Главная / Илм / АБУБАКРИ ДАККОК

АБУБАКРИ ДАККОК

imagesАБУБАКРИ ДАККОК, табиб ва донишманди машхури а. 11 точик. Низомии Арузии Самарканди дар боби чахоруми ки- тоби худ « Чахор махола» аз забони у хикояте овардааст ба чунин мазмун: «… табиб бояд, ки некуэътикод буваду амру нахйи шаръро муаззам дорад. Ва аз олами тиб бояд, ки «Фусул»-и Букроту «Масоил»-и Хунайни Исхок ва «Муршид»-и Мухаммад Закариёи Розию «Шарх»-и Нили, ки ин мучамаллотро кардааст, ба даст орад ва муто- лиат хамекунад. Баъд аз он ки бар устоде мушфик хонда бошад ва аз кутуби васат «Захира»-и Собити Курра ё «Мансур»-и Мухаммад Закариёи Рози, ё «Хидоя»-и Абубакри Ахавайни ё «Кифоя»-и Ахмади Фарач, ё «Агроз»-и Сайид Исмоили Чур- чони ба истиксои (тафтиши) тамом бар устоде мушфик хонад. Пас аз кутуби басо- ит (гиёххои шифобахш) яке ба даст орад, чун «Ситта ашара»-и Чолинус ё «Хови»-и Мухаммад Закариё, ё «Комилу-с-синоат», ё «Сад боб»-и Бусахли Масехи, ё «Конун»-и Буалии Сино, ё «Захираи хоразмшохи» ва ба вакти фарогат мутолиа хамекунад. Ва агар хохад, ки аз хама мустагни бошад, ба «Конун» кифоят кунад».
Ад.: Низомии Арузии Самарканди, Ча- хор макола, Д., 1986.
М. Диловаров.

Машхад, 1344; Доирату-л-маорифи бузурги исломи, ч. 7, Техрон, 1377; Мероси Оли Сомон, Хучанд, 2001; Низомии Арузи, «Чахор макола» (Ба кушиши Мухаммад Казвини ва Мухаммад Муин), Техрон, 1333.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …