Главная / Гуногун / АБДУЛАХАД

АБДУЛАХАД

Баъд аз он, ки хонаро шиферпуш кардем, якчанд дона шифер зиёдати монда буд. Он руз ману падарам хавлиро ба тартиб меовардем. Хануз то вакти нахор зиёдтар аз ним соат монда буд, ки Абдулахад – писараммаи падарам аз дарвоза даромад. Мувофики расми маъмул, баъд аз салому ахволпурси, падарам уро ба як пиёла чой даъват карданд. Мо ба руи тахт- кат, ки дастархонаш доим омода ва то омадани мехмон бо як пардаи харир руйпуш меистод, баромада нишастем. Охир, мардуми Панчруд ба хонаи хамдигар мисли хонаи худашон, хар вакт ки хостанд, мераванд ва хеч гох пешниходи «як пиёла чой»-ро рад намекунанд. Аз ин сабаб дар хонахо дастархонхоро чамъ намекунанд, балки барои мехмони хондаву нохонда омода нигох медоранд.

Вакте мо сари хон нишастем, Абдулахад гап сар кард:

  • Абдулхамид, писари таго, ман бо як кори мухимме назда- тон омадам, агар корамро буд кунед, хурсанд мешавам. Шумо ба ман писари таго, наздиктарин касед. Агар дар ин дунё ба наздикон такя накуни, ба ки такя мекуни? Худатон медонед, ки ман аз баччаги сагир мондам, бо азоби зиёд калон шудам. Хуб медонед, ки худорахмати аммаатон бо чи машаккате моро тар- бият карданд, – садояш ларзид. Баъд шаммае аз ранчу кулфати дар хурдсоли кашидааш накл карду як пора нонро ба дахон андохта, ба киссаи чавони ва зангирияш гузашт. Зани аввали- ашро сифат карду аз марги нобахангомаш афсусу надомат баён кард ва хатто овозаш ларзида, наме хам дар дидагонаш пайдо шуд. Баъд ба киссаи зангирии дувумборааш пардохту гуфт:
  • Хар мард дар хаёташ бояд фарзанди наку ба дунё биёрад, номи хуб дихад ва уро хонадор кунад. Ин чо аз пиёла чойро бо садои баланд хурт кашиду ба суханаш идома дод.
  • Шукри худо, аз ин зан ба ман дах фарзанд ато кард!

Дар суханаш инчо оханги ифтихор эхсос мешуд. Гуё, хиз- мати бузурге ба одамият карда бошад. Мо, точикон дар назди башарият масъулияти хосе ба ухда гирифтаем, фикр мекунем, ки агар хар падар дахто фарзанд накунад, тухми инсон аз дунё пок мешавад.

Абдулахад ба сухан идома дода, аз таваллуд то ба камол расидани хар фарзандашро хам баён кард. Ба сари зангирии писаронаш расида, хонадор кардани ду писари аввалинашро бо чузъиёти том ва тавсифи хонаводахои арусон гуфт. Хуроки нахор хам омода шуд ва ман онро оварда руи дастархон гузош- там. Падарам:

  • Ба хурок нигох кунед, Абдулахад, – гуфта муроот карданд.
  • Аввал Шумо, Шумо бузурги авлоди моед, «Об аз хурд, хурок аз бузург» гуфтаанд, – чавоб дод Абдулахад.

Ин масъала, ки ки бояд аввал хурдани гизоро сар кунад, дар Панчруд як масъалаи бисёр мухим аст. Баъзан сари ин масъала бахсхое ба амал меояд, ки хурдани гизоро хеле акиб меандо- зад. Хушбахтона, ин чо вакт хеле кохилона харакат мекунад ва одамон ниёзе ба шитоб надида, сари бахсхои ба назарашон хеле мухим чи кадр лозим бошад, вактро дарег намедоранд.

Падарам дар идомаи бахс исрор накарда:

  • Хайр, гиред, – гуён даст ба табак бурданд.

Амаки Абдулахад ба болиш такя зада, ба хурдани оши па- лав огоз кард, вале ин ба сухбат карданаш халал намерасонд. Хамоно, киссаро аз чои канда шудааш идома дод ва гуфт:

  • Ду келин дар як хона рост намегиранд, хавлиямон хам хеле калон нест. Хислатхои занхои писаронашро хам як-як бар- шумурд. Муносибати онхо бо модаршуяшон – зани худашро хам баён намуд. Ба истилох «бистарафшони» мекард. Аз он бармеомад, ки ин се оила дар як хавли дар фазои токатфарсое бо чангу чидол ва хархашаи харруза зиндаги мекунанд.
  • Аз хамин сабаб, ният кардам, ки дар хамин китъаи замин, ки ба ман соли гузашта доданд, кулбае бино карда, якеашро чудо кунам. Албатта, аз чузъиёти мочарои заминчудокуни низ моро ба тафсил хабардор кард. То ба охир расидани ошхури киссаи сохтмони хонаи навро низ, ки кораш то мархалаи пушиши бом расида буд, бо чузъиёти густарда накл кард. Дас- ташро пок карда истода:
  • Писари таго, барои руйпуш кардани бом, дуто шифер намерасад, ман омадам, ки хамин ду шиферро аз шумо карз кунам, – гуфта, нихоятан баъд аз кулли он тафсилот, ки ба ин ду шифер рабти ногусастани дошт, максадашро баён кард. Падар, ки дар тули ин хама вакт факат як бор, хини мурооти хурок лаб кушода буданд, ба ман:
  • Хез, рафта ба Абдулахад ду шифер те, – гуфтанд.

Худашон, пиёлаи чойи наздашонро нушида:

  • Хезед, Абдулахад, шиферхоро гиреду рафта боматонро пушонед, – гуён даст ба руй кашида, бархостанд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Муборизаи миллию озодихохии халки Корея

Дар Корея хукмрон шудани истилогаронн Чопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онхо мардумро …