Главная / Гуногун / АБДУХАЛИМ

АБДУХАЛИМ

Зарба мисли дафъаи гузашта, ба чои дигари хонадон зада шуд. Мохи августи соли 1999 хохарам Ибодат писараш Аълочонро хонадор мекард ва моро ба чашни аруси ба Панчруд даъват кард. Мо бо истифода аз фурсат, хамаи дустон ва кормандони ширкатро ба ин чашн даъват кардем. Ман бо чанде аз дустон ду руз пеш ба Панчруд рафтем. Ман онхоро барои тамошо ба Кули Калон бурдам.

Вакте мо аз Кули Калон ба нияти чашни аруси ба хонаи хохарам баргаштем, хабари шуме расид, ки Абдухалимро дар рох задаанд ва уро ба бемористони шахри Панчекат бурдаанд. Вакте ман ба бемористон расидам, Абдухалим дар холи бехуши дар дами марг карор дошт. Аз гуфти пизишкон, сараш сахт зарб хурда буд. Пизишкон уро ба таври фаври ба чаррохи гирифтанд ва ними шаб ба мо эълон карданд, ки кушишашон бенатича анчомидааст ва у фавтид. Мо рузи дигар уро дар оромгохи дехаи Маргедар ба хок супурдем. Ин зарбаи мудхиш буд! Ин зарбаи ночавонмардона тамоми шо- диву сурурро барои солхои зиёд аз хонадони мо рабуд. Худоё, холо хам бо гузашти ин хама сол чи кадр сахт аст ёд овардани он вокеаи мудхиш ва навиштани ин сатрхо!

Ман дар бораи чузъиёти ин ходиса наменависам, факат хамин кадар мегуям, ки як силохбадасти лаъин, ки номаш гум бод (!) факат ба хотири пеш гузаштан аз мошинаш, уро латукуб карда, ба хамин хол расондааст. Баъдан котил ба чазояш расид, вале ин оташи алами моро паст накард. Чузъиёти ходисаро аз он сабаб наменависам, ки хондани он барои аъзои хонадони мо хеле дарднок хохад буд, дар холе, ки ин китоб сараввал барои онхо навишта шудааст. Ва агар нависам, дидани ин китоб барои худам хам душвор хохад буд.

Абдухалим шахси орому ботамкин ва ба маънои томаш халим буд. У хамчун бародари калони дар хурдиям мунису гамхор ва дар чавони хамдаму хамрози ман будааст, мо он кадр ба хам наздик будем, ки хатто пас аз такрибан бист сол, касе натавонист дар дили ман чойгузини у шавад. Шояд сабаб он бошад, ки ман натавонистам уро рахо кунам. Солхои аввал ба чои дил, санги сарде дар сина доштам ва дунё бароям ори аз рангу тароват шуда буд. Холо хам, вакте ёдаш мекунам, хамон холат даст медихад. Солхо оромиямро гум карда будам, гох дар яъс будам, гох дар хашм. Даркору нодаркор даъвову хархаша мекардам.

Ба холи худам нигох накарда, аз холи падару модарам ни- гарон будам. Бо гузашти солхо фикр мекардам, ки онхо таскин ёфтаанд, вале хайхот!

Соле пеш аз марги падарам, устод Сорбон ба хонаи падар мехмон шуданд. Сари дастархон сухбати хардуи онхо «кур ги- рифт». Ману Комрон хам хузур доштем. Устод Сорбон мисли хар нависандае, бо кунчкоби савол дода, хотироти падарамро берун мекашиданд. Падарам дар бораи чойхои коркардаашон ва чоизахои гирифтаашону мочарохои аз сар гузарондаашон накл мекарданд, ки аксараш барои ман хам нав буд. Вакте дар бораи чавонияшон ва нав ба кор кабул шуданашон, ки хар руз хашт-дах километр пиёда ба кор рафта меомадаанд ва аз хастаги дар рох рост истода, хобашон бурда мондааст, накл карданд, устод Сорбон ба вачд омада, якбора, «ман дар бораи Шумо китоб менависам», гуфта ваъда доданд. Дар охири сухбат падарам бо як охи сард гуфтанд:

– Халол хурдам, халол гаштам, намедонам, чаро худованд ин мусибатро насиби ман гардонд?!

Падарам таскин наёфта буданд, холо хам дар суги Абдул- халим буданд ва дар аъмоли худашон гунох мекофтанд…

Устод Сорбон бо падарам карор карданд, ки чанд бор во- хурда, хотирахои падарро навишта мегиранд ва аз он китоб месозанд. Мутаассифона, бо сабаби дурии рох ва бемории пада- рам, Устод натавонистанд хотирахоро аз худи падарам навишта гиранд. Баъд аз марги падарам, Устод он ваъдаро карзи худ дониста, аз мову амакхоям ва холдонхо мавод чамъ карда, дар бораи оилаи мо китобе бо номи «Кадевар» навиштанд.

Мутаассифона, чанги шахрванди ва аворизу омилхои он хеч касеро канор нагузошт. Одамони бегунох зиёд кушта шуданд. Ба аъзои хонадони мо, ки дар ин чанг аз хеч суе иштирок на- карда буд, зарбахои паёпай ва мухлик ворид шуд. Шумори оилахои дар ин чанг курбонидода хисоб надорад. Умедворам, ки чунин бадбахти дигар хеч гох насиби мардуми кишвари азизи ман нашавад!

Вале фочеахои мудхиши ба сари хонадони ман омада як хакикатро ба ман ошкор кард, ки дар чомеаи гушна сер будан «чурм» аст. Дар ин мухит ба мукобили бухлу хирсу хасад хеч чорае муассир нест. Муваффакиятхои ман ба сари хонадони ман бало овард. Ман дарк кардам, ки агар чораи муассиртаре набинам, ин хамлахо хатман идома хоханд кард. Аз ин сабаб, тамоми наздиконро ба деха фиристодам. Синни фарзандони ман ба мактаб расида буд. Духтарам Манижа ду сол ва писарам Фаридун як сол дар хамон мактабе, ки ман хонда будам, тахсил карданд. Мактаби деха шадидан таназзул карда буд ва дар он чо нигох доштани кудакон чабр бар ояндаашон буд. Дар деха барои бародаронам низ шароити кори мухайё набуд ва ман тасмим гирифтам дар аввалин фурсат оилаву фарзандон ва бародаронамро ба хоричи кишвар, ба Русия бифиристам. Вакт нишон дод, ки ин тасмим дуруст будааст, зеро гаравгонгирон дар тафтишот баён карданд, ки дар давоми як сол саъй карда- анд, то ягон наздики дигари маро гаравгон бигиранд.

Чанги шахрванди дарвокеъ фочиаи бузурги умумимилли буд, ки дилхои захмин боки гузошт. Гайр аз чони хазорон одами бегунохро рабудан, хисороти маънавии зиёд ва зиёни молии чандмиллиарди расондан, равандхоеро мисли махалгарои ва фасод таквият дод ва бунёди кард.

Нихоят, дар аввали солхои духазорум кишвар ба оромии вокеи расид ва мардум нафаси сабук кашиданд. Амният бар- карор шуд, солхои созандаги фаро расиданд ва ба тадрич обо- донии кишвар шуруъ шуд ва ин ба ман имкон дод, ки сахми хурди худро дар рушди кишвар гузорам, ки хикояи он дар кисми баъди хохад омад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …