Главная / Илм / ЗАРФИ РӯЗГОР

ЗАРФИ РӯЗГОР

zarfi-ruzgorЗАРФИ РӯЗГОР, маснуоте, ки аз филиз, сафол, шиша, пластмасса, чӯб ва ғ. сохта мешавад. Зарфҳои филизиро аз алюминий, латун, чӯян ва ғ. истеҳсол мекунанд.
Зарфҳои алюминиро бо қолаб ё бо усули рехтагарӣ месозанд. Вобаста ба таъинот зарфҳои қолабии алюминӣ бо вазнҳои гуногун истеҳсол мешаванд: сабук – ғафсии тагаш 1,5 мм, миёна – ғафсии тагаш 2 мм ва вазнин – ғафсии тагаш 2,5 мм. Зарфҳои рехтагарии ғафсдевора (дегҳо, тобаҳо) асосан барои бирёндан, бо дам ва дар об пухтани хӯрок таъин шудаанд. Зарфҳои алюминӣ бо ороиши нуқраранги беҷило, сайқалдода, хромандуди ҷилодор, беранг ё бо ранги гуногун истеҳсол мешаванд.
Зарфи алюминӣ ба ҳарорати баланд устувор буда (ҳарорати гудозиши алюминий 658°С), ба пасту баланд шудани ҳарорат тобовар аст. Ҳангоми дар зарфи алюминӣ таом пухтан, рангу бӯй ва маззаи хӯрок тағйир намеёбад. Дар зарфи алюминӣ таомҳои гуногун, аз ҷумла таомҳои шӯр ва дар таркибашон кислотаҳои органикӣ доштаро пухтан мумкин аст. Аммо дар он хӯрокро аз 2 шаборӯз зиёд нигоҳ доштан лозим нест. Дар он карами турш ва бодирингро бо маҳлули шӯр нигоҳ намедоранд, зеро алюминий аз таъсири ишқор ва кислотаҳо зуд вайрон мешавад. Пеш аз об ё шир ҷӯшондан, ба дохили зарфи нави алюминӣ равған молидан зарур аст.
Барои тоза кардани зарфҳои алюминӣ ё филизӣ хокаҳои «Пермаксол», «Рахш», «Абсолют», «Пемолюкс» истеҳсол карда мешаванд. Бо хокаҳои сахт ё чӯткаи филизӣ шустани зарфи алюминий манъ аст. Барои аз сиёҳии ишқору кислотаҳо тоза кардан, зарфро бо сиркои ошӣ пок ва сипас бо оби гарм шуста хушк менамоянд.
Зарфҳои пӯлодини сирдор, рӯҳандуд, сафедкарда низ истеҳсол мешаванд. Зарфҳои пӯлодини сирдор аз ҷиҳати химиявӣ ба кислотаҳо, намакҳо, собун ва ишқорҳои органикӣ тобовар мебошанд. Онҳо хусусияти гигиенӣ дошта, ба осонӣ тоза мешаванд; нафақат барои пухтани таом ба кор мераванд, балки дар онҳо муддати дароз нигоҳ доштани хӯрокворӣ мумкин аст. Аммо дар ин гуна зарфҳо пухтани хӯрокҳои ғафс, хусусан шавла, мумкин нест, зеро таги хӯрок сӯхта, сири зарф вайрон мешавад.
Барои тоза кардани зарфҳо ва асбобҳои сирдор он моддаҳое ба кор мераванд, ки барои тоза кардани зарфҳои алюминӣ тавсия шуда буданд.
Зарфи пӯлодини руҳандудро аз варақаи пӯлоди руҳандуд, инчунин варақаи пӯлоди сиёҳ (масолеҳи тайёр бо руҳи гудохта андуда мешавад) тайёр мекунанд. Дар зарфи руҳандуд таом пухтан ва ҷӯшондани оби нӯшокӣ мумкин нест, зеро дар ин маврид намаки руҳ ҳосил мешавад, ки ба саломатии одам зарар дорад. Дар чунин зарф хӯрокворӣ (мас., карам, занбӯруғ ва ғ.)-ро консервонидан манъ аст.
Ба руҳи андуда маҳлулҳои туршӣ ва ишқорӣ (хокаҳои ҷомашӯӣ), намаки ош таъсир намуда, зуд вайрон мекунанд. Зарфи руҳандударо барои ҷомашуӣ, ҷӯшондани либос, нигоҳ доштани об, карасин истифода бурдан мумкин аст.
Дар зарфи пӯлодини сафедкарда (бо омехтаи сурб ва қалъагӣ) об ҷӯшонидан мумкин нест, зеро ранг ва маззаи чой дигар мешавад. Андудаи қалъагӣ мулоим аст, аз ин сабаб онро бо хокаҳои дурушт тоза кардан зарар дорад.
Зарфи пӯлодини зангногир барои пухтани таомҳои равон (одатан, девораҳои он тунук аст) ва барои муддати дароз нигоҳ доштани хӯрок истифода мешавад; он хеле мустаҳкам буда, зери таъсири ҳарорат вайрон намегардад, маззаи хӯрокро дигар намекунад.
Зарфи латунӣ барои ҷӯшондани об, пухтани мураббо ва ғ. истифода мешавад; вай аз зарфи алюминӣ ва пӯлодини сирдор бадошттар аст.
Агар зарфи латуниро кам истифода баранд, бо мурури вақт рангаш дигар ва бо моддаи сабз пӯшида мешавад. Ба чунин зарф кислотаҳои органикӣ, шир, равған ва диг. масолеҳи хӯрокворӣ таъсир мекунанд. Зарфи латунӣ, ки барои пухтани таом ва ҷӯшонидани оби нӯшокӣ таъин шудааст, одатан, аз дарун ба қалъагӣ андуда мешавад. Тағораҳои мураббопазӣ бошанд, бо қалъагӣ андуда намешаванд, зеро консентратсияи баланди шакар аз таъсири кислотаҳои органикии мева ҳал шудани руҳро мамониат мекунад. Сатҳи берунии зарфро сайқал медиҳанд ва бо никел ё хром рӯкаш мекунанд.
Зарфҳои чӯянӣ барои бирён кардан, таф додан ва табхир (бо буғ пухтан)-и таом истифода мешаванд. Зарфҳои чӯянии сиёҳ истеҳсол карда мешаванд, ки аз як ё ҳар ду тарафашон бо сири шишагин андуда шудаанд. Зарфи чӯянӣ сатҳи шахшӯл дорад, аз ин сабаб ба он нигоҳубини хуб лозим аст, дар акси ҳол чӯян зуд занг мезанад. Занг ба организми инсон зарар нарасонад ҳам, мазза ва ранги таомро дигар мекунад. Ғайр аз ин намакҳои оҳан витаминҳоро нобуд месозанд.
Зарфи чӯянии сирдор ба кислотаҳои органикӣ, намакҳо, собун ва ишқорҳо устувор аст. Зарфи сираш паридаро барои пухтани таом истифода бурдан тавсия намешавад.
Зарфҳои сафолӣ, одатан, бо рангҳои махсус ороиш дода мешаванд. Зарфҳои сафолии чинӣ, фаянсӣ, сирдор (кошӣ) ва кулолӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Зарфҳои чинӣ гилмояи сафеди пухта дошта, бо қабати тунуки сири ҷилодор, ки ба таъсири кислота (ҷавҳари лиму, ҷавҳари сирко) устувор аст (корди пӯлодин онро наметарошад), рӯкаш карда мешавад. Ҳангоми ба лаби зарф оҳиста зарба задан, садои нозуки бардавом мебарояд. Аломати фарқкунандаи чинӣ аз дигар маснуоти сафолии гилмояаш сафед он аст, ки аз ҷойҳои тунуки он тарафи дигарашро дидан мумкин мебошад. Зарфҳои чинӣ баъзан бо гилмояи ранга ё сири ранга истеҳсол карда мешаванд.
Зарфҳои фаянсӣ гилмояи сафеди масомадор дошта, намиро ба худ мегиранд. Онҳо бо сири беранг андуда мешаванд, ки ҳатто қабатҳои тунукашон равшаниро намегузаронад. Ҳангоми ба лаби зарф оҳиста задан, садои паст мебарорад. Зарфҳои фаянсӣ нисбат ба зарфҳои чинӣ тақрибан 15 – 20% камдошт ва вазнашон низ сабук аст. Онҳоро метавон дар рӯзгор (ба мисли косаву табақчаҳо, кӯзачаҳо, банкаҳои биринҷу лӯбиёгирӣ ва ғ.) истифода бурд.
Зарфҳои кошӣ гилмояи сермасома ва сири рангаи ношаффоф доранд, вале баъзан бо ҷилои филизӣ андуда мешаванд. Зарфҳои кошии гилмояашон сафед низ истеҳсол карда мешаванд; таркиби онҳо ба таркиби фаянс монанд аст. Зарфҳои кошӣ ба намуди кӯзача, нондон, равғангирак, гулдон ва ғ. бароварда мешаванд. Зарфи сафолӣ гилмояи ранга дорад (одатан, бо тобиши ҷигарӣ) ва ба қисми дохилии он сир давонда мешавад. Аз сафол асосан табақ, коса, гулдон месозанд.
Зарфҳои шишагин бо ду усул – пуф кардан ва дар қолаб рехтан истеҳсол карда мешаванд. Зарфҳое, ки бо роҳи пуф кардан месозанд, одатан, қабати тунук дошта, аз шишаи муқаррарӣ, баъзан аз шишаи ранга мебошанд. Барои ошхона зарфҳои шишагини гуногун истеҳсол карда мешаванд (барои об, салат, шарбат ва ғ.).
Дар зарфҳои шишагини қолабӣ, ки аз шишаи оташбардор сохта мешаванд, таом пухтан мумкин аст. Зарфҳои шишагини оташбардор нисбат ба зарфҳои филизӣ беҳтар буда, гармиро дер нигоҳ медоранд, бӯй ва маззаи таомро дигар намекунанд. Ҳангоми истифодаи онҳо баъзе қоидаҳоро риоя бояд кард: ба алангаи кушод панҷараи филизӣ гузоштан лозим; зарфи тафсонро ба ҷои тару хунук гузоштан мумкин нест, дар акси ҳол он мекафад.
Зарфи шишагинро бо чӯтка, латта ё дастмолкаду бояд шуст. Барои тоза кардани зарфи шишагин рег, дастмоли филизӣ ва ғ.-ро истифода намебаранд. Ҳангоми шустани зарфҳои гарданборик (шиша, графин) чӯткаҳои махсусро кор мефармоянд. Ғайр аз ин ба зарф каме пӯчоқи тухм ё пӯчоқи картошка, коғазмайда андохта аз болояш оби гарм (аз ним зиёдтар) мерезанд ва камтар онро мечайқонанд, сипас онро аз зарф рехта бо оби гарм (ҳарорати обро тадриҷан баланд карда) мешӯянд.
Зарфҳои булӯринро бо оби гарм набояд шуст, зеро ранги булӯр хира ва тобишаш гум мешавад. Чунин зарфҳо бо оби ширгарм ва ҳатто хунук ба зудӣ тоза хоҳанд шуд.
Зарфҳои пластмассӣ нисбат ба зарфҳои шишагин, чинӣ ё фаянсӣ бадошт буда, ба осонӣ шуста мешаванд. Зарфҳое, ки аз баъзе намудҳои пластмасса (масалан, аминопластҳо) сохта мешаванд, ба ҳарорати оби ҷӯшон (100°С) тоб меоранд; маснуоти аз шишаи органикӣ ё полистирол сохташуда дар ҳарорати 70 – 75°С каҷу килеб мешаванд. Зарфҳои полиэтиленӣ низ дар ҳарорати 100°С шакли худро тағйир медиҳанд.
Усули истифодаи ҳама гуна хока ва хамираҳо барои тоза кардани зарфҳои ифлос чунинанд: ба латтаи тар ё чӯтка камтар хока (хамира)-ро гирифта сатҳи пешакӣ таркардаи зарфро тоза мекунанд, сипас онро бо об нағзакак мешӯянд. Ҳангоми бо маҳлулҳо тоза кардани зарф латта ё исфанҷро ба он тар карда ба сатҳи зарф мемоланд ва онро 15 – 20 дақиқа нигоҳ медоранд, сипас бо об мешӯянд.
Тарзи истифодаи ҳар як модда дар тамғакоғази он зикр шудааст.
Зарфи кӯдак. Барои тайёр кардани хӯроки кӯдак ва хӯрондани ӯ зарфи алоҳида ҷудо бояд кард. Агар кӯдак бо хӯроки сунъӣ парвариш ёбад, 6 – 8 шишачаи ченакдор, 2 – 3 пистонак мехаранд. Пистонакро бо сӯзани тафсон сӯрох мекунанд, ки аз он сӯрох ҳар 2 – 3 сония як қатра шир чакад. Агар кӯдак синамак бошад, аз ин шишачаҳо 2 – 3 дона барои об ва шарбат гирифтан зарур аст. Ғайр аз ин, барои ба шишачаҳо рехтани шир қифи хурд, барои шустани ин шишачаҳо чӯтка харидан лозим. Барои ҷӯшондани зарфҳои кӯдак дегча доштан ҳам ҳатмист. Минбаъд барои хӯрондани ӯ табақчаю коса, қошуқу қошуқча ва барои пухтани шавла, шӯрбо ва ғ. дегчаи алоҳида ҷудо кардан лозим мешавад. Хӯроки тайёрро дар зарфи сирдор ё шишагӣ нигоҳ бояд дошт. Дар зарфи сираш парида хӯрок нигоҳ доштан мумкин нест.
Барои тайёр кардани шакидаи сабзавот ё мева аз турбтароши филизӣ истифода набаред, зеро витамини С ба филиз расад, тез вайрон мешавад. Беҳтараш аз корди пӯлодии зангногир ва турбтароши пластмассӣ истифода кардан лозим аст. Зарфи кӯдакро ҳамеша тоза нигоҳ доред ва ҳар рӯз ҷӯшонед. Ҳангоми барои кӯдак хӯрок тайёр кардан, ба қоидаҳои беҳдошт қатъӣ риоя кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …