Главная / Илм / АЧАЛГИЁХ

АЧАЛГИЁХ

aconitum_napellus_007АЧАЛГИЁХ (Aconitum), биш, «захри Сербер», алафи каждум, гиёхест захрнок. Зиёда аз 300 намуди А. маълум аст. Дар Точикистон се намуди он – А.-и зарафшони, гирдабарг ва таласси меруяд.
А.-и зарафшони ё барчак (A. zeravschanicum) то 100 см кад мекашад. Пояаш рост, пашмакдор. Баргаш (бештар дар бехи поя месабзад) думчадароз, гирда, бепашмак; баргхои кисми болотари поя майдатар, думчакутох ё бедумча мешаванд. Гулаш зардтоб (моххои июн – июл мешукуфад); шахди гулаш барои занбури асал захр аст.
А.-и гирдабарг (A. rotundifolium) то 65 см кад мекашад. Пояаш нисбатан сербарг, серпашмак. Баргаш думчадор, гирдаи 2 – 3-парра. Гулаш бунафштоб, рагчахои гулбаргаш кабуд (моххои июл – авг. мешукуфад).
А.-и таласси (A. talassicum) то 150 см кад мекашад. Баргаш бешпамак, думчадор. Гулаш калон, нилгун (моххои июл – авг. мешукуфад).
А. гиёхи захрнок аст. Замонхои кадим одамон аз он мулух ва захр тайёр мекарданд. Кабилахое, ки сокини нишебихои шарки кухсори Химолой буданд, нуги найзаро ба захри А. (аконитум) олуда, ба шикори хирсу фил мебаромаданд. Ба кавли Арасту чунин найзахои захролударо дар чангхои байникабилави низ ба кор мебурданд. Абуалии Сино А.-ро захри халохил мехисобад. Хамаи узвхои А., алалхусус бехи он, хеле захрноканд.
А. растании доруи низ ба хисоб меравад. Табибони халки пештар бо барг, гул ва бехи он беморихои гуногун (сил, саратон ва захми меъда)-ро табобат мекарданд; аксар вакт беморон захролуд мешуданд. Дар амалияи тибби имруза дорухоеро, ки аз бехи А. тайёр мекунанд, чун омили рафъи хисси дард (хангоми миёндард, тарбод ва г.) истифода мебаранд. Киёми спиртии А. чузъи таркибии доруи «Акофит» ва «Ангинол» («Эхинол») мебошад. Бо максади худтабобат истифода бурдани А. катъиян манъ аст (3 – 4 мг аконитин барои организми одам марговар мебошад).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …