Главная / Илм / ЗУКОМ

ЗУКОМ

zukomЗУКОМ (Rhinitis), ринит, илтиҳоби луобпардаи бинӣ; бемории алоҳида (аз сирояти микробҳои мухталиф ва ниҳоят хунук хӯрдан ба вуҷуд меояд) ва бештар аломати чанде дигар амрози сироятӣ (мас., грипп, хуноқ, назла, сурхча ва ғ.) мебошад.
Дар натиҷаи варами (газаки) луобпардаи бинӣ ё гулӯ ҳисси хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд рӯз оби бинию луоб хеле зиёд меояд. Авзои бемор кам тағйир меёбад, ҳарорат, одатан, мӯътадил аст ё аз 37 – 37,5° боло намешавад. Бо вуҷуди ин, мариз сарашро вазнин ҳис мекунад, қобилияти корӣ паст, бо бинӣ нафас гирифтан душвор мегардад; баъзан аз сабаби илтиҳоби пардаи чашм оби чашм меравад, ҳисси шомма суст мешавад. Хусусан З.-и кӯдакони ширмак вазнин аст; азбаски вораҳои бинии онҳо хеле танг мебошанд, андак варамидани луобпардаи бинӣ ба ихтилоли нафас, хоб, лоғари (сина макида натавонистану гуруснагӣ)-и кӯдак сабаб мегардад. Баъзан илтиҳоб луобпардаи ҳалқум, найчаи гӯш, ханҷара ва ҳатто қасаба (бронхҳо)-и шушро фаро мегирад. Ба ин қабил инкишофи З. роҳ додан ҳаргиз мумкин нест.
Ҳангоми З. чунин тадбирҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида мешаванд: бештар нӯшидани чой (ширчой, асалчой, чой бо қиёми марминҷон, қулфинай ва ғ.); мувофиқи тавсияи духтур истеъмол кардани доруҳои арақовар, антибиотикҳо ва ғ. Дар натиҷаи табобат варами луобпардаи роҳҳои нафас барҳам хӯрда, нафасгирӣ осон мешавад. Сахт бинӣ афшондан ва сулфаи тӯлонӣ ба сироят ёфтани қисми дохилии гӯш мусоидат мекунад. Аз ин рӯ биниро оҳиста (бе зӯр задан) афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст. Аз табобати саривақтии З. сар кашидан ва иҷро накардани тавсияи духтур (мас., оид ба бистарӣ гаштан) муҷиби инкишофи З.-и музмин мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки илтиҳоби бардавоми луобпардаи узвҳои нафас ба раванди мӯътадили нафасгирӣ халал ворид месозад.
З. ҳамеша оқибати ниҳоят хунук хӯрдан ё амрози сироятӣ нест. Шахсони асабонӣ ва ҳаяҷонпазир бештар гирифтори З.-и аллергӣ (З.-и вазомоторӣ) мешаванд. Ин қабил З. бо атсазании муттасил, ихроҷи барзиёди оби бинӣ, ашкрезӣ, хориши бинию пилкҳои чашм хурӯҷ меёбад (рӯзе чанд маротиба такрор мешавад).
Барои табобати З.-и аллергӣ доруҳоеро кор мефармоянд, ки онҳо ҳассосияти баланди организмро мӯътадил мегардонанд. З.-и навъи хасбеда, одатан, айёми гулшукуфти растаниҳои хӯшадор пайдо мешавад. Сӯйистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, амрози дилу гурда, шароити кории зарарнок (мас., ниҳоят чангу ғуборнок будани ҳаво) ба иллати музмин гузаштани З.-и шадид мусоидат мекунанд.
Дар натиҷаи З.-и музмин луобпардаи бинӣ ғафс шуда, оқибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роҳҳои нафас тунук мешавад. Дар ин сурат барқарор намудани функсияи луобпарда ва ҳисси шомма басо мушкил хоҳад гашт. Аз ин рӯ, ба инкишофи З.-и музмин набояд роҳ дод. Андешидани тадбирҳое, ки З.-ро пешгирӣ мекунанд, хусусан обутоби организм басо муҳим аст.
Тавассути обутоби организм одам ба тағйири ҳарорат,сармо ё гармозанӣ, ба бодғар, рутубати барзиёд ё ҳавои хушк одат мекунад. Организмро ҳаво ва офтоб дода, ба оббозӣ, намудҳои тобистонаю зимистонаи варзиш муттасил машғул шудан лозим аст. Риояи қоидаҳои беҳдошт дар хона ва истеҳсолот хеле муфид мебошад. Ҳангоми чангу ғубор будани ҳавои коргоҳ аз респиратор истифода бурдан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …