Главная / Илм / Зикри бино кардани хонаи Каъбаро ҳазрати Иброҳим аллайҳиссалом

Зикри бино кардани хонаи Каъбаро ҳазрати Иброҳим аллайҳиссалом

Чун Иброҳим /а/ аз қурбон фориғ шуд, Исмоил /а/-ро ба Ҳоҷара супурд ва шукри Бори таъоло кард ва аз пеши Хоҷара равон шуд ва пеши Сора рафт. Чун мудатте баромад, Ҷабраил /а/ биёмад ва гуфт: «Худоят салом мерасонад ва мегўяд, ба ҷиҳати манн хонае дар ин замин бино кун! » Гуфт: «Куҷо бино кунам?» Нидо омад, ки ту бар шутуре савор шав, абре пайдо шавад, ҳар куҷо биравад, ўро нигоҳ карда бирав, ў ҳар куҷо биистад, он ҷо Каъба бино кун!

Чун абре баромад, Иброҳим /а/ бо вай мерафт, то он ҷо расид, ки имрўз хонаи Каъба аст. Ва низ гуфтаанд, ки море биёмад, ба андозаи хонаи Каъба бихуспид, то Иброҳим /а/ нишони он бидид ва ба андозаи он хонаи Каъба бино кард. Ва низ гуфтанд: Ҷабраил /а/ гуфт, ки бад-ин миқдор хона бино кун!… Иброҳим /а/ гуфт: «Худовандо, санг аз куҷо орам?» Нидо омад: « Аз панҷ кўҳ, аввал Лубнон ва дигар аз кўҳи Ҳамза ва аз Абўқубайс ва аз кўҳи Сафо ва Марва» Пас Ҷабраил /а/ биёмад ва санг меовард ва Иброҳим /а/ мениҳод ва Исмоил /а/ ёрӣ медод. Пас хона тайёр шуд. Иброҳим /а/ даст ба дуъо бардошт ва гуфт: «Худовандо, он чӣ фармудӣ ба вусъи тоқати худ ба ҷо овардам ва тамом кардам. Бипазир, ки ту шунавоӣ ба дуъои ман ва биноӣ бар ҳоли ман ва доноӣ бар хотири ман».

kaba

Ва дигар бор даст бардошт ва гуфт: «Ин хонаву шаҳрро аз меваҳо рўзӣ кун, то ҳар кӣ ба ту имом орад, то қиёмат ба муҳофизат нигоҳ дорад». Нидо омад: «Ё Иброҳим, ҳар он кӣ бар ман кофир шавад, ҳам рўзӣ диҳам, валекин бархўрдорӣ камтар бувад ва ҷои кофирон дўзах аст». Пас Иброҳим /а/-ро дар хотир омад, ки сабру шукру миннат он Худойро, ки ин хона бар дасти ман тамом карда шуд. Ҷабраил /а/ биёмад ва гуфт: «Ё Иброҳим! Худоят салом мерасонад ва мегўяд, ки ин ҳама ранҷ бурдӣ ва хона тамом кардӣ. Пеши ман чандон қадре надорад, ки хароба обод кунӣ». Гуфт «Худовандо, кадом хароба? «Нидо омад, ки он бувад, то гуруснаро сер кунӣ ва бараҳнаро бипўшӣ, чандон фазл бувад наздики ман, ки ин хона бино карда бошӣ ва бар ҳар рукне ҳазор ракъат намоз карда бошӣ». Пас нидо омад: «Ё Иброҳим, халқро бад-ин хона даъват кун!… Гуфт: «Малико, ман бихонам, кӣ шунавад ва овози манн куҷо расад?» Ҷавоб омад, ки аз ту хондану аз мо шунавонидан ва аз халқ ҷавоб додан. Ва ман, ки Худоям овози ту ба гўши ҳама халқ расонам, дар аслоби падарону арҳоми модарон.

Иброҳим /а/бар кўҳ омад ва овоз дод, ки эй фарзандони Одам /а/, аз ҳамаи олам бад-ин Каъба оед ва рў й бад-ин хона оред! Аз чаҳор сўи олам овоз шунид ва касро надид, ки ҳамин гуфт: «Лаббайка Аллоҳумма, лаббайка, ло шарика лака лаббайка, инна – л – ҳамда ва-н-ниъмата лака ва-л-мука лошарика лака ё сайидӣ ва мавлоӣ». Иброҳим /а/ гирди он хона водиҳо дид, беобу бекишту бенабот, гуфт: «Малико, ин ҷо кишт нест, ин фарзандонро ин ҷо мегузорам, ба умеди ту, ба ту месупорам, ки ту розиқӣ». Он гоҳ даст бардошту гуфт: … «Малико, ин хонаро аз меваҳо рўзӣ кун, то магар неъмати туро шукр кунанд»…

Пас фармон омад, Ҷабраил /а/-ро, ки дувоздаҳ фарсанги замини Макка аз сангиХоро аст, заминро баркан ва Шом бубар. Чун заминро баркандида он ҷо бурд, ки дарёи Нил барканда буд. Ва аз даҳ фарсанг замин баргирифт, то наздики Каъба овард ва фаришта он замин бароварда буд, то ҳафт бор тафови хонаи Каъба карда ва дар гирди Хона гардонида он ҷо бурд, ки Ҷабраил/а/ барканда буд, замин биниҳод. Ин ноҳияро Тоиф хонданд, аз баҳри он ки ҳафт бор тафови хонаи Каъба кардааст. Акнун ҳар неъмат, ки Маккаро бояд, аз Тоиф оранд ва ба қудрати Худои таъоло зиёдат мегардад.

Пас Иброҳим алайҳиссалом бархост ва рўй бар Шом ниҳд, аз он ки Ҳақ таъоло гуфт буд, ки ин иморат Хонаи Каъба аст, баробари як хароба набувад, ки ободон кунӣ. Иброҳим алайҳиссалом меҳмонхона сохт ва аҳд кард, ки бе меҳмон таъом нахўрам. Ва рўй ба ибодат овард ва халқро таъом медод, то рўзе Азроил /а/ бар мисоли одамӣ наздики вай омаду гуфт: «Ту кистӣ, ки манн туро намедонам?» Гуфт: «Манам Азроил». Гуфт: «Ба зиёрат омадаӣ ё ба қабзи рўҳ?» Гуфт: «Ба зиёрат омадаам ва туро муждаи дигар медиҳам, ки Худои таъоло бандаро ба дўстии хеш гирифт». Иброҳим алайҳиссалом гуфт:

«Он банда кист ва нишони ў чист?» Гуфт: «Нишони он банда он аст, ки мурда ба дасти ў зинда шавад» Иброҳим /а/ гуфт: «Кошки он ман будаме ё ўро бидидаме, то бо ў дўстӣ кардаме». Азроил нопайдо шуд.

Оварданд, ки Иброҳим алайҳиссалом чун ба иботад биистодӣ, овози хуши вай то як мил бирафтӣ ва мардумон донистӣ, ки Иброҳим алайҳиссалом Худойро ибодат мекунад. Рўзе дар хотири вай бигузашт, кошки ман бидидаме, ки Худои таъоло мурдаро чӣ гуна зинда мекунад. Пас аз Худои таъоло дархост: «Худоё маро бинамо, то мурдаро чӣ гуна зинда мекунӣ». Нидо омад: «Ё Иброҳим, ту намедонӣ, ки ман қодирам ба ҳама чиз?» Гуфт: «Илоҳӣ, маро маълум аст, ки офаринанда ва миронанда туӣ, ҷуз ту дигар нест, валекин мехоҳам чунон ки ба дил медонам, ба чашм низ бинам, то яқини ман зиёдат шавад». Фармон омад: «Ё Иброҳим ин ҳама ба қудрати ман осон аст, ҳар чӣ хоҳам бикунам». Ва гуфт: « Ё Иброҳим, чаҳор мурғ бигир, аввал хурўс, дувум товус, саввум зоғ, чаҳорум каргас».

Суол: Чӣ дорад, ки мурғ фармуд, ҷонвари дигареро нагуфт?

Ҷавоб: «Аз баҳри он ки бу ҳукми офариниш мурғ фозилтарин аст аз ҳама ҷонвар, ки онҳо пар надоранд, аммо мурғ бипарад. Ва хурўсро гирифтан ба ин маъно ҳукм шуд, ки дар шаҳват зиёда аз он дигар нест, то ту низ шаҳватро аз вай омўхта, нафсро зери пой кунӣ. Ва товусро ба куштан ҳукм шуд ба маънои он ки дар олам аз вай бозинаттар нест, то ту ороиши дунё зери по ниҳӣ. Ва зоғро аз баҳри он ки дар олам аз вай ҳаристар ҷонваре нест, то ту низ ҳисри дунё аз хештан бадар кунӣ. Чаҳорум, каргас аз баҳри он ки дар олам барамалтар аз вай ҳеҷ мурғе нест, то ту низ ҳамеша маргро ёд медорӣ ва амали дароз бигзорӣ. Ва камтар каргасеро понсад сол умр бошад».

Чун Иброҳим алайҳиссалом ба ҳукми Худои азза ва ҷалла ҳар чаҳор ҷонварро бигирифт ва бикушт ва сари эшон бигирифт ва дигар пўсту гўшту устухон дар ҳован хурд карда ва чаҳор ғулула кард ва чаҳор гўша биниҳод.

Ва сарҳои мурғон бар даст гирифт ва гуфт: «Эй мурғон, ба амри Худо биёед». Ҳар чаҳор ғулула ба як бор дар ҳаво шуданд ва аз якдигар ҷудо гаштанд ва мисоли зарра гашта пеши Иброҳим /а/ омаданд. Ва зарраи хўрўс бар сарихўрўс омада ва зарраи товус бар сари товус ва зарраи зоғ бар сари зоғ ва зарраи каргас бар сари каргас омаданд. Ва ҳар як бар сари хеш бипайвастанд ва бар дасти Иброҳим /а/ гўшту пўст ва пару боли эшон аз нав бирустанд ва бар дасташ ҷилва карданд. Ва ба қудрати Худои таъоло ҳар чаҳор якбора зинда шуданд ва аз дасти Иброҳим Халилуллоҳ /а/ париданд. Пас ҳар чаҳор мурғ гирди Иброҳим /а/ ҳафт шабонарўз тавоф карданд.

Фармон омад: «Ё Иброҳим /а/! Чунон ки Исмоил /а/-ро таслим кардӣ, молу неъматро таслим кун, то ман, ки Худовандам, туро дўсти худ гардонам ва дўстии мо муаккад бувад. Пас Иброҳим /а/ молу неъмат ба дарвешон дод.

Чун навад сол аз умри Иброҳим алайҳиссалом бигузашт, дар он овон фарзанде аз Соро /р/ наёмад. Бинобар он гўсоларо қилодаи зарин дар гардан карда, ба ҷои фарзанд мепарварид».

Чун Иброҳим алайҳиссаломҳафт шабу рўз бе меҳмон таъом нахўрда буд, аз фармони Раббулиззат дувоздаҳ барнои накўрўи хушбўй бар мисоли ғуломон ороста биёмаданд. Ва бо Иброҳим /а/ салом карданд. Иброҳим алайҳиссалом пиндошт, ки эшон одамиёнанд, аммо эшон фариштагон буданд. Ҷавоби саломи эшон боздод ва дасти инҳоро гирифта ба хона бурд.

Гуфт: «Ё Сора, меҳмони азизу мукаррамонанд. Ҳар чӣ азиз чизе ҳаст, биёр!» Сора-хотун гуфт: «Ё Иброҳим, ман аз ин гўсола ҳеҷ чиз азизтар чизе надорам, ки вайро ба орзўи фарзандӣ парвардам, вайро қурбон кунам».

Иброҳим алайҳиссалом гусоларо қурбон намуда, бирён кард ва ба пеши меҳмонон ниҳод. Ва худ худ ҳам бо эшон нишаста, Сар фурў карда таъом хурд. Ва чунон ки одоби меҳмондорӣ аст, ки вақти таъом хўрдан меҳмонро нанигаранд, то вайро шарм набувад. Сора – хотун /р/ аз даруни парда овоз дод, ки эй Иброҳим, ту таъом мехўриву меҳмонат таъом намехўранд. Иброҳим /а/ сар бардошт, меҳмононро дид хомўшнишаста.

Тарсе ба дили ў омад ва ба меҳмонон гуфт, ки чаро таъом намехўред?

Гуфтанд: «Бе баҳо таъоми ту намехўрем». Гуфт: «Баҳо бидиҳед» Гуфтанд:

«Чӣ диҳем?» Гуфт: «Баҳои таъоми ман он аст ки аввал Бисмилоҳи-р-раҳмони-р-раҳим бигўед ва ба охир бигўед: Ал-ҳамду лиллоҳи рабби-л-оламин».

Ҷабраил /а/ гуфт: «Ё Иброҳим, туро Худои таъоло аз ин баҳо дўст гуфт:

Ҷабраил /а/ овоз дод, киэй Иброҳим, матарс, ки мо Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил ва Дардоил ва Ақвоил ва дигар фариштагонем. Моро ҳукм шуда, ки

аввал пеши Иброҳим /а/ биравед, ки ҳафт шабонарўз рўзадор аст, чизе нахўрдааст. Магар аз баҳри шумо рўза бикшояд ва таъом бихўрад. Минбаъд аз ин ҷо ба шаҳристони Лут равем ва Лут пайғамбари марсалро аз балои он қавм бираҳонем. Инак пеши ту омада, рўза кушоёндем ва туро низ башорати фарзанди муборак медиҳем, ки номи ў Исҳоқ ва ибни ў Яъқуб бувад…Чун Ҷабраил /а/ башорати фарзанд дод, Сора /р/ бар пой истода бихандид ва гуфт: «Ман пирам ва шавҳарам низ пир аст, чӣ гуна фарзанд шавад, ин аҷаб корест!»

Ҷабраил алайҳиссалом гуфт: «Ё Сора, аз қудрати Худованд аҷаб мадор! Аз пушти Исҳоқ /а/ ҳафтод ҳазор пайғамбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаъин падид оянд».

Сора – хотун аз паси парда овоз дод, ки ин суханро нишон чист? Гуфт: «Бубин». Устухони гўсола, ки дар табақ, буданд, бар ҳам ниҳод ва гуфт: «Қум ба изниллоҳи». Дар ҳол он гўсола бархост ва пеши модар Давида, ҳар ду пистони модар дар даҳон гирифта, шир бихўрд. Ва дигар як моҳ чўби хушки нимсўхта дар хонаи Иброҳим алайҳиссалом буд. Ҷабраил алайҳиссалом бар оншох пар молид, дар соат сабз гашт ва барг берун овард, рутаб падид омад ва аз он рутаб ба Сора – хотун дод, то бихўрад. Ҷабраил алайҳиссалом ба Сора гуфт: «Худои таъоло чўби хушки чандсоларо дар соат сабз кард ва мева баровард ва пўхта сохт, то бихўрдӣ. Аз қудрати вай чӣ аҷаб бувад, ки туро фарзанде диҳад, ки номи вай Исҳоқ ва аз вай фарзанд – Яқуб шавад».

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …