Главная / Ҷуғрофия / Зилзила – Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон

Зилзила – Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон

Рӯй додани зилзила ба ҳодисаи ҷойивазкунии моддаи қисми болоии мантия ва тарқишу зуд ҷой иваз кардани қабатҳои қишри Замин вобаста мебошад. Зилзилаҳои ҳалокатовар ва харобиовар асосан дар хатҳои шикастаи қишри Замин рух медиҳанд. Зилзилаҳо хоси минтақаҳои кӯҳҳои ҷавон мебошанд. Аз ҳамин сабаб зилзилаҳои сахт дар ноҳияҳои кӯҳсор ба вуҷуд меоянд. Дар хамвориҳо бошад, кам рух медиҳанд ва қувваашон суст аст. Зилзила дар чуқуриҳои гуногуни қишри Замин (дар чуқурии аз даҳхо метр то зиёда аз 700-800 километр) ба вуҷуд меояд.

zaminjunbiЧуқуриеро, ки дар он ҷо тарқиш ва ҷойивазкунии қабатҳои Ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал меояд, манбаи заминҷунбӣ меноманд. Маҳал ва ҷои сатҳи қишри Замин, ки дар болои манбаи заминҷунбӣ воқеъ гардидаасту аз он ҷо мавҷҳои таконҳои зеризаминй аз поён ба боло рост ҳаракат мекунанд. маркази (эпищентр) заминҷунбӣ ном дорад. Дар маркази заминҷунбй харобиҳои бештар ба вуқӯъ меоянд. Дар ҷойҳое, ки аз маркази заминҷунбӣ дуранд, лаппишхо ҳамчун мавҷ ба хар тараф паҳн мешаванд ва кудраташон нисбатан суст аст.

Бинобар ин дар баъзе мавзеъҳо ларзишҳои начандон пуршиддат ҳис карда мешаванд. Баъзе хонаҳои кӯҳнаи хиштию гилӣ хароб мегарданд, дарахтон хаму рост мешаванд. дигар хонаҳои оҳану бетонӣ асбобу анҷом ба ларза мсоянд.

Заминҷунбӣ ҳодисаи даҳшатноки табиӣ мебошад. Одамон аз ногаҳонӣ ва зуд руҳ додани он ба ваҳму ҳарос меоянд. Ин буд ки барои фаҳмидани табиати он мунтазам кӯшиш ба харҷ медоданд. Ҳоло дар тамоми материкҳо стансияхои зилзиласанҷии зиёде амал мекунанд. Дар онҳо ба воситаи асбоби ҳассос – сейсмограф ҷунбишҳои қишри Заминро мушоҳида менамоянд. Сейсмограф калимаи юнонӣ будя. “сейсмос” – заминчуибй, зилзила, “графо” – менависам аст. Масалан. дар Точикистон хар сол то сс ҳазор бор заминҷунбиро қайд мснамоянд. Натиҷаи мушохидахо ба марказхои тадкиқоти илмй барои муайян кардани марказҳои заминҷунбӣ фиристода мешаванд. Аз рӯи ин маълумотҳо олимон харита ва атласи зилзиларо тартиб медиҳанд. Дар онҳо  аз рӯи ҷадвали 12-баллй (аз 1 то 12 балл) мувофиқи мушоҳидаҳо дар ин ё он қисми қишри Замин то чанд балл шудани қувваи заминҷунбӣ нишон дода мешавад.

Заминҷунбй дар сатҳи* Замин як хел паҳн нагардидааст. Минтақаи фаъоли заминҷунбӣ дар Ғарб аз Гулӯгоҳи Гибралтар, дар Шарқ то ҷазирахои Уқёнуси Ором тӯл кашидааст. Дигар минтақаи фаъоли заминҷунбй дар қисми канории фурӯхамидаи Уқёнуси Ором, ки бо материкҳо ҳамшафат (системаи кӯххои ҷавон) аст, воқсъ гардидааст. Заминҷунбиҳои зиёд барои хати шикастаи қишри Замин, ки аз кисми шарқии қитъаи Африка мегузарад ва қаторкӯҳҳои мобайниуқёнусӣ низ хос мебошанд.

Қаламрави Тоҷикистон ҳам ба минтақаи фаъоли заминҷунбӣ мансуб аст. Яке аз чунин минтакаҳо аз Ҳисор то Рашт тӯл кашидааст. Дар ин ҷо аз 6 го 9 балл заминҷуибй шуданаш аз имкон дур нест. Заминҷунбихои Ҳоит «соли 1949), Қаратоғ (соли 1907) аз он шаҳодат медиҳанд. Чунин заминҷунбиҳо дар Сарез (соли 1911), деҳаи Офтобрӯя ноҳияи Исфара (соли 1977), шаҳри Кайрокқум (соли 1986), деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (соли 1989) * рух доданд. Аз ҳамин сабаб дар ҷумҳурии мо яке аз марказҳои тадқикоти илмии зилзиласанҷии ҷаҳонӣ – Пажӯишгоҳи зилзиласанҷй ва иншооти ба зилзила тобовар амал мекунад. Мувофиқи тавсияи он дар ҷумхурӣ иншоогҳои ба зилзилаи 6-8 балл тобовар сохта мешаванд.

Савол ва супориш

  1. Сабаби заминҷунбӣ – зилзила чист?
  2. Манбаъ ва маркази заминҷунбй чист?
  3. Заминҷунбиро бо кадом асбоб мушоҳида мекунанд?
  4. Қувваи заминҷунбиро аз рӯи чӣ муайян мекунанд?
  5. Дар кадом мавзеъҳои Тоҷикистон заминҷунбиҳои харобиовар рух медиҳанд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …