Главная / Маданият ва санъат / ЗИКРИ АҲОДИСУ РИВОЁТЕ, КИ ДАР ФАЗОИЛИ CAЛABOT ФИРИСТОДАН

ЗИКРИ АҲОДИСУ РИВОЁТЕ, КИ ДАР ФАЗОИЛИ CAЛABOT ФИРИСТОДАН

ДАР БАЁНИ ЗИКРИ АҲОДИСУ РИВОЁТЕ, КИ ДАР ФАЗОИЛИ CAЛABOT ФИРИСТОДАН БА МО РАСИДААСТ

Эй зи нӯши хамри ғафлат маст хуфта дар тариқ,

Хуш дар cap гир пеш аз oн, ки бедорат кунанд.

Гар на neш аз марг бедорӣ гузинӣ дар талаб,

Аз чунuн хоби гарон бо марг бедорат кунанд.

Абдулҳайи Муҷахарфӣ.

Аз Абӯмуҳаммад Каъб ибни Уҷра (раз) ривоят шудааст, ки гуфт: «Пайғамбар (с) бар мо баромад. Гуфтем:

– Ё Расулаллоҳ, (с), донистсм, ки чӣ гуна бар Шумо салом кунем, пас, чӣ гуна бар Шумо дуруд фиристем?

Фармуд:

  • Бигӯед:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало оли Иброҳима иннака Ҳамиду-м-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Мухаммдив-ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало оли Иброҳима иннака Ҳамиду-м-Маҷид». (Муттафаққун алайҳ).

Тарҷума: Бор Худоё, дуруд фирист бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончи дуруд фиристодӣ бар оли Иброҳим, ҳамоно Ту Сутуда ва Боазаматӣ. Бор Худоё, баракат неҳ бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончи баракат ниҳоди бар оли Иброҳим, ҳамоно Ту Сутуда ва Боазаматӣ.[1]

*****

Аз Абӯҳумайди Соидӣ (раз) ривоят шудааст, ки гуфт: «Гуфтанд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), чӣ гуна бар Шумо дуруд фиристем?

Фармуданд:

– Бигӯед:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало азвоҷиҳи  ва зуррийятиҳи  камо саллайта ало Иброҳима ва борик ало Муҳаммадив-ва ало азвоҷиҳи  ва зуррийятиҳи  камо боракта ало Иброҳима, иннака Ҳамиду-м-Маҷид». (Муттафаққун алайҳ).

Тарҷума: Бор Худоё, дуруд фирист бар Муҳаммад (с) ва бар ҳамсарону фарзандонаш чунонки дуруд фиристодӣ бар фарзандони Иброҳим (а) фиристодӣ; ва баракат неҳ бар Муҳаммад (с) ва бар ҳамсарону фарзандонаш, чунонки баракат ниҳодӣ бар фарзандони Иброҳим (а), ҳамоно Ту Сутуда ва Бузургӣ.[2]

*             *          *          *          *

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (раз) ривоят шудааст, ки ӯ аз Расулуллоҳ (с) шунид, ки мефармуд: «Он ки як бор бар ман дуруд фиристад, Худованди таоло бар вай даҳ бор дуруд мефиристад». Мурод аз дуруд гуфтани Худои таоло фиристодани раҳмат аз ҷониби Ӯст. (Муслим).[3]

*             *          *          *          *

Аз Ибни Масъуд (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Сазовортарини мардум ба ман дар рӯзи қиёмат (барои шафоат) ононеанд, ки аз ҳама бештар бар ман дуруд мефиристанд». (Тирмизӣ).[4]

*             *          *          *          *

Аз Авс ибни Авс (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Ҳамоно, рӯзи ҷумъа аз беҳтарини рӯзҳои шумост, пас, дар он рӯз бар ман бисёртар дуруд фиристед, зеро ки дуруди шумо бар ман арза мешавад.

Гуфтанд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), чӣ гуна дуруди мо бар ту арза мешавад, дар ҳоле, ки устухонҳоятон пусида шуда бошанд?

Фармуд:

– Худованди таоло ҷасадҳои пайғамбаронро бар замин ҳаром кардааст (яъне: ҷасадашон пусида намешавад) (Абӯдовуд).[5]

Шарҳ: Аз ин ҳадис дарёфта мешавад, ки дуруд гуфтан бар Расули акрам (с) дар рӯзи ҷумъа ба воситаи шарофати замони он аз савоби бисёре бархурдор аст. Аммо дар мавриди ин, ки «дуруди шумо бар ман арза мешавад», дар аҳодиси дигар тафсири он ба ин тартиб шуда, ки: «Ҳар гоҳ назди қабрам бар ман касе дуруд фиристад, онро мешунавам ва агар аз он дур бошад, ба ман расонида мешавад». Ва ҳам дар ҳадиси дигар омадааст, ки: «Худованд фариштагоне дорад, ки дар замин гардиш менамоянд ва саломи уммати маро ба ман мерасонанд». Ва ҳам аз ин ҳадис дониста мешавад, ки ҷасади пайғамбарон (а) хок намешавад, чи онҳо дар гӯрҳояшон зиндаанд.[6]

Наъти Ҳазрати Мирзо Абдулқодири Бедил (paҳ)

Он ки аз буйи баҳораш ранги имкон рехтанд,

Гарди роҳаш ҷӯш зад, осори аъён рехтанд.

Шоҳиди базми хаёлаш то дарад тарфи ниқоб,

Орзуҳо шаш ҷиҳат як чашми ҳайрон рехтанд.

То дами кайфияти Маҷнуни ӯ омад ба ёд,

Синачокони азал субҳ аз гиребон рехтанд.

Осмон з-он чашми шаҳло чашмакӣ андеша кард,

Аз кавокиб[7] дар канораш наргисистон рехтанд.

Ҳайрате зад ҷӯш аз он нақши қадам дар табъи хок,

!

То назар во кард бар фарқаш гулистон рехтанд.

Аз ҳавои сояи дасти карамдарбори ӯ,

Абрҳо дар ҷилва оварданду борон рехтанд.

Тарфе аз домонаш афшонданд, ҳастӣ зад нафас,

В-аз хиромаш ёд карданд, оби ҳайвон рехтанд.

Номи ӯ бурданд, асмои қидам омад ба арз,

Аз лаби ӯ дам заданд, оёти Қуръон рехтанд.

Аз ҷамолаш сурати илми азал бастанд нақш,

В-аз каломаш маънии таҳқиқи инсон рехтанд.

Ғайри зоташ нест, Бедил, дар хаёлободи сунъ,

Ҳар чи ин бастанд нақшу ҳар қадар он рехтанд. [8]

*        *        *        *        *

Аз Абӯҳурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ, (с) фармуд: «Хоколуда шавад бинии марде, ки маро пешаш ёд карданд ва ӯ бар ман дуруд нафиристод». (Тирмизӣ).[9]

Шарҳ: Аз ин ҳадис истеҳбоби[10] дуруд гуфтан бар Ҳабиби Худо (с) дар ҳар замоне, ки номаш зикр мегардад, ё навишта мешавад, дарёфт мегардад. Лекин иддае аз донишмандони исломӣ муътақиданд, ки ин кор воҷиб аст.[11]

*        *        *        *        *

Аз Абӯҳурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Қабри маро ид[12] нагардонед ва бар ман дуруд фиристед, зеро ки дар ҳар ҷое, ки бошед, дуруди шумо ба ман мерасад». (Абудовуд).[13]

Шарҳ: «Қабри маро ид масозед» – яъне: зиёрати қабри маро ид масозед, ё қабри маро мазҳари ид масозед. Маънои он манъ намудан аст аз ҷамъ шудан барои зиёрати он Ҳазрат (с) мисле ки дар рӯзҳои ид мардум ҷамъ мешаванд. Зеро ки ид рӯзест, ки дар он бозиҳову ороишҳо кардан ҷоиз аст ва дар он барои изҳори шодиву хурсандӣ меоянд, ки аҳли китоб ин корро бо рафтан ба зиёрати қабрҳои пайғамбаронашон анҷом медоданд, то ин ки Худованд бар дилҳояшон пардаи ғафлатро ниҳод ва онҳо равиши бутпарастонро дар зиёрат карданӣ шайтонҳояшон пайравӣ намуда, қабрҳои пайғамбаронашонро масҷид сохта, ба сӯйи он намоз гузориданд. Аз ин рӯ Пайғамбар (с) фармуд: «Парвардгоро, қабри маро буте магардон, ки мавриди парастиш қарор гирад». Ва низ фармуд: «Ҳамоно хашми Худо фузунтар шуд бар гурӯҳе, ки қабрҳои пайғамбаронашонро масҷид қарор доданд».[14]

*        *        *        *        *

Аз Абӯҳурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Ҳеҷ як нест, ки бар ман салом кунад, магар ин, ки Худованди таоло рӯҳамро ба ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам». (Абудовуд).[15]

*****

Аз Ҳазрати Алӣ (раз) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Бахил он аст, ки пешаш номам бурда шуд ва бар ман дуруд нафиристод». (Тирмизӣ).[16]

*        *        *        *        *

Ҳазрати Умайри Ансорӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ҳар шахсе аз уммати ман ба хулуси дил як бор бар ман дуруд бифиристад, Аллоҳ таоло бар ӯ даҳ раҳмат нозил мефармояд ва ба ивази он даҳ дараҷа баланд мефармояд, барои ӯ даҳ некӣ менависад ва даҳ гуноҳашро муоф мефармояд». (Насоӣ).[17]

*        *        *        *        *

Ҳазрати Анас (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ иршод фармуданд, ки: «Рӯзи ҷумъа бар ман ба касрат дуруд бифиристед, барои ин, ки Ҷабраил (а) аз ҷониби Парвардгор алъон ин паёмро овард, ки: «Дар рӯйи замин ҳар мусалмоне, ки як бор бар ту дуруд мефиристад, Ман бар ӯ даҳ раҳмат нозил мекунам ва фариштаҳои Ман барои ӯ даҳ бор дуои мағфират мекунанд». (Табаронӣ).[18]

*****

Ҳазрати Каъб (раз) мефармояд: «Вақте ки дуи саввум аз шаб мегузашт, Расулуллоҳ (с) (барои намози таҳаҷҷуд) баланд шуда мефармуд: «Эй мардум, Аллоҳро ёд кунед, Аллоҳро ёд кунед, чизи такондиҳандае омад ва расид ва чизе, ки баъд аз он меояд омаду расид (матлаб ин аст, ки вақти дамидани сури аввал ва баъд аз он сури дуввум наздик омад) марг ҳамроҳ бо тамоми сахтиҳои худ фаро расид, марг ҳамроҳ бо тамоми сахтиҳои худ фаро расид».

Бинобар ин Убай ибни Каъб (раз) мефамояд: «Ман арз кардам:

  • Ё Расулаллоҳ (с), ман мехоҳам бар Шумо бисёр зиёдатар дуруд бифиристам. Ман аз вақти дуову азкори худ чӣ кадар вақт барои дуруди шариф таъйин кунам?

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд:

  • Ҳар чӣ қадар бихоҳӣ.

Ман арз кардам:

  • Як чаҳор вақтро?

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд:

  • Ҳар чӣ қадар бихоҳӣ ва агар бештар кунӣ, барои ту беҳтар аст.

Ман арз кардам:

  • Нисфи вақтро?

Он Ҳазрат (с) иршод фармуданд:

  • Ҳар чӣ қадар бихоҳӣ ва агар бештар кунӣ, барои ту беҳтар аст.

Арз кардам:

– Ду саввуми вақтро таъйин кунам?

Он Ҳазрат (с) иршод фармуданд:

  • Ҳар чӣ қадар бихоҳӣ ва агар бештар кунӣ, беҳтар аст.

Ман арз кардам:

  • Ман тамоми вақти худро барои дуруд фиристодани бар Шумо таъйин мекунам.

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд:

 

– Агар чунин бикунӣ, Аллоҳ ҳамаи ғамҳои туро дур мефармояд ва ҳамаи гуноҳони туро низ муоф мекунад» (Тирмизӣ).[19]

Тавзеҳ: Расулуллоҳ (с) аз наздик омадани қиёмат мардумро тарсонданд, то ин ки мардум аз ёди қиёмат ғофил набошанд.[20]

*****

Рувайфиъ ибни Собит (раз) мефармояд, ки: “Ҳар кас бар Муҳаммад (с) инчунин дуруд бифиристад:

«Аллоҳумма анзилҳу-л-мақъада-л-муқарраба индака явма-л-қиёмаҳ».

Тарҷума: Эй Аллоҳ, Муҳаммад (с)-ро рӯзи қиёмат наздики Худ дар мақоми қурби махсус ҷой ато бифармо.

Расулуллоҳ (с) фармудааст, ки: «Барои он шахс шафоати ман воҷиб мешавад». (Баззор, Табаронӣ).[21]

*****

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар кас дӯст дорад вақте, ки бар аҳли байти мо дуруд бифиристад, савоби ӯ бо паймонаи бисёр бузурге паймон шавад. Пас, ӯ бо ин калимот ин дурудро бихонд:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин набиййӣ ва азвоҷиҳи уммаҳоти-л-муъминина ва зуррийятиҳи ва аҳли байтиҳи камо саллайта ало оли Иброҳима, иннака Ҳамиду-м- Маҷид».

Тарҷума: Эй Аллоҳ, бар Пайғамбар Муҳаммад (с) ва ҳамсарони ӯ, ки модарони муъминон ҳастанд ва бар насли ӯ ва бар аҳли байти ӯ раҳмат нозил бифармо, чунонки бар аҳли байти Иброҳим (а) раҳмат нозил фармудӣ. Ҳамоно Ту сазовори ҳамду ситоиш ва соҳиби азамат ҳастӣ. (Абудовуд). [22]

Аз дами субҳи азал то ба қиёми арасот,

Бар сару пойи дилорои Муҳаммад салавот.

*             *          *          *          *

Дар «Равзату-л-уламо»-и қудвату-л-фуқаҳо Шайх Абулҳасан Алӣ ибни Яҳёи Бухорӣ (paҳ) овардааст ва нақл аз Абӯҳурайра (раз) кардааст, ки гуфт: «Ҳеҷ муъмин бар Ҳазрати Рисолат (с) салавот нафиристад, магар он, ки Ҳақ таоло фариштаеро таъйин намояд, то он салавоти он бандаро ба камтар аз турфатулайнс ба қабри он Ҳазрат (с) дарорад ва гӯяд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), фалон ибни фалон, ё фалона бинти фалон бар ту як навбат дуруд фиристод.

Ҳазрати Рисолат (с) аз камоли фараҳу шодмонӣ дар ҷавоб гӯяд:

  • Ӯ бар ман як навбат салавот фиристод, аз ман даҳ салавот бар вай бирасон ва мар ӯро бигӯй: «Агар яке аз ин даҳ салавот беш набудӣ, бо ман дар биҳишт даромадӣ, бар мисоли ӯ ин ду ангушти саббоба[23] ва вусто,[24] ки ба ҳам манзум сохта ва шафоати ман мустаид гаштӣ, факайф, ки ин даҳ салавоти комил а аст».

Фаришта аз равзаи мутаҳҳараи Набавӣ (с) ба ҷониби қудси Илоҳӣ ҷалла ва ало ҳозир ояд ва ба Ҳақ субҳонаҳу таоло арзи салавоти банда кунад ва гӯяд:

  • Худовандо, фалон банда ба рӯҳи Ҳабиби Ту як навбат салавот фиристод.

Ҳақ таоло фармояд:

  • Ӯро даҳ салавот аз Ман бирасон ва бигӯй, ки: «Агар аз ин даҳ салавот яке беш набудӣ, оташи дузах ҳаргиз насӯхтӣ, факайф, ки акнун даҳ салавоти комила аст».

Баъд аз он таоло фармояд, ки:

  • Бузург доред дуруди бандаи Маро дар хазонаи иллийин ва аз барои рӯзи эҳтиёҷи ӯ захира гардонед.

Ба адади ҳар як ҳуруфи аз он салавоте, ки бар забони банда ҷорӣ гаштааст, Ҳақ таоло фариштаеро халқ фармояд, ки мар ӯро сесаду шаст cap бошад ва бар ҳар cape сесаду шаст рӯй ва бар ҳар рӯе сесаду шаст даҳон ва бар ҳар даҳоне сесаду шаст забон ва бар ҳар забоне ба сесаду шаст луғат Ҳақ таолоро ҳамду сано мегӯяд, ки ҳеҷ луғате ба луғате мушобеҳ набошад ва савоби ин ҳама саноҳоро дар номаи аъмоли он банда менависад, ки бар Ҳазрати Рисолат (с) дуруд фиристода, то ба рӯзи қиёмат».[25]

Шиканад теғи забонам ҳама дам шохи набот,

Бод бар қомати раънои Муҳаммад салавот.

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин»-и Имом Абӯаҳмад ибни Зайд (paҳ) оварда, ки Ҳазрати Рисолат (с) фармудааст, ки: «Ҳақ таоло се чизро талқини самъ[26] намуда, ки албатта шунаванд:

Яке, биҳишт, ки ҳеҷ кас аз Ҳақ таоло аз уммати ман биҳишт наталабад, магар он, ки бишнавад ва дуо кунад, ки: «Илоҳӣ, бандаи толиби маро ба ман расон».

Дуввум, дузах аст, ки ҳеҷ кас аз вай наҷот наҷӯяд, магар он, ки дузах гӯяд: «Худоё, ӯро аз ман наҷот деҳ».

Саввум, фариштаест муаккал бар қабри ман, ҳеҷ кас нест аз марду зан, ки бар ман салавот фиристад, магар он, ки он фаришта бишнавад ва бигӯяд: «Ё Муҳаммад (с), фалон банда бар ту салавот фиристод». Ва Ҳақ, таоло мутакаффил[27] шуд, ки ҳар кӣ бар ман як бор салавот фиристад, Ҳақ таоло бар вай даҳ бор салавот фиристад ва ҳар кӣ бар ман даҳ бор салавот фиристад, Ҳақ таоло бар вай сад бор салавот фиристад ва ҳар кӣ бар ман сад бор салавот фиристад, Ҳақ таоло бар вай ҳазор бор салавот фиристад ва ҳар кӣ бар ман ҳазор бор салавот фиристад, ҳаргиз оташи дузах ӯро напояд».[28]

*        *        *        *        *

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки Ҳазрати Рисолат (с) фармуд, ки: “Ҳар кӣ бар ман салавот фиристад аз руйи таъзим ва риояти ҳаққи ман, Худои таоло аз он салавот фариштае халқ кунад, ки мар ӯро боле дар Машриқ ва боле дар Мағриб ва пойҳои ӯ дар замини ҳафтум ва гардани ӯ дар зери Арш хамгашта печида. Баъд аз он Худои таоло фармояд, ки: «Эй фаришта, бар он бандаи Ман салавот фирист ҳамчуноне, ки ӯ бар Ҳабиби Ман (с) салавот фиристодааст». Он фаришта бар он бандаи салавоггӯй салавот мефиристад, то ба рӯзи қиёмат. Ва ҳар бор, ки банда салавот мефиристад, ҳамчунин фариштае махлуқ мешавад ва ба салавоти ӯ то ба рӯзи қиёмат иқдом менамояд».[29]

*        *        *        *        *

Дар «Равзату-л-уламо» овардааст, ки Абӯкомил аз Ҳазрати Рисолат (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: “Ҳар кӣ бар ман, ки Муҳаммадам (с), се бор салавот фиристад, ки он аз рӯйи муҳаббату иштиёқ ба лиқои ман бошад, ба карами Илоҳӣ ҷалла ва ало воҷиб гардад, ки гуноҳони он рӯзу шаби ӯро биёмурзад».[30]

Фарзи айнасту ҳамегӯям то вақти мамот.

Дам ба дам бар гули рухсори Муҳаммад салавот.

*        *        *        *        *

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки Абӯсаиди Худрӣ (раз) ривоят мекунад аз Ҳазрати Расулуллоҳ (с), ки фармуданд: «Ҳеҷ гурӯҳе дар маҷлисе ҷамъ нашаванд, ки дар он маҷлис бар Ҳазрати Рисолат (с) дуруд нафиристанд, магар он, ки он маҷлисро бар эшон ҳасрате бошад рӯзи қиёмат ва агар чанд дар биҳишт дароянд аз барои савоби бисёр, ки мутафарреъ[31] бар салавот бинанд ва он савобҳо бар эшон фавт шуда бошад».[32]

 

Наъти Шайх Аттори Валӣ (paҳ)

Эй офтоби саркаш як зарра хоки поят,

Оби ҳаёт рашҳе[33] аз ҷоми ҷонфизоят.

Ҳам хоҷагии гардун дил бар вафо ғуломат,

Ҳам подшоҳи  гетӣ ҷон бар миён гадоят.

Ҳам чарх хирқапӯше дар хонақоҳи  ишқат,

Ҳам Ҷабраил мурғе дар доми дилрабоят.

Дар cap гирифта олам андешаи висолат,

Дар чашм карда Кавсар хоки дари сароят.

Кавсар, ки оби ҳайвон як шабнам аст аз вай,

Дарбаста то ба ҷон дил дар лаъли дилкушоят.

Сирре, ки ҳар ду олам як зарра менаёбанд,

Ҷовид каф гирифта ҷоми ҷаҳоннамоят.

Навбоваи[34] ҷамолат моҳи  нав аст, на маҳ

Банди кулаҳ зи хиҷлат дар домани қабоят.

Ту марқаби накӯӣ метозиву маҳу меҳр,

Чун соя дар рикобат, чун зарра дар ҳавоят.

То буйи зулфи мушкат пурбӯй кард ҷонам,

Аттори мушкрезам аз зулфи мушксоят.[35]

*        *        *        *        *

Каъб ибни Уҷра (раз) ривоят мекунад, ки: «Як бор Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд, ки:

  • Наздики минбар ҷамъ шавед.

Мо ҳозир шудем. Вақте он Ҳазрат (с) бар руйи аввалин паллаи минбар қадами муборакро гузоштанд, фармуданд: «Омин». Ва ҳангоме ки бар паллаи дуввум қадам гузоштанд, боз фармуданд: «Омин». Ва чун бар паллаи саввум қадам ниҳоданд, боз фармуданд: «Омин». Вақте ки он Ҳазрат (с) аз хутба фориғ шуданду поён ташриф оварданд, мо арз кардем, ки:

  • Имрӯз мо чизе аз Шумо шунидем, ки қаблан нашунида будем.

Он Ҳазрат (с) фармуданд:

  • Дар он вақт Ҷабраил (а) пеши ман ҳозир шуд. Вақте ки бар паллаи аввал қадам гузоштам, гуфт: «Ҳалок бод касе, ки моҳи шарифи рамазонро дарёфт ва боз ҳам гуноҳони ӯ бахшуда нашуданд». Ман гуфтам: «Омин». Вақте ки бар паллаи дуввум қадам гузоштам, гуфт: «Ҳалок бод касе, ки пеши ӯ зикри ту бишавад ва ӯ бар ту дуруд нафиристад». Ман гуфтам: «Омин». Бар паллаи саввум, ки қадам ниҳодам, гуфт: «Ҳаалок бод касе, ки падару модараш, ё яке аз он ду ба синни пирӣ бирасанд ва ӯ он қадар ба онҳо муҳаббат ва хидмат накунад, ки худашро ба василаи дуои онҳо ба ҷаннат дохил кунад». Ман гуфтам: «Омин». (Ҳоким, Ибни Ҳиббон).[36]

Тавзеҳ. Дар ин ҳадис Ҷабраил (а) се дуои бад кард ва Расулуллоҳ (с) бар ҳар се дуо «Омин» фармуданд. Дуои бади фариштаи муқаррабе мисли Ҷабраил (а) чизи каме нест ва боз қувват ва шиддате, ки дар ин дуо ба сабаби «Омин» гуфтани Расулуллоҳ (с) пайдо шудааст, возеҳ аст. Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ба бузургии Худаш моро аз ин ҳар се навъ тавфиқи парҳез ато фармояд ва аз ин бадиҳо маҳфуз бидорад, в-агарна дар ҳалокати мо шакке нест. Аз баъзе ривоёти «Дурри мансур» маълум мешавад, ки Ҳазрати Ҷабраил (а) аз Расулуллоҳ (с) хост, ки «Омин» бигӯянд, он гоҳ он Ҳазрат (с) «Омин» гуфтанд, ки аз ин ривоят аҳамияти дуои бад маълум мешавад.

Нафари аввал он аст, ки моҳи мубораки шарифи рамазон бар ӯ бигзарад ва ӯ аз мағфират маҳрум бимонад. Яъне рӯзҳои моҳи пурхайру баракате мисли моҳи шарифи рамазон ҳам дар ғафлату гуноҳ бигзарад, зеро, мағфират ва раҳмати Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар моҳи шарифи рамазон мисли борон меборад. Ва агар моҳи мубораки шарифи рамазон бар касе ба гунае бигзарад, ки ба сабаби аъмоли бад ва кӯтоҳиҳои худ аз мағфират маҳрум бимонад, барои мағфирати ӯ чӣ фурсате беҳтар аз он ба даст меояд? Ва дар ҳалокати чунин шахсе чӣ шакке вуҷуд дорад? Ва тариқаи мағфират шудан ин аст, ки вазоиферо, ки дар моҳи шарифи рамазон бояд анҷом дод, аз қабили рӯзаву таровеҳ бо мувозибат[37] ва эҳтимоми комил адо кунад ва боз ҳар вақт аз гуноҳи худ ба касрат[38] тавбаву истиғфор кунад.

Дуввумин касе, ки барои ӯ дуои бад шудааст, шахсест ки назди ӯ зикри Расулуллоҳ (с) бишавад ва ӯ салавоту дуруд нафиристад. Дар ривоёти зиёде ин матлаб ворид шудааст. Ба ҳамин ҷиҳат баъзе уламо муътақиданд, ки ҳар гоҳ зикри номи мубораки Расулуллоҳ (с) бишавад, бар шунавандагон салавот фиристодан воҷиб аст. Илова бар ҳадиси боло ваидҳои дигаре низ дар мавриди шахсе, ки пеши ӯ зикри он Ҳазрат (с) бишавад ва ӯ дуруд нафиристад, омадааст. Дар баъзе аҳодис ӯро дар радифи бадбахттарин ва бахилтарин афрод шумурдаанд ва низ ба ӯ ситамкор ва касе, ки роҳи биҳиштро фаромуш карда ва ҳатто ҷаҳаннамиву бедин низ гуфта шудааст. Ин тавр ҳам ворид шуда, ки чунин шахсе чеҳраи мубораки он Ҳазрат (с)-ро намебинад. Уламои муҳаққиқ агарчӣ ин тавр ривоётро таъвил кардаанд, аммо ҷойи инкор нест, ки зоҳиран алфози он Ҳазрат (с) дар бораи касоне, ки дуруд намефиристанд, ба қадре шадид аст, ки таҳаммули он душвор мебошад ва чаро ин тавр набошад? Зеро эҳсоноти он Ҳазрат (с) бар уммат болотар аз ин аст, ки ба забону калам гуфта шаванд. Ва ҳуқуқи он Ҳазрат (с) бар уммат ба қадре зиёд аст, ки бо вуҷуди он, агар касе дуруд нафиристад, ҳар гуна танбеҳ ва ваид дар ҳаққи ӯ ба ҷо ва дуруст аст. Худи салавоту дуруд ба қадре фазоил дорад, ки маҳрумият аз онҳо худ як навъ баднасибист. Аз ин болотар чӣ фазилате, ки ҳар кас як бор бар Расулуллоҳ (с) дуруд бифиристад Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу барои ӯ даҳ бор раҳмат мефиристад. Ҳамчунин дуои хайри фариштагон барои ӯ, афв шудани гуноҳон, баланд шудани дараҷот, ҳосил шудани савоби баробари куҳи Уҳуд, воҷиб шудани шафоат барои ӯ ва ғайруҳу, инҳо ҳама изофа бар он аст. Ҳамчунин ризои Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ва ҳусули раҳмат ва амон аз ғазаби Ӯ ва наҷот аз сахтиҳои қиёмат ва дидани ҷойи худ дар биҳишт қабл аз мурдан ва ғайри инҳо ваъдаҳоест, ки барои хондани теъдоди махсусе аз дуруд дода шудаанд. Илова бар ин аз хондани дуруд тангии зиндагӣ ва фақр дур мешавад ва дар боргоҳи Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу тақарруб ва наздикӣ ҳосил мегардад ва бар душманон пирӯзӣ ҳосил мешавад ва қалб аз нифоқу занг пок мегардад, мардум бо ӯ муҳаббат меварзанд, аз ин қибал хушхабариҳо ва муждаҳои зиёди дигаре, ки ба касрат хондани дуруд дар аҳодис омадааст. Фуқаҳо ин матлабро возеҳ баён кардаанд, ки дар тамоми умр хондани дуруд фарз аст. Ва уламои мазоҳиб[39] низ бар ин иттифоқи назар доранд. Албатта, дар ин маврид ихтилоф аст, ки ҳар гоҳ ва ҳар лаҳза зикри мубораки Расулуллоҳ (с) шавад, дар ҳар бор хондани дуруд воҷиб аст, ё на? Назди баъзе аз уламо ҳар бор дуруд хондан воҷиб аст ва назди баъзе мустаҳаб аст.

Саввумин шахсе, ки дар борааш дуои бад шудааст, касест, ки падару модари пири ӯ ҳар ду, ё яке мавҷуд бошанд ва ӯ он қадар хидмати онҳоро накунад, ки ба сабаби он мустаҳиқи[40] биҳишт шавад. Дар бораи ҳуқуқи волидайн ҳам дар аҳодис таъкид шудааст. Уламо навиштаанд, ки дар умури[41] мубоҳ ва ҷоиз итоати онҳо зарурӣ аст. Ҳамчунин навиштаанд, ки аз беадабӣ дар ҳаққи онҳо дурӣ шавад бо такаббуру ғурур бо онҳо рӯ ба рӯ нашавад, агарчи онҳо мушрик бошанд. Садои худро баландтар аз садои онҳо накунад ва бо ном онҳоро садо назанад. Дар ҳеҷ коре аз сабқат нагирад. Дар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар нисбат ба онҳо нармӣ ихтиёр кунад, агар қабул накунанд, бо онҳо ба хубӣ рафтор кунад ва дуои ҳидоят намояд. Хулоса, дар ҳар кор эҳтироми онҳоро бениҳоят риоя кунад. Дар як ривоят гуфта шудааст, ки беҳтарини дарвоза аз дарвозаҳои биҳишт падар аст, агар дилат мехоҳад онро ҳифозат[42] кун, ё зоеъ гардон. Як саҳобӣ аз он Ҳазрат (с) пурсид, ки:

– Ҳаққи волидайн чист?

Фармуданд:

  • Онҳо барои ту ба манзалаи биҳиштанд, ё манзалаи дузах яъне ризои онҳо биҳишт ва норизоии онҳо дузах аст.

Дар ҳадисе омадааст, ки: «Як нигоҳи фарзанди мутеъ ва фармонбардор ҳамроҳ бо муҳаббату шафқат ба сӯйи падар савоби як ҳаҷҷи қабулшударо дорад».

Дар як ҳадис иршод шудааст, ки: «Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ба ҷуз ширк тамоми гуноҳро ҳар қадар бихоҳад афв мефармояд, магар сазои нофармонии волидайн, ки қабл аз марг дар дунё ҳам ба ӯ мерасонад.

Як саҳобӣ арз кард, ки:

  • Ман иродаи ширкати дар ҷиҳодро дорам.

Он Ҳазрат (с) пурсиданд:

  • Оё модарат зинда аст?

Ӯ гуфт:

  • Бале.

Он Ҳазрат (с) фармуданд:

  • Хизмати ӯро ба ҷой овар, ки зери қадамҳои ӯ барои ту биҳишт аст.

Дар ҳадисе омадааст, ки: «Ризои Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар ризои падар аст ва норизоии Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар норизоии падар аст». Дар ривоёти бисёри дигаре низ ҳамин навъ аҳамияту фазилат ворид шудааст.

Барои касоне, ки ба ғафлат дар ин амр кӯтоҳӣ кардаанд ва акнун, ки волидайни онҳо мавҷуд нестанд, мутаваҷеҳ шудаанд, дар шариати мутаҳҳари Ислом ҷуброни он нишон дода шудааст. Дар ҳадисе чуиин иршод шудааст: «Касе падару модари ӯ дар ҳоле мурдаанд, ки ӯ нофармонии онҳо мекардааст, пас, агар ба касрат барои онҳо дуову истиғфор кунанд, он фарзанд мутеу фармонбардор маҳсуб хоҳад шуд». Дар ҳадиси дигаре омада, ки: «Беҳтарин некӣ баъд аз марги падар хушрафторӣ бо дӯстони ӯст».[43]

Наъти Камолии Рашнагӣ (paҳ)

«Ва-ш-шамс»-у «Ва-з-зуҳо» рӯҳи зебои Мустафост,

«Ва-л-лайл» наъти зулфи сумансои Мустафост.

Тафсири матни ояти «Мо зоғ»-y «Мо тағо»,

Шapҳy баёни наргиси шаҳлои Мустафост.

Бишнав зи ҷон ҳадиси «Ано афсаҳу-л-араб».

Лутфи камоли лаъли шакарҳои Мустафост.

Оёти байинот румузе зи ҳусни ӯст,

Қуръон нуути ҷумла саропойи Мустафост.

Дору-с-салому ҷаннату фирдавсу боғи хулд,

Як кӯчае зи маскану маъвои Мустафост.

Ризвону ҳуру хайли малоик ба сад тараф,

Гардида ҷонфидо ба тамошои Мустафост.

Кавсар иборате зи лаби қанди нӯшханд,

Тубо ишорае зи қаду болои Мустафост,

Тасбеҳи санг бар кафи дасти муборакаш,

Аз юмни муъҷизоти муаллои Мустафост.

Биншаст бар Буроқ шаҳи тахти салтанат,

Ҳам Арш фарш зери қадамҳои Мустафост.

Рӯҳониёни қудс сари хидматаш ба душ,

Ҷибрил ходими ҳараму ҷойи Мустафост.

«Шакку-л-қамар» баёни сарангушти Аҳмадист,

Маҳ шуд ба чарх пора ба имои Мустафост.

Дилдодагони шӯх бар сари бозори гарми завқ,

Ҷон медиҳанд бар сари савдои Мустафост.

Бо оҳи ҷонфигор Камолӣ аладдавом,

Ӯро ба дил ҳавои таманнои Мустафост.[44]

*        *        *        *        *

Дар «Тоҷу-л-музаккирин» овардааст, ки Ибни Масъуд (раз) гуфт: «Аз Ҳазрати Расул (с) шунидам, ки фармуд:

– Ҷамъеро рӯзи қиёмат ҳукм ба биҳишт шавад, эшон роҳи биҳиштро гум кунанд ва ҳайрон фурӯ монанд. Гуфтанд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), онҳо чӣ тоифа бошанд?

Фармуд:

  • Касоне, ки номи ман дар маҷлиси эшон мазкур шудабошад ва эшон бар ман дуруд нафиристода бошанд.

Чунончи фармуд: “Ҳар кас, ки бар ман дуруд гуфтанро фаромуш кунад, фаромуш кунад роҳи ҷаннатро».[45]

*****

Дар «Тоҷу-л-музаккирин» овардааст, ки дар хабар аст ки: “Ҳар касе, ки бигӯяд:

Лo илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ.

Ва баъд аз он гӯяд:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадив-ва саллим.

Ин калимот аз даҳони ӯ ба сурати мурғи сабзе берун ояд ва мар ӯро ду бол бошад, ки агар бикушояд аз Машриқ то Мағрибро фурӯ гирад ва мар ин мурғро овозе бошад бар мисоли овози раъд ва ин мурғ меравад то ба Арши маҷид бирасад. Арш аз овози ӯ музтариб гардад. Ҳақ таоло гӯяд:

  • Сокин шав.

Он мурғ гӯяд, ки:

  • Чӣ гуна сокин шавам, ки гӯяндаи маро наёмурзидаӣ?

Карати дуввум гӯяд, ки:

  • Сокин шав.

Боз гӯяд:

  • Чӣ гуна сокин шавам?

Карати саввум фармояд, ки:

  • Сокин шав.

Ҳамон ҷавоб гӯяд. Фармон ояд, ки:

  • Гӯяндаи туро биёмурзидам ва бар вай раҳмат кардам.[46]

*****

Дар «Равза» ривоят аз Алӣ ибни Абӯтолиб (раз) кардааст, ки Ҳазрати Рисолат (с) фармудааст, ки: «Нест ҳеҷ дуо, магар он, ки миёни он дуо ва осмон ҳиҷобест, то дуруд нафиристанд бар Расул (с). Чун дуруд фиристод, он ҳиҷобҳо бардошта гашт ва он дуо аз осмон даргузашт ва агар дуруд нафиристод, он дуо бар сари вай боз гашт».[47]

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки амира-л-муъминин Алӣ (раз) аз Ҳазрати Рисолат (с) ривоят кард, ки фармуданд: “Ҳар кӣ маро се бор дуруд гӯяд ҳар рӯз ва дар рӯзи ҷумъа сад бор бигӯяд:

«Салавотуллоҳи ва малоикатиҳи ва русулиҳи  ва аҳбобиҳи ва ҷамеа халқиҳи  ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин алайҳи-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ».

Ба дурустӣ, ки баробари ҳамаи халоиқ бар Мустафо (с) дуруд фиристода бошад ва ӯро рӯзи қиёмат дар зумраи асҳоби Расул (с) маҳшур[48] гардонанд ва Пайғамбар (с) дасти ӯро гирифта дар биҳишт дарояд».[49]

Рубоӣ аз табъи мураттиби ин китоб:

Агар хоҳӣ ҷамоли Кибриёро,

Биҳишту Кавсару дорулбақоро.

Гули рӯят бишӯ бо шабнами ишқ,

Бигӯ, ҷоно, дуруди Мустафоро.

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст ва нақл аз Анас ибни Молик (раз) кардааст, ки: «Ҳеҷ вақт ду мусалмон бо ҳам нарасанд ва бо якдигар мусофаҳа[50] накунанд ва бар Ҳазрати Рисолат (с) салавот нафиристанд, магар ин, ки чун мутафарриқ[51] шаванд, гуноҳони пешинаву ояндаи эшон омурзида шуда бошад».[52]

*        *        *        *        *

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки Ҳазрати Рисолат (с) фармуд, ки: “Ҳар кӣ дар рӯзи ҷумъаву шаби ҷумъа сад бор бар ман дуруд фиристад, Ҳақ таоло сад ҳоҷати ӯро раво кунад, ҳафтод аз ҳоҷатҳои охират ва сӣ аз ҳоҷатҳои дунё ва фариштаеро Ҳақ таоло насб кунад, то он салавоти ӯро бар ман дароварад ва ҳамчуноне, ки бар шумо ҳадоё дароваранд дар табақҳо. Ва он салавот назди ман дар саҳифаи байзовӣ[53] сабт бошад ва бар вай номи он мусаллӣ[54] фалон ибни фалон навишта бувад ва ин саҳифа назди ман бошад, то ба рӯзи қиёмат».[55]

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин» дар фазли салавоти рӯзи ҷумъа Хоҷа (с) фармуд, ки: “Ҳар кӣ рӯзи ҷумъа чиҳил навбат бар ман салавот фиристад, Ҳақ таоло гуноҳони хаштодсолаи ӯро биёмурзад ва ҳар кӣ рӯзи ҷумъа бар ман сад бор салавот фиристад, Ҳақ таоло дусадсола гуноҳони ӯро биёмурзад ва ҳар кӣ ҳазор бор бар ман салавот фиристад, намирад, то ҷойи худро дар биҳишт набинад».[56]

*****

Ибни Умар (раз) ривоят мекунад аз Ҳазрати Рисолат (с), ки фармуданд: «Чун рӯзи қиёмат шавад, мардеро аз уммати ман ба оташи дузах фармон шавад ва чун ӯро ба саири ҷаҳаннам дароранд, дар гиря шаваду гӯяд:

  • Ё малоикату-р-Раҳмон, маро ба куҷо ҳукм кардаанд?

Гӯянд:

  • Ба оташи дузах.

Гӯяд:

  • Маро соате ба ҳоли ман гузоред, то бар ахволи хеш гиря кунам.

Назм:

Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям,

Чу шамъ аз гиряи шабҳои тори хештан гирям.

Надорам меҳрубоне, то кунад бар ҳоли ман гиря,

Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.

Мадад фармо ба хук эй дил, ки дар чашмам намонд обе,

Ки хоҳлам як дам аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.

Фариштагон гӯянд:

  • Эй банда, ин гиря дар дунё боистӣ, то фоидае бар он мураттаб гаштӣ, имрӯз гиря чӣ фоида мерасонад?

Байт:

Илоҷи воқеа қавл аз вуқуъ бояд кард,

Дареғ суд надорад чу кор рафт аз даст.

Банда гӯяд:

  • Эй фариштагон, ман аз зумраи фарзандони Одамам ва таҳҳаммули оташи дузахро надорам ва аз ҷумлаи умматони Муҳаммадам (с) ва ба Худованди худ ин гумон намебурдам.

Фариштагон гӯянд:

  • Эй банда, чӣ гумон мебурдӣ?

Гӯяд, ки:

  • Умедворӣ ба Парвардгори ман чунон буд, ки маро бо яҳуду насоро дар дузах муҷтамеъ[57] нагардонад.

Фариштагон гӯянд:

  • Эй банда, инак Муҳаммад (с) истода назди Парвардгори худ ҷалла ва ало, ӯро бихон, то туро шафоат кунад ва илло ба ҳовия[58] гирифтор шавӣ.

Банда аз ғояти бехудӣ овоз барорад ва дар арасот Ҳазрати Сайиду-с-содотро (с) бихонад. Чун Ҳазрати Хоҷа (с) овози он бандаро бишнавад, ба ҷониби ӯ мубодират намояд ва он бечораро дар қабзаи малоика мақбуз ва дар чанги забония маҳбус бинад, фармояд, ки:

  • Ин бандаро ба ман супоред, то дигарбора вазни аъмоли ӯ кунам ва тафаҳҳуси аҳволи ӯ намоям.

Малоика гӯянд:

  • Эй Муҳаммад (с), мо бандагонем маъмур, то фармони Илоҳӣ ҷалла ва ало набошад, даст аз ин банда бознадорем.

Ҳазрат (с) рӯй ба ҷониби Қудси Илоҳӣ орад ва Ҳазратти Ҳақ ҷалла ва алоро суҷуд кунад, баъд аз он гӯяд:

  • Худовандо, малоикаи Ту миёни ман ва яке аз уммати ман ҳоил гаштаанд.

Хитоби мустатоби Раббу-л-арбоб даррасад, ки:

  • Эй фариштагон, бандаи Маро бар Пайғамбари Ман супоред, то дигарбора вазни аъмоли ӯ намояд.

Чун Хоҷа (с) он бандаро ба пойи тарозу орад ва саҳифаи байзовие берун орад ва дар вай китобате аз нур карда, дар каффаи ҳасаноти он банда ниҳад ва якбор бар сайиоти банда роҳиҷ гардад. Фармони Илоҳӣ даррасад, ки:

  • Бандаи Маро ба биҳишт дароред.

Чун он бандаро ба биҳишт расонанд, Ҳазрати Рисолат (с)-ро бар дари биҳишт мулоқот кунад. Фармояд (с), ки:

  • Маро мешиносӣ?

Гӯяд:

Падару модарам фидои ту бод, чӣ қадар руят зебост ва, бӯят рӯҳафзост.

Байт:

Ҳам рут xyш,ҳам бут xyш, ҳам ваъдаат xyш, ҳам лиқо,

Хоҳам бидонам, то ба ин ҳусну шамоил кистӣ?

Фармояд, ки:

– Манам Пайғамбари ту Муҳаммад (с) ва он саҳифа, ки ба он ҳасанот бар сайиот роҳиҷ[59] омад, он салавоте буд, ки дар дунё ба рӯҳи ман фиристода будӣ.

Он банда дар қадамҳои он Ҳазрат (с) афтад ва буса дар қадамҳои шарифи он Ҳазрат (с) занад ва гӯяд:

– Эй Муҳаммад (с), агар шафоати туву салавоти ту набудӣ, ман чун дузахиёни дигар ба барзахи дӯзах мубтало мегаштам ва қарини садҳазор дарду бало мебудам».[60]

* *          *          *          *

Дар «Наводиру-л-усул»-и Имом Алӣ Ҳакими Тирмизӣ (қаддасаллоҳу рӯҳаҳу) ривоят аз Абдурраҳмони Сумра мекунад, ки гуфт: «Рӯзе Ҳазрати Рисолат (с) аз хона берун омад ва фармуд: «Дӯш хоби аҷабе дидам, мардеро аз уммати худ бар Пули Сирот дидам, ки мегузашт ларзон ва афтону хезон, дуруде, ки бар ман фиристода буд, биёмад ва дасти ӯ бигирифт ва ӯро мустақим гардонида, аз Пули Сироташ ба саломат бигузаронид».[61]

* *          *          *          *

Ривоят аст, ки рӯзе Ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) дар масҷид нишаста буд ва бо асҳоби изом ва аҳбоби киром (раз), ки аъробие даромад ва бар эшон салом кард бад-ин тариқ, ки:

  • Ассалому алайкум, ё аҳла-л-қура-ш-шомиху ва-л-кирому-с-содиҷ.

Ҳазрат (с) ӯро бар Абӯбакр (раз) тақдим карда, назди худ нишонд. Абӯбакр (раз) гуфт:

  • Эй Расулаллоҳ (с), чунин донистаам, ки дар руйи замин касеро аз ман дӯсттар намедорӣ, акнун сабаби тақдими ин аъробӣ бар ман чист?

Ҳазрат (с) фармуд:

  • Эй Абӯбакр (раз), Ҷабраил (а) омад ва хабар овард, ки ин аъробӣ бар ман салавоте мефиристад, ки касе пеш аз вай нафиристодааст.

Гуфт:

  • Эй Расулаллоҳ (с), он салавот кадом аст? Фармуд, ки:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин фӣ-л-аввалина ва-л-охирина ва фӣ-л- малаи-л- аъло ило явми-д-дин».

Амира-л-муъминин Абӯбакр (раз) гуфт:

  • Эй Расулаллоҳ (с), маро хабар кун аз савоби салавот.

Пайғамбар (с) фармуд, ки:

  • Агар ҳамаи дарёҳо сиёҳӣ гарданд ва тамоми дарахтон қалам шаванд ва ҳамаи малоика котиб гарданд ва дарёҳо холӣ гарданд ва қаламҳо шикаста шаванд, савоби ин салавот навишта нашавад.[62]

*****

Ваҳй кард Ҳақ субҳонаҳу ва таоло ба Мӯсо ибни Имрон (а), ки:

  • Эй Мӯсо (а), мехоҳӣ, ки Ман ба ту наздиктар бошам аз каломи ту бар забони ту ва аз андешаи ту бар дили ту ва аз рӯҳи ту ба бадани ту ва аз нури басари ту ба басари[63] ту ва аз шунавоии ту ба гӯши ту ва аз оби даҳони ту ба даҳони ту ва аз сиёҳии чашми ту ба сафедии чашми ту?

Мӯсо (а) гуфт:

  • Худовандо, ҳамаи орзуи ман ин аст, ки ба Ту наздик шавам.

Ҳақ таоло фармуд, ки:

  • Эй Мӯсо (а), дуруд бар Муҳаммад (с) бисёр гӯй, то ба ин давлат мушарраф гардӣ ва бо Банӣ Исроил ин пайғом расон, ки ҳар кӣ ба Ман мулоқот кунад ва ҳол он ки мункиру ҷоҳиди Муҳаммад (с) бошад, бар вай забонаи дузахро мусаллат гардонам ва ӯро аз лиқои Худ маҳҷуб гардонам, ки саодати мушоҳидати Ман дарнаёбад ва ҳеҷ фариштае бар вай раҳм накунад ва ҳеҷ пайғамбаре мар ӯро шафоат накунад ва малоика ӯро бармекашанд, то ба дузах андозанд, баъд аз он ҷовидон дар дузах бимонад, ки ҳаргиз наҷот наёбад.

Мӯсо (а) гуфт:

  • Парвардгоро, Муҳаммад (с) кист, ки ба Ту наздик нашавам, магар ба салавоти бар вай ва ба давлати қурбат саодатманд нагардам, магар ба василаи дуруди бар вай?

Ҳақ таоло фармуд:

  • Эй Мӯсо (а), агар Муҳаммад (с) ва уммати ӯ набудӣ, на биҳишт офаридаме ва на дузах ва на офтобро падид овардаме ва на моҳро ва на рӯзро пайдо кардаме ва на шабро ва на малаки муқарраб ва на набиву мурсал ва на туро. Эй Мӯсо (а), агар иқрор ба нубуввати Муҳаммад (с) накунӣ ва бар ӯ дуруд нафиристӣ, туро бар оташи дузах бисӯзонам, агарчӣ Иброҳими Халил (а) бошӣ.

Мӯғсо (а) гуфт: Илоҳо, ба дурустӣ, ки иқрор кардам ва гувоҳӣ додам ба фазли Муҳаммад (с) ва дуруд бар вай бисёр фиристам, аммо мехоҳам бидонам, ки маро дӯсттар медорӣ, ё Муҳаммад (с)- ро?

Ҳақ таоло фармуд:

  • Эй Мӯсо (а), ту Калими Манӣ ва Муҳаммад (с) Ҳабиби Ман аст ва Ҳабиб дӯсттар аз Калим аст.[64]

*****

Анас ибни Молик (раз) нақл мекунад аз он Ҳазрат (с), ки фармуданд: «Ҳаройина Худо ҷой медиҳад дар зери сояи Арш ёздаҳ нафарро аз уммати ман:

  1. Он, ки таҳорат кард дар рӯзҳои зимистон ба вузӯи комил.
  2. Он, ки пиёда сӯйи масҷид равад.
  3. Он, ки гузорад намози таҳаҷҷудро дувоздаҳ ракъат, зеро ки дуо дар намози таҳаҷҷуд қабул мешавад.
  4. Он, ки некӯӣ кард бар ятимон.
  5. Он, ки харҷ кард молро бар бевагон.
  6. Он, ки адо кард ҳаққи Худованди таолоро ба ваҷҳи комил.
  7. Он, ки нигоҳ дошт ҳар ду дасти худро аз муҳаррамоти Худованди таоло.
  8. Он, ки дафъ кард машаққату ҳузнро аз уммати ман.
  9. Он, ки хушнуд гардонид уммати маро.
  10. Он, ки гуфт дар шабу рӯз калимаи шаҳодатро, ки ин аст: «Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарикалаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ».
  11. Он, ки хонд дурудро бар он Ҳазрат (с) бисёр дар ҳар соате».[65]

*****

Анас ибни Молик (раз) ривоят кунад аз он Ҳазрат (с) ки: “Ҳар кӣ як бор ин дурудро хонад, навишта кунад Худои таоло барои вай савоби ҳаҷи мақбул ва савоби касеро, ки озод кард бандаеро аз авлоди Исмоил (а). Ва фармояд Худованди таоло: «Эй фариштагони Ман, ин бандаест аз бандагони Ман, ки бисёр хондааст дурудро бар Ҳабиби Ман – Муҳаммад (с), пас, савганд аст бар иззати Ман ва ҷуди Ман ва ҷалоли Ман ва бузургии Ман ва иртифои Ман, ки албатта, бидиҳам вайро ба ҳар ҳарфе, ки дуруд хонд бар Ҳабиби Ман – Муҳаммад (с) кушке дар биҳишт ва албатта, биёяд назди Ман дар рӯзи қиёмат дар зери Ливои Ҳамд ва нури рӯяш монанди маҳтоби шаби чаҳордаҳум бошад ва дасти вай дар дасти Ҳабиби Ман бошад. Ин барои касест, ки хонад ин дурудро дар ҳар рӯз, ё дар ҳар шаб, ё дар шаби ҷумъа, ё дар рӯзи ҷумъа ва барои вай аст ин фазилат. Ва Худо соҳиби фазли азим аст». Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин хайри-л-халоиқи ва афзали-л-башари ва шафеи-л-уммати явма-л-маҳшари ва ало оли сайидино Муҳаммадин би адади кулли маълумотика ва салли ало ҷамеи-л-анбиёи ва-л-мурсалина ва ала-л-малоикати-л-муқаррабина ва ало ибодиллоҳи-с-солиҳин, бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин».

Тарҷума: Худовандо, раҳмат кун бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), ки беҳтарини махлуқот аст ва беҳтарини башар аст ва шафоаткунанда аст дар рӯзӣ маҳшар ва бар оли сардори мо Муҳаммад (с) ба шумори ҳамаи махлуқоти Ту ва раҳмат кун бар ҳамаи пайғамбарон ва расулон ва бар фариштагони муқарраб ва бар ҳамаи бандагони некукор, ба раҳмати Худ, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.

Ва ҳар кӣ бихонад ин салавотро, то охири умр пок шавад аз гуноҳони худ монанди рӯзе, ки зоида буд вайро модараш ва берун равад аз дунё бо имон ва барангезонида шавад бо шуҳадо».[66]

*****

Баъзе олимон фармудаанд, ки дуруд гуфтан бар он Ҳазрат (с) инчунин аст, ки бигӯяд:

Аллоҳумма ушҳидука ва ушҳиду малоикатика ан усаллӣ ало Муҳаммад.

Тарҷума: Худовандо, шоҳид мегардонам Туро ва шоҳид мегардонам фариштагони Туро бар ин ки дуруд мехонам бар Муҳаммад (с).[67]

Ва баъзе аз эшон фармудаанд, ки дуруд гуфтан бар он Ҳазрат (с) ҳамчунин аст, ки бигӯяд:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммади-н-набиййи-л-уммийи.

Пас, ҳар кӣ дуруд хонад бар он Ҳазрат (с) сад бор дар рӯз, ё дар шаб, бинӯшад аз Ҳавзи Кавсар оби соф ва наравад аз дунё, магар бибинад дидори Муҳаммад (с)-ро.[68]

*****

Чун Имом Муҳаммади Ҳанбал (раз) вафот ёфт, марде аз ходимони Абӯлҳасани Саврӣ (paҳ) ӯро дар хоб дид, пас, пурсид, ки:

  • Худо бо ту чӣ муомила кард?

Гуфт:

  • Биёмурзид маро.

Гуфт:

  • Ба чӣ сабаб?

Гуфт:

  • Ба баракати ин дуруд. Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин би адади ман салло алайҳи ва салли ало Муҳаммадин би адади мал-лам юсалли алайҳи ва салли ало Муҳаммадин камо туҳиббу ва тарзо ай-юсаллия алайҳ ва салли ало Муҳаммадин камо амартано би-с-салавоти алайҳи ва салли ало Муҳаммадин камо ямбағи-с-салавоту алайҳ.

Тарҷума: Худовандо, раҳмат кун бар Муҳаммад (с) ба шумори касе, ки дуруд мехонад бар вай; ва раҳмат кун ба Муҳаммад (с) ба шумори касе, ки дуруд намехонад бар вай; ва раҳмат кун бар Муҳаммад (с) чунонки дӯст медорӣ ва розӣ шавӣ, ки дуруд хонда шавад бар вай; ва раҳмат кун бар Муҳаммад (с) чунонки амр кардаӣ моро бар дуруд гуфтани вай; ва раҳмат кун бар Муҳаммад (с) чунонки сазовор аст, ки дуруд хонда шавад бар вай.

Пас, ҳар кӣ бихонад ин дурудҳои панҷгонаро дар шабонарӯзе бисту як бор, пас, барои вай ҳафт неъмат аст:

  1. Дар ризқи ӯ баракат падид ояд.
  2. Мӯҳтоҷи махлуқе нагардад.
  3. Дар ҳолати ҷонкандан калимаи тавҳид бар забонаш осон гардад.
  4. Сахтиҳои марг бар вай осон гардад.
  5. Гӯри вай фарох гардад.
  6. Димоғаш аз хушбӯиҳои биҳишт хушбӯй гардад.
  7. Беҳисоб дар биҳишт дохил шавад.[69]

*****

Овардаанд, ки он Ҳазрат (с) нишаста буд дар масҷид, ки ногаҳ даромад бар вай ҷавоне аз ансор, пас, бинишонд вайро он Ҳазрат (с) дар маҷлиси худ бартар аз Аливу Усмон (раз). Пас, пурсида шуд аз ин амр. Фармуд он Ҳазрат (с): “Ҳаройина ман нишонидам вайро бартар аз ин ҳар ду, зеро ки ҳаройина нест дар дунё касе, ки дуруд гӯяд бар ман зиёдатар аз вай ва мегӯяд ҳар пагоҳу бегоҳ ин дурудҳои панҷгонаро, ки онҳо собиқан зикр ёфтанд».[70]

*****

Ва гуфта шудааст, ки ҳар кӣ хонад ин дурудро, пас барои вай музди ҳазор намоз ва ҳазор ҳаҷ ва умра аст.

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин би адади анфоси-л-махлуқот; ва салли ало Муҳаммадин би адади ашҷори-л-мавҷудот; ва салли ало Муҳаммадин би адади ҳуруфи-л-лавҳи  ва-д-даъавот; ва салли ало сайидино Муҳаммадин би адади савокини-л-арзина ва-с-самовоти мина-л-мавҷудоти ва-л-маъдумоти ило абади-л-обод; ва саллаллоҳу ало Муҳаммадив-ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин, бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Тарҷума: Худовандо, раҳмат кун бар Муҳаммад (с) ба шумори анфоси махлуқот; ва раҳмат кун бар Муҳаммад (с) ба шумори дарахтони мавҷуд; ва раҳмат кун бар Муцаммад (с) ба шумори ҳарфҳои Лaвҳи маҳфуз ва дуоҳо; ва раҳмат кун бар Муҳаммад (с) ба шумори бошандагони заминҳову осмонҳо аз мавҷудот ва маъдумот то абадулобод; ва раҳмат кун бар Муҳаммад (с) ва бар оли вай ва бар асҳоби вай ҳама ба раҳмати Худ, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.[71]

*****

Ривоят аст аз Анас (раз), ки нақл мекунад аз он Ҳазрат (с), ки вай фармуд: «Эй Абӯҳурайра (раз), вақте ки бошӣ ту дар деҳае ва дар он деҳа ҷамоате бошанд, ки дуруд намехонанд дар он деҳа ба ман дар шабу рӯзе сад бор, пас, битарс аз он, зеро ки дар он деҳа хоҳад омад ғазаби Парвардгор дар андак замоне ва бошад бар он ҷамоат понздаҳ навъ аз уқубат, ки панҷ аз он дар дунё ва панҷ аз он дар ҳолати ҷонкандан ва панҷ дар охират бошад.

Аммо, он панҷ, ки дар дунё бошад: Тангии рӯзӣ бар эшон ва мусаллат гардонад Худо бар эшон тоун ва марги мафоҷоро ва наборад дар он деҳа борон, пас, фурӯшанд фарзандони худро ба ивази дирҳам ва мутафарриқ шаванд дар ҳама атрофи шаҳрҳо ва бардошта шавад аз эшон тавфиқи тоату саховатро.

Аммо, он панҷ, ки дар ҳолати назъи ҷон ҳаст: Аввали онҳо ин, ки нагӯяд яке аз онҳо калимаи шаҳодатро наздики марги худ ва сахт гиранд бар вай сахтиҳои маргро ва бимирад дар ҳолати гуруснагиву ташнагӣ ва аз дунё беимон равад ва сиёҳ гардад рӯйи ӯ ва лабони ӯ дар гӯр.

Ва аммо, он панҷе, ки дар охират ҳастанд: Аввал он ки барангезонида шавад дар зумраи фосиқон ва дода шавад номаи аъмолашро бар дасти чап ва гарон бошад тарозуи ӯ бо гуноҳ, ва чун бигзарад бар Пули Сирот, пас, бисӯзад бар он панҷоҳ ҳазор сол, пас, бошад дар ҷаҳим бо Фиръавн ҳамеша. Пас, сазовор аст, ҳар якеро дар ҳар шаҳру деҳаҳо ин, ки дуруд хонанд бар он Ҳазрат (с) дар шабонарӯзе сад бор».[72]

*****

Ва гуфт Пайғамбар (с), ки: “Ҳар кӣ гул бибӯяд ва бар ман салавот нафиристад, бар ман ҷафо карда бошад». Ва дар ривояте гули сурх омадааст.[73]

*****

Ва гуфт Пайғамбар (с), ки: “Ҳар кӣ бар ман дар умри худ сад ҳазор бор дуруд фиристад, пас,  бихусбад беғам шуда, ки ӯро баробари дузах кор нест ва Ҳақ таоло аз ӯ хушнуд гардад».[74]

*****

Ва гуфт Пайғамбар (с), ки: “Ҳар кӣ баъди ҳар намозе бар ман даҳ бор дуруд фиристад, бар ман шафоати ӯ воҷиб шавад».[75]

*****

Ва гуфт Пайғамбар (с), ки: “Ҳар кӣ бар ман дар китобе дуруд нависад, модоме ки он навишта бошад, фариштагон барои ӯ омурзиш мехоҳанд».[76]

*****

Ва гуфт Пайғамбар (с), ки:

– Бар ман дуруди думбурида нафиристед.

Гуфтанд:

  • Эй Расулаллоҳ, (с), чист дуруди думбурида? Гуфт:

– Он, ки гӯяд «Аллоҳумма салли ало Муҳаммад» ва нагӯяд «ва ало оли Муҳаммад». Пас, чун бар ман дуруд фиристед, бар оли ман ҳам фиристед. ҳар кӣ бар оли ман дуруд фиристад, омурзида шавад».[77]

*****

Алғараз, дар дуруд ва салом бар Сайиди оламиён (с) сарчашмаи анвору баракот ва калиди тамоми дарҳои некиҳову саодат аст. Ва аҳли сулук бинобар иштиғоли[78] касири[79] он бар мақомоти олия фоиз[80] шуда ва муставҷиби[81] мувоҳиби[82] Раббония шудаанд.[83]

Баъзе машоих фармудаанд: «Ҳар кас, ки ӯро шайхи комил ва суҳбати ӯ насиб набошад, ӯро лозим аст, ки касрати дурудро бар худ лозим гирад, ки ин худ як муршиди[84] комил аст, ки ӯро ба Ҳақ, восил мекунад. Ҳамин дуруд ва салом худ мураббии маънавии ӯ мегарданд, бар манозили олияи қурб ва қабулият ӯро сарафроз мегардонанд». (Мадориҷ)[85]

Байт:

Агар аз зулмати роҳи талаб солик наяндешад,

Ҳамон аз накши пояш чашмаи Ҳайвон шавад пайдо.[86]

Ва баъзе машоих васият фармудаанд, ки: «Сураи «Ихлос» ва дурудро ба касрат лозим гиред, ки аз идомаи сураи «Ихлос» ирфони Худовандӣ ва аз дуруд муҳаббату маъият[87] ва кайнунати[88] маънавии Ҳузури акрами (с) насиби ӯ мегардад, ҳатто, ки касрати дуруд гоҳе ба ҷое мерасонад, ки мушоҳидаи ҷамоли пуранвори Хотаму-л-аброр ва Сайиду-л- аҳёр (с) ӯро дар бедорӣ ва хоб арзонӣ ато мегардад. (Даъавоти кабир, Мадориҷ.)[89]

 

Аввалин дуруде, ки дар оғози мактуб навишта шудааст

Дар ибтидои расоил[90] ва кутуб[91] баъд аз тасмия[92] ва ҳамд навиштани дуруду салом аввал суннати халифаи аввал Ҳазрати Сиддиқи Акбар (раз) аст. Худи эшон таҳрир мекарданд, баъд аз тасмия «наҳмадуҳу ва нусаллӣ ало расулиҳи-л-карим». («Зоду-с-саид» ба ривояти Ибни Ҳаҷари Маккӣ).[93]

[1] Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 775.

[2] «Риёзу-с-солиҳин», Саҳ. 776.

[3] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 772.

[4] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 772.

[5] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 773.

[6] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 773.

[7] Кавокиб – ситораҳо.

[8] «Куллиёти Мирзо Абдулқодири Бедил».

[9] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 773.

[10] Истеҳбоб – мустаҳаб.

[11] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 773.

[12] Ид — тавофгоҳ.

[13] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 774.

[14] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 774.

[15] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 774.

[16] «Риёзу-с-солиҳин». Саҳ. 774.

[17] «Ал-аҳодису-л-мунтахаба». Саҳ. 360-361.

[18] «Ал-аҳодису-л-мунтахаба». Саҳ. 361.

[19] «Ал-аҳодису-л-мунтахаба». Саҳ. 362.

[20] «Ал-аҳодису-л-мунтахаба». Саҳ. 362.

[21] «Ал-аҳодису-л-мунтахаба». Саҳ. 363.

[22] «Ал-аҳодису-л-мунтахаба». Саҳ. 365.

[23] Саббоба – ангушти шаҳодат.

[24] Вусто – ангушти миёна.

[25] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 114.

[26] Талқини самъ – шунавоӣ дода.

[27] Мутакаффил – ӯҳдадор.

[28] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 115.

[29] «Маориҷу-и-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 115.

[30] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Сах. 115.

[31] Мутафарреъ – мутааллиқ.

[32] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Сах. 116.

[33] Рашҳа – қатра.

[34] Навбова – наврасида, нав падидомада.

[35] «Девони Аттори Нишопурӣ». Саҳ. 89

[36] «Фазоилу-л-аъмол». Саҳ. 703.

[37] Мувозибат – бетарк.

[38] Касрат – бисёр.

[39] Мазоҳиб – мазҳабҳо.

[40] Мустаҳиқ – мазовор.

[41] Умур – корҳо.

[42] Ҳифозат – муҳофизат.

[43] “Фазоилу-л-аъмол”. Саҳ. 703-706.

[44] “Накҳати кӯҳандиёри Ҳафткӯл”. Саҳ. 36.

[45] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 116.

[46] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 116.

[47] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 116.

[48] Маҳшур – зинда гардонидан.

[49] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 116.

[50] Мусофаҳа – вохурӣ, бо даст салом кардан.

[51] Мутафарриқ – пароканда.

[52] «Маориҷу-и-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 117.

[53] Байзовӣ – сафед.

[54] Мусаллӣ – гӯянда.

[55] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 117.

[56] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 117.

[57] Муҷтамеъ — якҷоя.

[58] Ҳовия – номи мавзее аз дузах.

[59] Роҳиҷ – афзун.

[60] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 118.

[61] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 119.

[62] «Маориҷу-н-нубувват фи мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 120.

[63] Басар – чашм.

[64] «Маориҷу-н-нубувват фи мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 120.

[65] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 174-175.

[66] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 178-179.

[67] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 180.

[68] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 180.

[69] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 181.

[70] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 182.

[71] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 182.

[72] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 186-187.

[73] «Анису-л-воизин». Саҳ. 245.

[74] «Анису-л-воизин». Саҳ. 246.

[75] «Анису-л-воизин». Саҳ. 247.

[76] «Анису-л-воизин». Саҳ. 247.

[77] «Анису-л-воизин». Саҳ. 248.

[78] Иштиғол — машғулият.

[79] Касир – бисёр.

[80] Фоиз — файздиҳанда.

[81] Муставҷиб — сазовор.

[82] Мувоҳиб – бахшишҳо.

[83] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 245.

[84] Муршид – раҳнамо, пир.

[85] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 245.

[86] Ин байт аз Мирзо Соиби Табрезӣ.

[87] Маъият – ҳамроҳӣ.

[88] Кайнунат – будан, офариниш.

[89] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 245-246.

[90] Расоил – рисолаҳо.

[91] Кутуб – китобҳо.

[92] Тасмия – Бисмилоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

[93] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 361.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …