Главная / Гуногун / АДАБИЁТИ АРАБИЗАБОН

АДАБИЁТИ АРАБИЗАБОН

Соли 81хичри/700 милоди дар тамоми каламрави «хилофати рошидин», ки аллакай аз худуди кишвархои арабинишин берун баромада, мамолики  мутаъаддидаи гуногунзабонро фаро мегирифт, араби забони давлати эълон гардида, коргузори дар ин забон амали мешуд. Аз соли 742 дар Хуросону Мовароуннахр низ донистани забони араби барои маъмурони давлати хатмиву мачбури буд. Забони ахкоми дину конунгузори кайхо араби шуда буд. Ин холат боис шуд, ки  адабиёти мардумони эронинажод дар тули кариб 200 соли тасаллути араб асосан ба забони араби иншо гардад. Аммо сахми шоистаи эронихо дар инкишофи адабиёт, илм, фалсафа ва, умуман, фарханги арабизабон аз он иборат буд, ки онхо дар бунёди тамаддуни умумиараби на факат кишри соф эрониро ба вучуд оварданд, балки асархои зиёди юнони, хинди ва Эрони бостонро ба забони араби баргардонида, заминаи мустахками насру фалсафаи арабро ба миён оварданд.

Асархои мутаъаддид ва басе судманди илмии эронизодагон Абдуллох ибни Ал-Мукаффаъ (724-759), Абдулхомид ал-Котиб (ваф. 750), Ал-Хоразми (780-847), Ибни Хурдодбех (820- такр. 912), Табари (ваф. 923), Абунасри Фороби (870-950), Саъолаби (961-1038), Абурайхони Беруни (973-1046), Абуали ибни Сино (980-1037) ва дигарон хама ба арабист. Аммо шоъирони эронинажод Башшор ибни Бурд (741-784), Абунувос (762-813), шоъири сугди Ал-Хурайми, Ибни Руми (836—896)  ва дигарон асархои соф араби навиштаанд. Кариб хамаи ашхоси номбаршуда пайравону хаводорон ва ё некбинони фиркахои шуъубия ва ихвонуссафо буда, нийяти онро доштаанд, ки  аз байни мусулмонхо тафрикаи нажодиву нобаробарии кавмиро бардошта, бар зидди насабпарасти мубориза баранд, дини мухаммадиро бо фалсафаи юнони омезиш дода, акидаи мусулмониро аз хурофоти хушк бари созанд.

Нахустин эрониписаре, ки дар такомулу тахаввули адабиёти араб сахми арзанда гузошт, Абдуллох ибни Мукаффаъ  буд,  ки  аслан  Рузбехи  писари Додбех ном дошт.  Вай дар касабаи Чури Фирузобод аз хонадони  зардушти ба дунё омада, назди падар забони пахлави ва ойини зардушти омухта, сипас дар Басра забони арабиро аз худ  кард.  Аз  20-солаги   ба  тарчумаву  тадвини  осори пахлави   ба  араби  машгул  буд.  «Худойнома»,  «Ойиннома»,   «Маздакнома»,   «Китоб-ут-точ»   ва   «Калилаву Димна»-ро, ки баъдхо оламгир  шуд, Ибни Мукаффаъ аз пахлави ба араби гардондааст. «Рисолат-ус-сахоба» дар   ойнни   кишвардори,   «Ал-адаб-ул-кабир»   дар   сиёсату  одоби   муошират,   «Ал-адаб-ус-сагир»  дар   ахлок ва гайрахо ба калами Ибни Мукаффаъ таъаллук доранд. Осори  Ибни  Мукаффаъ дар  чазобату  балогат  мумтоз буда,  сабку услубаш муддатхо  сармашки эчоди нависандагони араб ба шумор мерафт. Абдуллох ибни Мукаффаъ аз  кахрамонтарин  намояндагони   шуъубия буд.  ки  ифтихори эрониёнро васф менамуд, падидахои бикри тамаддуну одоби эрониро таргиб    мекард.    Окибат,   уро душманони гоявиаш бо шиканчахо ба катл расониданд.

Аносири   фархангу   тафаккури   эрони   ба   адабиёти араби,   ки  минбаъда   марбути  халкхои  зиёде  гардида буд, чилои тозае бахшида, ба вижа баъди аз хокимият махрум гардидани Бани Умийя   (661—750)   ва ба сари кудрат омадани  Аббосиён   (750—1258)   эрониён  насру назми арабиро бо маъонии дакику мухтавои тоза гани гардонда, унсурхои тамаддуну афкори  эронинажодони шахрнишинро  ба  одоту   афкори   бадавиёни   сахрогард ворид  оварданд  ва   зикри   ифтихори  эрониро  дар   адаби араби равнак бахшиданд.

Аз чумлаи кадимтарин шоъирони эронинажод,  ки  шеъри  араби сурудааст, зодаи  Исфахон  Зиёд ал-Ачам  буд, ки дар  Хуросон мезист. Дар тафохур  аз насаби эронии худ беш аз хама Башшор ибни Бурд пешдасти дошт, ки аз шохзодагони Тахористон буда, дар ашъораш далерию кахрамони ва мукаддасоти ачдоди эронии худро сурудаву ситуда, арабхоро нах задаву  мазох мекард, канизакону    муганнияхо ва занхои кучагиро васф менамуд, худро зиндика меномид, дар тасвири шаробу майгусори бо игрок сухан меронд, дар хачви бодиянишинхо аз бадгуйи ибо намекард, аммо ташбехоту истиорахои равшан ва мазмунхои хикматомезаш аз камоли шоъирии у дарак медоданд.

Шоъири дигари эрони, ки зодаи Хузистон буд, Абунувос Хасан ибни Хони мебошад, ки дар Басра илми адаб, тиб ва нучумро омухта, баъд дар Куфа, Миср ва Багдод зист ихтиёр мекунад. Девони Абунувос шомили 12 хазор байт аст. Касоиди хамрияву тардия ва ахлокии ин шоъири озодфикр иштихор ёфта, газалхойи нозук, марсияхо, хачвияхо, муночот ва муламмаъоти у, ки дар онхо калимахои араби ва вожахои форсиро ба хам омехта, ба шеър хусну тобиши нав медод, эътироф шудаанд. Тасвири ангур, сохтани шароб ва базмхои риндона дар ашъори Абунувос хеле нишотбахшанд. Тасвири ашхоси таърихи, маъишати эрони, тавсифи расму ойини милли, корбасти унсурхои фолклор ва анъанахои зардушти дар ашъори Абунувос зиёд ба назар мерасанд, ки хамаи инро дар адабиётшиносии араб «форсиёт» гуфтаанд.  

Шоъири эрони Абулатохия Исмоил ибни Косим (ваф. 211 х. / 826 м.) дар мадху газалу ваъз мохир буда, Абон ибни Абдулхамид ибн- ал-Акак, ки «Калилаву Димна», «Билухару Бузосуф», «Синдбоднома» ва «Китоби Маздак»-ро, ки  каблан ба араби гардонда шуда буданд, ба риштаи назми араби кашидааст, аз эронинажодони дигари замон буд.

Адиби дигаре, ки рухи эрониро дар шеъри араби пуркувват намуд, Ибн-ар-Руми (836—896) аст, ки падараш юнони буду модараш эрони. Вай хачв менавишт. Дар асархои назму насри Ибни Руми, хусусан дар касидахо, хачвияхо, марсияхо ва ашъори ишкиаш маънихои бикр фаровон буда, нафрати у нисбат ба амирону вазирон ва амалдорони араб ошкоро баён мегардид. Васфи табиати зинда аз бехтарин нигорахои Ибни Румист.

Баъди чараёни  мустакил гирифтани адабиёти форсии точики ба забони модари низ то муддате ба баъд дар Эрону Хуросону Мовароуннахр адабиёти арабизабон идома намуда, шоъироне пайдо шуданд, ки хам ба арабиву хам ба форси шеър мегуфтанд. Аз 415 шоъире, ки  дар тазкираи Саъолаби «Ятимат-уд-дахр» оварда мешавад, 124 нафарашон дар замони хукумати  Сомониён (875-999)  ва  ибтидои асри XI  масехи дар Хуросону Мовароуннахр зиста, ё танхо ба араби ва ё ба ду забон — арабиву форси эчод мекардаанд.51

Хамчунин, дар каламрави Оли Бувайх (Буя) ва Оли Зиёр адабиёт асосан ба забони араби эчод шуда, адабиёти форси дар он каламравхо баъдтар, аз ибтидои асри XI, ба вучуд омад. Муосирони Рудаки — шоъирон Муроди, Мусъаби, Матронии Шоши, Хусайн ибни Алии Марвруди (ваф. 930), Абушакури Балхи (соли тав. 915), Абусулаймон ал-Хаттоби (931—996), Абубакр ал-Хоразми (935—993), Абуали ал-Искофи (ваф. такр. 955), Абулхасани Огочи, ки дар ахди Нух ибни Мансур (977—997) мезист, ва Абухатими Варрок шоъирони зуллисонайн буда, дар инкишофи шеъри араб макоми арчманде доранд.

Абулфатхи Бусти (971—1009)-ро махсус кайд кардан зарур аст, ки ба сифати котиби Сабуктегин ва писари у Султон Махмуд (998—1030) хизмат мекард. У муаллифи девонхои форсию араби буда, касоиду хикматхояш хеле машхуранд. Дар ашъори ишкии у васфи махбуба, ганимат донистани шодмонихои зиндаги ва даъват ба хуш гузаронидани рузгор макоми шомих дорад. Хачвиёти вай бар зидди ашхоси муайян, аз кабили хокимону амалдорон, нигаронида шуда, муфтхурону рибохоронро мазаммат менамояд. Дар ихвониёти у, ки  васфи бародарист, рахму шафкат, дустиву садокат, афву пузиш ва пахлухои дигари ахлоки хамида тараннум меёбад. Абулфатхи Бусти баъзе шеърхои Дакики ва достони «Офариннома»-и Абушакури Балхиро аз форси ба араби тарчума хам карда будааст.

Ибн-ал-Амид (300—360 х./912—970 м.), ки «Китоби девон-ар-расоил», «Китоб-ал-хулки ва-л-халк» ва «Девон фи-л-лугат»-аш машхур буданд, ба сифати вазири Оли Бувайх ва пуштибони фархангу адаби эрониён эътироф гардида, асархояш намунаи бехтарини насри арабии замонаш ба шумор мерафтаанд ва бисёр иборахои у чун зарбулмасал дар байни халк пахн шудааст. Ашъори ишки ва фалсафии у камбортар буда, бо самимияту харорати табиъи суруда шуда, бо саноеъи баланди шеъри зебу оро ёфтаанд. Мутанабби дар хакки у мегуяд:

Шеъри у тозию афкораш бибин:

Фалсафию чашнхояш форси!52

Писари Ибн-ал-Асир —Зулкифоятайн дар шеъру шоъири нисбат ба падараш истеъдоди кавитаре дошт.  Вазири дигари Оли Бувайх – Сохиб ибни Аббод  (933-995), ки дар илмхои  забоншиноси  ва   адабу  калом  саромади   аср буд,   лугати  7-чилдаи  забони  арабиро тартиб  дод, ки «Ал-Мухит» ном  дорад. «Расоил»-и  у соли  1947 дар Миср чоп шуданд.

Вай оид ба илми аруз рисолае навишта, мачмуъаи аходиси набавиро мураттаб намуда буд.

Касидаи  бузургтарин   шоъири     ахд  Мехёри    Дайлами (ваф.  1037)   дар  ситоиши  давлати Сосони,  ки дар он Иди  Навруз  васф  мегардад,  машхуру  маъруф  аст. Девони ашъори уро дар чахор чилд гуфтаанд. Вай аввал кеши зардушти дошта, баъд исломро пазируфт. Бадеъуззамони  Хуросони   (967—1007)   падидоварандаи жанри нави макома дар адабиёти араб буда, дар «Макомот»-у рисолахои худ санъати нигоришро ба хадди камол    расонда,    макоманависиро,    ки     Ибни    Дурайд огоз намуда буд, равнак дода, истифодаи сачъро дар наср чори  кард. Макома жанри  адаби  буда, хикояту латифа   ва   новеллахои   хурд-хурди   шадиднизоъро   чунин унвон додаанд. Кахрамони макомахо шахси айёрпешаи донову хозирчавобест, ки эътирози бенавоён ва мазлумонро нисбат ба зулму беадолати, чахолату кохили ва худхохиву танпарасти тачассум менамояд.

Бадеъуззамон аслан аз Хирот буда, дар бисёр шахрхои Эрону Осиёи Миёна сайру саёхат намуда, нихоят дар зодгохи худ оламро падруд гуфтааст. Мувофики ахбороти сарчашмахои адабию таърихи, у беш аз 400 макома таълиф карда будааст, ки алхол 51-тои он бокист. Кахрамонони асосии макомахои Бадеъуззамон, ки бо санъатхои гуногуни лафзию маънави, латифаю мутоябахои адаби, китъахои шеъри, тобишхои гуногуни калимахо, сачъу амсоли инхо музайян гардонида шудаанд, Исо ибни Хошими савдогар ва Абулфатхи Искандарии дарвеш мебошанд. Онхо бештар аз макоми инсон, сарвату хокимият, маргу зиндаги, шарафу номус ва масъалахои дигари умдаи ахлоку тарбия бахсхои фалсафи пайваста, хамеша Абулфатхи Искандари голиб меояд. Дар адабиёти араб суннати Бадеъуззамонро Харири (1054—1122) ва дар адабиёти форси Хамидуддини Балхи (ваф. 1164) давом додаанд. «Гулистон»-и Саъди низ то андозае дар хамин шева таълиф шуда, ин анъана баъдан асрхо давом кард.

Бузургтарин донишманди точике, ки дар инкишофу равнаки адабиёти арабизабони халкхои эронинажод сахми босазо гузоштааст, хамон Абуали ибни Сино (980— 987)-ст, ки зода ва парвардаи мухити фархангии Бухоро буда, дар Хоразм, Рай, Гургон, Исфахон, Хамадон ва гайра зиста, рочеъ ба забону адабиёти араб як силсила асархо навиштааст, ки мухимтаринашон «Лисон-ул-араб», «Фанни шеьр», касидахои илмиву фалсафи ва рисолахои адабии мармуз, аз кабили «Рисолат-ут-тайр», «Хай ибни Якзон» («Зиндаи писари Бедор»), «Саломону Абсол», «Киссаи Юсуф» ва амсоли инхост, ки аксар назари фалсафии мутафаккирро дар бораи инкишофи чисмониву маънавии инсон ифода менамоянд.

Суннати таълифи асархои бадеъи ба забони араби дар каламрави эронихо то худи асри XV идома дошт. Аз осори адибони минбаъда касидахои арабии Саъдии Шерози (1184—1292) чолиби таваччух буда, касидаи у рочеъ ба истилои Багдод аз тарафи Халоку, заволи хилофати Бани Аббос ва марсияи Ал-Муътасам-биллох аз бехтарин ашъори арабист. «Латойиф»-и арабизабони Убайди Зокони (асри XIV) машхур будаанд. Умуман, адабиёти арабизабони эронинажодон як бахши дурахшони кулли адабиёти араб аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …