Главная / Биология / Тарзи зиндагӣ, афзоиш ва инкишофи моҳӣ

Тарзи зиндагӣ, афзоиш ва инкишофи моҳӣ

Моҳиён дар ҷойҳои гуногуни об зиндагӣ мекунанд. Ҳар кадоми онҳо хӯроки гуногун мехӯраяд, ба тарзи махсус ҳаракат мекунанд, ранг ва шакли баданашон ҳархела аст.

Дар байни моҳиҳои устухондор, махсусан камбала аҷоиб аст. Бадани он аз ду паҳлӯ фишурда буда, дар қаъри об ба якпаҳлӯ мехобад. Чашмонаш дар як пахлӯи тарафи cap воқеъ аст. Нимаи паҳлӯи поёнии бадан сафед ва паҳлӯи нимаи болояш сиёҳ буда, бо дигар кардани ҷойи зист ранги баданаш ҳам тағйир меёбад.

Моҳиҳо ҳайвоноти ҷудоҷинса буда, зоҳиран ҷинси наринаю модина аз ҳам фарқ намекунанд. Танҳо, вақте ки онҳоро чок кардем, аз рӯйи узвҳояшон фарқ кардан мумкин аст.

mohid

Дар ковокин бадани моҳии модина тухмдони калон ҳаст, ки дар он тухмҳуҷайраҳо (тухмакҳо) инкишоф меебанд. Моҳии нарина як ҷуфт наслдон дорад, ки ҳуҷайраҳои ҷинсии сперматоэоидро таиёр мекунад ва ба воситаи сӯрохиҳои тавосул, ки дар шафати мақъад ҷойгир шудаанд, аз рӯйи зарурат 61 берун мебарояд.

Баҳорон моҳиҳо ба тухмгузорӣ (нерест) cap мекунанд ва дар вақти гарм шудани об гала-гала зиндагӣ мекунанд. Дар ин вақт моҳии модина тухмак мепартояд. Тухмакҳо мисли занҷираи дарози луҳобӣ ба хам часпида ба растанӣ ё ягон ҷисми обӣ овезон мешаванд. Дарозии занҷираи тухмакҳо 1,5-2 м буда, ҳаҷми ҳар як тухмак 1 мм аст. Дар ҳамин вақт моҳии нарина ба назди тухмакҳо омада, аз наслдони ҳуд моее мерезад, ки сперматозоид ном дорад. Он сперматозоидҳои серҳаракат ба тухмак наздик шуда, бордоршавиро
ба амал меоранд. Вақте ки ядроҳо ва протоплазмахои нутфаю тухмҳуҷайраҳо васл мешаванд, аз ду ҳуҷайраи ҷудоҷинса як ҳуҷайраи бордоршудаи якҷинса ба амал меояд.

Тухмҳуҷайраи бордоршуда ба инкишоф cap мекунад. Вай аввал ба ду, пас ба чор, баъд ба ҳашт ҳисса тақсим шуда, ҷанини серхуҷайра пайдо мекунад. Дар бадани ҷанин аз хуҷайраҳои зиёд бофтаҳо ва аз бофтаҳо узвҳои гуногун шакл гирифта, пас аз 5-14 рӯз насли кирмчамонанди ним сантиметраи моҳӣ пайдо мешавад. Вақте ки ғизои тухм тамом шуд, насли ҷавон ба таври мустақил ба хӯрокхӯрй cap карда, обсабзаҳои микроскопӣ, инфузория, кайки обӣ ва сиклопро хӯрда, ба моҳичаи ҳақиқй табдил меёбад. Окуни 2-моҳа 2 см. яксола 10 см, панҷсола 30-50 см шуда, вазнашон то ба 800-1000 гр мерасад.

Яке аз навъҳои моҳиёни думакона, осетра ном дошта, барои тухмгузорӣ аз баҳру кӯл ба дарё мегузарад.

Дар Шарқи Дур баъзе моҳиён (кета, горбуша, лосос) ба муқобили ҷараёни об ҳаракат карда, аз остонаҳои обӣ ба боло халлос зада мебароянд ва дар ҷойҳои тунукоб мехазанд. Моҳиҳо ба болооби дарё рафта, тухмак мегузоранд ва беқувват мешаванд. Пас дар бозгашт то резишгоҳи дарё бо ҷараёни об ҳаракат мекунанд.

Дар байни моҳиён мормоҳии аҷибе аст, ки баданаш моршакл мсбошад. Ҳамаи мормоҳиҳон Америкаи Шимолӣ ва Аврупо дар баҳри Саргасе ҷамъ шуда, тухм мегузоранд. Баъд аз моҳича шудани наслашон боз ба соҳилҳои Аврупою Америкаи Шимолӣ сафар мекунанд.

Аксарияти моҳиён бо роҳи тухмгузорӣ афзоиш мекунанд, вале моҳиёне ҳам ҳастанд, ки моҳибачаи зинда таваллуд мскунанд. Масалан, акула, сказ моҳиҳои зиндазоӣ мебошанд.

Моҳиҳо сернасланд, вале баъзан тухмакҳои бордоршуда ва моҳичаҳои онҳо ба шароити номусоид афтида нобуд мешаванд ё як қисми онҳоро дигар ҳайвонҳои даррандаи обӣ мехӯранд. Ғайр аз ин, ҳамаи тухмакҳо бордор намешаванд. Масалан, як окуни модина то 200 гр. тухмак мепартояд, ки шумораи умумии тухмакҳо ба 300  ҳазор мерасад. Миқдори сперматозоидҳои окуни нарина ҳам беҳад зиёд аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …