Главная / Биология / ЗЕРНАВЪИ МӮҲРАДОРОН

ЗЕРНАВЪИ МӮҲРАДОРОН

Тавсифи умумии зернавъи мӯҳрадорон: Ба намояндагони муҳрадорони дараҷаи олӣ моҳиҳо, обхокиҳо, хазандахо, паррандаҳо ва ширхӯрхо дохил мешаванд. Дар ҳамаи онҳо нӯги пеши асаб ғафс шуда, мағзи сарро ташкил кардааст ва қисми боқимондаи найчаи асаб ҳароммағз аст. Дар гирди хорда устухонбанди тағоякӣ ё пурра устухонӣ инкишоф меёбад, ки мӯҳраҳо дорад. Миқдори мӯҳраҳо дар намояндаҳои мӯҳрадорон гуногун аст. Мағзи сари онҳо дар косахонаи cap ҷойгир шудааст. Аз ҳамин сабаб ҳайвонҳои номбурдаро мӯҳрадорон меноманд.

Ҳарорати бадани аксарияти мӯҳрадорон ба тағйир ёфтани ҳарорати муҳит вобаста аст. Ҳарорати бадани моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандаҳо доимо як хел нест. Аз ин сабаб онҳоро ҳайвоноти хунсард меноманд. Ҳарорати бадани паррандаҳо ва ширхӯрҳо бошад ҳамеша як хел аст, ки ин ба харорати муҳит вобастагӣ надорад. Аз ин сабаб онҳоро ҳайвоноти хунгарм меноманд.

jirafМӯҳрадорон нисбат ба ҳайвоноти дигар инкишофёфта буда, ба ҳар гуна таъсир фаъолона ҷавоб мегардонанд. Мӯҳрадорон устухонбандӣ (скелет), дили 2-хонагӣ, узви ҷинсӣ, гурда. ғалсама ва шуши нисбатан инкишофёфта доранд. Навъи мӯҳрадорон ба синфҳои моҳиҳо, дубаҳраҳо, хазандаҳо, паррандаҳо ва ширхӯрҳо ҷудо мешаванд.

Танаи мӯҳрадорон ба қисмхои cap, гардан, қафаси сина, шикам, дум чудо мешавад. Узвҳои ҳаракатдиҳандаи мӯҳрадорон даст, пой, болҳои шиновар мебошанд, ки онҳо ҷуфтанд. Ҳайвонҳои мӯҳрадори обӣ ва хушкй аз якдигар бо сохти тана, пойҳо, рӯйпӯши бадан, ҳаракат, тарзи гизогирй фарқ мекунанд.

Дар рӯйпӯши бадани мӯҳрадорон ғадудҳои оббарор, арақбарор, равғанбарор, рангбарор (пигментӣ), инчунин рӯйпӯши пулакчагӣ (шохин), пару пат ва мӯй. нохун, чангол мавҷуд аст, ки ҳамаи он аз шакл дигаркунии пӯст ба вуҷуд омадаанд.

Ба мӯҳрадорон устухонбандин дарунӣ хос аст, ки он аз давраи эмбрионӣ cap карда, инкишоф меёбад. Асоси устухонбандии мӯҳрадорон сутунмӯҳра мебошад, ки он аз косаи cap то охири дум давом мекунад ва қабурғаҳоро низ дар бар мегирад. Миқдори мӯҳра дар қисмҳои гардан, қафаси сина, миён, чорбанд, дум нобаробаранд. Пойи пеши мӯҳрадорон озод буда, аз устухони шона, китф, банди даст, оринҷ, соқи даст, панҷа бо буғумҳояш иборат аст.

Мушакҳои мӯҳрадорон вобаста ба ҳаракату вазифаашон кӯндаланграху ҳамвор мешаванд. Дар мӯҳрадорон 2 даври гардиши хун ҳаст. 1) Даври калони гардиши хун, ки дар тамоми бадан пурра давр мезанад. 2) Даври хурди гардиши хун, ки он аз дил баромада, то шуш рафта, бо оксиген таъмин мешаваду боз баргашта ба дил меояд.

Холати ҷинсии мӯҳрадорон ҷудоҷинса буда, ҳар як ҷинс аъзоҳои таносули худро дорад. Ба онҳо бордоршавии дарунӣ ва ё берунӣ хос буда, инкишофи насл дар ҷанини тухм ё дар батн мегузарад. Дар байни мӯҳрадорон ҳам баъзан ҳайвоноти дуҷинса вомехӯранд, вале онҳо бенасл мебошанд.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар бораи хордадорони мӯҳрадорй ки косаисардорон маълу- моти умумй диҳед.
  2. Оид ба зернавъи мӯҳрадорон маълумот диҳед.
  3. Дар рӯйпӯши бадани мӯҳрадорон чй гуна ғадудҳо мавҷуд аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …