Главная / Гуногун / АБУАЛИ ВА БЕМОР

АБУАЛИ ВА БЕМОР

Абуали Сино ба табиби ном баровардаги буд. Хар руз ба назди у одамони бисьёр барои табобат меомаданд. Хамаи онхо катор менишастанд ва Абуали хар кадомро дида, касалашро мегуфт ва табобаташро хам нишон медод. Як руз вай аз чумлаи беморон як касро намебинад ва ба у чизе намегуяд. Он бемор бо димоги сухта ба хонааш меояду ба занаш мегуяд:

04_coosfit         – Умри ман ба охир расидааст, хатто Абуали хам ба ман чизе нагуфт.

Бемор дар хучрааш пару зада, бо табъи хира мехобид. Як вакте бедор мешавад, ки бисьёр ташна мондааст. Дар зарфе шир меёбад ва онро гирифта менушад. То бегох ахволи у бех  мешавад ва то рузи дигар  сихат меёбад. Хафтаи дигар у боз хамрохи беморон ба назди Абуали Сино меравад. Абуали Сино боз аз хона берун шуда, беморонро дида, ба хар кадоми онхо табобат мефармояд. Ин бемор ба Абуали руй оварда мегуяд:

– Маро  табобат нафармудед, дидед, ман сихат ёфтам.

Абуали дар чавоб мегуяд:

– Дуруст аст, касалии туро захри мор дуруст мекард, чун ёфтани он мушкил буд, ман чизе нагуфтам. Ту дар хонаат шир хурди ва дар он шир мор захрашро кайд карда буд, бинобар ин сихат ёфти.

Бемор ба дониши Абуали ахсан мехонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …