Главная / Гуногун / ЗИ ТОМОТУ ДАЪВӢ ЗАБОН БАСТА ДОР (Мақола)

ЗИ ТОМОТУ ДАЪВӢ ЗАБОН БАСТА ДОР (Мақола)

Аз он рўзе ки соҳиби беҳтарин неъмати рўи замин – Истиқлол гаштем, як кирдори номатлуб ба мо ёр гашт. Ин баҳсҳои худситоию донотарошӣ ва ғразноку бемантиқ. Ва боз худро сафед карда мегўянд, ки: “Ин ошкорбаёнӣ аст!”

Ва ҳамзамон мисраҳои Ҳофизи Шерозӣ ба ёд меоянд:

Яке аз ақл мелофад

Яке томот мебофад

Биё к-ин довариҳоро

Ба пеши Довар андозем.

Довари ҳақ кист?

Боз хонандаи азизу гиромӣ гумон накунад, ки ман муқобили танқид мебароям. Ҳаргиз не!

Саъдии бузургвор гуфта:

Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам,

К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.

Айбам ҳунару камол бинад,

Хорам гулу ёсуман намояд.

Ку душмани шўхчашми бебок,

То айби маро ба ман намояд.

Бале, айбу камбудӣ!

На ин ки дурўғ бофему тўҳмат бизанем.

Ислом ҳам дурўғу тўҳматро манъ намуда, вазниниву сабуриро тақозо мекунад. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус мефармояд: “Мўъмин набояд ба мўъминзан нафрат кунад, зеро агар ба вай ягон хислати ў маъқул набошад, аз хислатҳои дигари (неки) ў қаноатманд бояд шавад”.

Устод Ўрун Кўҳзод ҳам таъкид менамоянд: “Ошкорбаёнӣ изҳори рўирости ақида аст, на таънаву маломату ғайбат”.

Вале дар ин ҷода мо ҳадро намешиносем. Хеле муҳим аст, ки андозаро нигоҳ дорем.

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накўст,

Ҳам барои душману ҳам барои дўст.

– Чаро ин хел?! Охир, чаро?!

Ин суолҳо ҳамвора чун овои ҷигарсўз ва садои пуршўру пурсўз сари забони хурду калон мебошад.

Ин яз як сў.

Аз сўи дигар бо ин суолҳо мардумро ба баҳс мекашем.

Хонанда дар дил ҳавас мекунад, ки “дилсўзӣ чунин бояд!” Аммо агар амиқтар бингарӣ гуфтор аз кирдор аз замин то ба осмон фарқ мекунад.

Бале аз замин то ба осмон!

Ин мисли ҳамон аст, ки “Воизон к-ин ҷумла дар меҳробу минбар мекунанд…”

Оташи як баҳси басо домандореро бародари мо, нависанда Мираҳмади Амиршо аланга доданд. Пас аз ин мо бо ў сўҳбати рў ба рў доштем.

– Ман танҳо бо хотири ба баҳс кашидани мардум навиштам, – иброз намуд он кас. – Магар кори ганда кардам?

Не, кори хуб, иқдоми нек. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Аммо ҳар кор тартиб дорад. Баҳс низ истисно нест. Баҳс на танҳо ҷоиз, балки зарур. Аммо баҳс бояд бафайз бошад. Баҳси бефайз якдигархоӣ асту бас. Чунин баҳс хатарнок ҳам ҳаст. Одат мешавад. Ба қавли устод Ўрун Кўҳзод: “Одат чу қадим шавад, табиат гардад”. Вақти он расидааст, ки дурустакак андеша бикунем: то кай якдигарро мехоем?!

Аз чӣ бошад, ки бештар ба гузашта санг мезанем. Бародари мо Мираҳмади Амиршо бошад табарвор задааст: “Ҳафтод сол дурўғ гуфтанду дурўғ навиштанд”.

Шояд он кас ин ҷумларо сари эҳсосот рўи қоғаз оварда бошанд. Вақте ки эҳсосот шоҳ аст, чашмони адл кўр мешавад. Аз ин рў бояд ҳамеша адл шоҳ бошад. Устод Гулрухсор гуфтаанд:

Ҷое, ки адл шоҳ аст,

Чашмони ҷаҳл кўр аст.

Аз тарафи дигар бародари мо пеш аз навиштани ин ҷумла аз афташ ин пандро пеши рў наовардаанд: “Захми табар мераваду захми сухан не”.

Таъкид карданиям, ки ҳар касе ки қалам ба даст мегирад ҳамин пандро бояд пеши рў биёрад.

Баъд аз Мираҳмади Амиршо пурсидам, ки мисол биёред, ки кӣ дурўғ навиштааст. Он кас асарҳои Ҷалол Икромиро мисол оварданд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ҳар замон талаботҳои худро дорад. Он замон адибон бояд образҳое меофариданд, ки мардумро ба роҳи рост, некиву покӣ ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекард. Устод Ҷалол Икроми дурўғ нанавиштаанд, балки образҳои барҷаста офаридаанд, ки дар тарбияи одамон нақши бузург гузошт ва дар оянда ҳам хоҳад гузошт. Сипас яке аз ҳикояи беҳтарини худи Мираҳмади Амиршо “Моҷарои даҳсўмаи дуздӣ”-ро мисол овардам. Хонанда метавонад шубҳа кунад, ки дар ҳаёт чун Абдураҳмон инсонҳо нест. Чӣ, магар шумо дурўғ навиштед? Не, албатта! Шумо образи хуберо офаридед, то ин ки дигарон аз ў ибрат гиранд, пайравӣ кунанд. Аз гурўснагӣ бимиранд ҳам ба роҳи каҷ по нагузоранд, ба дуздӣ даст назананд.

Магар ин кори бад аст?

Албатта не!

Зиндагӣ чун санги осиё гардон асту чун оби равон равон асту равон, ҳаёти инсон низ гузарон асту гузарон. Аз ин рў набояд гузошт, ки лаҳзаяке бе самар сипарӣ гардад. Ҳамовози ин мисроаҳои шоир бояд буд:

Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад Бедил,

Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд.

Бале, тарзе бояд зист, ки рўзҳои гузашта фаромўшнашаванда бигарданд. Ба қавли соҳибсухане:

Умр агар хуш гузарад зиндагии Хизр кам аст,

В-арна нохуш гузарад ними нафас бисёр аст.

Ҳамин нуқтаҳо дар як сўҳбате мавзўи баҳс қарор дошт. Баъд “Аммо… вале… лекин…” – ҳои бисёре иброз гашт. Ниҳоят ба хулосае омаданд, ки ин ҳама “Аммо… вале… лекин…” – ҳо аз нахондани китоб аст.

Ба ин сўҳбат танҳо пирамарди баландпайкаре ки чашмонаш ҳаётдўстона медурахшиданд шарик намешуд. Вай риши мавҷноки ғулиашро даст-даст карда, гўё аз байни он чизе ҷустанӣ мешуд.

Лаҳзае ҳама хомўш шуданд.

– Бобои Амир, шумо чаро хап нишастаед? Ё сўҳбати мо бо шумо маъқул нест? – пурсид яке.

– Ҷонам шавӣ, маъқул, – дар ҷавоб гуфт бобои Амир. – Китоб хондан ҳам фарз асту ҳам сунат.

– Худатон мехонед?

– Ман ҳамеша мехондам, мехонам ва хоҳам хонд.

Ҷавони беғаме бо тамасхур луқма партофт:

– Аз бекорӣ кадукорӣ гўед.

Пирамард ба ў рў овард:

– Нафаҳмидам?

– Мегўям, ки вақти холиатон мўл будааст-дия! – нидо намуд ў бо заҳрханда.

Қиёфаи бобои Амир ҷиддӣ шуд.

– Китобро на барои вақткўркунӣ мехонанд. Барои он мехонанд, ки ғизои маънавӣ гиранд, некро аз бад , сиёҳро аз сафед фарқ кунанд. Агар ғизои маънавӣ набошад, мурғи ақлу дил мемурад. Иқболи Лоҳурӣ барҳақ фармуда:

Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Ҳар он, ки бар муроди дигарон зист.

Зеро ки ман китобхонаи шахсӣ дорам. Он аз падар ба ман мерос мондааст. Бояд, ки волидайн ғами фарзандонро хўранд. Ҳоло ман барои абераҳоям китобҳои хубро ба дас оварда истобаам.

– Эҳа, ҳоло… – ҷавони беғам забон хоида, хомўш монд.

Пирамард нигоҳи тезе ҷониби ў андохт ва гуфт:

– Ҳоло мурданӣ нестӣ мегўӣ? Риштаи қисмат дар дасти худаш аст. Аммо аз мурдан наметарсам. Аз ҳаёт дигар қарздор нестам. Аз даҳсолагиам заҳмат кашидам. Даҳ фарзандро тарбия карда ба воя расонидам. Дониш додам соҳиби хонаву зану фарзанд кардам. Ҳоло мурдан барои ман айб аст, айб.

Вақте ки пирамард аз хона бадар рафт, марде аз ақиби ў гуфт:

– Мардест шарифу фозил.

– Тарбияи хуб гирифтааст, – эътироф намуд дигаре.

– Тарбия аз аллаи модар сар мешавад.

Ҷавоҳирлаъл Неҳру гуфтааст: “Агар дар оила мард бемаърифат аст, бар зарари худи мард аст, агар дар оила зан бемаърифат аст, бар зарари аъзои оила аст”.

Шоире гуфта: “Фардо – ана чӣ муҳим аст, на дирўз”. Барои ба пеш ҳаракат кардан, бояд ҳазор балоҳоро аз сари роҳ дур созем. Чӣ тавр? Ба ин суол устод Ўрун Кўҳзод ҷавоб додааст: “Ахлоқи воло, дафъи бало”.

Ҳазрати Фирдавсӣ гуфта:

Кунун гар набошӣ ту фарёдрас,

Набинӣ ба Мозандарон зинда кас!

Имрўз барои ҳамаи мо он Мозандарони Фирдавсӣ ахлоқ аст.

Бале ахлоқ, ахлоқи воло!

Инсон ҳамеша ба тарбия ниёз дорад. Решаи мафҳуми адабиёт – адаб аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:

Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст,

Одам аз олами улвист, шарафи ҷон адаб аст.

Аз гузашта оташ мегиранд, на хокистар. Бо пош додани хокистар ба ҷое намерасем. Аз ин рў бод дони хокистар танҳо ифлосӣ меораду халос.

Танқидҳои беасосу ғаразнок ҳам дили хонандаро хунук мекунад. охир агар мо якдигарро бадном кунем, магар хонанда дилмондаву дилгир намешавад?!

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ беҳуда таъкид накардаанд: “Ҳоло бештар аз ҳар вақт дар дили одамизод одамиятро бедор кардан ва бедор доштан даркор аст. Маҳз бо ҳамин мақсад, ноодамиро дар дили инсон куштан лозим меояд. Зиёда аз ин, ноодамӣ, каҷдиливу каҷфаҳмӣ, кўрдии иҷтимоиву маънавиро бо ҳама нафратангезиҳояш, бо қувваи тамом нишон додан зарур аст, ки одамият устувор шавад”

Зиндагӣ ҳамеша якранг нест. Агар якрангу ҳамвор мебуд ҳазрати Бедил ин шоҳбайтро ба мо ба ёдгор намемонд:

Зиндагӣ бар гардан афтодааст, Бедил, чора чист,

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Бале, бояд зист! Ва на танҳо барои худ, балки барои дигарон. На ин ки аз пашша фил сохта, дили хонандаро сарду нафраташро бедор кард. Ба ҷои он ки хонем, омўзем санг мезанему санг. Ин ҳама чӣ гап аст?! Ба қавли маъруф: “Мурдаро монда тўхўрӣ”.

Вақте ки зиёӣ чора наҷўста меноладу санги маломат ҳаво медиҳад, аз одамони оддӣ чӣ ҷои гила.

Чаро ин байтҳоро ба ёд намеорем:

Накўӣ мекуну дар Даҷла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Ё ин ки:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрўз чи хизмате ба мардум кардӣ.

Танҳо одамони нек ба ғаму шодии якдигар шарик шуда метавонанд. Танҳо одами нек ба дигарон шодкомиҳо ва шаҳду шакари ҳаёт орзу мекунад. Танҳо одами нек бар ивази бетобии худ сиҳатмандии дигаронро металабад.

Бо нияти нек, дили гарм, самимият ба баҳои асарҳо даст бизанем. То ки дили хонандаро бедору гарм намоем.

Яке аз рисолати инсонӣ он аст, ки ба якдигар рафтори шоиста ва муҳаббатомез дошта бошем. Ва фаромўш насозем:

Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фигандан, бар ў санги хок.

Дона дар синаи хок месабзад, одамон аз меҳру муҳаббат. Ин мисраҳои Ҷалолиддини Румиро набояд фаромўш созем:

Биё то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Чӣ хуб мешуд, агар панди Саъдиро сармашқи кори худ мекардем:

Ба сидқу иродат миён баста дор!

Зи томоту даъвӣ забон баста дор!

23 майи соли 2004

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …