3ино. Бе никоҳи мусулмонӣ (мард ва зани хонадоршаванда ва ҳузури гувоҳон-аққалан як марду ду зан ва вакил) алоқаи ҷинсии зану мардро, дар Исломи мубин-ба хусус дар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоъат зино мегӯянд. Худованди азимушшаън мегӯяд: «Вало тақрабуз-зиноа иннаҳу кона фаҳишаҳ» (Тарҷума: «Пас наздик нашавед, ба зино». Дар воқеъ зино амали бад ва беҳаёист!») Ва Расул (с) гуфтааст: «-Ло тазну!» (Яъне, «Зино накунед!»).

Бале, зино амали бадест, ки ҳам ба тан, ҳам ба ҷон ва ҳам ба хонаву манзил ва молу фарзанди кас касофатиҳои зиёд меорад. Зинҳор аз зино даст бояд кашид, ки сари маразҳо зино аст, аз ҷумла ВИЧ-СПИД. Парҳез намоед, то луқмаатон ҳалол гардад ва умратон дароз ва чашмонатон пурнуру қалбҳоятон мунаввар (С.Б.Б).