Главная / Илм / ЗОНГ

ЗОНГ

zongЗОНГ, чашмаи минеарлӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар андароби д.-ҳои Помир ва Вахон, тақр. 111 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2840 – 3020 м. Оби чашма аз 9 ҷой, ки оби шаштои он хунук ва оби сетоаш гарм аст, мебарояд. Мавзеи чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Дар атрофу акнофи он бӯи гидрогенсулфид ҳис мешавад. Дебити чашмаҳои обашон гарм – 6,0 л/сон., ҳарор. +25,5 – +470С. Оби чашма газнок буда, аз натрий (650 мг/л), калий (61,0 мг/л), калтсий (61,0 мг/л), магний (16,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1232 мг/л), хлоридҳо (291 мг/л), сулфатҳо (287 мг/л), ангидриди озоди карбон (301 мг/л), кислотаҳои силикат (161 мг/л) ва метаборат (159 мг/л) иборат аст. Минералнокӣ 3,07 г/л. Ҳарор. чашмаҳои обашон сард +15 – +190С, дебиташ 2,85 л/сон. Дар таркиби оби онҳо оҳан, литий, стронсий, фтор, титан, манган, алюминий, мис ва берилий мавҷуд аст.
Оби чашмаҳоро метавон барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокринӣ истифода бурд. Лойқаи атрофи чашмаҳо (ғафсиаш 10 – 15 см) низ шифобахш аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои маъдании Истису (Озарбойҷон), Боржоми (Гурҷистон) ва Дилиҷон (Арманистон) шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
ЗОНУ, банде, ки устухони сонро бо устухони соқ мепайвандад. Ниг. Банди зону.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …