Главная / Гуногун / АБУАЛИ ИБНИ СИНО

АБУАЛИ ИБНИ СИНО

Яке аз  нобигахои чахонии хамаи давру замонхо ва халку маконхо олими мутабаххири точик Абуали ибни Синост38, ки дар охири асри X – аввали асри XI зиста, дар сохахои нихоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё сахми босазое гузоштааст. Вай аслан парвардаи мухити фархангии Сомониён буда, баъди пош хурдани давлати муктадири Сомониён, кисмати бештари умраш дар гирдоби ходисахои мудхиши нимаи аввали асри IX сипари гардидааст.

Ибни Сино гохе чун табибу файласуф, баъзан ба сифати факеху вазир, хатто замоне чун махбусу зиндони хаёт ба сар бурда, чун надими хоси подшохону хокимон низ руз гузаронидааст. Аммо лахзае аз омузиш гафлат наварзида, даме хам аз пажухиш фориг набудааст. Мухити фархангии замони у аз он чихат мумтоз аст, ки дар ватани Абуали ибни Сино — Мовароуннахру Хуросону Эрон дар осмони илму адаб зумраи ситорахое медурахшиданд, ки дар зоти худ хамто надоштанд. Офарандаи «Чомеъ-ус-сахех» Исмоили Бухорои (810—870), табибу файласуфи номи Закариёи Рози (864— 932), Устод Рудаки  (858—941), Муаллими Сони Абунасри Фороби (873—960), риёзидону сипехршинос Абумухаммади Хучанди (ваф. 1000), офарандаи «Шохнома»-и намиранда Хаким Абулкосими Фирдавси (934—1020), олими бемонанд Абурайхони Беруни (973—1048) ва, нихоят, Хаким Умари Хайём (1048—1131) аз он кабиланд. Дар ин миён Абуали ибни Сино аз сазовортарин ашхос аст.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагиномаи онхо камтар чизе дакику равшан аст, аксари санахои хаёти Абуали ибни Сино аник маълуманд. У тафсилоти саргузашти хешро ба шогирди вафодораш Абуъубайди Факехи Чузчони имло карда, вокиъаву ходисахои 25 соли ахири умри устодашро худи Абуъубайд, ки хамеша хамрохи устод ва шохиди бевоситаи рухдодхо буд, навиштааст. Ин имло бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли араби ва тарчумахо ба забонхои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Мувофики хамин хуччат, падари Абуали, ки  Абдуллох ибни Хасан ибни Али ибни Сино ном дошт, аслан аз ахли Балх буд. Балх, ки чун уммулбилод, яъне модари шахрхо, шухратёр гардида буд, чун маркази вилояти Хуросон таъаллук ба Сомониён дошт. Падари Абуали, ки пайрави мазхаби исмоилия буд, дар замони салтанати амири Сомони Нух ибни Мансур (976—997) ба Бухоро омад. Нух уро ба карияи Хурмесан (Рометани имруза)-и мавзеъи Афшанаи канори Бухоро фиристод. Абдуллохи Балхи дар Хурмесан ба маъмурияти мулки шугл варзида, дар девон кор мекард ва андоз гун медошт. Абдуллох дар Афшана ном дехе дар наздикии Хурмесан, ки акнун ба Лаглака табдили ном кардааст, хонаю чой сохта, бо Ситорабону ном духтари дехконе хонадор шуд. Бошандагони деха хануз ба сугди гуфтугу мекарданд.

Афшана шахристоне буд, ки бозор, хисор, мадраса ва масчиди чомеъ дошт, ки ба вусъати он гувох аст. 18 августи соли 980 дар хамин оила писаре ба дунё омад, ки уро Хусайн ном гузоштанд Баъди панч сол бародари у Махмуд таваллуд шуд. Дар ин бора худи Абуали Сино мегуяд: «Падарам марде аз ахли Балх буда, дар рузгори Нух ибни Мансур аз он чо ба Бухоро омад ва хангоми сукунат дар яке аз дехахои Бухоро, ки онро Хурмесан гуянд ва аз дехахои бузурги он чост, ба тасарруф ва пеш бурдани корхои девон машгул буд. Дар наздикии он (Хурмесан – А.А.) дехест, ки онро Афшана гуянд. Падарам аз хамин деха модарамро ба зани гирифта, дар он чо ватандор шуд. Ман, сипас бародарам дар он чо аз у зода шудем».39

Номи пурраи Абуали ибни Сино чунин аст: Абуали Хусайн ибни Абдуллох ибни Хасан ибни Али ибни Сино. Баъдхо у ба тарзи кутохи Абуали ибни Сино ва ё Ибни Сино маъруф гардида, дар забони мардум чун Абуали ва бештар Буали машхур аст. Буали оханги навозиш дошта, аз мухаббати халк ба фарзанди нобигаи худ дарак медихад. Абуали ибни Сино дар  Урупо ва чахон чун Авитсенна маълуму машхур аст.

Соли  985, вакте ки Абуали ибни Сино ба панч медаромад, оилаи онхо аз Хурмесан ба Бухоро кучид. Ба гуфти Чайхони, «Бухоро шахрест дар замини хомун, бинохои эшон аз чуб, гирдогирди он шахр кушкхо, бустонхо, махаллатхо ва деххо ба хам пайваста, чунон чи дарозии он дувоздах фарсанг бошад дар дувоздах фарсанг. Деворе ба касабаи он кашида ва он чи ёд кардам, чунончи дар миён хеч хароби ва биёбоне нест» (иктибос аз навиштахои   Ахрор Мухторов).

Абдуллох, ки аз одамони фозилу маърифатдуст буд, Хусайнро ба мактаб монд. Вай аз 5-солаги то 10-солаги дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу нахви арабиро омухт, илмхои адабиро азхуд кард. Ба илмхои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу нахв, хаттоти, маъони, кироат, аруз, кофия, лугат, имло, услубшиноси ва амсоли инхо дохил мешуданд. Нихоят, Хусайн Куръонро омухтаву  хифз намуд, ки дар ин бора худ мефармояд: «Чун ба дахсолаги расидам, Куръону бисёре аз илми адабро аз бар кардам, ба тавре ки ин аз ман шигифтовар буд.»40 Дигар Абуали лакаби «Шайх» гирифт, зеро хар касро, ки Куръонро азёд мекард, сарфи назар аз синну солаш, «Шайх» мегуфтанд.

Сипас Абдуллох писари худ Хусайнро аз мактаби ибтидойи гирифта, назди муаллимони хусуси гузошт, ки асосхои илмро ба у омузонданд. Писарча аз чихати чисмони бенукс, дар хусну хулк зебо буда, зехни гирову истеъдоди баланде дошт. Аз ин омузгорон ба хайрат мемонданд. Дар ин овон Хусайнро падараш назди Абдуллохи Массох, ки танобчи ва заминченкун буд, шогирд гузошт. Абдуллохи Массох аз донишмандони сохаи хисобу хандаса буда, дар Бухоро бакколи мекарду  сабзавот мефурухт. Абуали аз Абдуллохи Массох дар андак вакт хисобу хандасаро омухта, махсусан дар хисоби хинд мохир шуд. Хамон вактхо Абуали дар пеши Исмоили Зохир ба омухтани тафсири Куръон, хадиси пайгамбар ва фикх мепардозад. Ин шугли у ду сол давом кард. Хамин тарик, Ибни Сино то дахсолаги хатту савод, сарфу нахв, илмхои адабиёт, хисоб, риёзиёт, хандаса ва Куръонро амик омухта, то дувоздахсолаги дар тафсир, хадис ва фикх махорат пайдо намуд. Бо хамин, гуфтан мумкин аст, ки  тахсили миёнаи Абуали ба охир расид. У хамеша бехтарини толибъилмон хисоб ёфта, шеваи бахс, одоби музокира, тарзхои эътироз ба хариф ва хусни муховараро нагз омухта буд. Истиклоли фикр, вусъати андеша ва бо далел сухан рондан хоси навчавони дар рохи илм пешрав буд. Дар масъалахои маслаку мафкура истиклоли худро хатто аз падари хеш хам нигох медошт. У хабар медихад: «Падарам аз касоне буд, ки даъвати доъии мисриёнро пазируфта буду аз чумлаи исмоилиён ба шумор мерафт. Уву бародарам зикри нафсу аклро аз эшон ба вачхе, ки мегуфтанду медонистанд, шунида буданд. Гохо хар ду миёни худ музокира мекарданду ман он чиро, ки мегуфтанд, мешунидаму дармеёфтам. Дар ибтидо маро хам ба он акида даъват мекарданду зикри фалсафа, хандаса ва хисоби хинд бар забонашон мерафт, аммо нафси ман намепазируфт».41

Маълум мешавад,   ки  бародару падари Абуали бар хилофи у, ки пайрави мазхаби суннату чамоъат буд, ба мазхаби   исмоили   гаравида,   аз   таълимоти   ихвонуссафо,  яъне бародарони пок, ки рисолахои   онхо дар миёнаи асри  X   (солхои  961-962)     таълиф  гардида    буданд,бахсхо мекарданд.

 Якинан, Абуали ибни Сино аз таърих, таълимоти Зартушт, кеши Мони, саргузашти Оли Бармак, вокеъахои хонадони Сомони, осори Форобию Балъами, ашъори Рудакию хамасронаш ва эчодиёти Фирдавси барин адибон огох буд.

Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абуали ибни Сино аз пайи он шуд, ки маълумоти худро такмил дихад. Вай ду бор омузгори фалсафаро иваз кард. Он солхо ба Бухоро, ки пойтахти Сомониён буд, аз шахрхои дигари мамлакат, хатто аз кишвархои гуногуни олам, олимону донишмандони зиёде меомаданд. Дар байни онхо мубаллигони исмоилию кармати ва чосусон низ буданд. Дар ин  миён ба  Бухоро Абуабдуллохи  Нотили омад, ки  тиб,  мантик,  хикмат  ва  фалсафаро  хуб медонист.  Сохиби «Вучуд» ва «Илми иксир» ном асархо буда, мазхаби исмоили дошт. Падари Абуали, ки бо у хаммазхаб буд, Нотилиро дар хонаи худ чой дода, Абуалиро ба вай шогирд монд. Абуали    ибни Сино    накл мекунад: «Сипас Абуабдуллохи Нотили ба Бухоро омаду у муддаъии фалсафа буд. Падарам вайро ба умеди он ки аз у сабак бигирам, дар хавлиямон чой дод… Ба хондани китоби «Исогучи» назди Нотили огоз кардам. Чун таърифи  «чинс»-ро  ба  ман  гуфт:  «чинс лафзест,  ки  бар чизхои бисёру гуногуннавъ далолат мекунад   ва дар чавоби «он чист?» гуфта мешавад», тахкики онро ба чое расонидам,  ки  вай  монандашро нашунида  буд.  Аз  ман бисёр дар  шигифт шуда, падарамро таъкид кард, ки маро ба чуз илм ба коре машгул надорад. Хамин тарик, чизхои зохири мантикро назди у хондам, вале аз нозукихои он уро хабаре набуд. Пас мустакилона    ба хондани  китобхо ва мутолиъаи шарххо шуруъ карда, дар мантик тавоно шудам. Китоби Уклидусро42 хам хамин тарик хондам.  Аз огози  он  панч ё шаш шаклро пеши у хонда, сипас халли бакияи китобро худ ба ухда гирифтам. Сипас ба «Ал-Мачасти»43 гузаштам. Чун аз мукаддамоти он фориг шуда, ба шаклхои хандаси расидам, Нотили ба ман гуфт: «Худат ба хондану халли онхо бипардоз ва сипас чизи хондаатро аз пеши ман бигзарон, то дурусту нодирусти онро ошкор созам».

Он мард ба ин китоб устувор набуд, худ ба халли он шуруъ кардам. Чандин шаклхои душворе буданд, ки то ба у нишон додаву намефахмондам, онхоро намедонист».44 Нотили ачзу нотавонии худро дар назди шогирди фавкулъоддаи худ хис карда, матлабро ба падари Абуали изхор намуда, пирузии шогирди муктадири худро хоста, аз манзили онхо баромада рафт. Ба Гурганч—пойтахти Хоразм, ки онро акнун Урганч мегуянд, рафт.

Абуали то 15-солаги илмхои табиъиёт, илохиёт, фалсафа, хикмати илохи, нучум, мусикии назари ва амалиро мустакилона омухта, дар хамаи онхо комил гардид. Нихоят, дар 16-солаги ба омухтани илми тиб машгул шуд.

Ба Абуали илми тибро Абумансур Хасани Камарии Бухоройи, ки  табиби дарбори Нух ибни Мансур буд, таълим медод. Абуали ибни Сино аввал фаро гирифтани илми тибро аз 12-солаги шуруъ карда буд. Вале он вакт бо маслихати Абусахли Масехи ба давом додани он шугл наварзид. Нихоят, соли 986 ба ин илм аз нав ру овард. Аллакай китобхои олимони бузурги тибби Юнони Кадим — падари тибби чахони Хиппократ (460—370 то мелод), ки дар Шарки мусулмони чун Букрот машхур аст, ва Гален (181—210), ки дар олами ислом бо номи Чолинус шухрат дорад, ба забони араби баргардон шуда буданд. Ибни Сино онхоро мустакилона, бо рохи худомузи, мутолаъа мекард. Барои у фаро гирифтани илми тиб чандон душвор набуд. Худи Ибни Сино ба ёд меорад: «Сипас ба илми тиб рагбат кардам ва ба хондани китобхои дар он таснифшуда ру оварам. Илми тиб аз илмхои душвор нест. Бинобар ин, дар андак муддат дар он ба дарачае забардаст шудам, ки донишмандони тиб илми тибро назди ман ба хондан огоз карданд ва парастории беморонро ба ухда гирифтам. Дархои муъолича, ки аз тачриба ба даст омадааст, чунон кушода мешуданд, ки берун аз васф аст» (хамон чо). Хамин тарик, Абуали ибни Сино дар 16- солаги чун табиби хозик дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Хамчунин, ба такмили дониши худ дар сохаи илми фикх, мантик, фалсафа, табиатшиноси, риёзиёт ва илми илохи баргашта, дар муддати якуним соли дигар ин донишхоро хам мукаммал намуд.

Абуали Сино шахси нихоят пуё, чидди ва мехнатдуст буд. Акли расову кобилияти баланд боиси пешрафти илми ва маънавии у мешуданд. Кушиш, сабру токат ва чахду чадал низ сабаб шуданд, ки пирузиву комёбихои маънавии у таъмин гарданд. Хангоми тахсили илм, мегуяд Абуали ибни Сино, «ягон шаб пурра нахуфтаам ва рузона ба чуз омухтани илм ба коре машгул нашудаам. Бар ман хама чиз ошкор гардид… Шаб ба хонаам баргашта шамъ пеши худ мениходам ва ба хондану навиштан мепардохтам… Дере нагузашта, ман дар хамаи илмхо тавоно шудам ва ба андозаи кудрати инсони аз онхо огохи ёфтам. Хар чи ки дар он хангом омухтам, хамон аст, ки имруз медонам ва то имруз бар он чизе наафзудааст».45

Боре, солхои 994 —995, Абуали ибни Сино китоби хакими Юнони Кадим Арасту (384—322 то мелод) «Мо баъд-ут-табиъат» —«Метафизика», яъне «Он чи фавки табиъат аст»-ро, ки оид ба илохиёт аст, мехонд, аммо гарази муаллиф хамон бар у пушида мемонд. Онро чихил бор хонду азёд кард. Бо вучуди ин, аз максади муаллиф пай набурд. Навмед шуда гуфт: «Ин китобест, ки ба хеч рох фахмида намешавад». Нихоят, рузе, тасодуфан, аз бозор рисолаи Абунасри Форобиро харида мехонад. Нуктахои борику торики асари Арасту барояш кашф мегардад. Худи Ибни Сино хикоят мекунад: «Рузе аз рузхо, хангоми аср, дар миёни саххофон хозир будам, ки даллоле дар даст мучалладе нидо мекард. Вай онро ба ман намуду ман ба сахти рад кардам, зеро бовари доштам, ки дар ин илм (яъне «мо баъд-ут-табиъат»—А. А.) суде нест. Он гох у ба ман гуфт: «Инро аз ман бихар! Ба ту арзон мефурушам, ба се дирхам, сохибаш ба бахои он мухточ аст». Ман онро харида дидам, ки китоби Абунасри Фороби «Фи агрози китоби «Мо баъд-ут-табиъат» будааст. Пас ба хона баргашта, онро бошитоб хондам ва дархол гаразхои он китоб, ки  дар дили ман махфуз буд, бар ман кушода шуданд. Аз он шод шудаму рузи дигар барои сипосгузори аз Худой ба тихидастон чизи бисёре садака кардам».

Ба хамин тарик, то 18-солаги Абуали ибни Сино тамоми донишхои расми ва гайрирасмии замони худро фаро гирифта, чун пешсафи бузургтарин олимони сутурги давр эътироф гардид. Шояд дар хамин вакт бо иродаи мардум ба у унвонхои Шайхурраис, яъне, ба ибораи Садриддин Айни, «Саролим» ва «Хуччат-ул-хак—Хуччати хак» дода шуда бошад, ки дар тули хазор соли ахир ин унвонхо бо номи Абуали ибни Сино пайваста бокист.

Шайхурраис худ эътироф мекунад: «Чун ба хаждахсолаги расидам, аз омухтани хамаи ин илмхо фориг шудам. Он руз дар илм бештар хифзкунанда будам, имруз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он дар ман чизе дигаргун нашудааст». Ибни Сино хак дошт, ки он вакт бигуяд:

Аз каъри гили сиёх то авчи Зухал

Кардам хама мушкилоти гетиро хал.

Берун частам зи кайди хар макру хиял,

Хар банд кушода шуд, магар банди ачал!

Олими забардасттарини аср, файласуфи тавоно ва пизишки доно Абуали ибни Сино беш аз хама ба табобати беморон шугл меварзид.

Соли 996 подшохи вакт Нух ибни Мансурро беморие пеш омад, ки табибон дар илочи он очиз монданд. Азбаски номи Абуали ибни Сино дар байни табибон бо дониши фарох ва махорати волои пизишки машхур гашта буд, уро барои муоличаи амир даъват намуданд. Абуали амирро хунармандона табобат кард. Аз муоличаи у амир шифо ёфт. Ин вокиъа обруйи Ибни Синоро афзуд. Ба у вазифае аз корхои дарбори супурданд. Подшох хост, ки дар подоши сиххат ёфтани худ ба табиби чавон мукофоте арзанда бидихад. Аз худи навчавони шифокор мепурсанд. Абуали аз амир хохиш менамояд, ки ба у танхо ичозат дихад, ки дар китобхонаи амири рузе чанд ба мутолиъа машгул шавад. Хохиши у пазируфта шуд. Хурсандии у хадду канор надошт. Абуали тамоми рузхоро дар китобхона гузаронда, китоб мехонд. Дар он чо ба китобхое рубару гардид, ки на пештару на баъдан дида буд, чунон ки худаш шаходат медихад: «Вориди сарое шудам, ки  хонахои бисёр дошта, дар хар хонае сандукхои китоб болои хам чида шуда буданд. Дар як хона китобхои илмхои араби ва шеър, дар дигараш китобхои фикх ва, хамин тавр, дар хар хонае китобхои як илме чой дошт. Сипас, фехристи китобхои пешиниёнро мутолиъа намуда, он чиро, ки бад-он ниёз доштам, хостам. Китобхоеро дидам, ки бисёр касон хатто номи онхоро нашунидаанд ва ман хам онхоро на пешу на баъди ин дидаам. Он китобхоро хонда, судхо бурдам ва андозаи дониши хар мардеро шинохтам».46 Бешубха, мутолиъаи чун ин китобхо дониши Ибни Синоро боз хам такомул дода, худи у ба навиштани асархо мустакилона шуруъ кард. Аз хамон вакт сар карда асархояшро хам ба араби ва хам ба точики менавишт. Яке аз асархои даврони чавонии у «Зафарнома» аст.

«Зафарнома» дар асл ба забони пахлави навишта шуда47, ба кавле, Ибни Сино ин пандномаро барои яке аз амирони Сомони — Нух ибни Мансур ва ё Мансури Дувум (997—999) аз пахлави ба форсии дарии точики гардонда будааст. Ин асар, ки дар шакли саволу чавоб таълиф ёфтааст, аз ду бахш иборат мебошад. Бахши аввал пурсишхои вазири Анушервони Одил (579—581) ва чавобхои устоди вазири у Бузургмехри Бахтаконро фаро мегирад, ки решаи пахлави дорад, яъне, манбаъи онхо, бидуни шакку шубха, андарзхои пахлавист. Аммо бахши дувум, ки кутохтар аз кисми аввал аст, аз пурсишхои умуми ва посуххои донишманди ривояти Лукмони Хаким иборат аст, ки дар Куръон ном бурда мешавад. Дар хар ду маврид хам саволу чавобхо равшану фахмо ва чумлахо соддаву фасех буда, сабки андарзхои замони сосони нигох дошта мешавад. Анушервон Бузургмехрро назди худ хонда, талаб мекунад: «Мехохам сухане чанд муфид дар лафзи андаку маъонии бисёр чамъ сози, чунон ки дар дунёву укбо судманд бошад». Бузургмехр як сол мухлат хоста, панду хикматхоеро гирд овард, ки масоили доги ахлокро баён мекарданд. Онро «Зафарнома» ном гузошта, ба Анушервон такдим намуд. Мачмуъа ба Анушервон хуш омад. Фармуд, ки ин каламот ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва онро гаштаву баргашта мехонд».

Адиби эрони Козими Рачаби «Зафарнома»-ро соли 1938 тахти унвони «Номаи пирузи» ва соли 1954 зери номи «Пирузинома» такроран дар Техрон чоп кард. Ин асар чандин бор дар Точикистон низ ба табъ расидааст.

Дар «Зафарнома» ба воситаи саволхо масъалахое пеш гузошта мешаванд, ки чавобхои хикматомезу фалсафиро такозо мекунанд. Чавобхо чамъбасту натича мебошанд ва чун андарзхои махз садо медиханд. Хадафи «Зафарнома» барин асархо парвардани инсони аз чихати чисмони солим, аз лихози маънавиёт гани, хушсухан, боадаб ва зебост, ки онро ба хайси Инсони Комил пазируфтан мумкин аст. Он одоби шоистаро таргиб ва ахлоки разиларо махкум менамояд. Масалан:

«Гуфтам: -Аз ки эман бошам? Гуфт: -Аз дусте, ки хосид набошад. Гуфтам: -Чи чиз аст, ки бихиштро сазовор бошад? Гуфт: -Илм омухтану ба чавони ба кори хак машгул будан. Гуфтам: -Кадом айб аст, ки наздики мардум муътабар намояд? Гуфт: -Хунари худ гуфтан. Гуфтам: -Чун дусти ношойист падид ояд, чи гуна аз вай бибояд бурид? Гуфт: -Ба се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз холаш напурсидан ва аз вай хочат нахостан. Гуфтам: -Корхо ба кушиш бувад ё ба казо? Гуфт: -Кушиш казоро сабаб аст. Гуфтам: -Аз чавонон чи бехтару аз пирон чи некутар? Гуфт: -Аз чавонон шарму далери ва аз пирон донишу охистаги…Гуфтам: -Аз фармонхо кадом фармонро хор набояд дошт? Гуфт: -Се: аввал фармони Худои азза ва чалла; дувум-фармони окилон; савум-фармони падару модар… Гуфтам: Агар илм омузам, чи ёбам? Гуфт: Агар хурд боши, бузургу номдор гарди; агар муфлис боши, тавонгар гарди ва агар маъруф боши, маъруфтар гарди… Аз Лукмони Хаким пурсиданд, ки донотар кист? Гуфт: -Он ки неъмати дунё бар неъмати укбо нагузинад… Гуфтанд: -Кадом перохан аст, ки харгиз кухна нагардад? Гуфт: -Номи нек… Гуфтанд: -Кадом баландист, ки аз хамаи пастихо пасттар аст? Гуфт: -Кибр».

Бо ин хама, «Зафарнома» ба арзиши баланди тарбияви ва ахлоки молик аст.

Ба Абуали ибни Сино дар девони давлати хам вазифа дода буданд. У бо камоли шавк адои хизмат мекард. Аммо чунин рузхои гуворо дер давом накарданд. Соли 997 Нух ибни Мансур аз олам даргузашт. Кучманчиён аз чахор тараф ба Давлати Сомониён паёпай хучум овардан гирифтанд. Дар чануби мамлакат Султон Махмуди Газнави (998—1030) худро подшохи мустакил эълон карда, Газнинро пойтахти давлат карор дод. Шохи карахони Эликхони Наср аз Узганд лашкар кашида, Бухороро гасб намуд. Давлати Сомониён аз хам пош хурда, соли 999 хукмронии Сомониён (875—999) расман ба охир расид. Китобхонаи Сомониён сузонда шуд. Бар болои хамаи ин, душманону хосидони Абуали ибни Сино тухматхо баста, уро хатто кофиру бедин ва мачуси мехонданд. Абуали ибни Сино ба онхо дар чавоб мегуфт:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Махкамтар аз имони ман имон набувад!

Дар дахр чун ман якеву он хам кофир?!

Пас, дар хама дахр як мусулмон набувад!

Соли 1002 Абуали ибни Сино, ки 22-сола буд, аз падар махрум гашт. Дасисахои атрофи у низ авч гирифтанд. Барои халоси аз ин гирдоби бало ва дарёфти начот аз азобхои рухи Ибни Сино аз Бухоро гурехт: хамрохи бародараш ба корвони савдогарон пайваста, соли 1005 рохи Хоразмро пеш гирифт.

Чаро Ибни Сино махз сафари Хоразмро ихтиёр кард? Аввалан, Хоразм аз вокеъахои мудхиши сиёсии Мовароуннахру Хуросон дар канор буд. Дувум, Абуали дар бораи донишпарвар ва нисбат ба ахли илму дониш гамхор будани амири он чо Али ибни Махмуд бисёр хикоят шунида буд.

Дар вокеъ, суннатхои пешини эрони дар Хоразм пос дошта мешуданд, илму адабиёт ва маданият дар таракки буд, бахсхои чиддии илми барпо мешуд, ки дар онхо пайравони мазхабхои гуногун ва, хатто, динхои мухталиф ширкат меварзиданд, ки аз устувор будани акидахои шуъубия дар он чо гувохи медод. Савум, хануз солхои 998—999 Абуали ибни Сино бо Абурайхони Беруни иртиботи мактуби дошта, бо вучуди хануз 18-сола будан, ба саволхои илмии ин олими варзидаи 26-сола доир ба асархои Арасту, оид ба фалак ва баъзе ходисахои физикию табиатшиноси чавобхо навишта, бо далелхо шубхахои уро рафъ менамуд. Инак, аз ин номахо дуто дар даст аст, ки яке саволу чавоби дах масъала ва дигаре пурсишу посухи шонздах нуктаро фаро мегирад. Хамаи ин сабаб шуд, ки Ибни Сино ба Хоразм равад.

У дар либоси факехи ба Хоразм ворид шуд.

Хоразмиён ба забони хоразми гуфтугуй мекарданд, ки яке аз шохахои забонхои эрони буд. Забони илм дар он чо хам араби буд. Мачлисхои базму шеърхони форсии   дари буд. Он чо илму фарханг муътадил инкишоф меёфт. Дар Хоразм Абуали ибни Сино ба халкаи олимони машхур — Абурайхони Беруни, Абусахли Масехи, Абуносири Аррок, Абулхайри Хаммор, Абдусамад ибни Хаким ва дигарон, ки дар дарбори Али ибни Маъмун хизмат мекарданд, пайваст. Вазири Хоразмшох — Абулхасани Сахли, ки адиб, шоъир ва дустдори илм буд, Ибни Синоро бо эхтиром пешвоз гирифта, ба кабули подшох бурд. Ба у хона доду мохонае мукаррар кард, ки кофи буд. Ба ивази некихои Сахли Абуали ибни Сино барои уву ахли хонадонаш рочеъ ба кимиё, тиб, нучум ва илмхои дигар рисолахо навишт. Хамчунин, дар Хоразм ба табобати беморон машгул мешуд, дар бахсхои илми ширкат меварзид.

Зиндагии Ибни Сино дар Хоразм такрибан 5 сол (1005—1010) давом кард. Баъдан, Султон Махмуди Газнави аз Хоразмшох талаб кард, ки  олимони Хоразм барои кор ба дарбори у-ба Газнин фиристода шаванд. Ин дархостро аксар пазируфтанд. Абуали ибни Сино ва устодаш Абусахли Масехи, ки исавимазхаб буд, соли 1011 аз бими Султон Махмуд бо рохи биёбон ба тарафи Эрон гузаштанд. Дар биёбон, дар асари гирдбоди сахт, Масехи, ки пирамарди кариб садсола буд, ба азобу ташнаги тоб наоварда, чон ба Чонофарин супурд. Абуали бехолу бемадор ва яккаю танхо ба Нисо расид. Сипас аз он чо ба Бовард, аз он чо ба Тус, аз он чо ба Шаккон, аз он чо ба Самангон, аз он чо ба Бачочор ва аз он чо ба Чурчон рафт. Максади аллома дидани амири Мозандарону Табаристон Кобус ибни Вушмгир (976—1012) буд, ки марде фозилу адиб буд. Ваде Кобус чун хоким берахму золим будааст. Бинобар хамин, мардум бар зидди истибдоди у исён бардошта, аз сари тахт дураш карданд. Ба чойи у писараш Манучехр ба тахт нишаст. Кобус дар зиндон мурд. Ибни Сино уро надида, муддате ба табобати беморон машгул шуду сипас ба Дехистон рафт. Вале дар он чо сахт бемор шуда, ба Чурчон баргашт. Шогирди вафодораш Абуъубайди Чурчони соли 1012 дар хамин чой бо Абуали ибни Сино пайваст.

Хамин гуна сарсонихо вомедоранд, ки Буъали дар хасби холи худ ба араби касидае гуяд, ки ин байт аз он чост:

Ламмо азимту фа лайсани мисрун васеъи,

Ламмо галла самани адимту -л – муштари*.

Яъне, чу ман калон шудам, шахр натавонист фаро бигирадам, чун арзиши ман афзуд, талабгор нопайдо шуд.

Писари Кобус ихтиёран хутбаву сиккаро ба номи Султон Махмуд гузаронда, расман худро хокими тобеъи у гардонд. Ибни Сино чанд вакти дигар худро ошкор накарда, ба табобату корхои илми давом дод. Баъд, аз хавфи ба дасти Султон Махмуд афтодан, аз он чо ба Рай рафт. ____________________________________

* Бузурги ёфтам, аммо ба шахре нест микдорам,

 Гарон андар бахо гаштам, валекин бехаридорам.

                                                          Тарчумаи Асрори Сомони.

Вакте хости Султон Махмудро напазируфта, аз Хоразм ба Табаристон гурехт, бо фармони Султон Махмуд хунарвари номи Абунасри Аррок, ки алломаро нагз медонист, сурати Абуалиро кашид. Аз он чо чихил нусха бардошта, ба хокимони гуногун фиристоданд, то уро ёфта, ба хузури Махмуд фиристанд.

Дар наздикии Нишопур Абуали ибни Сино дар Шаккон чандин бор бо суфи ва орифи машхур Шайх Абусаъиди Абулхайр (968—1049) мулокот орост. Манбаъхои таърихи маълумот медиханд, ки «як руз Шайхи мо Абусаъид… дар Нишопур мачлис медошт… Хоча Абуали Сино… аз дари хонакохи Шайх даромад … Эшон, хар ду, пеш аз он якдигарро надида буданд, агарчи миёни эшон мукотибат буд. Чун Буали аз дар даромад, Шайхи мо руй ба вай карду гуфт: «Хикматдоне омад».

Хоча Буали даромаду бинишаст. Шайх ба сари сухан шуду мачлис тамом карду аз тахт фуру омаду дар хона шуду Хоча Буали бо Шайх дар хона шуду дари хона фароз карданду се шабонаруз бо якдитар буданд ба хилвату сухан мегуфтанд, ки кас надониставу хеч кас низ ба наздики эшон дарнаёмад, магар касе, ки ичозат доданду чуз ба намозхои чамоъат берун наёмаданд.

Баъд аз се шабонаруз Хоча Буали бирафт. Шогирдон аз Хоча Буали пурсиданд, ки шайхро чи гуна ёфти? Гуфт: «Хар чи ман медонам, у мебинад». Ва мутасаввифаю муридони Шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз у савол карданд, ки ай Шайх, Буалиро чун ёфти? Гуфт: «Хар чи мо мебинем, у медонад».

Солхои 1012—1014 Абуали ибни Сино дар шахрхои гуногуни   Эрон—Чурчону  Хамадон,   Нишопуру  Исфахон ва гайрахо зиста, нихоят дар Рай карор гирифт. Мардум Абуали ибни   Синоро аз   руйи табобату таълифоташ шинохтанд. Дар ин хангом Мачдуддавла, ки аз сабаби хурдсоли ба ном хокими Рай буд, ба касалии рухии саръ, ки  як навъи хавосу молихулиёст, гирифтор шуд. Кишварро аз номи ин кудаки хоким модараш идора мекард, ки Зубайда ном дошту Уммулмулк, яъне модари мамлакат лакаб. Вале уро, маъмулан Саййида, яъне сохиба ва хонум, мегуфтанд. У беш аз си сол хукм ронд.

Бо супориши Саййида Ибни Сино Мачдуддавларо табобат карда, аз чанги бемории мудхиш начоташ дод. Баъди вафоти Саййида Махмуди Газнави Райро забт кард. Абуали ибни Сино соли 1015 гурехта, Казвин рафт. Муддате он чо истикомат карда, сипас худро ба Хамадон расонд. Хокими ин чо писари дигари Сайида — Шамсуддавла гирифтори дарди кулинч буд. Буали уро хам муъолича карда, надимаш шуд. Шамсуддавла баробари шифо ёфтан ба Кирмоншох лашкар кашид. Буали хамсафари у буд. Вале дар  ин чанг аз курдхо шикаст хурда, ба Хамадон баргашт. Баъд, соли 1019, Шамсуддавла вазорати худро ба Шайхурраис супурд. Ибни Сино корхои мамлакатро аз руйи аклу адл ба рох андохт, ки ба ахли дарбор макбул наафтод. Лашкариённ турк ба мукобили Абуали ибни Сино шуриш барпо карданд. Ба кавли Абуъубайди Чузчони, «гирди хонаашро гирифтанд, уро ба хабс бурда, чизу чораашро горат карданд; хар чи дошт, хамаро бурданду аз амир катли уро хостгор шуданд. Вале амир аз катли вай худдори карда, барои ризойи онхо бо барканор кардани у аз корхои давлати иктифо кард».

Шайхурраис дар сарои Абусаъиди Дахлук пинхон шуда, ба корхои илми машгул гардид. Дар ин миён Шамсуддавла балвогаронро несту нобуд карду дарди кулинчаш аз нав авч гирифт. Вай Шайхурраисро ёфта, худро ба вай муъолича кунонд. Кори вазорат соли 1020 дубора ба Ибни Сино баргардонда шуд.

Абуали ибни Сино дар ин хангом, яъне соли 1020 таълифи китоби аввали «Ал-конун»-ро, ки соли 1010 сар карда буд, ба поён расонда, таълифи «Шифо»-ро огоз намуд ва соли 1032 тамомаш кард. Гайр аз ин, Абуали ба шогирдонаш аз руйи китобхои худ дарс мегуфт. Тарзи дарсдихии у низ ачиб буд: рузхо ба корхои давлати машгул мешуду шабхо назди у яке «Шифо» мехонд, дигаре «Конун», савумин аз «Ишорату танбехот» сабак мегирифт, чахоруми мусики меомухт ва гайра. Баъд ромишгарон хозир мешуданд, мачлиси шароб ороста мегардид. Сипас хама хона ба хона мерафтанд.

Дар ин миён Шамсуддавла, соли 1021, вафот карду валиъахди у Самоъуддавла ба Шайхурраис пешниход намуд, ки вазоратро бипазирад. Аммо чавоби рад шунид.

Соли 1023, ба тухмати бархе душманони Шайхурраис, яке аз амирону хокими навчулуси Хамадон Абуали ибни Синоро дар калъаи Фардачон зиндони карданд. Ин калъа 15 фарсах (такрибан 60 км) дуртар аз Хамадон, дар сари рохе, ки ба Исфахон мебурд, вокеъ гардида буд. Баробари зиндони шудан Абуали ибни Сино дар хасби холи худ ба араби касидае навишт, ки ин байт аз он аст:

Духулам дар якин тавре, ки диди,

Тамоми шубха дар тарзи хуруч аст.

(Тарчумаи Хасани  Наккош).

Фардачон аз бадтарин зиндонхо буда, дар он чо бехокимиятиву беконуни, чиркиниву касали, гуруснагию ташнаги, дуздиву ришвахори дар авч буданд. Кариб хамаи зиндониён дар по кундаю дар гардан завлона доштанд. Абуали ибни Сино хам яке аз онхо буд. Чисми у ба махбас буда, аклаш, ки зиндони намешавад, аз у талаб кард, ки барояш когазу давоту ранг диханд. Вай он чо хам ба кори эчоди машгул шуда, асархои худ «Хай ибни Якзон», «Саломону Абсол», «Ат-тайр», «Ал-кулинч» ва барои бародари худ «Ал-хидоя» («Рахнамо»)-ро навишт.

Рисолахои «Саломону Абсол», «Хай ибни Якзон», «Кадр», Тайр» ва «Ишк» бо рамзу киноя ва тарики тамсил эчод шуда, дар бораи сарнавишт, таносуби аклу чисм, камолоти акл, ангезахои ишк, тасвири оламхо, кирдору атвори бошандагони оламхо, ахлоки хамида, дуругу хиёнат, зулму ситам, чахолату худписанди, бухлу тамаъ ва дигар падидахои ахлоки разила ва дури чустан аз онхо бахс мекунанд. Инсонро дусту ёр бояд буд гуфта, Абуали ибни Сино мефармояд: «Ёр барои он бояд, то бор аз дили ёри худ бардорад; дуст аз бахри он бошад, то ранч аз дусти худ баргирад. Аммо дар ин рузгор чунин дусту ёр ба даст ояд?!»

Киссаи «Саломон ва Абсол» рамзест аз нигориши Абуали ибни Сино, ки махфуз намондааст. Вале киссаи дигари «Саломон ва Абсол», ки машхур аст, аз тарафи Хунайн ибни Исхок (асри IX) ба риштаи тахрир кашида шудааст. Мувофики он, дар замонхои хеле кадим Хирмонус ибни Харокди Суфистифи дар кишвар хукм меронд, ки аз Рум то канори бахр ва аз Юнон то Миср дар итоъати у буд. Ин подшох тилисме сохта буд, ки дар тули сад карн аз шиддати хоку борон ва оташу бод, ки аносири чоргонаанд, осебе надид. Онро Аром мегуфтанд Хирмонус бо занон наздик буданро намехост, аммо дар талаби фарзанд буд, ки валиахдаш шавад. Донишманди хакназаркарда Каликурос аз нутфаи  Хирмонус бо тадбире фарзанд ба вучуд овард, писар. Уро Саломон ном гузошт. Абсол ном духтари 18-соларо барои парвариш доя таъйин кард. Вакте кудак аз ширхори баромад, падар хост, ки уро аз доя чудо созад. Вале Саломон аз Абсол ёрои чудои надошт. Саломон ба омухтани илму дониш пардохт. Хирмонус бисёр кушиш ба харч дод, ки Саломонро аз Абсол дур кунад. Суде набахшид. Онхо аз дарбори подшох гурехта, дар ишкбози руз мегузарониданд. Подшох ба василаи асбобхои чахоннамои худ онхоро ёфта, ба даргохи худ баргардонид. Саломону Абсол ба тазъики Хирмонус тоб наоварда, худро ба мавчхои домони бахр партофтанд. Абсол гарк шуд. Саломон начот ёфт. Саломон бо дидани Зухра Абсолу ишки уро фаромуш кард. Аммо ба подшохи расида, бо адлу дод хукм ронд.

Мурод аз ин кисса чустучуйи хакикат ва дарёфти асрори чахон аст. Шох рамзи хирад, Саломон чон, Абсол хавову хаваси нафсони буда, ишки Саломону Абсол лаззати даргузар мебошад. Аз хамаи ин метавон дар натичаи риёзату илм пок гардид. Аммо дар киссаи «Саломону Абсол»-и Абуали ибни Сино, ки  мазмуни онро Насириддини Туси овардааст, аз ин кисса дараке нест. Мувофики он, Саломону Абсол бародарон буда, зани Саломон ба Абсол дил баста, бо найрангхо мехохад  уро ба худ ром созад. Абсол аввал найрангхои зани Саломонро фош карда, нихоят гирифтори фиреби у мешавад. Ин зани маккора Абсолро ба хохари худ акд баста, худ ба бистари аруси медарояд. Абсол инро фахмида, чалои ватан мекунад. Ба кишвари Саломон душманони гаддор хучум оварда, онро тороч мекунанд. Абсол ба ёри мешитобад. Бисёр кишвархоро ба зери тасарруфи Саломон, ки шох буд, медарорад. Нихоят, зани Саломон ба ошпазу дастархондор мефармояд, ки Абсолро захр диханд. Абсол чон ба чонофарин месупорад. Саломон аз дасиса пай бурда, ба зани худ, ошпаз ва дастархондор аз хамон захр нушонда, оламро аз шарри онхо пок месозад. Боз хам адолат бар хиёнату хайр бар шар галаба мекунад.

Ин чо низ рамз бар тамоми кисса истило дорад: Саломон тимсоли нафси нотика ва шахсияти окил буда, Абсол рамзи куввахои идроку хаёл аст. Зани Саломону хамдастони у (ошпазу дастархондор) майлу хохишро мефахмонад. Ба чазо расидани онхо символи кайфари бади ва тантанаи адолат аст. Хамаи ин дар якчояги рамзи муносибати куввахои мутакобили рухи инсони, муборизаи хамешагии неки бар зидди бади ва накли акли фаъол дар камоли маънавии инсон аст.

Шайхурраис дар ин зиндон чахор мох бимонд, то он ки хокими Исфахон Алоуддавла дар чанге хокими Хамадонро шикаст дод. Шайхурраис соли 1024 аз хабс баромада, хамрохи шогирдаш Абуъубайди Чузчони, бародари худ Махмуд ва ду гулом, ки бо у буданд, дар чомаи суфиён, ношиносу пинхони, худро то ба дарвозаи Исфахон расонд. Он чо надимону хосагони хокими Исфахон бо иззату икром Шайхурраисро пешвоз гирифта, ба у сарулибосу саворихои хос дода, то шахр  хамрохи кардандаш.

Баъд аз ин хама саргардонихо Абуали ибни Сино барои зист аз Хамадон ба Исфахон рафта, бо эъзозу икром аз тарафи хокими он чо Алоуддавлаи Кокуя (1007-1014) пазируфта шуд. Зиндаги ва эчодиёти минбаъдаи Шайхурраис дигар ба пуштибони ва дастгирии хамин хоким иртибот пайдо кард. Дар Исфахон «Алоуддавла карор дод, ки шабхои чумъа дар хузури у бо иштироки тамоми олимон аз хар табакае мачлиси бахс барпо кунанд». Шайхурраис аз чумлаи онхо буда, дар Исфахон асархои худ «Шифо», «Мусики», «Лисон-ул-араб», «Ал-инсоф», «Ишороту танбехот», «Донишнома» ва гайраро навишт.

Алоуддавла рузе ба Абуали мегуяд, ки «агар улуми авоил ба ибораи порси буди, ман тавонистаме донистам», яъне агар асоси илмхо ба забони точики мебуд, ман хам метавонистам, ки хонда фахмам. Абуали ибни Сино солхои 414—428 хичри (1023—1036) махсус барои Алоуддавла «Донишнома»- ро ба забони точики таълиф кард.

Солхои 1036—1037 барои Абуали ибни Сино солхои ранчу бемори буданд. Алоуддавла бо максади забти Хамадон ба он чо лашкар кашида, Шайхурраиси беморро хамрохи худ бурд. Дар рох бемории Шайхурраис, ки кулинч буд, шиддат гирифт. У худро дармон мекард, аммо хеч бехтар намешуд. Нихоят, гуфт: «чорасозе, ки чораи ман месохт, аз чорасози фуру монд; акнун дармон суде надорад». Ва хар   руз  тахорату тавба карда, дар бадали хар се руз як бор Куръонро аз ёд мехонд. Хамчунин, аз касоне, ки ба онхо кудурате дошта бошад, узр хоста, гуломонашро озоди бахшида, молу мулкашро ба мухточон таксим карда дод. 24 июни соли 1037 дар синни 57-солаги Абуали ибни Сино дар Хамадон вафот кард, ки рузи чумъаи мохи рамазон буд. Уро дар хамон чо ба хок супурданд. Оромгохаш зиёратгохи хосу ом гардидааст.

Абуали ибни Сино аз пурмахсултарин олимону адибон дар чахон аст. Фаъолияти эчодии вай аз 17— 18 солагиаш, дар миёнаи солхои 996—997, шуруъ шуда, расо чихил сол давом кардааст. Асархояшро бо насру назм, ба араби ва точики, навиштааст. Он вактхо забони точикии адабиро форсии   дари мегуфтанд. Сабаби бисёр асархои илмии худро ба забони араби навиштани Абуали ибни Сино дар он аст, ки араби мисли лотини, ки дар тамоми кишвархои насрони забони умумии илм буд, дар саросари олами ислом забони илми шинохта шуда буд. Хамчунин, китобхои зиёди илмию ахлокии юнони, иброни, хинди ва пахлави ба забони араби тарчума шуда, истилохоте, ки  мафхумхои илмиро мефахмонданд, дар он забон устувор гардида буданд. Забони араби барои хамаи донишмандони асрхои X—XI фахмо буда, дарси мадрасахо низ ба ин забон мегузашт.

Осори Абуали ибни Сино нихоят зиёд аст.48 Аз руйи тадкику хисоби донишманди машхури эрони Саъид Нафиси (1896—1966), микдори асархои Абуали ибин Сино, ки алхол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонахои давлати ва шахсии олам нусахи 162 асари у нигох дошта мешавад. Аз чумла, 28 асари вай ба забони модариаш точикист.

Бар болои ин, як микдор шеърхои точикии Абуали ибни Сино то замони мо боки мондааст.

Асархои Абуали ибни Сино аз чихати хачм хеле гуногун буда, аз рисолахои мухтасар то асархои чандинчилда иборат мебошанд. «Китоб-ул-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 чилд, «Ал-хосил ва-л-махсул»—20 чилд, «Китоб-уш-шифо» — 18 чилд, «Лисон-ул-араб» — 10 чилд, «Ал-конун» — 5 китоб, «Начот» — 3 чилд буданд. Ин китобхо бо «Ишороту танбехот», «Донишнома» ва гайрахо дар инкишофи илми дунё накши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихи, мадани ва илми моликанд.

Тамоми асархои Абуали ибни Синоро метавон ба чахор гурух таксим кард: якум – асархо доир ба хикмат, фалсафа, ахлок ва мантик; дувум – асархо оид ба тиб; савум – асархо дар бораи илмхои дакик; чахорум – асархо рочеъ ба забону адабиёт ва санъат. Аммо бисёр асархои у чандин илмро фаро мегиранд. Барои мисол, «Донишнома» аз кисматхои «Мантик», «Илохиёт», «Табиъиёт», «Хайъат» ва «Мусики» таркиб ёфтааст. «Шифо» илохиёт, мантик, табииёт ва мусикиро фаро мегирад.

Як чихати шигифтовар ва хайратангези шахсияти Абуали ибни Сино он аст, ки сохиби неруйи фавкулодда баланди кори ва кувваи бемонанди хофиза будааст. У дар рох, хангоми сухбат, ичрои вазифаи надимиву вазири, хатто дар зиндону бемори, ба кори илмву эчоди машгул мешуд. Аглаби асархои худро бидуни чашмдошти музду мукофоте менавишт: гохе бо илтимоси ашхоси гуногуни одди, гохе дар чавоби саволи касе ва гохе барои шогирдони худ. Ибни Сино хабар медихад, ки хануз замони дар Бухоро буданаш дар ин кор иштиёк доштааст: «Дар хамсоягии ман марде буд, ки уро Абулхасани Арузи мегуфтанд. Аз ман хохиш кард барояш китобе таълифе кунам, ки чомеъи илмхо бошад. Барои у «Ал-мачмуъ»-ро таълиф карда, ба номи вай ном ниходам ва дар он чуз илми риёзи дигар илмхоро гирд овардам. Маро дар он хангом 21 сол буд («Ал-мачмуъ» бо номхои «Ал-арузия» ва «Хикмати арузия» низ маълум аст – А.А.). Инчунин, дар хамсоягии ман марде буд, ки уро Абубакри Бароки мегуфтанду зодаи Хоразм буд. У марди доносиришт, дар фикху тафсиру зухд ягона буда, ба ин илмхо майл дошт. Аз ман шархи китобхоро хохиш карду барои у китоби «Ал-хосил ва-л-махсул» («Хосилу махсул»)-ро кариб дар 20 чилд тасниф кардам. Дар ахлок барои у китобе таълиф кардам, ки онро китоби «Ал-бирру ва-л-исм» («Он чизе, ки ичозат дода шудааст, ва он чизе, ки манъ аст») ном ниходам. Ин ду китоб танхо назди усту ба хеч кас орият намедихад, ки аз онхо нусха бардорад» 49.

Хамин тарик, Абуали ибни Сино дар Чурчон барои Абумухаммади Шерози оид ба мантику нучум китобхо навишта, дар ягон илм хамто надошт. Аммо баъзехо ба ин шубха мекарданд. Дар сухбате аз олими забоншинос Абумансури Чаббон таънае шунид, ки «ту дар забон чизе нахондаи». Баъди ин се сол ба омухтани китобхои лугат машгул гардида, се касидаву се китоб офарид. Абумансур он китобхоро мутолаъа карда, аз Шайхурраис узр пурсид. Ба гуфти Чурчони, Абуали ибни Сино «хар рузе панчох варак менавишт». Китоби «Начот»-ро дар рох гирд оварда, «Шифо»-ро, ба истиснои кисматхои набототу хайвонот, ба анчом расонд.

Боре дар Чурчон аз донишмандони Шероз саволномае расид, ки аз мушкилоти як китоби Шайхурраис пурсон мешуданд. Саволномаи шерозиёнро хангоме ба Абуали расонданд, ки  рузи тобистон, вакти зардии офтоб, дар сухбате буд. Вай ба номаи шерозиён «менигаристу мардум байни худ сухбат мекарданд. То вакти намози бомдод Шайхурраис дар панчох сафха чавобхоро навишта, ба дасти косид расонд. Косид  аз ин кор сахт дар хайрат монда,  хадис дар байни мардум киссае шуд».

Рочеъ ба шахсияту заковати Абуали ибни Сино бисёр наклу ривояту афсонахои халки мавчуданд, ки аз акли расои у шаходат дода, мухаббати мардумро нисбат ба фарзанди нобигаи худ ифода менамоянд. Аз чумла, ривоят мекунанд, ки як амири Сомони рузе, барои санчидани Буали, мефармояд, ки дар таги чор пояи курсии вай чахор танга ниханд. Чун Буали ба курси менишинад, ба осмону замин нигох афканда, бо таъаччуб сар мечунбонад. Сабаби дар таъаччуб афтодани уро мепурсанд. Вай чавоб медихад: «Ба назарам, курсии ман имруз ба микдори пушти корде баланд гашта ва ё шифти хона хамин микдор ба замин  наздик   шудааст».  Хамаи  хозирон  ба  хиссиёти  баланди Абуали коил шуда, уро офарин мегуянд.

Ва Буали дар вакти гурезагиаш ба Исфахон меравад, ки хамрохи худ хеч гуна китобе надоштааст. Талабагону олимон аз вай хохиш кардаанд, ки «Конун»-ро барои хондан ба онхо бидихад. Абуали гуфтааст, ки хеч гуна китобе надорад, вале «Конун»-ро метавонад аз ёд гуфта дихад. Сипас чанд сахифаи «Конун»-ро аз ёд гуфтаасту онхо навишта гирифтаанд. Баъд аз он китоби «Конун»-ро ёфта, навиштаи худро бо он мукоиса кардаанд, ки фарке надоштааст.

Ва ё касе ба Буали китоби худаш навиштагиро нишон додааст. Абуали китобро варак задаасту боз ба сохибаш баргардонидааст. Рузе хамон  одам китобашро  ба  подшох пешкаш кардааст. Подшох пурсидааст: «Ин китобро ки навишт?» «Ман»гуфтааст он шахс. Абуали, ки дар он чо хозир будааст, «не, ин китобро шумо нанавиштаед», – гуфта, аз сахифаи аввал то охир, нукта ба нукта, китобро аз ёд гуфта додааст. Он шахс бисёр хичолат кашидааст. Баъд Буали хакикати вокеъаро ба подшох фахмондааст.

Ин  навъ наклу ривоятхо, ки аслан  аз хакикат дур нестанд, дар байни мардум хеле зиёданд.

Каблан ишора шуд, ки соли 1012 дар Чурчон Абуъубайди Абдулвохиди Чурчони бо Ибни Сино вохурда, шогирдиву ёварии Шайхурраисро пазируфта, чун мурид дигар хеч аз у чудо намешуд. Дар хамаи сафархо хамрохи Шайхурраис буда, асархояшро чамъ меовард, осори нотамоми устодашро аз руйи гуфтахову навиштахои парешони худи аллома такмил медод, ба онхо шарх мебаст. Чурчони дебоча ва кисмати «Риёзиёт»-и китоби «Начот»-ро навиштааст. Кисмати «Риёзи»-и «Донишномаи Алои» баъди марги Ибни Сино гум шуда буд. Чурчони кисматхои «Риёзи» ва «Мусики»-ро аз «Начот», ки арабист, ба форси баргардонда, ба «Донишнома» афзуда, онро пурра гардонд. Хамчунин, Чурчони ба китобхои зиёди Шайхурраис шарххо навиштааст. Алхол шарххои Чурчони ба асархои Ибни Сино  «Китоб-уш-шифо», «Касидаи айния», «Хай ибни Якзон», «Саломону Абсол» ва амсоли инхо маълум аст. Чурчони соли 1047 дар Хамадон вафот карда, дар хамон чо ба хок супурда шуд.

Шогирдони Абуали ибни Сино Абуабдуллохи Маъсуми, Ибни Абусодик, пайрави кеши зардушти Ибни Зайла, Абдуллохи Ироки, Абумухаммади Шерози, Сулаймони Димишки, Бахманёр ибни Марзбон, ки низ зардушти буд, дар илмхои фалсафа, мантик, хикмат, табииёт, риёзиёт, нучум, тиб, равоншиноси, илохиёт, мусики, фасохату балогат ва гайра чун олимони забардаст шинохта шудаанд.

Абуали ибни Сино дар чахон, пеш аз хама, чун файласуф ва пизишки номи шинохта шудааст. Асархои машхури у дар сохаи фалсафа ва мантик «Китоб-уш-шифо», «Начот», «Ишороту танбехот», «Донишнома» мебошанд, ки умдатарин масъалахои фалсафаро фаро мегиранд. «Китоб-ал-инфос», ки аз 20 чилд иборат буда, оид ба 28 хазор масъалаву нуктахои фалсафи бахс мекард, боки намондааст.

Осори фалсафии Шайхурраис масоъили таносуби Худо ва табиат, шаклхои хасти, моддаву сурат, нафсу тан, сабабу натича, зарурату мохияти харакат, замону макон, мохияти зиндаги ва амсоли инро фаро мегиранд. Доир ба назарияи маърифат Абуали Сино фикрхои ачоиб пеш рондааст.

Асархои Ибни Сино дар тули асрхо борхо ба забонхои лотини, яхуди, инглиси, олмони, итолиёви, фаронсави, руси, турки ва гайра тарчумаву нашр шудаанд. Масъалахои ахлок, хаёти ичтимоъиву сиёси, тарбия ва таълим дар «Рисола фи-л-ахлок», «Рисолаи илми пешину барин», «Рисола дар адли подшох», «Мантики форси», «Рисолаи тилисмоти форси», «Тадбири манзил» ва амсоли инхо низ баён шудаанд.

«Донишнома», ки  номи пуррааш «Донишномаи Алои»-ст, барои Алоуддавла ба точики таълиф гардида, доир ба мантик., илохиёт, табииёт, хайат ва мусики бахс мекунад. Абуали Сино дар «Донишнома» ба чойи бисёр калимаву мафхумхои роичи араби муродифхои точикии онхоро ба кор бурда, барои устувор гардидани истилохоти илмии форси хидмати арзандаеро ба чой овардааст. Барои намуна як микдор истилоххое зикр мешаванд, ки Абуали Сино дар «Донишнома» ба кор бурдааст: чамъ-гирд, мизон-тарозу, харакат-чунбиш, мухаррик-чунбанда, ашё-чизхо, шохид-гувох, шаходат-гувохи, вучуд-хасти, харорат-гарми, навъ-гуна, кувват-неру, макбул-пазиро, тарбия-парвариш, мусаллас- сесу, мураббаъ-чорсу, феъл-куниш, исм-ном, чисм-тан ва гайрахо.

Накши Абуали ибни Сино дар инкишофи илми адабиётшиносии форсу точик низ бузург аст. Кисми назарраси «Ал-мачмуъ», ки бо номи «Рисолаи хикмати аруз» маълум аст, ба масъалахои назарияи шеър бахшида шудааст. Аммо китоби «Фанни шеър», ки бахше аз «Шифо»-ст, саросар дар ин мавзуъ бахс мекунад. Дар ин асар Абуали Сино ба шарху тавзехи «Поэтика» («Фанни шеър»)-и Арасту пардохта, афкори уро хеле инкишоф додааст. Ибни Сино акидаи Арастуро дар бораи мохияти шеър, навъхову ороиш ва таъсири эмотсионалии он ба нафси инсон ва таклид ба зиндаги (мимессис) буданаш пазируфта, онро «тахайюл» таъбир кардааст. Аз руйи ин акида, у шеърро чун сухани хаёлангезу мавзун, баробар ва кофиядор маънидод карда, дар сиришти он маънову дониш буданро аз лавхи хотир намеафганад ва, махсусан, арзиши зебописанди ва иртиботи онро бо мусикиву ракс таъкид менамояд. Кариб тамоми суханшиносони минбаъдаи форсу точик пайрави назарияи Абуали ибни Сино оид ба шеър будаанд.

Абуали ибни Сино чун табиатшиноси бузург дар асархои худ «Рисолаи кимиё», «Макола дар бораи чирмхои осмони», «Мусики» ва монанди инхо низ ба масъалахои фалсафаю илмхои дакик дахл   кардааст.

Абуали Сино бузургтарин донишманди сохаи тиб буда, чун устоди табибони олам на факат ба    фаъолияти рузмарраи тибби шугл меварзид, балки дар асархои чахоншумули   худ   тачрибаи   беш   аз   2000-солаи   тибби Юнони Кадим, Хинд, Эрон, яхуд ва арабро чамъбаст кард.   Вай  асархои  худ  «Рисолаи  чавдия»,  «Рисолаи набз»  ё  «Рагшиноси»,  «Курозаи  табиъиёт»,  «Ташрех-ул-аъзо»-ро   ба   точики   навиштааст.    Дар     «Рисолаи чавдия» усули нигохубини худ, хифзи саломати, пешгири кардан  аз беморихои зиёд, ки аломатхояшон баён  шудаанд, хотирнишон    мегардад.  Дар    ин асар, хамчунин, дар бораи усули табобати моргазида, кайкгазида, резондану нест кардани хашарот, мор, муш ва гайра маслихатхои судбахш медихад.

«Рисолаи набз» ва «Давохои дарди дил» дар хусуси санчиши набзи беморон, чигунагии бемори, муносибати чинси, хусусиятхои хоси марду зан, аз руйи набз муайян кардани касалихо, иллатхои дил ва тарзи табобати онхо ва дорухое, ки дар табобати дарди дил ба кор бурда мешаванд, бахс мекунанд.

Асари дигари Абуали Сино «Ал-вохия», ки аз 149 боб иборат буда, хар бобаш рочеъ ба як касали ва ё гурухи касалихо бахс мекунад. Дар он 907 навъи дору тавсиф мешавад, ки аз 709 гиёх ва 74 моддаи маъдани тайёр шуда, 94 номгуйи он дорухое мебошанд, ки аз аъзои хайвонот тайёр карда мешаванд.

Хусусияти барчастаи асархои тиббии Абуали ибни Сино он аст, ки дар онхо, баробари истифодаи дастовардхои тибби пешин, тачрибаи шахсии худи аллома ба назар гирифта шудааст. Аз ин чихат, аксарияти онхо имруз хам дар истифода мебошанд ва кимату мохияти илмиву амалиашонро гум накардаанд.

Яке аз асархои машхури тиббии Абуали Сино манзумаи «Урчуза фи-т-тиб» аст, ки дар хачми 1326 байти шеъри ба забони араби таълиф шуда, бисёр нуктахои тибро, ки дар «Ал-конун» мавчуданд, ба тарзи содда, оммафахм ва мухтасар баён мекунад. Дар ин    асар доир ба тамоми дарду иллатхои бадан, мизоч ва табъи инсон сухан меравад.

Бузургтарин асари аллома оид ба тиб «Ал-конун» аст, ки номи пурраи он «Ал-конун-фи-т-тиб», яъне «Конун дар бораи тиб» буда, онро кутохак «Конун» низ мегуянд. «Ал-конун» солхои 1012—1024 ба забони  араби таълиф гардида, аз панч китоб иборат аст. Муаллиф дар он тамоми тачрибахои тибби гузаштаро чамъбаст карда, дар асоси санчишу озмудахои шахси таълимоти нави тиббии хешро эрод менамояд. Ба гуфти Ибни Сино, «тиб илмест дар бораи донистани тани инсон дар холи саломати ё бемори ва баргардонидани саломатии инсон, ки ру ба заъф овардааст». Табиби номи илми тибро ба ду бахш — тибби назари, яъне илми усулии тиб ва тибби амали, яъне тарзи табобат чудо мекунад. Ба тарзи дигар гуем, «Ал-конун» асарест, ки дар бораи мачмуъи беморихо, василаи табобати онхо, вобастагии тачрибахои илми ва усули халкии истифодаи онхо, тандурусти ва мухофизати саломатии инсон бахс мекунад.

 Китоби аввали «Ал-конун» оид ба мохият, назария ва вазифахои илми тиб, кисматхои назари ва амалии он, мизочхои инсон ва муноснбати онхо бо гармию сарди, ташрехи узвхои бадан, вазифахои аъзои бадан, набз, сабабхои тандурусти ва бемори, таснифи касалихо, усулхои умумии табобат ва ногузир будани марг бахс мекунад. Хамчунин, дар бораи истеъмоли муътадили гизо, варзиш, парвариши тифлону тарбияи наврасон сухан меравад.

Табиби бузург рочеъ ба речаи руз мувофики синну сол ва тоб овардан ба шароити иклим фикрхои ачоиб меронад.

Тадкику    санчиши 811  навъ доруи содда,    тарзи тайёр кардану хосияти онхо, дорушиноси ва тарзи истифодаи дорухо мундаричаи китоби дувуми «Ал-конун» аст.

Китоби савум рочеъ ба беморихои гуногуни инсон аз сар то пой, варами шуш, кулинч, исхол, касалихои чашм, бини, гуш, гулу, дахон, касалихои рухи ва тарзи табобати онхо бахс мекунад. Абуали Сино пеш аз баёни бемории хар узв ё системаи узвхо сохту ташрехи онхоро мавриди барраси карор медихад.

Дар китоби чахоруми «Ал-конун» аз усулу зарурати чаррохи, шикастабандии устухонхо, зухуроти таб, омос, саратон, сухтагихо, захмхо, хунравихо, касалихои рухи, беморихое, ки хоси ягон андому узв нестанд, касалихои сирояткунанда, тарзи табобати онхо, захру позахрхо, оростаги ва кубх сухан меравад.

Масъалахои дорусози ва ашёи набоботу  хайвонот ва  маъданхо     мавзуъи  бахси  китоби  панчуми «Ал-конун» аст.

Ба гуфти Низомии Арузии Самарканди (асри XI) табибро «пас аз мутолиъаи «Ал-конун» хочат ба дигар китобхои тибби наяфтад», ки дар асри XII ба лотини, баъди як аср ба яхуди тарчума шуда, дар давоми беш аз 600 сол (асрхои ХП—ХУШ) китоби дарсии донишгоххои тиббии Аврупо будааст.

Шайхурраис Абуали ибни Сино, баробари файласуфи бузург ва пизишки сутург будан, дар инкишофи бисёр сохахои илмхои дакик, мусики ва ахлок низ сахми пурарзише гузоштааст. Накши Абуали Сино дар сохаи улуми вобаста ба забону адабиёт низ хурд нест. Вай, пеш аз хама, истилохоти илмии забонхои араби ва точикиро хеле такмил дода, ба туфайли «Донишнома», рисолахои точики ва асархои алохидаи муъосирони у собит гардид, ки забони точики  кодир аст маънихои амики фалсафи ва илмиро ифода намояд. Хамчунин, Ибни Сино «Лисон-ул-араб» ном асаре таълиф карда буд. ки мисли он дар лугат дида нашудааст. Асари дигари аллома «Махорич-ул-хуруф» дар бораи савтиёт (фонетика) бахс мекунад. Рисолахои зиёдаш рочеъ ба илмхои дигари адаб ва сурахои алохидаи Куръон низ маълуманд, ки чанде аз онхо боки мондаанд, ки ба сохахои забон ва адабиёт дахл   доранд.

Як нуктаро таъкид кардан лозим аст, ки дар аксари асархои Ибни Сино масъалаи ахлок, ки ба адабиёт иртиботи зич дорад, мавриди бахс карор мегирад. Бинобар таълимоти ахлокии Ибни Сино, мард, пеш аз хама, бояд дар ислохи нафси худ бикушад, хештанро солиху неку гардонад, покдину пархезгор бошад, дар ахлоку одоб, адолату мурувват, ростиву шучоъат намуна бошад. Ин гуна мард барои осоиш ва давом додани наслаш бояд зан бигирад; зане, ки аз чихати акл солиму тандуруст бошад. Баъд аз оне, ки ба балогат расиду сохиби маълумоту касби худ гардид, мардро зарур аст, ки аввал гами хонаву манзилро бихурад, худу ахли хонаводаро бо пушоку хурок, ки моли хаёт аст, таъмин намояд.

Ибни   Сино   нисбат   ба зан чунин  талабхоро  пеш мегузорад: «Зани шоиставу неку шарики мард аст дар мулкаш ва койими уст дар молаш ва чонишини вай аст дар хонааш ва амини вай аст дар парваришу тарбияти фарзандонаш». Аз нигохи Ибни Сино, «бехтарин зан занест, ки дорои сифоти зайл бошад:

  1. Хирадманд бошад.
  2. Диндор бошад.
  3. Бошарм бошад.
  4. Зираку бофатонат бошад.
  5. Дустдору бомухаббат бошад.
  6. Зоянда бошад.
  7. Забондароз набошад.
  8. Итоъаткор бошад.
  9. Покдилу бегаш бошад.
  10. Дар пушти сари мард ва холи гайбати у нигахдори шарафу номус бошад.
  11. Вазнину сангин бошад.
  12. Бовикор бошад.
  13. Бохайбат бошад.
  14. Дар макоми хидмат ба шавхараш такаббур наварзад, балки фурутан бошад.
  15. Тадбири кору кирдорашро хубу неку бинамояд.
  16. Андаки шавхарашро ба сарфачуйи зиёд кунад.
  17. Гарду губори хузну андухро аз дили шавхараш ба василаи ахлоки неку ва забонаш пок кунад ва хумуми шавхарашро бо лутфи мадори худ тасаллийят дихад».

Албатта, зани дорои чунин хислатхо некмардро хушбахту саодатманд мегардонад.

Одами мухточ аст ба вучуди фарзанде, ки хангоми дардмандиву пири ба падару модар хизмат расонад, пас аз марг номи онхоро гиромиву зинда нигах дорад. Албатта, чунин фарзанд худ аз худ ба вучуд намеояд. Фарзандро бо таълиму тарбия метавон ба ин дарача расонд. Барои падар фарзу карз аст, ки ба фарзандаш номи хубу неку гузорад, илмаш биомузонад ва касбаш ёд дихад.

Ба фарзанд хатту савод, заруриёти диния, Куръони мачид, илмхои адаб, коидахои забон, суханшиносиро хатман ёд бояд дод. Аммо илм беохир аст. Касони толиб метавонанд тамоми умр илм омузанд. Илм нурест, ки ба нафси кас сафо мебахшад. Хизмат ба мардум ва хамнавъони худ бехтарин хислати одамист. Ба гуфти Ибни Сино, одам бояд бо тамоми кувва илм омузад, мохияти онро дарк намояд; илмро дар амал ба кор барад, зеро илм сабаби пешрави, чароги чон аст, ки онро Шайхурраис ба шиша монанд мекунад, ва хамаи ин аз хикмати инсони рушнойи мепазирад:

Тарк бинмо чумларо, чон бар хама маъво бувад,

Пешрафту бехтари чонро хама бо илмхост!

Чон мисоли шиша асту илм монанди чарог,

Хикмати инсониро равган шуморидан равост.

Дар хакикат, зинда хасти дар дами рахшиданаш,

Гар шавад торик, он лахза хаётат дар фаност!

(Тарчума аз араби).

Инсон ниёзманди дуст аст; дусте, ки муънису гамхор бошад. Дуст бояд мисли ойина бошад. Шахс бояд дар чунин дуст тамоми хунархо ва айбу нуксонхои худро бинад, бо мадади у аз гурур, худписанди, ахлоки  ношоиста, хамнишини бад, кору кирдори зишту паст рахои ёбад, аз бадихо дур гардад. Инсони тарбиятёфта дар дусти устувор, хайрандеш ва барои мардум хизматгор мешавад. Чунин шахс хак дорад, ки ба сиёсату сарварии мардум ва корхои давлати шугл варзад. Хидоят ба кори хайр покизатарин кори нек ва бахти баланд аст. Ягон лаззати даргузар хушбахти нест. Ин аст магзи таълимоти инсондустонаи файласуф ва адиби бузурги точик Ибни Сино.

Абуали ибни Сино ба араби ва точики шеърхо навиштааст. Асархои манзуми у ба забони араби аз касоид, китъахои фалсафи, панду хикмат, танзу танкид, ишку мухаббат, хамчунин урчузахо иборатанд. Урчуза ашъорест, ки дар бахри рачаз эчод гардидааст. Дар бораи «Урчуза фи-т-тиб» дар боло сухан рондем, ки бо эчоди он Буали анъанаи Устод Рудаки ва Майсариро давом додааст. Манзумаи Рудаки «Даврони Офтоб» илми нучумро бо шеър баён мекард. Майсари бошад, дар замони Рудаки доир ба илми тиб ба точики манзумае навишта буд, ки 5500 байтро фаро гирифта, имруз хам бокист. Буали Сино боз дах урчузаи дигар навишта будааст, ки сохахои гуногуни донишро баён мекунанд. «Касидаи ъайния», яъне касидае, ки кофияи  он бо харфи «ъайн» тамом мешавад, мазмуни фалсафи дошта, дар он рочеъ ба сайри акл, нисбати тану чон су хан меравад.

Мазмуну мундаричаи гоявии шеърхои точикии Абуали ибни Сино бо мазмуни осори илми ва ашъори арабиаш робитаи ногусастани доранд.

Соли 1980 дар Душанбе тахти унвони «Авчи Зухал» мачмуъаи ашъори Абуали ибни Сино ба табъ расид, ки дар он 4 газал, 3 китъа, 38 рубоъи ва 2 фард аз шеърхои точикии Шайхурраис чой дода шудааст. Инчунин, дар он мачмуъа тарчумаи форсии   «Касидаи ъайния» иборат аз 42 байт дар шакли маснави, асли он касида ва чанд порча шеъри арабии аллома нашр гардидааст. Мазмуни ин шеърхоро фалсафа, ахлок, панд, хикмат, ишк, мухаббат, май ва танкид ташкил медихад. Чустучу ва дарёфти рози ашёву ходисахо, умед аз кашфи хакоики илохи ва, нихоят, ба хулосае омадан, ки асрори гайб хоси Аллохи Таъоло буда, барои бандагон рози кашфнашавандаест, мазмуни аглаби чунин шеърхост.

 Абуали ибни Сино бо афсус мегуяд:

Ай кош, бидонаме, ки ман кистаме,

Саргашта ба олам аз пайи чистаме?!

Гар мукбилам, осудаву хуш зистаме,

Варна ба хазор дида бигристаме!

Ин мазмун дар асархои гуногуни Шайхурраис бисёр такрор мешавад. Дар газале хам у бо шубхаву надомат мефаромояд:

Кас надонад, ки ман кучо рафтам,

Худ надонам, ки ман кучо будам!

Хангоми зиндаги ва баъди марги Ибни Сино хам асрхо ахли хурофоту тасаввуф уро ба бедини айбдор мекарданд, чунки Шайхурраис нотарсона ва бериё алайхи нодонию чахл хуруч мекард. Ин гуруххо, ки худро донои чахон мешумурданд, аксар одамони дар акида махдуд, камдониш ва дар биниш тангназар буданд. Онхо ба алломаи замон бо чашми адоват нигариста, бар зидди у хамлахои девонавор оварда, кофираш мегуфтанд. Ибни Сино хам ба онхо дар оханги худашон чавоб мегардонд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд

Аз чахл, ки донои чахон эшонанд,

Хар бош, ки ин чамоъа аз фарти хари,

Хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд!

Абуали ибни Сино бо тавозуъ эътироф менамояд, ки аксари асрори оламро кашф карда бошад хам, дар маърифати Хак натавонистааст чизеро бифахмад:

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.

Дар маърифатат, чу нек фикре кардам,

Маълумам шуд, ки хеч маълум нашуд!

Албатта, ин эътирози аллома дуруст аст, ки ба кунхи вучуди Худованд нарасидааст, зеро он аз иктидори инсон берун ва хоси худи Парвардигор аст. Аммо дар хамин чо хам Абуали ибни Сино ба дарки бисёр нуктахои борики асрори Худованди расидааст. Масалан, кашф кардааст, ки Хак — яъне вочибтаъоло чони чахон, боису офаридгори чумла хастихост; чахон гуё баданест, ки хамаи мавчудот, яъне одаму малоика метавонанд дарк бинамоянд, ки тамоми чамодоту наботот ва хайвоноти чахон аз унсурхои чахоргона – хоку обу оташу бод сохта шудааст, ки хамаи инро тавхид, яъне як будани хилкат, яъне офариниш мегуянд. Дигар хамаи таълимот дар бораи хилкат ва вахдати халлок-офаранда ва махлук-офаридашудахо дуруг буда, кобили пазируфтан нест.

Ибни Сино дар як рубоъии худ мефармояд:

Хак чони чахон асту чахон чумла бадан,

Ачносу малоика —  хавоси ин тан!

Ачром — аносиру маволид — аъзо,

Тавхид хамин асту дигархо хама — фан!

Фарки ашъори Ибни Сино аз шеърхои шоъирони дигар он аст, ки аксаран аз мазмунхои фалсафи сиришта шуда, андешахои файласуфи чахониро рочеъ ба нуктахои борики ин фан ифода намуда, дар аглабашон ифшо нагардидани асрори Илохи таъкид мешавад. Ба рубоъии зер таваччух намоед:

Ай зоти ту  мар вучудро буда асос,

Чуз зоти ту нест хеч кас зотшинос!

Касро ба камолу кунхи зотат рах нест,

Бар феъли ту мекунанд зоти ту киёс!

Ба  андешаи Абуали Сино, оламу хаводиси он хамеша дар гардиш буда, ободиву хароби доимо якдигарро метавонанд иваз кунанд:

Хар хайъату хар накш, ки шуд махр кунун,

Дар махзани рузгор гардад махзун.

Чун боз хамин вазъ шавад вазъи фалак,

Аз пардаи гайбат оварад Хак берун.

Аммо аз ин тагйироту ивазшавихо, ки хамааш дар хазинаи рузгор махфуз аст, тачриба бояд гирифт, зеро Худованд кодир аст харобихоро ба ободони ва ободихоро ба вайрони табдил дихад. Инро ба чашми ибратбин бояд дид.

Таълимоти ахлокии Абуали ибни Сино ба андухтани дониш, омухтани хунар, гиромидошти дусти, ситоиши рафокат, талкини адлу инсоф ва таргиби неки нигаронда шудааст. Мубаллиги бузурги ахлоки мухассан аз муриду  мусохибони худ дархост менамояд, ки  имруз бояд кореро, ки аз дасташон меояд, анчом диханд, зеро пагох дер хохад шуд:

3-он пеш, ки  аз чахон фуру мони фард,

Он бих, ки  набоядат пушаймони х(в)ард!

Имруз бикун, чу метавони, коре,

Фардо чи куни, ки хеч натвони кард!

Панду насихатхои судманди Буали Сино мисли хикмату андарзхои Рудакиву Фирдавси ба арзиши баланди тарбияви молик буда, ахлоки шоистаи чамъиятиро таргиб менамоянд. Дар газале Абуали ибни Сино хислатхои бадеро бармешуморад, ки инсони хакики аз онхо бояд пок бошад, ки хасад, пасти, дуруг, талбандаги, тарсончаки, мумсики, нолидан аз рузгор, дунёпарасти, аз ачал тарсидан ва, нихоят, гусса хурдан аз наздик шудани марги худ аз он чумлаанд:

Харом аст дах чиз бар родмард,

К-аз он шаш бувад марди озода фард:

Хасад бурдану сифлагию дуруг,

Намудан ниёзу заъифию дард.

Чу ниъмат бувад, даст бар дустон

Бибояд кушудан ба доду ба х(в) ард.

Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,

Бихил, то шавад руят аз дард зард.

Саволе наярзад саросар чахон,

Чу фарчом бошад яке охи сард.

Ачал нардбоз асту мо мухраем,

Фалак каъбатайну чахон тахти нард!

Аз руйи фармудаи Ибни Сино, окибатандеш ва дурустпаймон будан аз хислатхои хуби одамист. Бинобар хамин, мисли он ки одам аз шакаре, ки бо захр омехтааст, ва ё аз пашшае, ки бар мор нишинад, аз дусте, ки  бо душманаш ошно шуд, пархез бояд намояд:

Бо душмани ман чу дуст бисёр нишаст,

Бо дуст набоядам дигар бор нишаст.

Пархез аз он шакар, ки  бо захр омехт,

Бигрез аз он магас, ки  бар мор нишаст!

Ин акида, аслан, аз таълимоти дини сарчашма гирифтааст, ки гуфта мешавад: дустони Худои таъолоро дуст доред, душманонашро душман ангоред!

Абуали ибни Сино хар кадар дустиро ситояд, хамон кадар душманиро мазаммат менамояд ва дар яке аз газалхои хасбихолии  арабиаш душманони худро, ки  бар зиддаш хамлахои девонавор оварда, тахкираш мекарданд, ба сагони аккоси ташбех медихад, чунки одамони солимаклу одил мебуданд, бо вай адоват намеварзиданд, зеро аклу адолат бо чахлу адоват созгор нестанд:

Ба дилхо вахм агар аз ман намебуди, намегуфтам

Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд тахкирам.

Зи тарси шери гуррон чох кованду зананд авъав,

Гирифт овози он сагхо, валекин ман хамон шерам!

Пагохи часта аз чо, кач назар дузанд суйи ман,

Зи бас бедораму шабхо зи мехнат дил намегирам.

Агар чашми адолат буди дар чойи адоват, пас

Намедиди кабех он  корхои нагзтаъсирам!

(Тарчума аз араби)

Албатта, чахони фикру андешахои таълимии Шайхурраис бо таргиби дусти ва танкиди душмани махдуд намегардад. Ганимат донистани умру ба корхои хайр сарф карданаш аз талабхои чиддии дигари уст:

Рафт он гухаре, ки буд пирояи умр,

В-овард замона токи сармояи умр.

Аз руйи сапедам сари пистони умед,

Бингар, ки сиёх мекунад дояи умр!

Услуби вижаи нигориши рубоъии мазкур дар он аст, ки суханхои фасеху зебову гушнавоз (гухар, пирояи умр, ток), мачоз (сармояи умр, пистони умед, дояи умр) ва гайра устодона истифода шуда, дарки матлабу маъниро сабуку равшану осон гардонидаанд, ки хоси сабки Рудакиву сахли мумтанеъанд.

Умуман, масъалахои мураккаби фалсафаву ахлокро бо суханони ширини рухпарвар самимона ифода кардан махорати баланди шоъирии Абуали ибни Синоро намоиш медихад. Дар рубоъии зерин ба инсонхо панд дода мешавад, ки кас набояд побанди нафс, гирифтори хавову хавас шавад, дунёталабу чоххох бошад, ки окибат аз дустон чудову ба душманон гирифтор мегардонад. Абуалии Сино на танхо худи инсон, балки нафсро ташхисонда, онро мухотаб карор медихад:

Ай нафс, ки бастаи хавову хаваси,

Биштоб, ки дар химояти як нафаси!

Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,

К-аз дуст баройиву ба душман бираси!

Дар байти поён тазоди аршу фарш, ки пахнои чахонро мефахмонад, устодона ба кор рафтааст, яъне, кас метавонад аз хоксориву  фурутани махбуби дилхо гардад:

Агар зи хастии худ бигзари, якин медон,

Ки аршу фарши фалак зери по тавони кард!

Оханги навозиш аз байтхои зерин хувайдост:

Рузаке чанд дар чахон будам

Бар сари хоку бод паймудам.

Соъате лутфу лахзае дар кахр

Чони покизаро биёлудам.

Андешаро ба воситаи корбурди    санъатхои баланд ифода намудан аз хусусиёти дигари сабки шоъирии  Ибни  Синост. Аз чумла, бунёди  китъаи  зайл  саросар ба санъати ташхис нихода шудааст:

Ба хар диёр, ки  хашми ту корзор кунад,

Замона бар сари хунобаи чигар гардад.

Магар, ки бахр ба хоки дари ту наздик аст,

Ки рузгор аз у дастпургухар гардад?!

Корзор кардани хашм ташхис ва хунобаи чигару сари  хунобаи  чигар мачоз   буда,  дар   дохили     ташхис омадаанд.  Рубоъии зерин низ бо ташхис, суханбози ва муболигае, ки дар дохилаш тазод хаст, гуфта шудааст:

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як муй надонист, вале муй шикофт.

Андар дили ман хазор хуршед битофт

В-охир ба камоли заррае рох наёфт.

Баъзе шеърхои Абуали ибни Сино бо камтар ороишу пероиш, вале содаву фахмо иншо гардида, матлаби шоъир бо калимахои хамоханг, мачозхо, сифатхо ва истиъорахо баён ёфтааст, ки фармону даъвати махзест:

Бо хар хасе зи руйи хаво дусти мадор,

Бо хар касе зи содадили рози худ магуй!

Бо мардуми музаввири бадасли бадгухар

Дар куйи мардуми зи пайи дусти мапуй!

Гар боядат, ки кам нашавад обруй, ту

Фармону ихтилоти фурумоягон мачуй!

Дар обруй куш, азеро ки оби руй

Чун кам шавад, бад-у напазиранд обруй!

 Ин навъ шеьрхо баёния ва хитобахои пандгуёну омузгорони тамоми давру замонхоро мемонанд:

Гумон барам, ки дар он рузгори тира чу шаб

Бихуфт чашми мурувват, бимурд модари чуд.

Зи сайри хафт ситора дар он дувоздах бурч

Ба дах-дувоздах сол андар ин диёру худуд

Хазор шахси карим аз вучуд шуд ба адам,

Ки як карим намеояд аз адам ба вучуд!

Байти аввал магзи матлабро ифода карда, хафт ситора дар байти дувум хафт сайёраро мефахмонад; дувоздах бурч дувоздах бурчи фалакист, ки рамзи дувоздах мохи хар сол аст; адам дар байти охирин нестист; хосили максуди шоъир он аст, ки дигар дар дунё муруввату саховат боки намонда, дах-дувоздах сол боз хол хамин аст, ки мисоли дигари асари рузгор ба афкори мардуми рузгор, аз чумла, суханвари замон, мебошад.

 Ашъори ишкиро Абуали Сино аз тору пуди латофату назокат мебофад, ки рубоъии зерин гувохи дурустии чунин даъвост:

Ай дил, хама чоми ошики нуш чу гул,

Пайваста либоси ошики пуш чу гул!

Чун шамъ забони оташин дорад ишк,

Зинхор мабош пунбадаргуш чу гул!

Шеърхои Шайхурраис микдоран кам бошанд хам, дар таърихи назми форсу точик макоми арчмандеро ишгол намуда, барои бисёрихо сармашки  амал карор гирифтаанд.

Бидуни шубха, Абуали ибни Сино аз доноёни бузургу мутафаккирони сутургест, ки бо асархои тиббию фалсафи ва адабии худ дар тули хазор соли гузашта дар кишвархои зиёди Шарку Гарб шухрати бемонанд пайдо кардааст. У дар тиб олимест, ки тачрибаи илми чахонии пеш аз худро чамъбаст намуда, барои ояндагон асархои арзандае ба ёдгор гузоштааст, ки шохрохи минбаъдаи илмро муайян кардаанд. «Урчуза фи-т-тиб» ва «Ал-конун», ки дар таърихи илми тиб хамто надоранд, хануз дар асри ХП аз тарафи Черарди Кремони (1114— 1187) ба лотини баргардонда шуда буданд, ки баъдхо Андри Алпагус тахриру ислохаш намуд. Соли 1279 Натан-та-Меати (Хаммати) «Ал-конун»-ро ба яхуди тарчума кард. Баъд аз ихтироъи дастгохи чоп «Ал-конун» ба забони лотини нахустин бор соли 1473 дар Венесия ва соли 1491 дар Неапол нашр гардид. Дар асри XV 15 бор ва дар асри XVI зиёда аз 20 маротиба чоп шуд. Аз чихати микдори чоп «Ал-конун» бо китоби мукаддаси масехиён «Библия» баробар меомад. Мукаммалтарин тарчумаи лотинии «Ал-конун» ба калами Плембий мутаъаллик аст, ки соли 1658 дар Лвов чоп шудааст. Матни аслии арабии он соли 1593 дар Рим (Итолиё) нашр шуд. Дар як расми кандакории асрхои миёна, ки дар Аврупо кашида шудааст, Ибни Сино точ бар сар ва дар ду пахлуяш Букроту Чолинус акс ёфтаанд. «Ал-конун» ба бисёр забонхои дигари чахони мутамаддин гаштаю баргашта тарчумаву нашр шудааст. Онро Данте, Леонардо да Винчи, Кант, Везалий хонда, аз он иктибосхо овардаанд. «Ал-конун» дар тули асрхо китоби руйимизии табибони олам буда,  холо хам ахамияти илмии худро гум накардааст.

Асари дигари аллома «Урчуза фи-т-тиб» ба забонхои лотини, яхуди, инглиси, фаронсави, немиси, румини, узбаки, руси ва гайра тярчумаву чоп шудааст. Охирин тарчумаи лотинии асар аз чониби Антоннус Деузингиус соли 1649 дар Нидерланд нашр шуда буд.

Асархои оламшумули алломаи беназири точик Абуали ибни Сино то холо гаштаву баргашта ба забонхои гуногуни олам тарчумаву чоп мешаванд.

Накши Шайхурраис дар таърихи фалсафаи чахон чунон бузург аст, ки  баъд аз Арасту (384— 322 пеш аз мелод), мувофики эътирофи умум, касе дар олами фалсафа монанди у пайдо нашудааст. Олимони соха дар Шарку Гарб, минчумла, Ибни Рушд, Умари Хайём, Мухаммади Чурчони, Насириддини Туси, Кутбиддини Шерози, Чалолиддини Даввони ва дигарон ба таълимоти фалсафии у пайрави кардаанд. Сичери Брабанти (асри ХШ) асосхои таълимоти худро аз асархои фалсафии Ибни Сино гирифтааст. Хануз соли 1593 дар Рим тарчумаи лотинии «Начот» чоп шуда буд. Соли 1951 хонум А. Гвашеи онро ба фаронсави баргардондаву мунташир сохт.

Асархои адабии Ибни Сино низ ба бисёр забонхо тарчумаву нашр шудаанд.

Аз замони зиндагии Абуали Сино сар карда, мухолифини  зиёди гоявиаш алайхи вай хамла мекарданд, ки донишмандони бузурге чун Имом Газоли, Фахриддини Рози, Хусрави Дехлави, Абдурахмони Чоми, Фомаи Аквини ва амсоли инхо дар он кабил буда, гувох аз бузургии бенихояти чахони андешаву бархурди Абуали ибни Сино медихад. Аксу минётурхои зиёде, ки дар мамлакатхои мусулмони ва кишвархои гарби рочеъ ба Ибни Сино кашида шудаанд, аз шухрати волои чахони ва мухаббати беолойиши хамагони ба ин нобигамарди оламшумул дарак медиханд.

Дар Точикистону Эрон аз хусуси чараёни зиндагии аллома филму намоишномахои зиёд офарида шуда, ашъори у хамеша дар охангхои халкиву «Шашмаком» суруда мешаванд. Соли 1954 бо Карори Шурои умумичахонии сулх, аз руйи солшумории хичри, ва соли 1980 бо Карори ЮНЕСКО мутобики таквими масехи, дар тамоми дунё чашни 1000-солагии зодрузи Абуали ибни Сино тачлил гардида, даххо кучаву хиёбон, мактабу омузишгоху донишкада, корхонаву бунгохи нашру табъ дар Точикистону Эрон, Афгонистону Узбакистон, Туркияву Покистон ва кишвархои дигар ба номи Абуали ибни Сино гузошта шуданд. Дар Душанбеву Бухоро хайкалхои биринчии алломаи   бехамто    чун   нишони хашамату абадият кадафроз гаштанд, ки ному макомашро зинда медоранд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …