Главная / Маданият ва санъат / Раҳои аз зиндон – Нусхаи Набавӣ

Раҳои аз зиндон – Нусхаи Набавӣ

Дар «Сират»-и Ибни Исҳоқ омадааст: Вақте Ҳазрати Солим (раз) фарзанди Авфи Ашҷаъӣ (раз) дар асорати кофирон буд, Расулуллоҳ, (с) фармуд:

Ба ӯ хабар расонед, ки «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»-ро бисёр бихонад.

Рӯзе ҳамин тавр нишаста буд, ки занҷирҳояш боз шуданд ва ӯ аз зиндон хориҷ шуда шутури модаеро ёфт ва бар он савор шуд. Ва дар аснои роҳ рафтан шутурони кофиронро бидид ва ҳамаи онҳоро бо ҳамроҳи худаш гирифт. Вақте ки кофирон огоҳ гаштанд, ӯро таъқиб намуданд, аммо муваффақ ба дастгириаш нашуданд.

turma-beg

Ба ҳар ҳол баъд аз бозгашт фавран ба манзилаш рафт ва аз беруни дар овоз дод. Падар овозашро шунид ва гуфт:

  • Савганд ба Худо, ин овози Солим (раз) аст.

Модараш гуфт:

  • Ҳой афсус, ӯ дар ин ҷо нест, алъон дар занҷирҳову шиканҷаҳои сахти зиндон ба cap мебарад.

Ба ҳар ҳол модару падар ва ғулом ба сӯи дарвоза шитофтанд. Ба маҳзи ин ки дарро кушоданд, Ҳазрати Солим (раз)-ро диданд, ки дар наздашон истодааст ва даврашро шутурон гирифта буданд. Акнун онҳо дар фикр буданд, ки ин шутурон моли кистанд? Баъдан Ҳазрати Солим (раз) он чӣ пеш омада буд, ҳамаро барои онҳо баён кард. Пас аз он падараш ин воқеаро барои Расулуллоҳ (с) бозгӯ намуд. Вақте Расулуллоҳ (с) аз асли воқеа бохабар гардид, нисбат ба шутурон гуфт:

  • Инҳо моли ту ҳастанд, ҳар тавр ки дилат мехоҳад, истифода кун.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …