Главная / Биология / Хамелеон – Зерқатори онҳо

Хамелеон – Зерқатори онҳо

Хамелеонҳо хазандаҳои ба калтакалос монанд буда, ҳаёти болоидарахтӣ мегузаронанд. Хаҷмашон майда ва миёна мешавад. Аксар Намудҳояш 25-35 см., калонаш 50-60 см ва аз ҳама хурдаш 3-5 см дарозӣ дорад. Тана аз паҳлӯхояшон фишурда буда, пойҳои дарозе дорад, ки барои ба танаи дарахт часпида баромадан мувофиқ шудааст.

xameleon

Панҷаҳояшон ба ду қисм ҷудо шуда, анбӯрмонанданд ва муқобили ҳам барои доштани шоху навда мувофиқанд. Думи дарозашон барои ҳалқавор дошта истодани шохи дарахтон ёрӣ мерасонад. Чашмони калони аз косахона баромада дошта, ҳаракати як чашм ба чашми дигар мувофиқ нестанд, яъне дар як Вақт вай метавонад ду тарафро дида, бештар хӯрок ёбад ё аз душман худро пинҳон кунад. Хамелеон шушашро аз ҳаво пур карда, варам мекунад, ранги баданашро тез тағйир медихад, ки он вобаста ба таъсири равшанӣ, ҳарорат ва вазъияг буда, пигмент мебарорад.

Хамелеонҳо дар Мадагаскар. Африка, Осиёи Хурд, Ҳиндустони ҷанубии Испания бисёр буда, аксарияташон дар ҷангал зиндагӣ мекунанд, ҳашаротро бо забони дарози ёзандаашон лесида мегиранд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …