ЖУКОВ Артемий Петрович, доктори илми тиб (1944), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1945). С. 1924 фак-ти тиббии Донишгоҳи Ростовро хатм кардааст. Ассистент ва мудири лабораторияи психофизиологии Пажӯҳишгоҳи ҳифзи меҳнати Кавкази Шимолӣ (1924 – 32), ходими калони илмии Ин-ти фаъолияти олии асаб ва баъд Ин-ти тибби таҷрибавӣ (1932 – 40), мудири кафедраи физиологияи эътидолии Донишкадаи тиббии Сталинобод (1940 – 49). Аз с. 1949 мудири кафедраи физиологияи эътидолии Донишкадаи тиббии Воронеж. Ж. мутахассиси соҳаи физиологияи кӯҳӣ буд. Дар мавзӯи «Мақоми системаи асаб дар тағйирёбии қобилияти корӣ ва вокуниши организм дар кӯҳсор» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …