шариф дустии халкхои точику узбекро таквият бахшида, иртиботи фарханги-адабии халкхои Осиёи Миёнаро мустахкамтар намудааст.

Дигар доираи адабии шухратманд дар он рузгор доираи адабии Хуканд ба шумор меравад, ки он дар ахди Олимхони Хуканди (1799- 1809) ташаккул ёфта, дар рузгори амир Умархон (1809-1822) эътибори хоса пайдо кардааст.

Ба ин доираи адаби аз дигар гушаву канорхо куввахои адаби чамъ омада буданд. Ин албатта, аз нуфузи он шаходат медихад. Абдулкарим Фазлии Намангони дар тазкираи худ «Мачмуат-уш-шуаро» таъкид мекунад, ки 75 тан куввахои адаби аз дигар чойхо ба ин хавзаи адаби омадаанд. Зеро худи амир Умархон шоир буда, шеъру адабро кадршиноси мекардааст. Хатто аз Бухоро адибони чун Умеди Самарканди, Камоли Бухорои, Чунайдуллохи Хозик, Шавки, Вахши, Муштоки Шахрисабзи, Махзуни Самарканди ва дигарон ба ин доираи адаби омада буданд. Инчунин, баъзе адибоне хам буданд, ки онхоро маддохони амир Умархон гуфтан мумкин аст. Онхо Вазир, Адо, Нола, Маъюс, Афсус, Дабир, Нусрат, Хотиф, Хичлат, Фазли ва дигарон буданд. Дар ин дира як гурухи дигари адибон-эчод корони нисбатан хакгую адолатчуе низ буданд, ки баъзе нуксону камбудихоро руирост мегуфтанд. Ба ин тоифа адибон Гулхани, Махмур, Шухи, Нодир (Узлат), Нозил ва дигарон дохил мешаванд.

Дигар хусусияти хеле мухими доираи адабии Хуканд ин аст, ки адибони хавзаи адабии мазкур шоирони зулисонайн (дузабони) буда, бо забонхои точики ва узбеки асар эчод мекарданд.

Яке аз хусусиятхои чолиби доираи адабии Хуканд боз аз он иборат аст, ки ин чо хачв нисбатан кувват пайдо карда буд. Аз адибони хачвгуи ин доираи адаби метавон чандеро номбар кард. Аз чумла Махмуди Махмур, Нозили Хучанди, Гулхани ва монанди инхо, ки дар хунари хачвгуи панчаи нисбатан кави доштанд.

Чунончи, дар хачвиёти Авазмухаммад Нозили Хучанди, ки ба забонхои точики ва узбеки эчод мекард, камбудихо ва норасоихои замону мухит ошкоро баён карда шудаанд. Аз чумла, баъзе аз хачвияхои адибро метавон зикр намуд: «Дар хачви Иброхими килтамок», «Дар хачви Хакими нонвой», «Хачв дар хакки нархари ночинс» ва гайра, ки дар онхо зохиру ботини хачвшавандахо, марому хадафи онхо фош карда шудааст.

Хусусияти дигари доираи адабии Хуканд аз он иборат аст, ки дар он бештар таттабуот ё чавобиягуи ривоч гирифта будааст. Аксари шоирони ин хавза ба ашъори амир Умар чавобияхо гуфтаанд.

Дигар доираи бонуфузи адабии ин давра доираи адабии Бухоро ба шумор меравад. Ин доираи адаби аз солхои 30-юми асри XVIII сар карда нисбатан ба инкирози адаби дучор гардид. Албатта, ин вобаста ба авзои сиёси – таърихии Бухоро ва кашмокашхои дохилии он буд. Танхо аз солхои 70-уми хамин аср сар карда, вазъият нисбатан ру ба бехбуди менихад. Ин бехбуди дакикан аз давраи ба сари кудрат омадани амир Шохмурод огоз шуд. Дар ин доираи адаби адибон аз хар шахру вилоят гирд омада буданд. Аз зумраи он эчодкорон Мирзосодики Мунши, Мухаммадшарифи Ориф, Абдуррахмонхочаи Носех, Чунайдулохи Хозик, Хасрати Хисфи, Парии Хисори, Рахими Гарми ва дигарон (беш аз 70 нафар) буданд, ки боиси равнаки адабиёт дар хавзаи адабии мазкур шуданд.

Равнаки адабиёт дар хавзаи Бухоро нисбат ба доирахои дигари адаби сусттар буд, зеро хукуматдорони Бухоро ба шеъру адаб чандон рагбат надоштанд. Аз ин ру, доираи адабии Бухоро пеш аз хама, бо он характернок аст, ки адабиёт голибан дар шахрхо ва навохии тобеи Бухоро нисбатан пеш рафтааст. Адибони каламрави Бухоро бештар дар шахрхои Хисор, Самарканд, Насаф, Шахрисабз, Уротеппа, Каттакургон ва Дарвозу Бадахшон гирд омада, махфилхои адабиро ободу бонуфуз мекарданд. Ба хусус, дар замони хукумати Абдукаримби ва Яъкуб махфили адабии Хисор нисбатан фаъолтар будааст. Аз шоирони ин доираи адаби Тошхочаи Ирси, Мирзо Олимчони Хасрат, Мулло Рачаби Пари ва дигарон бо Бухоро иртиботи кави доштаанд.

Навъхои асосии адаби. Дар хар се доираи адаби асосан жанрхои маъмули адаби тахаввул кардааст. Махсусан газал, мусаммат, рубои, китъа ва маснави нисбатан серистифода будаанд. Яке аз жанрхои нисбатан маъмули давр газал ба хисоб мерафт. Газали ин давра суннати бошад хам, дар мавзуи он андаке охангхои ичтимои: сузу гудоз, оху нола, фироку хичрон баландтар садо додаанд.

Дар газалхо хасби холи шоирон бештар ба назар мерасад. Замини намудани сабки газал ва даст кашидан аз услуби печидабаёни низ мушохида мешавад. Машхуртарин газалсароёни ин давра Мирзосодик, Хозик, Хасрат, Нозили Хучанди, Музтар, Мирзо Атои Бухорои ва дигарон мебошанд.

Мухаммас хамчун як навъи мусаммат дар ин ахд то ба дарачае рушд кардааст. Дар ин аср мусаммати мухаммас ва харду навъи он: озод ва тазмин дида мешавад. Бо вучуди он мусаммати мухаммаси тазмин бештар эчод шудааст. Шоирон ба ашъори Саъди, Хофиз, Хусрав, Чоми, Хилоли, Соиб, Бедил ва адибони зулисонайн, ба газалхои Навоию Фузули бештар мусаммати мухаммас бастаанд. Махсусан, ба газалиёти Хофизу Бедил мусаммати мухаммас бештар мушохида мешавад.

Рубои низ яке аз жанрхои нисбатан маъмули ин давра ба шумор меравад. Шоироне, ки барои идома додани суннати рубоисарои саъй кардаанд, Мирзосодик, Носехи Хатлони, Шавки, Нозил, Фано ва дигарон мебошанд. Мухимтарин хусусияти рубоиёти ин рузгор дар он зохир мешавад, ки дар рубоиёти ин ахд, хусусан дар мисраи чахорум зарбулмасалу маколхои халки бештар истифода шудаанд. Умуман, рубоихои ирсолумасалдор бештар дучор мегарданд. Албатта, ин падидаро тамоюли халкияти адабиёт гуфтан мумкин аст.

Китъа хам мисли навъхои дигари адаби дар ин давра нисбатан тахаввул кардааст. Мукаттаоти адабиёти садаи мазкур аз нигохи хачм низ маъмули буда, голибан аз ду то 15-17 байтро ташкил додаанд. Аз нигохи мазмуну мухтаво низ китъахои ин ахд андарзи, панду ахлоки, шикваю эътироз нисбат ба режими хукмрон, танкиду мазаммати амирон, золимон ва гайра буданд. Китьахои мадхи, васфи, таърихи низ хеле зиёд мебошанд. Намунаи комили чунин китьахоро мо дар эчодиёти Мирзосодик, Чумьакулии Хумули дучор меоем.

Оид ба бунёди масчидхо, тавлиду вафоти шахсиятхои гуногун ва гайра низ китьахои зиёде эчод шудаанд, ки аз ободии давру замон ва эьтибори шахсиятхо гувохи медиханд. Умуман, шоирон Содик, Носех, Хофиз, Шавки, Нозил дар тахаввули ин жанр сахми сазовор доранд.

Касида аз маьмултарину машхуртарин навьхои адабии ин давра буда, баьзан конуниятхои рушду тахаввул ва ё пастравию аз инкишоф бозмондани адабиётро таьмин намудааст. Дар охирхои асри XVIII ва огози асри XIX касида басо паст рафтааст. Таназзули касида дар ин давра дар мухити адабии Бухоро хеле назаррас аст. Хатто баьзе шоирон, мисли Конеии Насафи, Мирзо Атои Бухорои, Махзуни Самарканди, Хачрии Дарвози ва Фориги Хисори. касида нагуфтаанд. Дар девони шоирони тавонои ин давра низ касида хеле кам дида мешавад.

Масалан, дар девони Мирзосодики Мунши танхо ду касида, дар таьлифоти Чунайдуллохи Хозик се касида, дар девони Гулмухаммади Афгон се касида мавчуд аст. Таназзули жанри касида гувохи он аст, ки амирони Мангит ба равнаки шеьру адаб чандон эьтибор намедодаанд ва аз ин ру, ахли адаб низ онхоро ба сифати мамдух намепазируфтанд. Ин падида гувохи он аст, ки адибон аз баёни вокеият дур нашудаанд. Дар каламрави Мовароуннахр нисбатан амир Умархон ба шеьру адаб таваччухи бештар дошта бошад хам, вале касидахое, ки дар ин доираи адаби эчод шудаанд, таклиди буда, дар онхо тозакори ва ё чолибияте дар мукоиса бо пешиниён ба назар намерасад.

Чунончи, Хозик дар як касидаи хеш хаёли ба хоричи кишвар сафар кардани худро баён намуда, мартабаи эчодии хешро таьйин кардааст:

Аторуд аз сари шафкат, ки Хизри рохи ман аст,

Намуда хобу хаёли маро чунон таъбир:

Ки ай ситамкаши айём, ин кадар гам чист,

Зи рузгор чи нишастаи чунин дилгир?

Туро ба илму хунар кист дар замонаи адл,

Туро ба донишу фан дар чахон кучост назир?

 Кашида килки ту хате ба нусхаи Букрот,

Шикаста гавхари назми ту кадри шеъри Захир.

Ба гушае бинишин сайри олам макун харгиз,

Ба холи хеш мадех рох ин хама таъмир,

Ту гар нишастаи, шеъри ту гашта хафт иклим,

Расида гавхари назмат ба гуши шоху вазир.

Дар ин ахд касоиди хачви то андозае рушд кардааст, ки баьзе чузьиёти рузгор, нуксону норасоихои даврро иньикос менамояд. Чунончи, касидаи Хозик, ки «Дар хачви шоир Чалоли» ном дорад, намунаи даьвии болост.

Тавонотарин шоирони ин рузгор низ ба шоирони машхури гузашта, аз чумла ба Хусраву Чомиву Навои тазмин – чавобия гуфтаанд.

Чунончи, Чоми гуфтааст:

Кунгури айвони шах, к-аз кохи Кайвон бартар аст,

Рахнахо дон, к-аш ба девори хисори дин дар аст.

Аз Навои:

Оташин лаъле, ки точи хусравонро зевар аст,

Ахгаре бахри хаёли хом пухтан дар сар аст.

Хозик дар чавоби онхо гуфтааст:

Подшохонро кучо бар афсаре зарринтар аст,

З-оташи савдои хирс он чохи дуде бар сар аст.

Маснави яке аз жанрхои маъмул дар хама давру замон буда, навъхои чудогонаи он бисёр конуниятхои инкишофу пастравии адабиётро таъмин намудааст. Аз тарафи дигар, адибон на танхо дар таълифи анвои лирики сахм гирифтаанд, балки дар эчоди осори эпики низ сахм гузоштааст. Ин аст, ки дар ин давра як силсила осори достони низ таълиф шудааст. Масалан, Чунайдуллохи Хозик достони «Юсуф ва Зулайхо», Мирзосодик- «Дахмаи шохон», Салохи Бухорои- «Юсуф ва Зулайхо», Масехои Бойсуни – «Раъно ва Зебо», Мухаммаднабии Ахкар – «Лайлию Мачнун», Носехи Хатлони- «Мачлисафруз»-у «Хайратангез» ва «Хадикат-ур-расул» ва гайраро руи кор овардаанд. Ин осор, аз як тараф, анъанаро нигох дошта бошад ва аз тарафи дигар, холати вокеии замони адибонро низ то андозае инъикос намудаанд. Ин холат, махсусан дар манзумахои «Рафъи тумани Охугиру Хайробод» ва «Ба духтаре ошик шудани дарвеш»- и Мирзосодик нисбатан чолиб ба тасвир омадааст.

Ривочи таърихнависи. Яке аз дастовардхои илму фарханг дар ин асрхо идома бахшидан ба суннати таърихнависи мебошад. Асархои таърихи дар ин давра низ эчод шудаанд ва таълифи ин навъи осор, пеш аз хама, такозои замон мебошад. Осори таърихии садаи мазкур асосан, бо наср навишта шудаанд. Ба тарики намуна метавон чанде аз он асархои мансури таърихиро зикр намуд: «Тухфаи хони»-и Мухаммадвафои Карминаги, «Точ-ут-таворих»-и Мухаммадшарифи Наки, «Гулшан-ул-мулук»-и Мухаммадяъкуб, «Мунтахаб-ут-таворих»-и Хочи Хакимхон, «Таърихи амир Хайдар»-и Мулло Мухаммадшарифу Мулло Ибодулло ва гайра. Ин асархо, аз як тараф, авзои таърихи давру замон, холати таърихии ин ва ё он давраро равшан кунанд, аз тарафи дигар, конуниятхои рушду тахаввулоти насри таърихиро низ тахким бахшидаанд. Инчунин, осори мазкур дар баробари арзиши таърихи доштан, барои тадкики адабиёту авзои адаби ва холати илму фарханг кумаки фаровон мерасонад.

Гузашта аз ин, дар баробари осори мансури таърихи, боз асархои манзуми таърихи дар ин давра таълиф шудаанд, ки аз чанд чихат мухим мебошанд.

Ин асархо хамчун асари таърихи, пеш аз хама, арзиши таърихи доранд, зеро дар бораи авзои таърихи- сиёсии давр маълумот медиханд. Аз тарафи дигар, ахамияти адаби- эстетики доранд, зеро бо шеър- бо хунари адаби ва истеъдоди шоирона руи кор омадаанд. То ба имруз аз он осор ду номгуй маълуму дастрас аст, ки яке «Фатхномаи хокони»-и Абдулхолики Мунши ва дигаре «Футухоти амир Шохмурод дар Эрон»- и Мирзосодик мебошанд.

Ривочи сабки хинди. Сабки хинди сеюмин сабк дар таърихи адабиёти точик буда, анъанахои сабкхои хуросони ва ирокиро чун суннати тарзи таълиф пазируфтааст. Яъне ин сабк хам чахонбини, системаи образхо, вокеъоти адаби ва тарзи ягонаи тасвир дар давраи муайян аст.

Аз ин нуктаи назар, заминахои зухури он аз асри XIII ва аниктараш аз эчодиёти Хусрави Дехлави огоз гардида, аз се мархала иборат аст. Мархалаи аввали он то асри XVI ва мархалаи сони асри XVI – нимаи аввали асри XVII буда, ин мархалаи комилан ташаккулёбии он ба шумор меравад. Мархалаи сеюми он аз эчодиёти Бедил ибтидо мегирад, зеро ин падида то ба хадест, ки он бо номи Бедил пайванди ногусастини дошта, дар адабиёт иборахои «сабки бедили», «услуби бедили», «тарзи бедили» ва гайра маъмул гаштаанд.

Аввалин унсури ин сабк чахонбинии нав дар эчоди бадеъ аст, ки эчодкори сухани бадеи худро хаким мехисобад, зеро дар эчоди бадеъ он метавонад хадди эътидоли волотарин бошад: «Имруз на шоирам, хакимам…». Мушохидахои эчодкорон низ басо мучаррабона ва хеле санчидаву дакик гардидаанд, то ба дарди ниёзманде дармон бошад. Ба кавли Мирзо Бедил:

Зи пои мур то боли магас сад бор санчидам, Нашуд беэътиборихои ман санги тарозуе.

Махз, ана хамин дакиккории эчодкорон дар сабки мазкур чанбаи хакимонаи шеърро таквият бахшид. Ин падидаи хаёлангезу муассир, ки калбу хиссу идроки инсонро тасхир менамояд, ирсоли масал ё ирсоли масалайн (агар дар байт бошад) аст, ки онро хосили истеъдод, дониш ва тачрибаи эчодкор метавон гуфт.

Яке аз мухимтарин хусусиёти сабки хинди баёни халки, тасвир ва ашёву ачзои тасвиршаванда мебошад. Образхои шеъри, тасвирхо ва чузъиёти тасвиршаванда хама аз рузгори рузмарраи мардум аст, вале дарки мохияти ашё на ба хар кас даст медихад. Масалан, барои намуна як газали шоири тавонои давр Хусайни Донишро метавон зикр намуд:

На махмурам, на мастам- турфа найранги тамошоям, Киёмат нусхаи холам, чунин тафсири симоям. Тазаллум боли парвозам, тахайюр нагмаи созам,

На анчомам, на огозам- садои боли анкоям.

 Саводи нусхаи вахмам, губори сафхаи бахрам,

Надорам имтиёзи хастии имрузу фардоям.

Хучуми вахшатам, барки тахайюр, вазъи мазмунам, Кучо дар мулки мавхуми сароб афтода хамтоям.

 Ба чашми дустон хорам, на чуз тахсили гам корам, Намуди ашки хунборам, ки галтон бар замин оям. Далели чавхари фардам, надими мехнату дардам, Нишони орази зардам, аз ин бишнос пайдоям.

Дар газали боло чахор байт мухтавон пурвусъате дорад, ки хадафро мураккабтару доираи тасвирро фарохтар менамояд. «На анчомам, на огозам.» мохияти фалсафи дошта, хадафи эчодкорро дар маърифати пурвусаъттаре руи тасвир меорад.

Умуман, газали зикршуда хасбихоли буда, холати кахрамони лирикиро хеле музтарибона ва хаячонангез ба тасвир гирифтааст.

Дар ташаккули сабки хинди шоирон Бобофигони, Урфии Шерози, Гании Кашмири, Соиби Табрези, Толиби Омули, Носиралии Сархинди макоми арзанда доранд.

Масалан, таъсири эчодиёти Толиби Омули ба шоирони минбаъда ва махсусан ба Соиби Табрези хеле зиёд хис карда мешавад. Вале хануз дар ашъори Толиб баён, дар мачмуъ, мураккаб нест. Чунончи, Толиби Омули мегуяд:

Дур аз ту ранги сабзаву сунбул надидаам, Сад рах ба бог рафтааму гул надидаам.

Хубон хазор шева намоянду ман зи ёр,

То дидаам ба гайри тагофул надидаам.

Толиб, забони тутии дехлинажодро,

Чуз дар дахони булбули Омул надидаам.

Тарзи баёни шоирон тадричан ру ба мураккаби овардан мегирад.

Яке аз мухимтарин хусусиёти сабки хинди дар сохтори байт низ зохир мегардад. Ин хусусият он аст, ки дар мисраи аввал андешаи шоир ба таври мухокима баён гардида, дар мисраи дуюм бо далелхои бисёр кави асоснок карда мешавад ва мисраи дуюм чанбаи катъии хукмро мегирад. Чунончи, ин байтхои Нозими Хирави:

Баски аз ширинии гуфтор талхи дидаам,

Чун забони мор килки тарзабонам мегазад.

Ё худ:

Сарафроз аст хуршед аз казои хочати мардум,

Ба кори худ калам аз чо чу хезад, сарнагун бошад.

Ё ин ки Гании Кашмири мегуяд:

Одами хоки зи хоми дорад аз май ичтиноб[1],

 Кузаи гил пухта мегардад, наметарсад зи об.

Ва ё байти зерини Шавкати Бухорои, ки хеле хунармандона аст:

Гарики бахри вахдат чилваи касрат намебинад,

Зи зери об натвон дид мавчи оби дарёро.

Сабки хинди дар каламрави Хиндустон ва сонитар дар Мовароуннахр ва каламрави Афгонистон бештар вусъат пайдо намуда бошад хам, дар каламрави Эрон чандон хуш кабул нашудааст. Хатто яке аз бузургтарин сабкшиносон Маликушшуаро Бахор мегуяд:

Сабки хинди гарчи сабке тоза буд, уро заъфи беандоза буд. Фикрхо сусту тахайюлхо ачиб,

Шеъри пурмазмун, вале нодилфиреб.

 В-аз фасохат бенасиб.

Агар шоирони каблан номбаршуда дар тахаввулоти сабки хинди сахми арзанда гузошта бошанд, баъдтар симои адабие зухур намуд, ки ин раванди адаби, ин чараёни эчодиро ба авчи аълояш расонид ва ин корро то ба хадде сомон дод, ки ибораи «сабки бедили» ба миён омад ва

ин тарзи баёни мураккаб ва печидагии баёни эчодиро сараввал худи Бедил хис карда, мегуяд:

Маънии баланди ман фахми тунд мехохад,
Сайри фикрам осон нест, кухаму кутал дорам.

Маълум аст, ки эчодиёти Бедил комилан дар мухити Хиндустон чараён гирифта, дар хамон чо рушду нуму кардааст. Сабки Бедил, ба хусус, дар асри XVIII, дар каламрави Хиндустон нуфузи бузург пайдо намуд. Ин даврае буд, ки сабки хинди тавассути эчодиёти Бедил хулул шуд ва сабки бедили машхур гардид. Хатто дар даврони минбаъда шоирон Мунши, Ирси, Парии Хисори, Чунайдуллохи Хозик, Маъдан, Начиби Хинди, Ходии Самарканди ва дигарон хеле ва хеле зери таъсири Бедил эчодиёти худро ба рох мондаанд.

Чи тарз ва то кадом дарача сурат гирифтани сабки хинди тавассути эчодиёти Бедил масъалаи хануз хеле печида аст, вале холо хаминро месазад таъкид намуд, ки дар мураккабшавии сабки хинди Бедил бо истеъдоду дониши кави, бо хунари эчод ва бо чахонбинии пурвусъат ворид шуд. Ин буд, ки сабки мазкур эчодиёти уро натавонист тасхир кунад, вале у тавонист сабки чории замонро ба зери таъсири хеш бигирад ва дар хамин замина тозакорихо бикунад. Зеро шеъре, ки Бедил дар синни 10-солаги гуфта буд, хеч мураккаби надошт ва комилан оддиву содда буд:

Ёрам хар гах дар сухан меояд,

Буи ачибеш аз дахон меояд.

Ин буи каламфур аст ё накхати гул,

Ё роихаи мушки Хутан меояд.

Баъдтар зери таъсири сабки давр ин тарзи баён чунин ташаккул намуд:

Хомушнафасе, ки табъи мавзун дорад,

Сад гунча бахор аз дили пурхун дорад.

Тасхири паризоди сухан осон нест,

Ин чо нафаси сухта афсун дорад.

Мухимтарин хусусиятхо дар тадричан мураккаб гардидани тарзи баён дар он зохир мегардад, ки мо дар тарзи баёни афкори адаби-бадеи мухокимаи тозаи фалсафи-ирфони ва мантики хеле кавиро дучор мешавем, ки дарки он на ба хар кас даст медихад. Ин тарзи мураккаби баён дар лексикаи ифодаи фикр низ таъсири комил гузоштааст. Аз ин ру, хонанда бештар калимахои худсоз (яъне хоси худи шоир), мураккабро, ки баъзан аз чор ё панч калима низ сохта шудаанд, дучор мекунад: асарпарвард, парешонрузгор, хомушнафас, рамзошно, вусъатобод, силамушток ва гайра. Алокамандона бо калимахои нодир иборахои чолиб низ ба назар мерасанд: адабгохи мухаббат, пахлуи ачз, мехри ашк, паризоди сухан, хуни нафас, рамзошнои маъни, либоси хунбофта, хасми забунёфта, хаёли комат ва гайра. Чунончи, ба ин газали Бедили Дехлави агар зехн монда шавад, хунари шоир дар интихоби лафз, чавобгузории калимахо, коргири аз нахв, интихоби вазн, истифодаи кофия, радиф ва беш аз инхо, мазмунсозиву хаёлбофи ва гайра бехтар манзур мегардад:

Хирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё,

Дил зи навбат чамъ кун, пур бедиранг аст осиё.

Саъйи рузи бо банои беамон чушидан аст,

Бештар дар гардиш аз боди туфанг аст осиё.

Як надомат[2] кори чандин донаи дил меунад,

 Гар тавони даст бар хам суд, нанг аст осиё.

Аз ману мо хар чи андузи, гудози нестист,

Ошики ин хирмани оташбачанг аст осиё.

Санг хам ойинаи тахкик сайкал мезанад,

Умрхо шуд дар талоши рафъи занг аст осиё.

 То киёмат гардиши афлок дар кор асту бас,

Кас нафахмид он, ки мегардад, чи ранг аст осиё.

 То нафас бокист, гирди ризк мегардида бош,

Об чун вомонад аз рафтор, ланг аст осиё,

Зери гардун ноумеди амн то кай зистан?

Донахо з-ин чо бурун ояд танг аст осиё,

Осмон хам то кучо дар фикри мардум таг занад

Баски рузихор бисёр аст, данг аст осиё.

Не заминат офиятгох аст, не чархи баланд,

То чи хохи тарф баст? Охир дусанг аст осиё

Бедил, аз гардун саломат чашм натвон доштан,

Алвидоъ, ай дона, гу: коми наханг аст осиё.

Дар газали зикршуда аз нигохи корбурди калимахо алфози хоси сабки Бедил ба назар мерасанд, ки худ яке аз хусусиятхои шеваи эчоди ин шоири тавоност. Масалан, калимахои фурсатинтизор, оташбачанг, офиятгох ва ё иборахои даври ранг, боди туфанг, донаи дил, гудози нести, ойинаи тахкик, ноумеди амн ва монанди инхо, ки дар чунин шакл миёни мардум маъмулу чори нестанд.

Газал мохияти ичтимои дошта, хадаф нафси инсон ва харисии у бахри аз дунё хосил намудани фоида буда, саъйи ба даст овардани суд мушкил аст. Кибру гурур бечост ва инсон бояд пайваста дар талоши ризку рузи бошад, зеро бе ин мисли он мебошад, ки сангхои осиё беоб хечанд.

Умуман, инсон ба донахои гандум ва дунё ба осиё монанд карда шудааст, ки аз нигохи хунар ва бадеиёт хеле чолиб мебошад.

Асрори эчоди Бедил барин хайкали бузурги назм, албатта, то ба имруз нокушудаву пинхон аст, вале ин чихат рушан аст, ки таъсири Бедил ба асри худ ва эчодкорони минбаъда нихоят бузург аст. Хусусан ба эчодиёти Шохин, Савдо, Асири, Хайрат, Рахматуллохи Возех, Накибхони Туграл, Зуфархон Чавхари таъсири мактаби Бедил хеле хуб мушохида мешавад. Адабиётшиносон Зуфархон Чавхариро охирин намояндаи мактаби Бедил дар Осиёи Миёна гуфтаанд, ки вокеан сахех аст. Мухаббате, ки ба эчодиёти Бедил адибони каламрави Мовароуннахр доштанд, дар дигар кишвархо то ба ин хад набудааст. Масалан, Накибхони Туграл мегуяд:

Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,

Набошад хеч касро чои Бедил.

Намоям тутиёи дидаи хеш,

 Агар ёбам губори пои Бедил.

Надидам аз сухангуёни олам,

Касеро дар чахон хамтои Бедил.

Агар кух аст, бошад Тури Сино

В-агар дарё бувад, дарёи Бедил

. Дили афлокро созад мушаббак[3]

Ливои химмати волои Бедил,

Ба мижгон метавонам кард берун,

Агар хоре халад дар пои Бедил.

Намеёбам кунун холи диламро,

 Замоне аз гаму савдои Бедил.

 Кабои атласи нух чархи гардун

Бувад кутох бар болои Бедил.

Ба рафъат[4] бартар аст аз кух, Туграл,

Чаноби хазрати Мирзои Бедил.

САВОЛ ВА СУПОРИШХО:

  1. Доир ба вазъияти сиёси-таърихии Осиёи Миёна дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX чи медонед?
  2. Дар ин давра кадом сулолаи таърихи хукмрони мекард?
  3. Сабабхои бечанг ба Бухоро ворид гардидани Нодиршохи Афшор чи буд?
  4. Сулолаи мангитихо кай ба сари кудрат омад ва дар ин давра кадом тагйирот рух дод?
  5. Сабабхои таназзули хукмронии амир Дониёлро гуед.
  6. Айёми салтанати амир Шохмуродро накл кунед.
  7. Дар хусуси муносибат ва ракобатхои хонигарихои Осиёи Миёна, Афгонистон ва Эрон чи медонед?
  8. Доир ба марказхои фараханги- адабии ин давра маълумот дихед.
  9. Умумият ва тафовути доирахои адабии давраи мазкурро шарх дихед.
  10. Кадом хусусиятхои адабиёти ин давраро медонед?
  11. Кадом навъхои адаби дар ин давра бештар ривоч ёфтаанд?
  12. Машхуртарин шоирони газалсарои даврро номбар кунед.
  13. Инкишофи маснави ва маснависароёни машхури ин ахдро гуед.
  14. Оид ба ташаккул ва такомули сабки хинди маълумот дихед.
  15. Чаро шоирони ин давра ба пояи Бедил расида натавонистаанд?

[1]     Ичтиноб – пархез.

[2]     Надомат – пушаймони, афсус.

[3]     Мушаббак – сурохдор, сурох -сурох.

[4]     Рафъат – бузурги; баланди.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …