Главная / Биология / Мор ва Зерқаторӣ морҳо

Мор ва Зерқаторӣ морҳо

Морҳо хазандаҳои бепойи пулакчадоре мебошанд, ки бештар дар байни набототи зич, дар шохи дарахту буттаҳо ва байни санглохҳо зиста, нисбат ба калтакалосҳо серҳаракат мебошанд.

To ҳол зиёда аз 2500 намуди морҳо маълум аст, ки аксарияти намуди онҳо дар минтақаҳои гарм ва мӯьтадил зиндагӣ мекунанд. Дар шимол морҳо дар қисми аврупоӣ то ба қисми хунуктар маскан гирифтаанд. Дар ҷануб то ба нуқтаи охирини Америкаи Ҷанубӣ паҳн шуда, дар Замини Оташин, Зеландияи Нав дар ҷазираҳои Полинезия вомехӯранд. Морҳо дар сатҳои гуногуни кураи замин зиндагӣ мекупаид. Масалан, дар ҷангал, дашт, биёбон, кӯҳсор, дар болои дарахт, дар қабати замин, дар дохили об ҳаёт мегузаронанд.

Сурати Мор
Brightly coloured parrot snake

Мор аз калтакалос чӣ фарқ дорад? Баъзеҳо кӯтоҳандешона мегӯянд, ки мор пой надорад, ин дуруст аст. Вале ин фарқи асосӣ шуда наметавонад, чунки дар байни калтакалосҳо ҳам (дукшакл ва баҳтур) намудҳои бепой ҳастанд. Инчунин дар байни морҳо мори печон дар ду пахлӯи чанголакҳояш нишонаҳои пойи ақиб дорад. Яке аз аломатҳои фарқноки мор он аст, ки шакли чашмонаш пайваст буда, мисли шишаи соат ё айнак шаффоф буда, чашмашро пӯшида метавонад. Барои ҳамин чашмаш мижа намезапад, аз ин рӯ, афсонае пайдо шудааст, ки гӯё морҳо хосияти афсункунӣ (гипнозкунанда) доранд. Ҳар сол морҳо як маротнба пӯст мепартоянд ва пӯст аз баданашон чун ҷӯроб яклухт ҷудо мешавад. Мор ин пардаи шоҳини пулакчадорашро аз пеши даҳонаш ё ба замин ё ба санг сахт молиш дода, пас аз он аз сӯрохии танг базӯрӣ лағжида мегузарад ва пӯст мепартояд. Дар бадани як мор аз 200 то 450 мӯҳра мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо якхела буда, қабурғаҳои ба ҳам нарасидаро дар бар мегиранд. Сохти мушакию мӯҳраҳояшон чунон ҳаракатноканд, ки баданро пружинвор фишурда cap медиҳад ва хӯрокро яклухт фурӯ мебарад. Онро ғадудҳои талхаю меъда ва рӯда хазм мекунанд. Сурхрӯдаи онҳо ёзанда аст.

Морҳои безаҳр ғизои зинда доштаашонро пусонда ба ҳалокат мерасонанд. Дар морҳои захрнок бошад, аз ҷоғи боло як дандони пеш калонтар буда, барчастагӣ ва ҷӯяки заҳрбарор дорад ва дар бехи он ғадуди захрҷудокунӣ ҳаст.

Қисми рости шуши морҳо нағз инкишоф ёфта, тарафи чапи он қариб барҳам хӯрдааст Дар морҳо пуффаки пешоб нест. Морҳо бо роҳи тухмгузорӣ афзоиш мекунанд ва ҳаёти дарранлагӣ ба cap мебаранд. Онҳо аз бачаи гавазн то хояндаҳои хурду ҳашаротро зинда фурӯ мебаранд.

Морхоро аз ҷиҳати таснифот ба якчанд оила ҷудо кардан мумкин аст. Аз ҷумла: кӯрморҳо 150 намуд дошта, безарар мебошанд. Онҳо бештар дар қабати хоки қамишзор ҳаёт мегузаронанд. Рӯйпӯши баданашон бо пулакчахои суфта пӯшида шудааст. Чашмашон дар зери қавоқи пӯстй пӯшидааст. Кӯрморҳо дар қисми тропикии Африка, Осиё, Австралия бисёр буда, як намуди он дар Закавказе, дар ҷанубии Туркманистону Ӯзбекистон ва дар ҷанубу шаркии Тоҷикистон паҳн шудааст, ки онро дар байни палакҳои тарбуз, харбуза, каду, бодиринг, дар ангурзору камишзор мебинем. Вай дар зери сангу кулӯху гиёҳҳо истода, хашаротро мехӯрад. Дарозии он қариб 30 см аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …