Главная / Илм / ЗОИРОВ Подабон Тошматович

ЗОИРОВ Подабон Тошматович

zoirov-podabon-toshmatovichЗОИРОВ Подабон Тошматович (тав. 9. 5. 1942, ш. Кӯлоб), духтури дерматовенеролог, доктори илми тиб (1982), проф. (1985), узви вобастаи АИ ҶТ (1997), дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва техника (2000), Аълочии тандурустии ИҶШС (1984). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965) ва факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи С.Айнӣ (1978). Ординатори клиникӣ (1965 – 67), аспирант (1967–70), ассистент (1970– 83), мудири кафедраи бемориҳои пӯст (аз с. 1983), ноиби ректор оид ба илм ва фаъолияти интишоротии ДДТТ (1996–2005). Раиси Ассотсиатсияи пизишкони бемориҳои зӯҳравӣ «Зӯҳра» (аз с. 1994). Оид ба масъалаҳои умдаи бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ беш аз 300 асару мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст. Ҳамчун мудири кафедра ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар кафедра зери роҳбарии З. масоили паҳншавӣ ва ҷараёни аллергодерматозҳо, экзема, псориаз барин бемориҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор доранд. Муқаррар карда шуд, ки аллергодерматозҳо дар баландкӯҳҳои ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамвориҳо камтар дучор меоянд. Ҳамчунин зимни тадқиқот ошкор гашт, ки дар беморони сокини баландкӯҳҳо ҳассосият хусусан ба пашми қӯтосу гӯсфанд, дар сокинони миёнакӯҳҳо ба тамоку, тут, чормағз, дар одамони сокини ҳамвориҳо ба пахта, чинор, чормағз, тамоку, тут зиёд мебошад. Самти дигари тадқиқоти З. ва кормандони кафедра омӯзиши хосиятҳои давобахши чашмаҳои минералии ҷумҳурӣ аст. Онҳо аввалин шуда таъсири обҳои шифобахшро ҳангоми муолиҷаи дерматозҳои музмини авҷгиранда дар кӯдакону наврасон мавриди таҳқиқ қарор доданд. Саҳми З. дар омӯзиши пайдоиш, ҷараён ва табобати бемориҳои ҷимоӣ (зӯҳравӣ) низ арзанда аст. Бори аввал усули лимфатропии тазриқи давоҷот ҳини муолиҷаи сифилис пешниҳод гашт, ки натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Таҳти роҳбарии ӯ 30 наф. рисолаи номзадӣ ва 7 наф. рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.
Ос.: Сифилис, Д., 1998; Пыльцевая аллергия у детей, Д., 1998; Бемориҳои пӯст (китоби дарсӣ), Д., 1999; Луғати мухтасари бемориҳои пӯст: тоҷикӣ-русӣ-лотинӣ-англисӣ, Д., 2000; Синдромы и симптомы в дермато-венерологии, Д., 2002; Болезни кожи, Д., 2002; Целебные и минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003; Руководство по планированию, организации и координации научно-иследовательских работ, Д., 2004; Программы кандидатских минимумов по медицине, Д., 2005; Венерические болезни, Д., 2005; Пигментная ксеродерма, Д., 2006; Частная дерматология и венерология, Д., 2007

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …