Главная / Гуногун / ЗИЁРАТИ ҚАБРИСТОН: Одоб, Қоида ва Тартиб

ЗИЁРАТИ ҚАБРИСТОН: Одоб, Қоида ва Тартиб

Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар-уро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Умми Салама мегӯяд, ки Пайғамбари акрам (с) фармуд: «Шуморо аз зиёрати қубур манъ карда будам, лекин акнун иҷозат дорам, зиёрат намоед. Ба таври яқин дар зиёрати қабр барои шумо ибрат ва панд аст».[1]

duoi-qabr

Назми Низомии Ганҷавӣ:

Зиндадиле дар сафи афсурдагон,
Рафт ба ҳамсоягии мурдагон.
Ҳарфи фано хонд зи ҳap лавҳи пок,
Рӯҳи бақо ҷуст зи ҳар рӯҳи пок.
Коршиносе паи тафтиши ҳол,
Кард аз ӯ бар сари роҳе савол.
К:-Ин ҳама аз зинда рамидан чарост?
Рахт сӯйи мурда кашидан чарост?
Гуфт: Палидон ба мағок андаранд,
Покниҳодон таҳи хок андаранд.
Мурдадилонанд ба рӯйи замин,
Баҳри чӣ бо мурда шавам ҳамнишин?
Ҳамдамии мурда диҳад мурдагӣ,
Сӯҳбати афсурдадил афсурдагӣ.
Зери гил онон, ки парокандаанд,
Гарчи ба тан мурда, ба дил зиндаанд.
Мурда диле буд маро пеш аз ин,
Бастаи ҳар чуну чаро пеш аз ин.
Зинда шудам аз назари покашон,
Оби ҳаёт аст маро хокашон.

Мақсад аз зиёрати қабристон дуо ва ибрату нарм шудани дил мебошад. Пайғамбар (с) гуфт: Манзаре надидам, ки на гӯр аз он сахттару шанеътар[2] аст.

Ва Умар (раз) гуфт: Дар хизмати Пайғамбар (с) берун омадам ва ӯ ба гӯристон рафт ва наздики гӯре бинишаст ва ман наздиктари мардумон будам бад-ӯ. Пас бигирист ва ман ҳам бигиристам. Гуфт:

  • Туро чӣ мегирёнад?

Гуфтам:

  • Ба гиряи ту мегирям.

Гуфт:

  • Ин гӯри Омина аст духтари Ваҳб (яъне, модари Пайғамбари Худо (с). Аз Парвардгори худ дастурӣ хостам, ки гӯри вайро зиёрат кунам, дастурӣ фармуд. Ва дастурӣ хостам, ки омурзиш бихоҳам, дастурӣ нафармуд. Бад-он сабаб маро риққате омад, чунончӣ фарзандро ояд.

Ва Усмон (раз) чун бар гӯре биистодӣ, бигиристӣ, чунонки риши ӯ тар шудӣ ва гуфтӣ, ки: Аз Пайғамбар (с) шунидам, ки мегуфт: «Қабр аввалин манзилест аз манозили охират, агар соҳиби он аз он бирасад, ончи пас аз он аст, осонтар бувад. Ва агар нараҳад, ончи пас аз он аст, сахттар бошад».

Ва Муҷоҳид (раз) гуфт: Аввал чизе, ки бо фарзанди одам сухан гӯяд он гӯри ӯ бошад, гӯяд, ки: «Манам хонаи кирмон ва хонаи танхоӣ ва хонаи ғарибӣ ва хонаи торикӣ. Ин аст ончи ман барои ту сохтаам, пас ту барои ман чӣ сохтаӣ?»

Ва Бӯзар (раз) гуфт: Хабар бидиҳам шуморо аз рӯзи дарвешии худ? Рӯзе, ки дар гӯрам.

Ва Бӯдардо (раз) бисёр наздики гӯр нишастӣ. Вайро аз он пурсиданд. Гуфт: Бо гурӯҳе менишинам, ки маро аз маод[3] ёд медиҳанд ва агар бархезам маро ғайбат накунанд.

Ва Ҳотами Асам гуфт: Ҳар кӣ ба гуристон бигзарад ва барои худ андеша накунад ва эшонро дуо нагӯяд, ҳам нафси худро ва ҳам нафси эшонро хиёнат карда бошад.

Ва Пайғамбар (с) гуфт: Ҳеҷ шабе набошад, ки мунодие нидо накунад, ки: Эй аҳли гӯрҳо, аз кӣ орзу мебаред? Гӯянд: Аз аҳли масҷидҳо, ки рӯза медоранд ва мо намедорем ва намоз мегузоранд ва мо намегузорем ва зикри Худои таоло мегӯянд ва мо намегӯем.

Ва Суфёни Саврӣ гуфт: Ҳар кӣ гӯрро бисёр ёд кунад, онро равзаи биҳишт ёбад ва ҳар кӣ аз зикри он ғофил шавад, ҳуфрае[4] аз ҳуфраҳои оташ бинад.

Ва Рабеи Хайсам дар хонаи худ гӯре сохта буд ва ҳар гоҳ ки дар дили худ қасовате[5] дидӣ, дар гӯр рафтӣ ва ғалтидӣ ва соате даранг намудӣ, пас гуфтӣ: «Эй Рабеъ, бозгаштӣ, акнун коре кун пеш аз он, ки бозгаштан муяссар нашавад».

Маймуни Меҳрон гуфт: Бо Умари Абдулазиз ба гӯристон рафтам. Чун ӯ дар гӯрҳо нигарист, бигирист ва гуфт: «Эй Маймун, ин гӯрҳои аслофи[6] ман аст Банӣ Уммия, чунонасти ки эшон бо аҳли дунё дар лаззатҳои эшон шарик набудандӣ. Намебинӣ эшонро дарафтода ва уқубатҳо бар эшон нозил гашта ва хазандагон аз танҳои эшон ғизо сохтаанд». Пас бигиристу гуфт: «Ба Худой, ки касеро осудатар аз он надонам, ки ба гӯр равад ва аз азоби Худои таоло эмин бувад».

Байт:

Гардид тоза доғи фурӯрафтагони хок,
Дар чашми дил маро зи томошои лолаҳо,

Ва дар «Мишкот» аз Байҳақӣ мурсалан оварда, ки он Ҳазрат (с) фармуд: «Ҳар кӣ зиёрати волидайни худ кунад, ё яке аз он дуро рӯзи ҷумъа, омурзида шавад мар ӯро ва навишта шавад ӯро некӣ». Ва истиғфору тасаддуқ барои эшон низ ҳамин ҳукм дорад.

Рубоӣ:

Ба дунё дил набандад ҳар кӣ мард аст,
Ки дунё cap ба cap андуҳу дард аст.
Ба гӯристон гузар кун, то бибинӣ,
Ки даврон бо ҳарифонаш чӣ кардаст.

Муслим аз Ҳазрати Оиша (раз) ривоят менамояд, ки Ҳазрати Оиша (раз) фармуд: Ҳар шаб, ки Ҳазрат (с) ба манзили ман ташриф меовард. Дар охири шаб ба сӯйи Бақеъ ташриф мебурд ва мефармуд: «Салом бар шумо, эй аҳли Бақеъ, ончи ба шумо ваъда дода шуда, фардои қиёмат онро ба шумо хоҳанд дод ва мо ҳам ба шумо, иншоаллоҳ мепайвандем. Худоё, аҳли ин қабристонро бибахшой».

Зиёрати қабристон суннат аст ҳам барои занон ва ҳам барои мардон. Дар ин замон занҳо на ба масҷид рафта метавонанд ва на ба зиёрати қубур аз ҷиҳати нолаву фарёде, ки аз онҳо содир мегардад, вале агар пиразанон барои панду ибрат гирифтан раванд, равост. (Дурру-л-мухтор).

Дуои зиёрати қубур ин аст:

«Ас-салому алайкум ё аҳла-л-қубури яғфируллоҳу лано ва лакум, лано халафун ва антум салафун ва наҳну лаҳу би-л-асари ва ано иншоаллоҳу бикуму-л-лоҳиқун».

Одоби зиёрати аҳли қубур – қабристон

Тариқаи суннати зиёрати аҳли қубур ин аст, ки аз тарафи пойи майит истода шавад ва дуоро истода бикунад. Ва аз барои дуо даст боло кардан равост. Ва дар вақти дуо кардан рӯ ба қибла кардан афзал аст. Ва рӯ ба тарафи мурда низ равост. Ба қабр даст ниҳодан макрӯҳ аст. Ва ҳамчунин бӯсидани қабр ва сангҳои мазорот макрӯҳ аст ва ин одати насорост, валекин бӯсидани қабри волидайн равост. Саҷда кардан ба қабр, ё тавоф кардан ба даври қабр, агар барои ибодат бошад, куфр аст ва агар барои таъзим бошад, фисқ аст. Қабрҳоро куфта гузаштану нишастан ва дар болои онҳо таом хӯрдан ҳаром аст. Рӯ ба тарафи қабр намоз хондан ва дар гирду атрофи қабр намоз хондан макрӯҳ аст, зеро Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Метавон дар тамоми сатҳи  (руйи) замин намоз хонд, ба ҷуз қабристону ҳаммом».

Ва аз қабр ҳоҷат хостан ба ақидаи тасаллути ғайбӣ ширк аст. Агар зиёраткунанда ин ақидаро дошта бошад, ки соҳиби қабр ҳар вақт аз ман бохабар аст ва ба ман ҳар чиз карда метавонад, ин ибодат аст ва агар ин ақидаро надошта бошад, ибодат нест.

Ва аз ҷумлаи аъмоле, ки дар қабристону мазорот ҳаром аст, забҳ кардани бузу гӯсфанд ва дигар ҷонварон мебошад, ки имрӯзҳо ин амал бо фармудаҳои фолбинону бахшиҳо сурат мегирад. Агарчи он молҳоро бо номи Худо забҳ намоянд ҳам, гӯшти онҳо ҳаром аст ва назркунандаи он кофир аст, агарчи намоз хонда калима мегуфта бошад ҳам. Чунон ки Шайх Суфӣ Аллоҳёр (paҳ) дар китоби «Маслаку-л-муттақин» фармудааст.

Назм:

Ҷоҳилон, ки кунанд забҳ, аммо
Назди қабри машоиху шуҳадо.
Бар маризу ғайри инҳо гар,
Забҳ созанд, кардаанд хабар:
Ҳар чӣ гоҳе бувад лиғайриллоҳ,
Гарчи номи Худои гуфт он гоҳ.
«Якфуруна бизолика»- бинвишт,
Худ нигоҳ дор аз фиоли зишт.

Агар барои қабр инро бигӯӣ, ки: «Эй бузург, аз Худо савол кун, ки ҳоҷати маро пурра кунад». Касе, ки шунидани мурдагонро қабул дорад, ин равост ва касе, ки қабул надорад абас[7] аст.

Шохи хурмо ба қабр мондан равост. Гулҳоро ба қабр – мондан равост, вале агар пули онро садақа намоянд, беҳтар аст. Ба қабр гулборӣ кардан расми аҳли дунёст, мамнӯъ аст. Аз қабр гиёҳ ва дарахти сабзро буридан макрӯҳ аст.

Дар ҳадис омадааст, ки: Ҳар касе аз назди қабристоне бигзарад ва даҳ маротиба сураи «Ихлос»-ро хонда, савобашро бар аҳли он бахшад, ба адади аҳли он қабристон савоб ёбад. Ва агар сураи «Ёсин»-ро бихонад, азоби онрӯзаи аҳли он қабристон сабуктар гардад. Ва ҳамчунин тиловати сураҳои «Фотиҳа» ва «Фалақ»-у «Нос» ва «Ояту-л-Курсӣ» низ фазилате доранд.

Ба гуристон рафтани мардҳо мустаҳаб аст. Ва беҳтар аст, ки рӯзҳои ҷумъа, шанбе, Душанбе ва ё панҷшанбе пеш аз баромадани офтоб бошад. Ва ҳамчунин дар вақтҳои шариф ва муборак, ки дар онҳо маҳалли иҷобати дуост, чун рӯзи ошуро ва арафа ва ғайри онҳо. Ва ҳамчунин зиёрати қабри бузургони дин, ба шарте ки амали хилофи шариат аз он содир нашавад, мустаҳаб аст.

Дар ҳадис омадааст, ки: «Ҳар кӣ зиёрат кунад гузаштагонро, фариштагон баъд аз вафоти ӯ зиёрат кунанд ӯро».

Ва ҳамчунин дар хабар омадааст, ки: Шахсе ба Пайғамбар (с) аз сахтии дили худ шикоят кард. Он Ҳазрат (с) фармуданд, ки: Се амал аст, ки дилро нарм кунад: Даст бар сари ятимон молидан. Беморпурсӣ кардан. Ба зиёрати гузаштагон рафтан.

Аз Шайх Абӯлҳасан пурсиданд, ки:

  • Зиёрати гузаштагонро ба чӣ ният бояд кард? Фармуд, ки:
  • Ба чаҳор ният бикунад: Аввал, таъзими гузаштагон. Дуввум, он ки чун ӯ бимирад, дигаре низ ӯро зиёрат кунад. Саввум, ба ҷиҳати ибрат гирифтан, то ба тоат рӯй оварад ва аз гуноҳ боз истаду парҳез кунад. Чаҳорум, ният кунад, ки Худои таоло бар вай маишати зиндагониро фарох гардонад, то ба ғайр муҳтоҷ нашавад.

Ғазали Саъдӣ:

Чӣ дил бандӣ дар ин дунё, ки мурдори калоғон аст,
Чӣ биншинӣ дар ин манзил, ки охир ҷумла вайрон аст.
Тамошогоҳи Фиръавн асту ишратгоҳи  Намруд аст,
Хазинадори Қорун аст, арӯсорои шайтон аст.
Чӣ дил бандӣ дар ин манзил, накардӣ тушае ҳосил,
Ҳама афсонаҳо ботил, ки бозиҳои шайтон аст.
Нигар дар боғу дар бӯстон, иморатҳову шаҳристон,
Назар кун сӯйи гӯристон, туро гӯяд чӣ фармон аст.
Макун бо симу зар кушиш, наёбӣ ҷуз кафан пӯшиш,
Бикун бо хайрҳо кӯшиш, ки дӯзах ҷойи сӯзон аст.
Биёранд маркаби чӯбин, на ӯро афсару не зин,
Даруни чодари ғамгин на ӯро cap на сомон аст.
Барандат сӯйи гӯристон, ҷудо аз хешу фарзандон,
Лаби ширин, рухи хандон хӯроки мору мӯрон аст.
Биё, эй модари мискин, ту биншин бар сари болин,
Дуоямро бигӯ омин, ки дардамро чӣ дармон аст.
Биё, Аҳмад, ту зорӣ кун, Худовандо, Ту ёрӣ кун,
Бикун хайре дар ин олам, ки ҷон аз тан гурезон аст.
Биё, эй Саъдии мискин, даме бар хоки ман биншин,
Бихон ту сураи «Ёсин», савоби ӯ фаровон аст.

Анас ибни Молик (раз) гӯяд: Пайғамбар (с) аз канори зане гузашт, ки бар қабре нишаста буд ва гиря мекард. Пайғамбар (с) фармуд:

  • Аз хавфи Худо аз гуноҳ, бипарҳез ва сабр дошта бош.

Он зан гуфт:

  • Аз ман дур шав, ту ба мусибате, ки ман ба он дучор шудаам, дучор нашудаӣ.

Он зан Пайғамбар (с)-ро намешинохт. Ба ӯ гуфта шуд, ки: «Ин Расули Худо (с) аст». Он зан барои узрхоҳӣ ба пеши дари хонаи Пайғамбар (с) омад. Дид, ки дарбоне дар он ҷо нест, то ӯро боздорад. Вақте ки ба хидмати Пайғамбар (с) расид, ба унвони маъзаратхоҳӣ гуфт:

  • Шуморо нашнохтам.

Пайғамбар (с) фармуд:

  • Сабри комил ва дорои аҷр он аст, ки инсон дар соати аввали нузули мусибат аз худ нишон диҳад.

Оиша (раз) гӯяд: Умми Ҳабиба ва Умми Салама (раз) дар бораи канисае,[8] ки онро дар Ҳабаша дида буданд ва дар он аксҳое вуҷуд дошт, суҳбат мекарданд ва ҷараёнро барои Пайғамбар (с) баён намуданд. Пайғамбар (с) фармуданд: «Ин ҷамоат ҳар вақт инсони солеҳе, ки дар миёни эшон буд, фавт мекард, бар рӯйи қабраш масҷиде месохтанд ва тасвири ӯро бар дару девор мекашиданд. Аммо ин ашхосе, ки бар қабри афроди солеҳ масҷид бино мекунанд ва акси ононро дар он ҷо ба дару девор овезон мекунанд, дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Худо бадтарини мавҷудот мебошанд».

Оиша (раз) гӯяд: Пайғамбар (с) дар марази вафоташ фармуд: «Лаънати Худо бар яҳуду насоро бод, чун қабри пайғамбарҳои худро ба сурати масҷид дароварданд». (Пайғамбар (с) мусалмононро аз ин амал бар ҳазар дошт).

Оиша (раз) гӯяд: Агар ин тарс набуд, ки қабри Пайғамбар (с) низ ба сурати масҷид дарояд, онро баланд мекарданд, вале ман метарсам, ки ба сурати масҷид дарояд.

Оиша (раз) гӯяд: Марде ба Пайғамбар (с) гуфт:

– Модарам сакта кард ва фавран мурд. Ақида дорам, агар метавонист ҳарф бизанад, васият ба садақаву эҳсон мекард. Агар барояш садақаву эҳсон анҷом диҳам, аҷру савобаш ба ӯ мерасад?

Пайғамбар (с) фармуд:

– Бале. (Аҷру савобаш ба ӯ мерасад).

Тирмизӣ ва Абӯдовуд ва Насоӣ аз Ҷобир (раз) овардаанд, ки гуфт: «Наҳй[9] кард Расули Худо (с), ки гаҷ карда шавад қубур ва навишта шавад бар вай ва бино карда шавад болои он, ё гил карда шавад бар он ва зиёда карда шавад бар ӯ. Ва наҳй кард аз пайсипар[10] кардани қубур ва нишастани бар он». Ва гуфтаанд баъзе аз аҳли илм, ки Ҳасани Басрӣ аз эшон аст дар гил кардани қубур рухсат намуда. Ва Шофеӣ низ ҳам бар ин аст.

Ва низ Муслим ва Абӯдовуд ва Тирмизӣ аз Абӯлҳайёҷи Асадӣ овардаанд, ки: Гуфт маро Алӣ (раз), ки: Бифиристам туро бар чизе, ки фиристод маро бар он чиз Расули Худо (с). Ва гуфт: «Бирав ва магузор ҳеҷ тимсолро, магар он ки маҳв кунӣ нақшу сурати ӯро ва магузор ҳеҷ қабри баландро, магар он ки паст кунӣ онро».

Баъзе аз аҳли илм макрӯҳ медоранд баланд кардани қабрро аз замин.

Ва Шофеӣ гуфтааст, ки: Макрӯҳ медорам баланд кардани қабрро, магар ҳамин кадар, ки маълум шавад, ки ин ҷо қабр аст, то поймол карда нашавад онро ва нишаста нашавад бар вай.

Ва қабри Ҳазрати Рисолат (с) ва соҳибайҳи низ ба замин баробар аст. Ва дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки чун Усмон ибни Мазъунро дафн карданд ва вай аввали муҳоҷирин буд, ки баъд аз ҳиҷрат ба Мадина фавт кард. Ва он Ҳазрат (с) санги гарон бардошт ва чун он санг бас гарон буд, остинҳо бимолид ва ба зур ҳамла кард ва бардошта бар сари қабри вай ниҳод ва фармуд: «Аломатест, ки қабри бародари худро мекунам ва то дафн кунам назди вай ҳар касро, ки бимирад аз аҳлу аёли ман». (Абудовуд). Ва ин дар васати Бақеъ аст. Ва Иброҳимро низ ҳамон ҷо дафн кард ва баъд аз вай Зайнабро ва қабрҳои уммаҳоту-л-муъминин низ ҳамон ҷост.

Ғазали Ҳоҷӯи Кирмонӣ:

Пеши соҳибназарон мулки Сулаймон бод аст,
Балки он аст Сулаймон, ки зи мулк озод аст.
Он ки гӯянд, ки бар об ниҳодаст ҷаҳон,
Машнав, эй хоҷа, ки чун дарнигарӣ бар бод аст.
Хар нафас меҳри фалак бар дигаре меафтад,
Чӣ тавон кард, ки ин сифла чунин афтодаст.
Дил ба ин пиразани ишвагари даҳр мабанд,
К-ин арӯсест, ки дар ақди ҳазор домод аст.
Ёд дор ин сухан аз ман, ки пас аз ман гӯӣ:
Ёд бод он, ки маро ин сухан аз вай ёд аст.
Он ки Шаддод дар айвони зар афкандӣ хишт,
Хишти айвони шаҳ акнун зи сари Шаддод аст.
Хоки Бағдод ба марги хулафо мегиряд,
В-арна ин шатти равон чист, ки дар Бағдод аст.
Гар пур аз лолаи сероб бувад домани кӯҳ
Марав аз роҳ, ки он хуни дили Фарҳод аст.
Хаймаи унс мазан бар дари ин куҳнаработ,
Ки асосаш ҳама бемавқеу бебунёд аст.
Ҳосиле нест ба ҷуз ғам зи ҷаҳон Ҳоҷуро,
Шодии ҷони касе, к-аз ду ҷаҳон озод аст.

Дар ҳадиси Муслим ва Тирмизӣ ва ғайруҳумо омада, ки: «Нанишинед бар қубур ва нагузоред намоз ба сӯйи онҳо».

Ва Абӯдовуд ва Насоӣ оварда, ки гуфт Расули Худо (с), ки: “Ҳаройина бинишинад яке аз шумо бар ахтар ва бисӯзад ҷомаҳои вай ва бирасад то пусти вай беҳтар аст аз он, ки бинишинад бар қабр».

Ва низ овардаанд, ки он Ҳазрат (с) мардеро дид дар миёни гӯристон, ки ба наълайн[11] мерафт, фармуд: «Бикаш наълайни худро».

Ва аз Ибни Аббос овардаанд, ки гуфт: «Лаънат кунад Худои таоло занонеро, ки зиёрати қубур кунанд ва он касонеро, ки бар қубур масоҷид гиранд ва чароғ афрӯзанд». Ва гуфтаанд, ки наҳй аз чароғ афрӯхтан бар қубур аз ҷиҳати тазеъи мол аст, зеро ки нафъ нест дар вай ҳеҷ аҳадеро ва аз ҷиҳати эҳтироз[12] аз таъзими қубур, чунончи наҳй аз масоҷид гирифтан аз ин ҷиҳат аст.

Ва дар «Саҳеҳ» оварда, ки: «Лаънат кунад Худои таоло яҳудро, ки гирифтанд қубури анбиёи[13] худро масоҷид».

Ва намоз гузоридан дар мавоҷеҳи қабр макрӯҳ аст. Ва баъзе дар мақбара низ макрӯҳ доранд.

Танбеҳ. Он чӣ мусанниф зикр карда, Ҳақ аст ва аҳодиси саҳеҳа дар ин боб ворид ва асли суннат дар замони нубувват ва хулафои рошидин ва саҳоба ҳамин буд. Валекин баъд аз ин такаллуфот дар мақобир пайдо шуд ва муфохирату мубоҳот бад-он роҳ ёфта. Ва дар охири замон ба ҷиҳати иқтисори[14] назари авом бар зоҳири маслиҳат дар таъмиру тарвиҷи мушоҳид ва мақобири машоих ва узамо дида чизҳо афзуданд, то аз он ҷо ибҳату[15] шавкати аҳли ислом ва арбоби салоҳ пайдо ояд. Ва дафн дар ҷавори қубури сулаҳо ва ҳузуру шуҳуд дар соҳати иззати эшон муҷиби баракат ва нуронияту сафост ва зиёрати мақомоти мутабаррука ва дуо дар он ҷо мутоварис аст. Ва дар зиёрати қубур эҳтироми аҳли онро дар истиқбол ва ҷулусу таъдиб ҳамон ҳукм аст, ки дар ҳолати ҳаёт буд.

Бидон, ки он Ҳазрат (с) дар ибтидо наҳй карда буд аз зиёрати қубур ва дар охир рухсат кард ва фармуд: «Будам ман, ки наҳй мекардам шуморо аз зиёрати қубур, акнун бикунед зиёрати қубурро, ки он боиси берағбатӣ дар дунё ва ёддиҳанда аст охиратро». Ва ин мардонрост. Аммо занонро баъзе гӯянд, ки боқист бар наҳйи собиқ ва эшонро берун омадан ба зиёрати мақобир ҷоиз нест, илло ба зиёрати Ҳазрати Рисолатпаноҳ (с). Ва дар аҳодис лаънат воқеъ шуда бар заноне, ки ба зиёрати қубур бароянд. Ва баъзе бар онанд, ки ин манъу лаънат дар аввал буд, баъд аз рухсат занон низ дохиланд. Ва манъи эшон аз ҷиҳати камии сабр ва бисёрии фарёду фиғони эшон аст.

Дар «Кабирӣ» мегӯяд: «Агар бар гӯри майит сабза барояд, то замоне, ки сабз бошад онро даравидан нашояд, ки модоме онҳо тар бошанд, тасбеҳ мегӯянд ва савоби он мар он мурдаро бошад. Ва замоне, ки он гиёҳ хушк шаванд, онҳоро шояд кандан, ки аз тасбеҳ мемонанд».

Ғазали Шайх Аттори Валӣ:

То дар ин зиндони фонӣ зиндагонӣ бошадат,
Кунҷи узлат гир, то ганҷи маонӣ бошадат.
Ин ҷаҳонро тарк кун, то чун гузаштӣ з-ин ҷаҳон,
Ин ҷаҳонат гар набошад, он ҷаҳонӣ бошадат.
Кому нокоми ин замон дар коми худ дарҳам шикан,
То ба коми хеш фардо комронӣ бошадат.
Рӯзаке чанде чу мардон сабр кун дар ранҷу ғам,
То ки баъд аз ранҷ ганҷи шойгонӣ бошадат.
Рӯйи худро заъфаронӣ кун ба бедории шаб,
То ба рӯзи ҳашр рӯйи арғувонӣ бошадат.
Гар ба тарки олами фонӣ бигӯйӣ мардвор,
Олами боқиву завқи ҷовидонӣ бошадат,
Субҳидам дарҳои давлатхонаҳо бикшодаанд,
Арза кун гар он замон рози ниҳонӣ бошадат.
То кай аз беҳосилӣ, эй пирамарди баччатабъ,
Дар ҳавои нафс мастиву гаронӣ бошадат.
Аз тани ту кай шавад ин нафси сагсерат бурун,
То ба суратхонаи тан устухоне бошадат.
Гар тавонӣ кушт ин сагро ба шамшери адаб,
3-он пас ар ту давлате ҷӯйӣ, нишоне бошадат.
Гар бимирӣ дар миёни зиндагӣ Атторвор,
Чун дарояд марг айни зиндагонӣ бошадат.

[1] «Мухтору-л-аҳодис». Саҳ. 446.
[2] Шанеътар – қабеҳтар.
[3] Маод – ҷойи бозгашт.
[4] Ҳуфра – сурохӣ, чоҳ.
[5] Қасоват – сахт шудани дил.
[6] Аслоф гузаштагон.
[7] Абас – бефоида.
[8] Каниса – калисо.
[9] Наҳй – манъ кардан.
[10] Пайсипар – таҳи по кардан.
[11] Наълайн — мӯза.
[12] Эҳтироз — парҳез кардан.
[13] Анбиёпайғамбарон.
[14] Иқтисор – кӯтоҳ кардан.
[15] Ибҳат –шукӯҳ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …