Главная / Илм / «ЗУМРАД»

«ЗУМРАД»

zumrad«ЗУМРАД», осоишгоҳест дар ш. Исфара. Дар баландии 940 м аз с.б. воқеъ гаштааст. Мавзеи «З.» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дошта, зеботарин гӯшаи ноҳия ба шумор меравад. Сабаби таъсиси «З.» чашмаи минералии «Обишифо» аст. Дар ҷои имрӯзаи «З.» с. 1972 хонаи истироҳат (150 кат) барои кормандони соҳаи кишоварзӣ ташкил шуда буд. С. 1976 онро ба осоишгоҳ табдил доданд (барои 260 наф). Феълан дар «З.» дар як баст то 500 наф. истироҳат мекунад (дар як сол то 8500 наф.). «З.» дорои 3 бинои иқоматӣ, 2 котеҷ, 3 бинои табобатӣ (барои 250 наф. дар як соат), қасри «Шифокорон» (барои 300 наф.), китобхона, чойхонаи «Сино», осорхона, ошхона, озмоишгоҳи биохимиявӣ, шӯъбаи ташхис ва стоматологӣ мебошад. Дар «З.» ба бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардитҳо, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва ғ.), узвҳои такя ва ҳаракат (тарбод, остеохондроз, остеоартрозҳо, остит, бурсит ва ғ.), силсилаи асаб (атеросклерози рагҳои майна, арахноидит, энсефалит, полиомиелит, сарсом, неврастения ва ғ.), касалиҳои занона (илтиҳоби бачадон, бенаслӣ, эндометрит, аднексит, колпит ва ғ.), илтиҳоб ва захми меъда, амрози ҷигар, талхадон, гурда ва роҳҳои пешоб ва ғ. дармон бахшида мешавад. Табибони «З.» аз усулҳои муолиҷа бо оби минералӣ (обшифоӣ), варзиш, парҳез, лойқаи шифобахш, лойқабарқ, озокерит (муми кӯҳӣ), нафталан, барқшифоӣ, магнитшифоӣ, масҳшифоӣ, сӯзаншифоӣ ва ғ. истифода мекунанд.
Ад.: Бобохонов С.Б., Восидов З. (ва диг.), Зумрад, Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …