Главная / Илм / ЗИКИРЁХОҶАЕВ Дилшод Зуҳурович

ЗИКИРЁХОҶАЕВ Дилшод Зуҳурович

nophotoЗИКИРЁХОҶАЕВ Дилшод Зуҳурович (тав. 09. 04. 1949, деҳаи Паркенти вил. Тошкенти Ҷумҳурии ӯзбекистон), онколог, доктори илми тиб (1987), проф. (1989), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ (1999). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972). Ҷарроҳ-онкологи беморхонаи ш. Қӯрғонтеппа (1972 – 73), духтури Диспансери ҷумҳуриявии клиникии онкологии ш. Душанбе (1973 – 75), ординатор (1975 – 76) ва ассистенти (1977 – 79) кафедраи онкологияи ДДТТ, сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии клиникии онкологии ш. Душанбе ва ҳамзамон муаллими ДДТТ (1980 – 1984), докторанти Маркази илмии умумииттифоқии онкологии АИТ ИҶШС (ш. Москва, 1984 – 87), декани факултаи такмили ихтисоси духтурон (1988 – 91), декани факултаи муолиҷавӣ (1991 – 93), мудири кафедраи онкологияи ДДТТ (1993 – 2007). Аз марти 2007 директори муассисаи давлатии Маркази илмии онкологӣ. Дар мавзӯи «Нефробластома ва нейробластома дар кӯдакон. Тадқиқоти клиникию иммунологӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
З. яке аз ташаббускорони қабули консепсияи нави тарбияи кадрҳои тиббӣ буда, онро ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик кардааст. Аз с. 1994 узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Детская онкология» ва «Экспериментальная онкология» (Украина) мебошад. С-ҳои 1992 – 96 Комиссияи муттаҳидаи ҷумҳуриявӣ оид ба фанҳои ҷарроҳиро роҳбарӣ кардааст.
Муаллифи зиёда аз 250 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 6 монография, 30 навоварӣ, китоби дарсӣ оид ба онкология буда, дар таҳияи 6 тавсияи методӣ оид ба масъалаҳои ташхис ва табобати бемориҳои онкологӣ, тадриси онкология дар донишкадаҳои тиббӣ иштирок кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 3 наф. рисолаи докторӣ ва 20 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Саронкологи Вазорати тандурустии ҶТ, президенти Ассотсиатсияи зидди саратони ҶТ (аз с. 1993), узви вобастаи Ҷамъияти аврупоии онкологҳои кӯдакон (SIOP, аз с. 1994), академики фахрии Ҷамъияти байналхалқии академикҳо (аз с. 1998). Бо дипломи фахрии Ҷамъияти онкологҳои Москва (2000) сарфароз гаштааст.
Ос.: Рак легкого с метастазами в головной мозг. Маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», № 6, 1978; Исследование лимфогранулематоза с помощью ЭВМ. Маҷм. «Ахбороти АФ ҶШС Тоҷикистон, № 4, 1983; Нефробластома и нейробластома у детей, М., 1987; Этиология опухолей у детей, Д., 1993; Опухоли у детей, Д., 1993; Онкология, Д., 1995; Онкологическая гинекология (дастури таълим), Д., 1995; Лекция по детской онкологии, М. – Д., 1997; Злокачественные опухли анального канала, Д., 1997; Справочник по химиотерапии злокачественных новообразований у детей, Д., 2001; Рак кожи, Д., 2001; Профилактика рецидивов рака желудка, Д., 2005; Современные подходы к терапии рака пищевода. Маҷм. МДМИО, ҷ. 2, 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …